Аз фаъолияти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунҳо ба татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бояд ҷавобгӯ бошанд

№89-92 (3235-3238) 06.08.2014

КенљаеваМунаввара Кенҷаева факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Дар вазифаҳои ёрдамчии прокурори ноҳияи Б. Ғафуров, судяи Суди шаҳри Қайроққум, аъзои Лигаи занҳои ҳуқуқшиноси вилояти Суғд, судя ва раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд кор кардааст. Аз ҳавзаи интихоботии ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон вакили  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъвати чорум интихоб мешавад. Аз 16 марти соли 2010 узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия мебошад. Хабарнигорамон бо Мунаввара Кенҷаева роҷеъ ба фаъолияташ дар парлумони касбӣ суҳбат намуд.

- Мунаввара Ҳодиевна, шумо узви кумитае ҳастед, ки бештар фаъолияти он ба қонунгузорӣ дар бахши иқтисод ва молия марбут мебошад. Дар таҳияву омода ва пешниҳод намудани лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ кумита чӣ салоҳият дорад?

- Салоҳиятҳои кумита дар самти қонунэҷодкунӣ дар Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст. Қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои сохтори буҷет ва раванди буҷет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, буҷети фондҳои ғайрибуҷетӣ, қарзи давлатӣ, андози боҷҳо, танзими амалиёти суғуртавӣ, биржа ва бозори фондӣ, фаъолияти бонкӣ ва ғайра аз салоҳиятҳои кумита ба шумор мераванд. Лоиҳаҳои қонунҳое, ки таҳия ва пешниҳод мешаванд, фарогири ҳамин масъалаҳо мебошанд.

Дар ин робита зикр намудан зарур аст, ки лоиҳаҳои қонунҳо бояд ва меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  дигар қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилию байналмилалӣ мутобиқ бошанд. Талаботи дигар нисбати қонунҳо ин аст, ки  қонунҳо бояд аз нигоҳи мазмуну тарзи баён дар сатҳи зарурӣ ҷавобгӯйи талаботи ҷомеаи муосир  бошанд. Ҳамзамон қонунҳое, ки мавриди  қабул  ва амал қарор мегиранд, бояд ба  татбиқи ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва рушди он ҷавоб гуфта тавонанд.

Боиси хурсандист, ки ҳамкасбони мо дорои таҷрибаи бой, донишу маҳорати касбӣ мебошанд. Раиси кумита Сафаралӣ Раҷабов, муовини ӯ Сафаралӣ Гулов, аъзои кумита Домуллоҷон Ҷабборов, Исмоил Талбаков, Шарофиддин Сироҷов, Ашӯрбег Расулов дар таҳия, такмил ва пешниҳоди лоиҳаҳои қонунҳо саҳми бориз  доранд.

Дар давоми  фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ба кумита 43 лоиҳаи қонун, созишнома ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла ду қонуни мукаммал, 18 лоиҳаи қонун  оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо, 21 созишнома ва барномаҳои давлатӣ ворид гардид, ки  онҳо дар муҳлатҳои муайяншуда ба ҷаласаҳои Иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд. Айни замон дар баррасии кумита ду лоиҳаи қонун, аз ҷумла як  қонуни мукаммал ва як тағйиру илова ба қонуни амалкунанда қарор доранд, ки тибқи муҳлатҳои муқарраргардида омода  ва  барои баррасӣ пешниҳод мешаванд. Ҳамзамон аз ҷониби кумита ба 90 лоиҳаи қонунҳо хулосаҳо пешниҳод гардидааст.

Самти муҳими фаъолияти кумита робитаи мунтазам бо интихобкунандагон, вохӯриву мулоқотҳо бо мардум мебошад. Аъзои кумита тибқи нақшаи кории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам ба ҳавзаҳои интихоботӣ рафта, бо интихобкунандагон мулоқоту вохӯриҳо мегузаронанд. Иқдоми муҳим дар ин самт якҷоя бо вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ сурат гирифтани вохӯриҳо мебошад, ки барои ҳалли масъалаҳо мусоидат менамоянд.

