Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Сюзан М. Эллиотт

№136 (3121) 26.10.2013

Шукурҷон Зуҳуров бо Сюзан М. Эллиотт

Бисту панҷуми октябри соли 2013 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров Сафири Фавқулодда ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сюзан М. Эллиоттро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни суҳбат аз ҳамкориҳои миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар заминаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, бахусус сармоягузории тарафи Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва дигар кишварҳо дар ҷумҳурии мо, инчунин вазъи Афғонистон, минтақа ва дигар масъалаҳои муҳим ибрози назар сурат гирифт.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар солҳои мушкили нооромиҳои кишвар Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар шумори нахустинҳо ҷумҳурии моро ба расмият шинохта, муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд. Баъдан ба воситаи Созмони Милали Муттаҳид барои баргардонидани фирориёни иҷборӣ, бунёди хонаву дари онҳо ҳамаҷониба кӯмак ва мусоидат намуд. Шукурҷон Зуҳуров ба меҳмон роҷеъ ба мушкилоти даврони ҷанги шаҳрвандӣ, гуфтушунидҳои зиёд дар кишварҳои гуногун, саъю талоши Роҳбари давлат ва мардуми Тоҷикистон барои рафъи оқибатҳои он ҷанг мухтасар нақл намуда, аз ҷумла гуфт, ки мо ҳамагӣ тақрибан 10-12 сол аст, ки ба меҳнати осоишта машғул ҳастем. Аммо дар тайи ин солҳо мо ба дастовардҳои назаррас дар соҳаҳои гуногуни ҷомеаи кишварамон муваффақ гардидем. Ба мо лозим буд, ки дар баробари рушди иқтисодиёти кишвар, ба бунёди ҷомеаи демокративу шаҳрвандӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоем.

- Бо оғози фаъолияти шумо ҳамчун сафир, ки яке аз шахсиятҳои шинохтаи соҳаи сиёсат ба шумор меравед, мо боварӣ дорем, ки муносиботи миёни кишварҳоямон дар сатҳи боз ҳам болотар қарор хоҳад гирифт. Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар дунё ҳамчун кишвари абарқудрат ва муқтадир шинохта шудааст ва ин қудрату бузургии ӯ ба дӯши шумо – ҳомилони сиёсату дипломатияи кишвар низ қарор дорад. Аз ин лиҳоз, мо хоҳони он ҳастем, ки шумо аз ҳадафҳои бунёдкориву созандагӣ, инчунин баъзе мушкилоте, ки дар атрофи кишвари мо ба таври сунъӣ эҷод карда мешавад, огоҳӣ бояд дошта бошед. Ин мушкилот ба бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун», КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик», монеаи сунъии бастани роҳҳо ва ғайра рабт доранд. Мо ҷонибдори он ҳастем, ки бо ҳама ҳамсояҳои худ муносибати неки ҳамҷаворӣ дошта бошем.  Мушкилоти мавҷуда бояд сари мизи музокирот ҳал карда шавад,- изҳор дошт ӯ.

Шукурҷон Зуҳуров ба саволҳои Сюзан М. Эллиотт посух гуфта, аз ҷумла дар мавриди бунёди хатти барқи СASA-1000 изҳор дошт, ки иншооти мазкур дар шумори бузургтарин ва муҳимтарин иншооти Осиёи Марказӣ ва кишварҳои ҳамҷавор қарор дорад. Моҳияти вай хусусан барои Афғонистону Покистон, ки барои бунёди корхонаҳо ва садҳо ҷойҳои корӣ дар ин кишварҳо мусоидат менамояд, хеле бузург аст,  аммо барои фаъолияти ин иншоот неруи барқ, аз ҷумла неруи барқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» лозим мешавад. Умуман, мо рушди ояндаи худро бе Роғун тасаввур карда наметавонем. Дар заминаи бунёди роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан аз тариқи кишварҳои дигар мо аз ин ҳисори коммуникатсионӣ раҳойӣ хоҳем ёфт.

Соли равон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо шомил гардид,  ки ҷиҳати густариши равобити иқтисодиву бозаргонӣ бо дигар кишварҳои дунё шароити мусоид фароҳам меоварад.  Бояд гуфт, ки Парламенти мо ҷиҳати ворид шудан ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ бо қабули зиёда аз сад қонун заминаи мусоид фароҳам овард.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалисозии лоиҳаҳои дигар кишварҳоро дар ҳамсоякишвари мо — Афғонистон аз тариқи ҳудудҳои Тоҷикистон хеле мусоид хоҳад  арзёбӣ намуд.

- Зеро мо бо ин кишвар тақрибан 1500 километр сарҳади умумӣ дошта, соҳиби забон ва таъриху фарҳанги ягона мебошем,-гуфт ӯ. Вай ҳамчунин ба саволҳои сафир дар бораи сохтори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳизбҳои парламентӣ, ҷараёни қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҷараёни баррасии лоиҳаҳои қонунҳо оид ба хариду фурӯши одамон ва дигар масъалаҳо посухҳои мушаххас дод.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сюзан М. Эллиотт аз пазиройии самимонаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, роҷеъ ба масъалаҳои мавриди музокира нуқтаи назари худро иброз намуд. Вай, аз ҷумла изҳор дошт, ки Иёлоти Муттаҳидаи Америка ҷонибдори бунёди иншооти СASA-1000 буда, дар сармоягузории он иштирок хоҳад намуд.

Тарафҳо изҳор намуданд, ки суҳбату мулоқотҳоро минбаъд низ идома хоҳанд дод.

Котиботи назди роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Суратгир А. ИСОЕВ