Зан ва ҷомеа

Мулоқоти рӯ ба рӯ

№148 (3133) 23.11.2013

DSC_1517

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назира Ғафорова дар назди ширкаткунандагон баромад намуда, бобати баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, дастгирии ҳамаҷонибаи занону духтарон, тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт андешаҳояшро изҳор дошт.

Дар доираи сиёсати ҳадафмандонаи Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҳкиму тақвияти нақши занон дар ҷомеа, баланд бардоштани мавқеъ ва шаъну эътибори занон, тайёр намудани кадрҳои ҷавону болаёқат аз ҳисоби занону духтарон, ҳунаромӯзии онон, бо кор таъмин намудани занони бекор, рушди фаъолияти занони соҳибкор, таъмини иштироки бонувон дар ислоҳоти соҳаи маориф, ҷалби бештари онҳо дар ҳаёти сиёсиву фарҳангӣ ва ба ин васила дар ниҳоди онҳо тарбия намудани ҳисси қавииродагию худбоварӣ тадбирҳои зиёде андешида шуданд.

-Дар таъмини иштироки воқеии занон дар сиёсат, ҳаёти ҷамъиятӣ ва идоракунии давлатӣ, махсусан, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» нақши муҳим бозид,- гуфт Назира Ғаффорова ва илова намуд, ки ин санади муҳим ҳамчун роҳнамо барои таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардон ва занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Дар бораи Барномаи давлатии самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон барои солҳои 2001-2010», «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занон ва духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016», «Дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015 мусоидат намуд.

Назира Ғафорова роҷеъ ба афзоиши шумораи занон дар умури идоракунии давлатӣ ибрози андеша карда, ҳамчунин таъкид дошт, ки тавассути татбиқи сиёсати давлатии гендерӣ мавқеъ ва нуфузи занон дар идоракунии давлатӣ меафзояд. Дар соли 2012 шумораи умумии заноне, ки дар мансабҳои гуногуни хизмати давлатӣ фаъолият доранд, ба 4586 нафар расид.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назира Ғафорова дар идомаи суханони хеш илова намуд, ки имрӯзҳо ҷиҳати беҳтар амалӣ гаштани сиёсати пешгирифтаи давлат дар масъалаҳои баробарии гендерӣ, донишандӯзию касбомӯзии занону духтарон, ҳалли мушкилоти онҳо, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб байни занону духтарон, ҷудошавии оилаҳо ва дигар масоили доғи рӯз иштироки якҷояи тамоми мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро тақозо менамояд. Дар ин росто, вакилзанони Маҷлиси намояндагон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  бо бонувони шаҳру деҳот оид ба масъалаҳои оиладорӣ ва пешгирии ҷудошавии оилаҳо, хушунати хонаводагӣ, фарогирии занон бо шуғл ва касбомӯзӣ, таълиму тарбияи фарзандон, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, баланд бардоштани маърифатнокии занону духтарон ва дигар мавзӯъҳои марбут ба фаъолият ва зиндагии занон суҳбати рӯ ба рӯ доштанд.

Ҳамчунин роҷеъ ба саҳми вакилони Маҷлиси намояндагон ҷиҳати эҷоди фазои мусоиди қонунӣ барои фароҳам овардани шароити беҳтар барои занону духтарон, таъмини ҳуқуқу озодиҳои онҳо изҳори андеша карда шуд.

Зикр гардид, ки дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул гардид. Ин санад барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои занону духтарон ва аъзои оилаи онҳо тадбири ниҳоят муҳим ба шумор меравад.

Фаъолзанони вилояти Суғд дар баромади онлайнии худ изҳор доштанд, ки чунин шеваи кор ҳамчун қадами устувор дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ боварии интихобкунандагонро нисбат ба намояндагони худ дар мақоми олии қонунгузорӣ боз ҳам қавитар мегардонад.

Дар анҷоми мулоқот вакилзанони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволҳои занони фаъоли вилояти Суғд посух гуфтанд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».

 Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