- Саҳми шумо дар таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои қонунҳо чӣ гуна аст?

- Мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла  вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд. Бо истифода аз ин ҳуқуқи конститутсионии худ мо имкон дорем, ки таври алоҳида ё дар ҳамкорӣ бо ҳамкасбони худ лоиҳаҳои қонунҳои алоҳидаро таҳия ва ба  баррасӣ пешниҳод намоем. Шахсан   лоиҳаи ду қонунро омода ва барои баррасӣ пешниҳод намудам, ки дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, қабул гардиданд.

Якеи онҳо ба   Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дошт. Бояд гуфт, ки Кодекси мазкур фаъолияти 40 мақомоти ваколатдори давлатӣ ва судро оид ба тартиби барасмиятдарорӣ танзим намуда, баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, инчунин тартиби татбиқи ҷазои маъмуриро муайян менамояд.

Вобаста ба ин,  зарурат пеш омад, ки субъектҳои дорои пешниҳоди шикоят нисбат ба қарори мақоми ваколатдори давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо,  муҳлат ва тартиби баррасии ин шикоятҳо мушаххас гардонда шаванд.

Бинобар ин, аз ҷониби ман лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва пешниҳод шуд, ки  мақсад аз  он бартараф намудани  номутобиқатии байни санадҳои қонунгузорӣ, аз ҷумла Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Ҳамчунин якҷоя бо вакилон Ш. Сироҷов, С. Гулов, А. Расулов, Э. Эсанқулов ва  Д. Ҷабборов лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)»- ро таҳия ва пешниҳод намудем. Мақсади асосии қонуни мазкур ба танзим даровардани фаъолияти гаравхонаҳо (ломбардҳо) ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар мавриди таҳти гарави молу мулк гирифтани қарз аз гаравхонаҳо мебошад. Дар ҷумҳурӣ 30 гаравхона ташкил шудааст, вале  фаъолияти онҳоро ягон қонуни алоҳида  танзим намекард. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» ба рушди соҳибкории хурду миёна мусоидат намуда, боиси ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ба Буҷети давлат ворид гардидани маблағҳои иловагӣ хоҳад гашт.

- Яке аз самтҳои бисёр муҳими фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои байнипарлумонӣ ба ҳисоб меравад. Бигӯед, ки шумо аъзои кадоме аз гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастед?

- Ман аъзои гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парламенти Белгия, Ассамблеяи байнипарлумониии Иттиҳоди иқтисодии ЕвроОсиё, Созмони Конфронси Исломӣ ва ҳамчунин узви гурӯҳи дӯстӣ бо парлумони Ҷумҳурии  Беларус  ҳастам.

Соли 2011 дар  ҷаласаи Иттиҳоди парламентии давлатҳои Созмони Конфронси Исломӣ, ки дар  шаҳри Абу Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб доир гашт, иштирок доштам.

Созмони  Конфронси Исломӣ нақши Тоҷикистонро дар суботи минтақа хеле бузург меҳисобад. Зикр карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаи суботи Афғонистони ҳамсоя имкониятҳои бузург дорад.

- Ҳангоми вохӯрӣ бо интихобкунандагон онҳо бештар оид ба кадом масъалаҳо муроҷиат мекунанд?

- Интихобкунандагон асосан  доир ба ҷудо намудани маблағ аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои гузаронидани хатти барқу об, таъмини қитъаҳои наздиҳавлигӣ, сохтани мактаб ва ғайраҳо ба мо муроҷиат менамоянд.

Вобаста ба ҳалли ин масъалаҳо ба мақомоти марбута бо дархости вакилӣ муроҷиат намудам. Боварӣ дорам, ки муроҷиати шаҳрвандон ба таври  мусбӣ ҳал хоҳад гашт.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»