Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Рут Дрейфус

№58-59 (3043-3044) 17.05.2013

DSC_1665

15 майи  соли 2013 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров узви Комиссияи байналмилалӣ бар зидди ҳукми қатл, Президенти собиқи Конфедератсияи Швейтсария Рут Дрейфусро ба ҳузур пазируфт.

 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рут Дрейфусро хайра мақдам гуфта, ҷиҳати дар сатҳи баланди корӣ ҷараён гирифтани ҳадафҳои сафари ӯ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барори кор хост. Шукурҷон Зуҳуров дар ҷараёни суҳбат роҷеъ ба иқдомоти башардӯстонаи тарафи Тоҷикистон, дар бахши қонунгузорӣ ба меҳмон маълумот дода, аз ҷумла изҳор намуд, ки аз соли 2004 инҷониб дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба ҷазои ҳукми қатл мораторий эълон карда шудааст. Ҳамчунин ин ҷазо нисбати ноболиғон ва занон амалӣ карда намешавад. Ҷойи хушист, ки Комиссияи шумо барои манъ кардани ҷазои ҳукми қатл дар  ҳама мамлакатҳои дунё саъю талош менамояд. Воқеан, қимматтарин арзиши инсон ҷони ӯст ва ин арзиши гаронмояро ба қисмату тақдири худи шахс бояд вогузор намуд. Бинобар ин, ҷинояткор агарчи вазнинтарин гуноҳ содир намуда бошад ҳам, бояд ҷазои ниҳойии ӯ ҳабси якумра бошад.

-Барои қабули қонун дар бораи манъи ҷазои қатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои мушаххас андешида шуда истодаанд.  Бо ин мақсад аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳи корӣ  оид ба таҳлили асосҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоии  мавҷудияти ҷазои қатл дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.  Комиссияи мазкур  тамоми масъалаҳои марбут ба асосҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоии  мавҷудияти ҷазои қатлро мавриди баррасӣ қарор дода, хулосаҳои худро ҷиҳати қабули қарори дахлдор пешниҳод хоҳад намуд.

-Чанде пеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми  худ ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид намуд, ки масъалаи мазкур аз ҷониби мақомоти дахлдор мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати муайян намудани мавқеи давлат нисбат ба ҳукми қатл таклиф пешниҳод карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагон ҳамчунин изҳор дошт, ки мо дар тайи даҳ соли охир ин масъаларо пайгирӣ карда, як силсила чорабиниҳоро амалӣ намудаем.  Ҳоло дар Кодекси ҷазои ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаҳое, ки ҷазои қатлро муайян менамоянд, хеле маҳдуд карда шуда, аз 44 ба 5 модда кам карда шудаанд. Албатта, барои ба ҷазои ҳабси якумра табдил додани ҷазои қатл барои маҳбусони ба чунин ҷазо сазоворшуда шароити нигоҳдорӣ муҳайё кардан лозим аст.

Сарфи назар аз душвориҳои дар ин роҳ вуҷуддошта, боварӣ аст, ки дар вақтҳои наздик дар ҷумҳурии мо роҷеъ ба масъалаи мазкур чораҳои зарурӣ андешида хоҳанд шуд. Барои амалӣ шудани ин чораҳо, қабл аз ҳама сулҳу субот, оромии кишвар ва минтақа шарти муҳим ва зарурӣ мебошад.

Узви Комиссияи байналмилалӣ бар зидди ҳукми қатл Рут Дрейфус аз пазиройии самимонаи Раиси мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Тоҷикистон изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки миёни Швейтсария ва Тоҷикистон робитаҳои хуби ҳамаҷониба вуҷуд дорад. Тарафи Швейтсария кӯмакҳояшро ба Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ дареғ намедорад.

Номбурда ҳамчунин изҳор дошт, ки  дар миёни кишварҳои минтақа Тоҷикистон кишварест, ки дар самти манъи ҷазои ҳукми қатл қадамҳои назаррас гузоштааст. Дар ин самт нақши парламент ва вакилони Маҷлиси намояндагон хеле назаррас аст ва ман муътақидам, ки дар ояндаи наздик ин масъалаи муҳим ҳалли худро хоҳад ёфт.

Котиботи  роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон