Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо интихобкунандагони худ дар ноҳияи Рашт

№53 (3038) 03.05.2013

2 майи соли 2013 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар доираи сафари худ ба шаҳру ноҳияҳои водии Рашт бо сокинон, фаъолон, роҳбарони ташкилоту идораҳои минтақавию ноҳиявӣ вохӯрӣ ва роҷеъ ба муҳимтарин масъалаҳои марбут ба ҳаёти хоҷагии халқи минтақаи мазкур, нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 26 апрели соли 2013 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» садо дод, изҳори назар намуд.

 

Шукурҷон Зуҳуров нахуст роҷеъ ба фаъолияти парлумони касбии мамлакат ва қонуну санадҳои қабулнамуда маълумоти муфассал дода, ҳамзамон афзуд:

-Яке аз рӯйдодҳои муҳиме, ки ҳамасола дар ҳаёти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал меояд, ин Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар он самтҳои асосии рушду тараққиёти соҳаҳои гуногуни ҷомеаи кишварамон арзёбӣ гардида, дурнамои фаъолияти ин соҳаҳо тарҳрезӣ карда мешавад.

Ҳамчунин таъкид кард, ки яке аз ҷанбаҳои муҳим ва муассири Паём ин аст, ки вакилони Маҷлиси намояндагон ҷиҳати шарҳу тафсири нуктаҳои асосии он бо интихобкунандагони худ вохӯрда, аз эҳтиёҷу ниёзҳои онҳо бохабар мешаванд ва баҳри амалӣ сохтани дархостҳояшон саъю талош менамоянд.

- Мо дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳони муосир ва марҳалаи навини рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварамон қарор дорем, — гуфт Раиси Маҷлиси намояндагон ва илова намуд, ки сиёсати давлат дар ин марҳала ба он равона карда мешавад, ки тавассути фаъолияти самараноки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар шароити арзандаи зиндагӣ таъмин карда шавад. Бо ин мақсад Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2015 таҳия гардида, аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи суханронии худ дар бораи муваффақияту дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсату иқтисод, саноату сохтмон, коммуникатсия, кишоварзӣ, илму маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, ҷавонон, мавқеи зан дар ҷомеа, пайвастани Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва ворид шудан ба низоми байналмилалии тиҷорат, афзоиши ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ дар ҳафт соли охир бо пешниҳоди далелу рақамҳои мушаххас ҳарф зад.

Дар хотима миёни Раиси Маҷлиси намояндагон ва аҳли толор саволу посухҳо ва мубодилаи афкори судманд ҷараён гирифт. Ҷамъомадагон бештар ба масъалаҳои марбут ба обёрии заминҳо, таъмини муассисаҳои таълимиву тиббӣ бо кадрҳои баландихтисос, бештар намудани миқдори квотаи президентӣ барои духтарону ҷавонони минтақаҳои дурдасти ноҳия, таҷдид ва барқарорсозии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ғайра мароқ зоҳир карданд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин аз ҷараёни корҳои сохтмониву созандагӣ дар варзишгоҳи марказӣ ва боғи фарҳангу фароғати ин ноҳия боздид кард. Вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Рашт, ки чанд рӯз қабл бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт табдил дода шуд, аз барномаҳои дигари сафари Шукурҷон Зуҳуров ба ноҳияи Рашт буд.

Раиси Маҷлиси намояндагон дар идома аз Ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт, хонаи бачагону кӯдакон, коллеҷи омӯзгории ба номи Давлат Асалов, беморхонаи минтақавии шаҳраки Навобод ва маркази саломатии ин шаҳрак, шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рашт ва мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Рашт боздид ва бо пирони рӯзгордида, устодону донишҷӯён, кормандон ва таълимгирандагону бошандагони он вохӯрӣ намуд.

Сафари Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шукурҷон Зуҳуров ба ноҳияҳои минтақаи Рашт идома дорад.

 Аҳлиддин  САЛОҲОВ, муовини мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон