Аз Паём то Паём

Омӯзгор дар пешрафти соҳаи маориф нақши муассир мебозад

№49 (3034) 22.04.2013

DSC_0395Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун омили муҳими мусоидаткунандаи рушди ҷомеа рӯйдоди сарнавиштсоз ба шумор рафта, дар назди тамоми кишрҳои ҷомеа вазифаҳои умдаи ҳалталаб мегузорад. Иҷрои саривақтии онҳо рушди устувори кишвари моро дар соли равон ва ояндаи наздик таъмин менамояд.

Аз ҷумла дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (20 апрели соли 2012) масъалаҳои бисёр муҳим ва рӯзмарраи соҳаҳои маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон ба миён гузошта шудаанд. Ин беҳуда нест ва нишонаи он аст, ки Сардори Давлат ва Ҳукумат ба ин соҳаҳо, махсусан ба соҳаи маориф, дар ҳалли мушкилоти иҷтимоии ҷомеаи муосири тоҷик нақши ҳалкунандаро қоил аст.

Маориф таърихан як рукни асосии фарҳанги миллати мо ҳамчун соҳаи афзалиятнок ва пешбарандаи иқтисоди миллӣ эътироф гардида, муҳимтарин самти ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ҳисобида мешавад. Тавре Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «маориф дар фаҳмиши васеъ ва имрӯза яке аз проблемаҳои ҳаётӣ ва глобалии асри XXI мебошад ва ҳар яки моро водор месозад, ки ба он таваҷҷуҳи хос ва бо масъулияти баланд муносибат намоем». Зеро дар замони муосири ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати илму технология маориф ҳамчун сарчашмаи бунёдии пешрафти ҷомеа шинохта шуда, дар ҳалли масъалаҳои зиёди иҷтимоӣ нақши бузург дорад ва ба яке аз омилҳои муассири таъминкунандаи некуаҳволии мардум мубаддал гардидааст.

Бояд ёдовар шуд, ки Давлату Ҳукумат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти илму маориф ҳамчун пойдевори рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, диққати пайваста зоҳир менамоянд. Дар ин солҳо барнома ва консепсияҳои муҳими давлатӣ қабул гардидаанд, ки барои амалӣ намудани ислоҳоти ин соҳаҳо ва дар ин замина беҳтар кардани шароити кори олимону омӯзгорон ва боло бурдани сатҳи таълиму тарбия дар ҳама зинаҳои таҳсилот таъсир расониданд.

Мо шоҳиди воқеии он ҳастем, ки ислоҳоти соҳаи маориф бомаром амалӣ мегардад. Сол аз сол маблағгузорӣ ба соҳа чандин маротиба зиёд шуда, ҳазорон мактабҳои нави замонавӣ сохта, ба истифода дода мешаванд. Донишгоҳу донишкадаҳои олии нав таъсис ва мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯйро омода месозанд. Таълимгирандагони мо дар озмунҳои гуногуни ватанӣ ва байналмилалӣ сазовори ҷоизаву мукофотҳои намоён гардида, Давлати Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд. Тӯли соли 2012, тибқи маълумоти оморӣ, аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ 248 бинои мактаб барои 43647 ҷойи нишаст ба маблағи умумии 319 млн. 908 ҳазор сомонӣ бунёд гардид, ки нисбат ба соли 2011- ум 17,5 фоиз зиёд мебошад. Дар умум, дастовардҳои ҳама самтҳои соҳаи маориф назаррас буда, нишондодҳои оморӣ аз он шаҳодат медиҳанд. Аммо бояд дар хотир дошт, ки мушкилоти ҷойдошта низ дар соҳа бояд бартараф шаванд. Зеро ҳалли масъалаҳои муҳими соҳа, аз ҷумла таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯй ба талаботи замони ҷаҳонишавӣ, баланд бардоштани донишу малакаи касбии онҳо ба низоми маориф вобастагии зич дошта, ба заминаи устувори ҳуқуқӣ ниёз доранд.

Бо мақсади таҳким, тақвият, танзими ислоҳот ва рушди соҳаи маориф, таҷдиди сохтор, мазмуну муҳтавои таҳсилот, таъмини сатҳу сифати таҳсилот, баланд бардоштани сатҳу сифати дониши таълимгирандагон, омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй, мутобиқат ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷахонӣ, таъмини раванди таҳсилот бо технологияи навин, инноватсия ва ҳалли масъалаҳои дигари иҷтимоӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар таҳияи нав аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид, ки тақозои замон буд. Дар ин қонуни нав ба масъалаҳои баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҳимояи шаъну шарафи омӯзгорон, уҳдадориҳо ва масъулияти онҳо, имтиёзҳо ва таъминоти моддии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф диққати махсус зоҳир гардидааст, ки хеле саривақтист.

Ҳалли мушкилоти асосӣ ва рӯзмарраи соҳаи маориф – баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ва беҳтар кардани дараҷаи омода намудани мутахассисони соҳибихтисос, ки аз омӯзгорони донишманду соҳибтаҷриба ва таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ вобаста аст, бо қабули Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» заминаи ҳуқуқии худро меёбад. Зеро пӯшида нест, ки омӯзгор дар пешрафти соҳаи маориф нақши муассир мебозад. Барои ҳалли ин масъалаи муҳим шароити маишӣ ва моддӣ, шароити лозимаи кору зиндагӣ, маоши хуб, зиндагии шоиста, мақому эътибори волои омӯзгоронро бояд таъмин намоем.

Яке аз нуктаҳои муҳими Паём маҳз дар ҳалли ин масъала буда, маоши омӯзгорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ 60 фоиз баланд карда шуд. Заминаи устувори ҳуқуқӣ бо қабули қонуни нав ба омӯзгорон барои шарафмандона иҷро намудани рисолаташон — таълиму тарбияи насли солиму созанда шароити муносиб муҳайё менамояд.

Таъмини соҳаҳои гуногуни кишвар бо мутахассисони соҳибкасб ва ҷавобгӯйи талаботи бозори меҳнати ватанӣ ва ҷаҳонӣ бар дӯши зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ буда, маҳз ҳамин зинаҳо метавонанд дар рушди ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданию фарҳангии мамлакат саҳми босазо гузоранд. Рушди иқтисоди ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама, ба ҷорӣ намудани технологияҳои муосири истеҳсолӣ вобаста аст ва бе кадрҳои соҳибихтисоси коргарӣ имконнопазир аст. Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ зинаҳои муҳими таҳсилот ба шумор рафта, воситаи асосии таъмини иқтисоди миллӣ бо мутахассисони соҳибкасб мебошад. Аз ин рӯ, такмили қонунгузории соҳа вобаста ба талаботи рӯз дар самти омода намудани мутахассисони касбҳои коргарӣ супориши Паёмӣ буда, муҳиму саривақтӣ арзёбӣ мегардад. Бо ҳамин мақсад аъзои Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи тахсилоти ибтидоии касбӣ», ки тамоми муносибатҳоро дар ин соҳа ба танзим медарорад, тағйиру иловаҳо ворид намуданд.

Дар Паём инчунин супориш дода шуд, ки барномаи давлатии ислоҳот ва рушди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҳия гардида, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод шавад.

Бо назардошти нишондодҳои Паёми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» таҳия гардида, моҳи июли соли 2012 ба тасвиб расид, ки заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбиро, бо назардошти талаботи замон ва бозори меҳнати ватанӣ ва ҷаҳонӣ, муҳайё менамояд. Ғайр аз ин, аъзои Кумита лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ»-ро таҳия намуданд, ки ҳоло мавриди баррасӣ қарор дорад. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» ва «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» низ мавриди иҷрост.

Вобаста ба супориши Сарвари давлат дар самти беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ташкили давраҳои (курсҳои) кӯтоҳмуддат дар назди ин муассисаҳо кори зиёд ба анҷом расид. Аз ҷумла Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои солҳои 2013-2020 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ба наздикӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба «Барномаи саводнокии касбӣ барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон» тасдиқ гардид.

Тавре дар Паём омадааст, фарҳанг дар ҷомеаи башарӣ яке аз воситаҳои муҳими тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум, махсусан ҷавонон ба ҳисоб рафта, дар ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷомеа нақши калидӣ дорад. Бо инкишофи ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҷамъиятӣ ва дигаргуниҳои куллӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа арзишҳои наве ба вуҷуд меоянд, ки таҷдиди назар кардани онҳоро замони муосир тақозо менамояд. Аз ин раванд фарҳанг истисно набуда, зарурати танзими ҳуқуқии муносибатҳои соҳаро пеш меорад. Бо мақсади муҳайё намудани заминаи ҳуқуқӣ дар соҳаи фарҳанг аъзои Кумита бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳо», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ»-ро таҳия намуданд, ки ин қонунҳо қабул гардида, амалӣ мешаванд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида ба 20-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи Борбад вобаста ба шаш самтҳои асосии марҳилаи имрӯзаи рушди давлатдорӣ ибрози ақида намуда, самти панҷумро сиёсати «Рӯ овардан ба ҷавонон» номидаанд. Яъне, барои беҳбуди шароити рушди маънавию ахлоқӣ ва таҳсилу кори ҷавонон имкониятҳои муносиб фароҳам оварда шаванд. Барои муваффақ шудан ба ин мақсад бояд тарбияи ҷавононро дар заминаи арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, ки як омили хештаншиносӣ аст, ба роҳ монем. Огоҳии комил аз ин арзишҳо ҷавонони моро аз гароиш ба мазҳабҳои бегонаю ифротгаро, шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ бозмедорад.

Масъалаи ниҳоят муҳими давлатӣ ва мушкилоти ҷомеа паст шудани сатҳи одобу ахлоқи наврасону ҷавонон дар марҳилаи кунунӣ дар оила, мактаб ва ҷомеа мебошад, ки сабаби асосии ба кирдори номатлуб даст задани онҳо, конуншиканӣ, афзоиши сафи ҷинояткорӣ дар байни насли ҷавон ба шумор меравад. Дар Паёми порсола вобаста ба амалӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дастур дода шуд, ки механизми ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, роҳҳои амалӣ гардидани қонуни мазкур зери назорат қарор гирифта, барои тарғибу ташвиқ тадбирҳо андешида шаванд. Бо мақсади ташаккули маърифати сиёсию ҳуқуқии чавонон ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017 қабул гардид, ки ҳоло муваффақона амалӣ мешавад.

Бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм»-ро пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби вакилон пазируфта шуда, ба тасвиб расиданд.

Ҳоло дар Кумита лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», «Дар бораи адабиёти таълимӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» ва «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» таҳия гардида, мавриди баррасӣ қарор доранд ва бешубҳа, чун санадҳои қонунгузорӣ, барои рушди соҳаҳои марбута зарур ва манфиатовар мебошанд.

Зикр намудан бамаврид аст, ки дар давраи аз Паём то Паёми дигар супоришҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, иҷрои саривақтии онҳо бо заминаи ҳуқуқӣ таъмин ва санадҳои муҳими соҳаҳо таҳия ва қабул шуданд.

Мо боварӣ дорем, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба «таъмини рушди устувори иқтисодиёт ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, тарбияи насли аз лиҳози ҷисмониву маънавӣ солим, ҳифзи сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ» муваффақ гардида, дар ояндаи наздик ба дастовардҳои назаррас дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа сазовор хоҳем шуд.

 

Марҳабо ҶАББОРОВА,

раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон