Масъалаҳои илму маърифат дар Паёми Президенти мамлакат

№87 (4193) 18.07.2020

Талаба3Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба соҳаҳои илму маориф таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд.

Сарвари давлат дар Паёми 26-уми декабри соли 2019 низ ба соҳаҳои илму маориф диққати махсус дода, қишрҳои гуногуни ҷомеаи кишвар, бахусус наврасону ҷавононро, ба китобхониву дониш­андӯзӣ ва забономӯзӣ, хусусан забонҳои русӣ ва англисӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, донистани техникаву технологияи ҷадидтарин, воқиф гардидан аз дастовардҳои илму фарҳанги ҷаҳонӣ, ҳидоят карданд.

Пешвои миллат ба роҳбарону кормандони соҳаи маориф супориш доданд, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Пешниҳод намуданд, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон шавад.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани пешниҳоди мазкур Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020 — 2040 аз 31-уми январи соли 2020, таҳти рақами 1445 ба тасвиб расид.

Ҳамчунин, Президенти мамлакат пешниҳод карданд, ки ҳар сол олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявиро оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳама зинаи таҳсилот баргузор намуда, ғолибон аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз лиҳози моддиву маънавӣ қадрдонӣ шаванд.

Иқдомоти Сарвари давлат хеле муҳиму муфид ва бамаврид буда, дар умум ба рушди беш аз пеши Ватани азизамон кумак мерасонад.

Бояд қайд кард, ки илму маърифат дар ислом низ мақому ҷойгоҳи хос доранд. Аз ҷумла, пайғамбарамон Муҳаммади Мус­тафо (с) талаби илмро аз ибодат боло гузоштааст. Тавре дар ҳадисе мефармояд: «Соате барои талаби илм гузаронидан аз тамоми шабро ба ибодат гузаронидан беҳтар аст. Рӯзе, ки ба талаби илм бигзарад, аз рӯзаи се моҳ беҳтар мебошад».

Албатта, ҳар он шахсе, ки соҳиби илму маърифат аст, дар ҷодаи зиндагӣ муваффақияти зиёд ба даст меорад.

Президенти мамлакат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ барҳақ зикр намуданд, ки «… китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».

Ба хотири баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифатнокии ҷомеа дар Паём Пешвои миллат ҳар сол баргузор намудани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва ба он ҷалб намудани доираи васеи ҷомеаро махсус таъкид карданд.

Дар заминаи Паём Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», аз 5-уми феврали соли 2020, қабул ва Низомномаи он тасдиқ гардид.

Бояд қайд кард, ки дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2018 барномаи нав — «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2019, таҳти рақами 438 тасдиқ шуд. Барнома ба хотири он таҳия шудааст, ки мушкилоти мавҷударо ифшо карда, роҳҳои имконпазири ҳалли онҳоро пешбинӣ намояд ва шароитеро, ки ба рушди таҳсилоти бисёр­фарҳангию бисёрзабонии насли наврас мусоидат мекунанд, муҳайё созад.

Дар Паём (26-уми декабри соли 2019) Роҳбари давлат аз таърихи пуршарафи халқи куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик ёдовар шуда, чунин иброз намуданд: «Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем».

Дар алоқамандӣ ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон» — ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд.

Сарвари давлат дар тақвияти ин иқдоми неки худ қайд намуданд, ки «дар шароити кунунӣ, яъне замоне ки ҳар як фарди ҷомеа ба худшиносӣ ва ҳифзи хотираи таърихии худ беш аз пеш ниёз дорад, чопи ин шоҳасар ва дастраси тамоми мардуми кишвар гардонидани он ба густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеаи мо ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард».

Бобати баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифатнокии ҷомеа пешниҳод менамоем, ки дар баробари чопи китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров он дар шакли садо (mp3) сабт шавад. Ҳамчунин, китобҳои бадеӣ ва дигар китобҳо низ тадриҷан дар шакли садо бо забони ноби тоҷикӣ сабт шаванд.

Хуб мешуд, ки рӯзномаву маҷаллаҳо, ки сомона доранд, инчунин дигар сомонаҳои хабарӣ дар баробари нашр кардани мақолаву хабар сабти онҳоро дар сомонаҳояшон ҷойгир намоянд. Чунин тадбирандешӣ муҳим ва саривақтӣ буда, ба афзудани шумораи мутолиакунандагон ва баланд гардидани маърифатнокии ҷомеа мусоидат хоҳад намуд. Ин шакли хабаррасонӣ дар дигар кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монда шудааст ва хонандагон аз ин усули муосири иттилоот васеъ истифода мебаранд.

Дар маҷмӯъ, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз буда, ба пешрафти ҳама соҳа, аз ҷумла, илму маориф, мусоидат менамояд.

Фирӯз Сайнозимзода, мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон