Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

ҚОНУН ДАР БОРАИ АВФ ҚАБУЛ ШУД

№127 (3273) 30.10.2014

авф

 

29 октябри соли 2014 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»

2. Дар бораи Конвенсияи бекоркунандаи талаботи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ

3. Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Баҳрайн оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад

4. Оид ба Созишнома дар бораи пешниҳод намудани грант байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи фаръии давлатии коммуналии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Қӯрғонтеппа ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд вобаста ба пешниҳоди гранти инвеститсионӣ аз ҳисоби Фонди махсуси саҳомии БАТР ҷиҳати татбиқи лоиҳа оид ба беҳтар намудани идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Қӯрғонтеппа ва минтақаҳои атрофи он

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд»

6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ»

7.Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ»

8.Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда»

9.Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист».

РАИС: -Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» сухан ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шерхони Одина дода мешавад.

Салимзода Шерхони ОДИНА: Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромиқадр!

Ҳуқуқшиносон ва ҷамъиятшиносони бузурги ҷаҳонӣ гуфтаанд: «Агар хоҳед, ки табиату хислат ва ахлоқу маънавиёти халқиятеро донед, қонунҳои қабулкардаи онро хонед».

Маҳз табиат ва хислатҳои неки инсонии Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун инсонпарварӣ ва инсондӯстӣ, дорои қобилияти бузурги бахшида тавонистан аст, ки мо имрӯз дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шонздаҳумин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»- ро мавриди баррасӣ қарор дода истодаем. Инчунин хуб медонем, ки бахшиш, муросо, раҳму шафқат ва таҳаммулпазирӣ омилҳои асосии сиёсати пешгирифтаи давлат мебошанд.

Вакилони гиромӣ! Бевосита бо ташаббус ва иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20- солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» таҳия гардида, ба баррасии шумо, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкурро Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳо ва комиссияҳои он мавриди баррасӣ қарор дода, онро такмил додаанд ва қобили қабул шуморида, ба баррасии ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

Бояд зикр кард, ки 20- солагии Конститутсияи  (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  ин на танҳо ҷашни бузурги миллӣ ва санади муҳими таърихӣ мебошад, инчунин дар ин давра Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шуда, дар арсаи байналмилалӣ эҳтиром ва нуфузи хоссаи худро пайдо намудааст. Куллан ҳамин ҳолат асоси пешниҳод ва зарурияти қабули қонуни мазкур гардидааст.

Ғайр аз ин,  пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур аз сиёсати демократӣ ва инсондӯстонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри амалӣ намудани меъёрҳои бунёдии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эътироф, риоя ва ҳифз намудани ҳуқуқу озодиҳои  фитрии инсон, яъне ҳаёт, қадр, номус ва шаъну шарафи инсон, бевосита амалӣ гардидани онҳо, арзиши олӣ доштани инсон шаҳодат медиҳанд. Инчунин мо медонем, ки мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошанд.

Пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур идомаи мантиқии ин тадбирҳо мебошад, ки бевосита Президенти мамлакат амалӣ карда истодаанд.

Қабул ва татбиқи қонуни мазкур ҷиҳати ислоҳ ва тарбияи маҳкумшудагон ва дигар шахсони ҷиноятсодирнамуда  таъсири мусбӣ мерасонад. Шахсоне, ки аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва аз адои минбаъдаи ҷазои ҷиноятӣ озод мешаванд ё ҷазои онҳо кам ва сабук мегардад, аксаран ислоҳ шуда, ба муҳити оила, ба ҳаёти орому осоишта мегузаранд, аз роҳи ҷинояткорӣ ва олами ҷиноӣ даст мекашанд, ба рӯзгору оилаи худ машғул мешаванд. Ин, албатта, ба ҷамъият ва давлат низ хеле фоидаи калон дорад.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда аз 24 модда иборат мебошад. Он ҳолатҳои зерини авфи маҳкумшудагон ва шахсони ҷиноят содирнамударо муайян кардааст:

1.Озод кардан аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ;

2.Озод кардан аз адои ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда;

3.Озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ;

4.Кам кардани муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодии маҳкумшудагон.

Озод кардан аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ дар моддаҳои 1, 2, 3, 4 ва бандҳои 6 ва 7 моддаи 5- уми лоиҳаи қонун пешбинӣ шудааст. Муқаррароти моддаҳои мазкур доираи шахсон ва ҳолатҳоеро пешбинӣ менамоянд, ки дар мавриди мавҷудияти онҳо маҳкумшудагон аз адои минбаъдаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ озод карда мешаванд.

Моддаи 1-уми лоиҳаи қонуни мазкур пешбинӣ менамояд, ки: «Шахсони ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшудае, ки аз чор се ҳиссаи ҷазои бо ҳукми суд таъиншударо дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ воқеан адо кардаанд, аз адои ҷазо озод карда шаванд.».

Моддаи 2-юми лоиҳаи қонун аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста аз муҳлати ҷазои таъиншуда ва аз адои ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда озод шудани занон, ноболиғон, мардони аз 55- сола боло, маъюбони гурӯҳҳои I, II ва III, шахсони гирифтори бемориҳои омоси бадсифат, сили узвҳои нафас ва пошхӯрдаи шадиди шуш, бемории ишемиявии дил- стенокардияи навъҳои фаъолияти ҷисмонии 3 ва 4, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштирокчиёни амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Тоҷикистон, шахсоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии «Чернобил» зарар дидаанд, шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд, шахсоне, ки аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ намудаанд ё худсарона қисми ҳарбиро тарк кардаанд, агар онҳо ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ баргарданд, инчунин шаҳрвандони хориҷиро пешбинӣ менамояд. Дар лоиҳаи қонун ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ баргаштани хизматчиёни ҳарбии аз хизмат фирорнамуда пешбинӣ карда шудааст, ки он ба тарбияи онҳо таъсири мусбӣ мерасонад.

Мутобиқи талаботи моддаҳои 3 ва 4- уми лоиҳаи қонун маҳкумшудагоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд, сарфи назар аз намуди ҷазои ҷиноятии таъиншуда ва шахсоне, ки ҷиноятҳои на чандон вазнин ва дараҷаи миёна содир намудаанд ва ба онҳо то панҷ сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст, аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда мешаванд.

Мутобиқи лоиҳаи қонуни мазкур санади авф аз адои ҷазо озод намудани шахсони гирифтори бемориҳои омоси бадсифат (саратон), сил ва ишемиявии дилро пешбинӣ менамояд, ки айни ҳол дар муассисаҳои ислоҳӣ 112 нафар маҳбусони мубталои ин касалиҳо адои ҷазо менамоянд. Инчунин пешбинӣ гардидааст, ки аз адои ҷазо тамоми занон ва ноболиғон озод карда шаванд, ба истиснои занон ва ноболиғоне, ки ҷиноятҳои одамкушӣ, хариду фурӯши одамон, терроризм, хиёнат ба ватан, ҷосусӣ, тахрибкорӣ, ташкили иттиҳоди экстремистӣ ва дигар ҷиноятҳои махсусан вазнинро содир намудаанд. Дар ин маврид заноне, ки ҷинояти одамкуширо дар натиҷаи муноқишаҳои оилавӣ содир намудаанд ва аз се ду ҳиссаи ҷазои таъиншударо воқеан адо кардаанд, аз ҷазо озод карда мешаванд.

Дар банди 2 моддаи 4- уми лоиҳаи қонун пешбинӣ шудааст, ки новобаста аз маҳдудиятҳо ва манъкуниҳои дар қонуни мазкур пешбинигардида маҳкумшудагоне, ки то марвиди амал қарор гирифтани қонуни мазкур муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрумӣ аз озодиашон то як солу шаш моҳ боқӣ мондааст, аз адои ҷазо озод карда шаванд. Агар онҳо ҷиноятҳои махсусан вазнин, аз ҷумла ҷиноятҳои дар моддаҳои 61, 67, 104, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 121 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  (таҳрири соли 1961), қисми 2 моддаи 104, қисми 3 моддаи  138, қисмҳои 2 ва 3-юми моддаи 179 (2), қисми 2 моддаи 179 (3), қисмҳои 1 ва 3 моддаи 187, моддаҳои 305, 306, қисми 2 ва 3 моддаи 307, қисми 3 моддаи 307 (2), моддаҳои 308- 310 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинишударо содир карда бошанд, амали ин банд нисбати онҳо татбиқ намешавад.

Моддаҳои 2, 3 ва 5- уми лоиҳаи қонуни мазкур инчунин ҳолатҳои аз ҷазо ва ё аз адои ҷазо озод намудани маҳкумшудагонро, ки ба онҳо ҷазоҳои ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда таъин карда шудааст, иҷрои ҳукм нисбати онҳо мавқуф гузошта шудааст, ҷазо нисбати онҳо шартан татбиқ карда нашудааст, онҳо шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод шудаанд, пешбинӣ менамояд.

Ҳолатҳои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудан ва қатъ намудани парвандаҳои ҷиноятӣ аз ҷониби мақомоти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва суд дар моддаи 6- уми лоиҳаи қонун омадааст, ки аз инҳо иборат мебошанд:

1.Оид ба ҷиноятҳое, ки аз тарафи шахсони дар моддаи 2- юми қонуни мазкур пешбинигардида содир шудаанд;

2.Шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд;

3.Шахсоне, ки қасдан ҷиноятҳои на чандон вазнин ва дараҷаи миёна содир намудаанд;

4.Шахсоне, ки ҷиноятҳои азонихудкунӣ, исрофкорӣ, қаллобӣ, тасарруфи моли ба тариқи кредит додашуда ва тасарруфи воситаҳои кумакҳои хориҷиро содир намудаанд, агар зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ карда бошанд.

Мавридҳои кам кардани муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати маҳкумшудагон дар моддаи 7- уми лоиҳаи қонун дарҷ шудаанд.

Мутобиқи ин муқаррарот муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои на чандон вазнин ва дараҷаи миёна ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст ё аз рӯи ҷазои ҷиноятии қаблан таъиншуда доғи судиашон барҳам нахӯрда, боз барои қасдан содир кардани ҷиноятҳои на чандон вазнин ва дараҷаи миёна ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст, агар онҳо таҳти амали моддаи 4- уми қонуни мазкур қарор нагиранд, аз ду як ҳисса кам карда мешавад.

Ҳамчунин муҳлати ҷазои адонагардидаи маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст, аз се як ҳисса ва маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои махсусан вазнин ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст, аз чор як ҳисса кам карда мешавад.

Таҳлилҳо ва ҳолати ҷинояткорӣ нишон медиҳад, ки на ҳама ҷинояткорон баъди адои ҷазо, хусусан онҳое, ки бо татбиқи қонунҳо дар бораи авф ҷазои онҳо кам карда шудаанд ва онҳо ба озодӣ баромадаанд, ба роҳи ислоҳшавӣ медароянд. Қисме аз онҳо ба худ хулосаи даркорӣ набароварда, боз даст ба ҷиноят мезананд.

Аз ин рӯ, моддаҳои 8 ва 9- уми лоиҳаи қонуни мазкур пешбинӣ менамоянд, ки агар шахсоне, ки нисбати онҳо ду маротиба ва зиёда аз он муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ бо татбиқи қонунҳо дар бораи авф кам карда шудааст, минбаъд нисбати онҳо кам кардани муҳлати ҷазо ва аз ҷазо озод кардан татбиқ карда намешавад.

Бояд зикр намуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур ҳолатҳои татбиқ  нашудани муқаррароти онро оид ба кам кардани муҳлати ҷазо, аз ҷазо ва ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани  гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандагон ва маҳкумшудагонро низ пешбинӣ намудааст. Дар моддаҳои 8 ва 9-уми лоиҳаи қонуни мазкур омадааст, ки шахсоне, ки ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз ҷумла одамкушӣ, таҷовуз ба номус бо ҳолатҳои вазнинкунанда, амалҳои террористӣ ба муқобили сулҳ, амният ва бехатарии ҷомеа ва давлат содир намудаанд, ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд, дар  маҳали адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ҷинояти қасдона содир намудаанд ва дигар ҳолатҳо муқаррароти қонуни мазкур оиди кам кардани  муҳлати ҷазо ва озод намудан аз ҷазо татбиқ карда намешавад.

Моддаи 10-уми лоиҳаи қонуни мазкур муайян намудааст, ки муқаррароти қонун танҳо нисбати шахсоне татбиқ мешавад, ки онҳо ҷиноятро то мавриди амал қарор додани қонуни мазкур содир намудаанд.

Моддаҳои 11 то 24-уми лоиҳаи қонун масъалаҳои мақомотҳои давлатиро, ки татбиқи қонун ба зиммаи онҳо гузошта мешавад, шарҳи баъзе мафҳумҳо, тартиби татбиқи санади авф, муҳлати иҷро ва мавриди амал қарор додани қонуни мазкурро  дар бар гирифтаанд.

Агар дар даврони истиқлолият лоиҳаи қонуни мазкур шонздаҳумин бошад, дар 20 соли амали Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкур дувоздаҳумин санади авф мебошад.

Ҳамин тариқ, мувофиқи маълумотҳои пешакӣ қонуни мазкур нисбати зиёда аз даҳ ҳазор гумонбаршудаҳо, айбдоршавандаҳо, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ карда мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкурро ба баррасӣ манзур намуда, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтирмона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

 (Идома дар шумораи оянда.)

Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир А. ИСОЕВ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ш. Душанбе, 29 октябри соли 2014 №1130