Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Қонунҳои мукаммал ҳуқуқҳои кӯдаконро ҳифз намуда, фаъолияти адвокатиро тавсеа мебахшанд

№6 (3307) 12.01.2015

(Идома аз шумораи гузашта)

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалӣ Ватанов дода мешавад.

Маҳмадалӣ ВАТАНОВ — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ»  бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 2014 таҳти №2453 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  супорида шуда буд.

Дар моддаи 92-юми Конститутсияи  (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ кафолат дода шудааст. Мутобиқи моддаи 5-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат вазифадор аст, ки ин ҳуқуқи конститутсиониро эътироф, риоя ва ҳифз намояд.

Лоиҳаи қонуни мазкур маҳз ба ҳамин масъала бахшида шудааст ва санади меъёрии ҳуқуқии асосие мебошад, ки  масъалаҳои ташкил, фаъолияти адвокатура ва амалӣ намудани фаъолияти адвокатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ҷиҳати иҷрои дастурҳои аз Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2009, аз 25 апрели  соли 2010 бароянда ва «Барномаи ислоҳоти судӣ- ҳуқуқӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013», ки бо Фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011 таҳти №976  тасдиқ шудааст, таҳия ва пешниҳод мегардад.

Бо дарназардошти муҳимияти лоиҳаи қонуни мазкур дар кумитаи масъул гурӯҳи корӣ бо ҷалби адвокатҳои касбии ҷумҳурӣ ва ассотсиатсияи байналмилалии адвокатҳо таъсис дода шуд, ки дар ҷаласаҳои он оид ба лоиҳаи пешниҳодгардида андешаронӣ сурат гирифт.

Илова бар ин,  дар ҷаласаи васеи гурӯҳи корӣ бо иштироки доираи васеи адвокатҳои ҷумҳурӣ ва созмонҳои байналмилалии адвокатҳо лоиҳаи қонун муҳокима гардида, такмил дода шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нисбати лоиҳаи қонуни мазкур таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои такмил ёфтани он, дар маҷмӯъ 170 таклиф пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 155 таклиф пурра ва қисман қабул гардиданд.

Кумитаи масъул 24 декабри соли 2014 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Ғафорова, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ҷаласаи васеъ гузаронида, лоиҳаи қонуни мазкурро баррасӣ намуд.

Дар натиҷаи муҳокима таклифу пешниҳодҳо дар мувофиқа бо намояндагони субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ворид карда шуданд.

Аз ҷумла:

- 8 қисм пурра аз лоиҳа хориҷ карда шуд;

- 5 қисм аз моддаи 9 ба моддаи 10 гузаронида шуд;

- қисмҳои 1 моддаҳои 2 ва 3 ҳамчун мафҳумҳои асосӣ ба моддаи 1-уми лоиҳа гузаронида шуданд;

- ба лоиҳа 3 қисми нав илова, 8 қисм таҳрир ва қисми 3-юми моддаи 21 ба 2 қисм ҷудо карда шуд.

Ҳамчунин дар лоиҳаи қонун чор сархат пурра хориҷ, се сархат илова, шаш сархат таҳрир ва чор сархати дигар якҷоя карда шуданд. Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ин лоиҳа таваҷҷуҳ  зоҳир карда шуд, ки он барои такмили лоиҳа мусоидат намуд. Аз ҷумла мафҳуми Феҳристи ягонаи адвокатҳо аз моддаи 1 ба қисми 1 моддаи 17 кӯчонида шуда, аз нав таҳрир шуд. Бинобар ин, аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки ин тағйирот дар лоиҳа ворид карда шавад. Инчунин моддаи 51-уми лоиҳаи қонун бо дарназардошти пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров такмил дода,  дар он муқаррарот дар бораи аз эътибор соқит донистани қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда шуд.

Бояд зикр намуд, ки тағйиру иловаҳо ба истиснои ду моддаи дигар ба 49 моддаи лоиҳаи қонуни мазкур ворид карда шуданд, ки онҳо бори дигар лоиҳаро такмил  доданд.

Мехостам диққати шуморо ба як нуктаи ҷолиби ин лоиҳаи қонун ҷалб намоям. Боби шашуми лоиҳаи қонун «Муқаррароти давраи гузариш» ном дошта, он дар таҷрибаи қонунгузорӣ кам ба чашм мерасад. Муқаррароти ин боб ба он равона карда шудааст, ки фаъолияти муътадили  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъмин карда шуда, ягон шахс аз рӯи ҳуқуқи конститутсионии худ аз ҳимоя  маҳрум намегардад. Аз тарафи дигар,  ба адвокатҳо низ имконият дода мешавад, ки  давоми як сол аз рӯзи мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур фаъолияти худро бо он мутобиқ гардонанд.

Масалан, адвокатҳое, ки фаъолияти худро тибқи иҷозатнома (литсензия) ба роҳ мондаанд, фаъолияти худро давоми як сол чун пештара давом дода, дар як вақт масъалаи ба қонуни нав мутобиқ намудани фаъолияти худро амалӣ менамоянд.

Тавре ки аз муҳтавои ин қонун бармеояд, барои соҳиб шудан ба мақоми адвокат шахс бояд аз имтиҳони тахассусӣ гузарад. Вале дар ин маврид истисно мавҷуд аст. Мутобиқи моддаи 45-уми лоиҳаи қонуни мазкур адвокатҳое, ки то мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур собиқаи фаъолияти адвокатии зиёда аз 10-сола ё собиқаи умумии кории зиёда аз 15-сола аз рӯи ихтисос доранд, бе супоридани имтиҳони тахассусӣ, танҳо бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ (агар ҳуҷҷатҳо ба талаботи моддаи 12-уми лоиҳаи қонун мувофиқ бошанд) соҳиби мақоми адвокат мегарданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мухолифат надорад.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки барои қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун боб ба боб ва модда ба модда ба овоз монда, қонун яклухт қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ шуд.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Нозимов Маҳмадшариф дода мешавад.

Маҳмадшариф НОЗИМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тағйири низоми амалкунанда вобаста ба фаъолияти адвокатҳои ваколатдор, бо дарназардошти лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» таҳия ва пешниҳод  шудааст.

Дар лоиҳаи қонуни мазкур пешбинӣ гардидааст, ки иҷозатномакунонии фаъолияти адвокатҳои ваколатдор аз қонун хориҷ карда шуда, минбаъд фаъолияти чунин адвокатҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура  ва фаъолияти адвокатӣ» ба роҳ монда мешавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 августи соли 2014 таҳти №2505 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамзамон барои такмил додани он аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, инчунин шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ 6 таклиф пешниҳод гардид, ки 5-тои он пурра ва қисман қабул гардиданд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мухолифат надорад.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки қонуни мазкурро дастгирӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ гардид.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафт ва газ» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба иқтисод ва молия Исмоил Талбаков дода мешавад.

Исмоил ТАЛБАКОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафт ва газ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  И. Талбаков, Ш. Шабдолов, Б. Қурбонов, М. Нозимов, Ҳ. Саъдуллоев ва М. Каримов 3 октябри соли 2014 барои баррасӣ пешниҳод шуда буд.

Зарурияти пешниҳод намудани лоиҳаи қонуни мазкурро муаллифон ба дастуру нишондодҳои Паёмҳои Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъияти кунунии бозори маводи сӯхт дар ҷаҳони муосир, афзоиши минбаъдаи ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии кишвар дар солҳои оянда, муътадил гаштани қурби пули миллӣ, беҳтаршавии тавозуни савдои хориҷӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ асоснок менамоянд. Дар ҷараёни баррасӣ фикрҳои гуногун оид ба мавҷуд будани захираҳои нафт  ва газ дар ҷумҳурӣ ба миён меомад. Баъзе аз масъулин ва мутахассисон  солҳои зиёд аст, ки мавҷуд будани захираҳои нафт ва газро дар чуқурии зиёд асоснок намуда, истихроҷи онро зери  шубҳа мегузоштанд. Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар шароити истифодаи технологияи муосир дастрасӣ ба ин чуқуриҳо мушкилие надорад.

Вобаста ба ин хулосарониҳо  бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо — муаллифони лоиҳаи қонун ба Федератсияи Россия ва  Туркманистон сафари омӯзишӣ намуда, бо ҳуҷҷатҳои бойгонии онҳо шинос шудем.

Мутмаин гардидем, ки дар ҳақиқат дар ҷумҳурии мо захираҳои нафт ва газ вуҷуд дорад. Ба хулосаи мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ дар он ҷое, ки намак аст, ин нишонаи мавҷуд будани нафту газ мебошад.

Гарчанде истихроҷи нафт дар Тоҷикистон таърихи зиёда аз якасра дошта бошад ҳам, вале то ба ҳол захираҳои калони саноатӣ кашф нашудаанд. Истихроҷи нафт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 1907 дар кони Селроҳаи ноҳияи Исфара аз чуқурии 282 метр бо зарфияти 7 тонна дар як шабонарӯз оғоз гардида буд. Дар солҳои охири замони шӯравӣ зиёда аз 494 чоҳ дар чуқуриҳои аз 1300 метр то 6101 метр парма карда шудааст.

Тибқи маълумоти дастрасшуда ҷамъи захираҳои пешбинишудаи нафту газ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 1033,76 миллион тонна сӯзишвории  шартӣ баҳогузорӣ шудааст. Аз он ҷумла дар минтақаҳои ҷануби кишвар дар шароити мусоиди ҷуғрофӣ беш аз 915,58 миллион тонна сӯзишвории шартӣ, яъне 88,5 фоизи ин захираҳо мавҷуд мебошанд. Мувофиқи тадқиқотҳои  гузаронидашуда, дар ҷануби ҷумҳурӣ то чуқуриҳои 7 км – 369,5 миллион тонна сӯзишвории шартӣ, аз он ҷумла нафт 68,2 миллион тонна, конденсати газӣ – 16 миллион тонна, газ-285,3 миллиард мукааб — метр ва дар чуқуриҳои зиёда аз 7 км бошад, бештар аз 500 миллиард мукааб- метр газ мавҷуд мебошад. Дар шароити технологияи муосир дастрасӣ ба ин чуқуриҳо мушкилие эҷод намекунад.

Танҳо дар мавзеи Балҷувон зиёда аз 120 чоҳи кашфшудаи нафт ва газ ҳанӯз аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ мавҷуд мебошад, ки соли гузашта дар вақти интихобан кушодани яктои онҳо дар як шабонарӯз то 100 тонна нафт баромад. Дар мавзеи Данғара бошад, ҳанӯз соли 1941 мавҷуд будани захираи 31,0 миллиард  мукааб-метр газ кашф шуда буд. Дар мавзеи Қипчоқи ноҳияи Ҳисор зиёда аз 30 сол мешавад, ки нафт ба монанди ҷӯйбор равон аст. Чунин мисолҳо хеле зиёданд.

Боиси зикр аст, ки имрӯзҳо давлатҳои  истеҳсолкунанда барои ҳалли масъалаҳои худ фурӯши маводи сӯхтро ҳамчун механизми таъсиррасонӣ ба кишвари мо истифода мебаранд, ки аз ин ҳисоб иқтисодиёти миллӣ низ зарари ҷиддӣ мебинад.

Дар ҷараёни омӯзиши ин масъала мо — муаллифон,  аъзои гурӯҳи корӣ, мутахассисони соҳа сабабҳо ва мушкилоти таъминоти нафт ва газро таҳлил намудем. Яке аз сабабҳои суст ҷалб гардидани сармоя ва рушд наёфтани ин соҳаи  муҳими хоҷагии халқи кишварамон набудани қонуни мукаммал мебошад, ки метавонад муносибатҳоро дар ин соҳа ба танзим дарорад.

Ҳолати воқеиро ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаҳои ҳуқуқ, тарҷума, таҳрир ва нашри Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарк намуда, дар баррасии лоиҳаи қонуни мазкур фаъолона иштирок намуданд ва хулосаҳои мусбат додаанд. Барои мукаммал шудани он 123  таклифу  дархост ба кумитаи масъул ирсол намуданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар хулосаи пешниҳоднамудааш аз 2 июли соли 2014 таҳти №423 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафт  ва газ»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, барои такмили он таъсиси гурӯҳи кориро зарур шуморид.

Бо дарназардошти хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2014 таҳти  №2624 дар ҳайати вакилон И.Талбаков (роҳбар), Ҳ. Саъдуллоев, М. Нозимов, Б. Қурбонов, М. Каримов, Н. Маҳмудов, Т. Самадов, мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  У. Охунов, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон И.Аслов, муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон З. Файзуллоев, директори генералии КВД «Нафт  ва гази Ҷумҳурии Тоҷикистон» С. Саидраҳмонов, сармутахассиси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Мавлонӣ ва Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Х. Мирзоев гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.

Гурӯҳи корӣ лоиҳаи қонуни мазкурро бо дарназардошти хулосаҳои алоҳидаи аъзои гурӯҳи корӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори КВД «Нафт ва гази Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор дода, ҳамаи 86 таклифи пешниҳодшударо қобили қабул дониста, ба лоиҳа ворид намудани онҳоро зарур шумориданд.

Хулосаи гурӯҳи корӣ моҳи декабри соли 2014 ба баррасии Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия пешниҳод шуда, лоиҳаи такмилдодашудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафт ва газ» дастгирӣ ёфт.

Ҳамин тариқ, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафт ва газ», бо дарназардошти хулосаи гурӯҳи корӣ, дар 6 боб ва 20 модда такмил дода шуд. Боби 1 масъалаҳои муқаррароти умумӣ ва моддаҳои 1, 2 ва 3 мафҳумҳои асосӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираи амали қонуни мазкурро ба танзим медарорад. Муқаррароти боби 2 ва моддаҳои 4, 5, 6 ва 7 ба масъалаҳои танзими давлатӣ дар соҳаи нафт ва газ, ҳуқуқ ба молу мулк, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, тартиб, шартҳо, муҳлати иҷро ва ҳудуди шартномавӣ  бахшида шудааст.

Тартиби пешбурди корҳо оид ба омӯзиши захираҳо ва истихроҷи нафт ва газ, хусусиятҳои он, ҳуқуқи заминистифодабарандагон, додани қитъаҳои замин ва барқарор намудани онҳо, талаботи асосӣ оид ба истифодабарии конҳои нафт ва газ дар боби 3 ва моддаҳои 8, 9, 10 ва 11 муайян карда шудаанд. Истифодабарии қубурҳои магистралӣ, иншоот, муносибатҳои шахсони ҳуқуқӣ, масъалаҳои лоиҳакашӣ ва интиқоли нафт ва газ дар боби 4 ва моддаҳои 12, 13 ва 14 ба танзим дароварда шудаанд.

Боби 5 (моддаҳои 15, 16 ва 17) ба ҳалли масъалаҳои таъмини бехатарии истифодаи иншооти истихроҷ ва интиқоли нафт ва газ дар қубурҳои магистралӣ, талаботи бехатарӣ, ташкили кор, бартарафсозии оқибатҳои садамавӣ бахшида шудааст. Муқаррароти хотимавӣ оид ба баррасии баҳсҳо, масъулият ва мавриди амал қарор додани қонуни мазкур дар боби 6 (моддаҳои 18, 19 ва 20) танзими худро ёфтаанд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафт ва газ» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мухолифат надорад.

Қабули лоиҳаи қонуни мазкур аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб  наменамояд ва дар сурати мавриди амал қарор ёфтани он ба афзоиши ҷойҳои нави корӣ, ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ, зиёдшавии қисми даромади Буҷети давлатӣ, баланд гардидани қурби пули миллӣ ва беҳтаршавии зиндагии мардум мусоидат хоҳад кард.

Хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Доир ба масъалаи мазкур чӣ гуна таклифу пешниҳод доред? Марҳамат.

Шодӣ ШАБДОЛОВ: — Ҳангоми таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур мутахассисони соҳа ҷалб шуда буданд. Истихроҷи  нафту газ на танҳо энергия, балки маҳсулоти зиёди саноатӣ, аз ҷумла доруворӣ медиҳад. Амнияти энергетикии давлати мо ба соҳаи нафту газ вобастагӣ дорад. Барои рушди ин соҳа ба сармоягузории хориҷӣ имтиёз додан зарур аст. Ин дар сурате амалӣ мегардад, ки дар ҷумҳурӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул шуда бошанд.

Конҳои нафту газ моликияти истисноии давлат мебошанд. Ҳамкориҳои хориҷӣ дар истихроҷ ва коркарди нафту газ дар асоси созишномаҳо ва дар доираи талаботи қонуни мазкур таҳти назорати давлат амалӣ гардонида мешаванд. Аз вакилон хоҳиш дорам, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоянд.

Ҳабибулло САЪДУЛЛОЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафт ва газ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Мо — аъзои гурӯҳи корӣ лоиҳаи қонуни мазкурро бо мақсади барпо намудани заминаи қонунгузорӣ дар соҳаи нафт ва газ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудем.

Бояд зикр намуд, ки истихроҷи нафт дар Тоҷикистон таърихи зиёда аз якасра дошта, ҳанӯз соли 1907 оғоз гардида, корҳои ҷустуҷӯӣ дар ҷумҳурӣ аз соли 1935 инҷониб дар қисмати ҷанубу ғарбии Тоҷикистон шурӯъ гардидааст.

Дар натиҷаи мақсаднок гузаронидани ин корҳо, тибқи омори расмӣ, дар ҷумҳурӣ аз соли 1960 то инҷониб 24 кони нафту газ дар чуқурии аз 300 то 5000 метр кашф шудааст. Зимнан нуқтаи баланди истихроҷи газ дар соли 1973-юм 520 миллион мукааб-метр ва истихроҷи нафт соли 1979-ум 418 тоннаро ташкил додааст.

Дар ин муддат бо мақсади муайян намудан, тайёр кардан ва ҷустуҷӯи майдонҳои нафту газдор ҳаҷми бузурги корҳои тадқиқотӣ, зилзиласанҷӣ, пармакунии таркибӣ гузаронида шуда, зиёда аз 494 чоҳ дар чуқуриҳои аз 1300 то 6101 метр парма  карда шудааст.

Айни ҳол дар ҷумҳурӣ як қатор ширкатҳои ватаниву хориҷӣ дар соҳаи кашф, пармакунӣ, таъмиру барқарорсозии чоҳҳо, истихроҷ ва коркарди нафту газ саҳм доранд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ чандин корхонаҳо ба истихроҷи нафту газ машғуланд.

Фаъолияти ширкату ҷамъиятҳои мазкур назаррас мебошад. Аз ҷумла ҶСП «Газпром», тибқи Созишнома дар натиҷаи корҳои омӯзишӣ — сейсмоиктишофии саҳроии гузаронидашуда 7 декабри соли 2010 пармакунии чоҳи ҷустуҷӯии №1 дар шаҳраки Шаҳринавро дар майдони Сариқамиш оғоз намуд, ки чуқурии лоиҳавии чоҳ 6300 метр мебошад. Айни замон корҳои геофизикӣ-тадқиқотӣ дар чоҳ идома дорад.

Аз ин рӯ, дар шароити кунунӣ зарурияти гузаронидани тадқиқотҳо, корҳои ҷустуҷӯӣ-иктишофӣ барои азхудкунии захираҳои дар чуқуриҳои зиёд мавҷудбуда, бо дарназардошти болоравии нархҳои ҷаҳонии нафту газ тақозои замон мебошад.

Қабули қонуни мазкур дар рушди иқтисодиёти кишвар ва Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ саҳми муносиб гузошта, вобастагии моро аз воридоти маҳсулоти нафтӣ коҳиш медиҳад.

Аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории қонуни мазкур овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун боб ба боб ва модда ба модда ба овоз монда, қонун яклухт қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун  Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ.