Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Маркус Мюллер

№71 (3372) 23.05.2015

DSC_0029

21 майи соли 2015 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров сафир, роҳбари Дафтари САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Маркус Мюллерро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Шукурҷон Зуҳуров меҳмонро бо фаъолияти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фраксия ва ҳизбҳои сиёсӣ, қонунҳои ба тозагӣ қабулгардида ва масоили марбут ба муносибатҳои байнипарлумонии кишварҳо шинос намуда, аз ҳамкориҳои судманд бо Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) изҳори сипос намуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд, ки вакилони тозаинтихоби парламенти касбии имрӯза хеле фаъол буда, ба масъалаи таҳия ва қабули қонунҳое, ки мавриди баррасӣ қарор мегиранд, ниҳоят муносибати ҷиддӣ доранд ва изҳори боварӣ намуд, ки дар рушду нумӯи ҷомеаи навини демократӣ саҳми арзанда гузошта метавонанд.

Ҷаноби Маркус Мюллер ба Шукурҷон Зуҳуров барои пазироии самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парламенти кишвар дар раванди демократикунонии ҷомеаи Тоҷикистон роҳи воқеан ҳам дурустро интихоб намудаанд.

Инчунин ҷаноби Маркус Мюллер изҳор дошт, ки Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза алайҳи зуҳуроти номатлуби ҷаҳони имрӯза – терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ғайра ҳамкориашро идома хоҳад дод.

Суҳбат дар фазои ҳусни тафоҳум ва хеле самимӣ сурат гирифт.

Маркази матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Суратгир А. ИСОЕВ