Нилуфари умқи сайҳун

№43 (3523) 31.03.2016

DSC_0649Бузургтарин лаҳзаи ҳассос ва фараҳбахши инсон ҳамон вақт фаввора мезанад, ки агар ӯ муҳаббат ва самимияти лабрези худро барои беҳдошти миллату меҳан нисор намуда, бо мақсади дар амал татбиқ намудани орзую омоли мардуми кишвар пайроҳаи  ноҳамвору мушкили онро бо қадамҳои устувор тай намуда, дар рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоиёт, фарҳанг саҳм гузошта, дар саҳфаи таърихи инсонӣ абадан нақш мемонад.

Бонуи равшанзамиру хирадпеша  Хайринисо Юсуфӣ ҳастии хешро баҳри беҳдошти ҳаёти мардум нисор намудааст. Ӯ зане мебошад, ки дар гуфтору рафтор ва пиндораш ҳамеша хиради баланди инсонӣ ҳувайдост.

Зан ва шеър ду андешаи зебои ҳаммаъност ва агар лафзи зебои зан намебуд, шуълаи ишқу шеър дарнамегирифт ва агар ин шуълаи хуршедсифат нури худро дар дунё паҳн намекард, зебоии зан оламгир намешуд. Дар Хайринисо Юсуфӣ ҳамин нур ҳувайдост. Агар ӯ вориди ҳар хонадон гардад, ин нур нурафшонӣ мекунад ва он мисоли нури хуршед аст, ки  ба он хона ҳарорати хуршедӣ меорад. Инсон дар зиндагӣ ҳеҷ ягон сурати зеборо абадан дӯст дошта наметавонад, агар он сурати зебо аз некию меҳрубонӣ ҳар рӯз худро ба зевари тозае оро надиҳад. Хайринисо Юсуфӣ ҳар лаҳзаю дақиқа олами маънавии худро бо ғизои маънавӣ оро дода, донишу хиради хешро барои бунёди қонунҳое сарф менамояд, ки дар онҳо лаҳзаҳои беҳдошти иҷтимоии мардуми кишвар ҳифз карда мешаванд. Ӯ дар талоши ободию зебоии кишвар аст, ки хоси инсони хирадпешаю дурандеш мебошад.

Хайринисо Юсуфӣ ҳамеша такя ба ақлу хирад дорад ва кӯшиш ба он менамояд, ки ба миллату давлат хизмати арзанда кунад, зеро ақл аз тандурустӣ  болост. Ақли расо бошад, тандурустии худро дифоъ менамояд, вале бидуни ақл тандурустиро ба даст овардан ғайриимкон аст. Ӯ ҳамеша дар талоши зебоию ободии кишвар буда, аз норасоиҳо ғам мехӯрад.

Хайринисо Юсуфӣ тавоно аст ва онро моҳирона истифода бурда метавонад, зеро ӯро ақлу хирад раҳнамоӣ  мекунад. Побанди ҳар гуна ақли кӯчак нест. Тавоноиаш дар ҷояш ва мавқеаш сухан гуфтан аст. Сухани волою нишонрас, ки ба манфиати кору амал аст.

Ӯ бо ҳунари воло бинои  адолату қонунро бунёд мекунад, то ин ки ба мардуми солорандеши равшанзамири тоҷик хизмат кунад. Бо ҳикмат сухан мегӯяд, зеро ҳикматаш беҳ аз ҷавоҳирот аст. Ҳикмати инсоние, ки дар либоси фаросат пӯшидааст, басо зебову дилнишин буда, боиси ба вуҷуд омадани дониши тадбирсоз гардида. Худшинос аст, ба бадӣ нафрат дошта, аз ғуруру ҳавобаландӣ дурӣ меҷӯяд. Қуввати хиради ӯ дар ботинаш салтанат меронад ва адлро ба сурати қонун медарорад.

Симои маънавии ҳар фарди хушсалиқа мактаби ахлоқи ҳамидаест барои ояндаи давлату давлатдорӣ ва оламшумул намудани давлату миллат. Дар ин ҷода  маҷрои пешбарандаи таърих инсон мебошад, зеро донишу малакаи насли оянда — ҷавонон аз гуфтору рафтор ва кирдори мо вобаста аст. Мо ба хазинаи тиллоии миллат чӣ арзише ворид намоем, миллат ҳамон тавр рушду такомул меёбад. Хайринисо Юсуфӣ, ки дар чунин рӯҳия тарбия ёфтааст, ҳамеша дар талоши ояндаи миллат ва тарбияи насли наврас намуна буда, худ фарзандонашро аз донишҳои замонавӣ бархӯрдор намуда, ҳамеша кӯшиш ба  харҷ медиҳад, ки ҳамчун зан — модар вазифаи муқаддаси  модарро иҷро намояд, то фарзандонаш  сазовори ҷомеаи  имрӯза бошанд.

Хайринисо Юсуфӣ заршиносу одамшинос аст, ҳамеша дар талоши дарки сиришти ҷавонон мебошад. Ӯ агар донад, ки ин ё он ҷавон ҳунар, истеъдод, дониш дорад, пайваста барои рушду такомули вай талош менамояд.

Дар суннати дини мубини ислом омадааст, ки Худо ҳар инсонро бо ризқаш офаридааст. Маънои илмию фарҳангии ин суннат он аст, ки ҳар кас мувофиқи ҷавҳари худододӣ шуғл ва касби худро пайдо карда, дар зиндагӣ ҷой ва мақоми худро меёбад. Тавре ки лисонулғайб Ҳофиз гуфтааст:

Яке теғ донад задан рӯзи кор,

Якеро қаламзан  кунад рӯзгор.

 Хайринисо Юсуфӣ аз зумраи инсонҳоест, ки дар онҳо хилъати ҳусн бар қубҳ афзалият дорад. Ӯ дар рӯзи таваллудаш қофилаи умри тайкардаашро пеши назар оварда, аз он фахр мекунад, зеро умраш ҳамеша дар хизмати халқу Ватан сипарӣ гаштааст ва аз ин хусус борҳо сухан ронда,  шукргузорӣ намудааст. Худро хеле хушбахт меҳисобад, ки дар кишвари биҳиштосо зиндагӣ мекунад.

Хайринисо Юсуфӣ  фарзанди кӯҳсорони сар ба афлок буда, ҳамеша бо сари баланд, виқори хирадмандона, дар лаби рӯдҳои азими Зарафшону Рӯз нишаста, аз гузашти ҳазорсолаҳои онҳо дарёдилиро омӯхта, аз онҳо чун устоди бузург сабақи таърих гирифтааст. Бо занбӯрони гулҷӯй ҳамбол гардида, шираю шаҳди лаззати сухан аз бар намуда, ҷаҳонро бо чашми гул дида, сарфарозиро аз таъзим кардан дар пояи кӯҳҳои сар ба афлок ёд гирифтааст.

Дар тӯли солҳои зиёд Хайринисо Юсуфиро ҳамчун инсони покгуфтору покрав, покдилу покбин, покгавҳару покзод, покдилу  покназар, поктинату поксиришт, покизатфабъу покмағз, соҳиби завқи баланд ва инсони  комил шинохтам.

 Абдуҳалим ҒАФФОРОВ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон