Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Қонунҳои мукаммал ҳуқуқҳои кӯдаконро ҳифз намуда, фаъолияти адвокатиро тавсеа мебахшанд

№5 (3306) 09.01.2015

Ҳафтуми январи соли 2015 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин  Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1.Оид ба Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Протоколи Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя аз 7 июни соли 2011

2.Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ККН-Регар» дар бораи сохтмон ва ба истифода додани корхонаи коркарди нафт дар минтақаи саноатии шаҳри Турсунзода

3.Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак»

4.Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ»

5.Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»

6.Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафт ва газ».

РАИС:- Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шурӯъ менамоем. Оид ба Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Протоколи Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя аз 7 июни соли 2011 сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Меҳринамо Ҷонмамадова дода мешавад.

Меҳринамо ҶОНМАМАДОВА:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи  Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Протоколи Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя аз 7 июни соли 2011» пешниҳод шудааст.

Ҳадаф аз қабули лоиҳаи қарори мазкур муҳайё намудани шароит барои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии давлатҳои аҳдкунанда ҷиҳати андозбандӣ намудани даромад ва сармоя танҳо дар яке аз давлатҳои аҳдкунанда ва  бартарафсозии андозситонии дукарата мебошад. Амалӣ гардонидани масъалаи мазкур имконият медиҳад, ки ҷалби сармоягузориҳои мутақобила  байни давлатҳои аҳдкунанда афзоиш ёбад.

Айни замон Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия «Оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя», ки 7 июни соли 2011 ба имзо расонида шуда, 31 январи соли 2012 таҳти №654 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, амал карда истодааст.

Ҳангоми ба имзорасонии Конвенсияи мазкур иловатан Протокол ба Конвенсия, ки қисми ҷудонашавандаи он ба шумор меравад, қабул шуда буд. Муқаррароти Конвенсияи мазкур дар доираи талаботи модели Конвенсияи байналмилалӣ нисбат ба андозҳо аз даромад ва сармоя (OECD) омода карда шудааст ва ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумхурии Тоҷикистон» мувофиқ мебошад.

Ворид намудани ибораи «маълумоти муфассал» ба банди 3-юми Протокол ба мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳад, ки ба ҷониби ҳамкасбони австриягӣ муроҷиат намуда, маълумоти муфассалро оид ба саркашӣ намудани андозсу-порандагон-шаҳрвандони Тоҷикистон талаб намояд.

Ҷумҳурии Австрия яке аз давлатҳое мебошад, ки соҳибихтиёрии Тоҷикистонро эътироф намудааст.Муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои муфид байни давлатҳо ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар шакли бисёрҷониба ба роҳ монда шудаанд. Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қарори мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС:- Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Сироҷов Шарофиддин дода мешавад.

 Шарофиддин СИРОҶОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Протоколи Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя аз 7 июни соли 2011, ки  13 марти соли 2013 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2014 таҳти № 2733  барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Протоколи мазкур бо мақсади фароҳам овардани имкониятҳои васеътар барои табодули иттилоот байни мақомоти андози тарафайн ба имзо расонида шудааст. Ворид намудани тағйирот ба Протокол ибораи «маълумоти муфассал оид ба» имконият медиҳад, ки нофаҳмиҳои байни Конвенсия ва модели  (OECD) вуҷуддошта аз байн бардошта шавад. Ин ба мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳад, ки ба ҳамкасбони австриягӣ муроҷиат намуда, маълумоти муфассалро оид ба андозсупорандагон-шаҳрвандони Тоҷикистон талаб намояд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Протоколи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

30 декабри соли 2014 дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия  бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Протокол мавриди баррасӣ қарор гирифта, тасдиқи он мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Протоколи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории он овоз диҳед.

Дар бораи тасдиқи Протоколи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС:- Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ККН-Регар» дар бораи сохтмон ва ба истифода додани корхонаи коркарди нафт дар минтақаи саноатии шаҳри Турсунзода сухан ба муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Лочин Нусратулло дода мешавад.

ФАЙЗУЛЛОЗОДА Лочин Нусратулло:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Тайи солҳои охир дар заминаи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳо ва ширкатҳои бонуфузи сармоягузорӣ тақвият ёфта, ҳаҷми сармоягузории мустақими хориҷӣ дар иқтисоди кишварамон афзоиш ёфта истодааст.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 июли соли 2014 Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ККН- Регар» дар бораи сохтмон ва ба истифода додани корхонаи коркарди нафт дар минтақаи саноатии шаҳри Турсунзода маъқул дониста шуд.

Бо татбиқи лоиҳаи сармоягузории мазкур ҶДММ «ККН-Регар»  истеҳсоли маҳсулоти баландсифати нафтии бензини АИ-92, АИ-95, сӯзишвории дизелии тамғаи ЕВРО-4 ва мазутро ба роҳ мемонад.

Бо мақсади ворид намудани таҷҳизоти муосири замонавӣ ҷиҳати бунёди корхона ҶДММ «ККН-Регар» бо ширкати маъруфи соҳавии «Укрнефтмаш» мувофиқа ҳосил кардааст.

Дар марҳилаи аввали татбиқи лоиҳа иқтидори истеҳсолии корхона коркарди 150 ҳазор тонна нафтро дар бар гирифта, дар марҳилаи дуюм ба 300 ҳазор тонна расонида мешавад.

Баъд аз мавриди истифода қарор гирифтан, бо дарназардошти зерсохторҳо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва сехи истеҳсоли қубурҳо зиёда аз 220 ҷойи кории доимӣ таъсис дода мешавад.

Ҳаҷми умумии сармоягузории лоиҳа 21 миллион доллари  ИМА-ро ташкил хоҳад дод.

Бояд зикр кард, ки коргарони маҳаллӣ барои гирифтани ихтисос аз тарафи ҶДММ «ККН-Регар» ба Федератсияи Россия ва Украина фиристода мешаванд. Корхона бо технологияи навтарини замонавӣ бунёд гашта, ба муҳити зисти минтақа таъсири манфӣ намерасонад.

Дар маҷмӯъ, тасдиқи лоиҳаи сармоягузорӣ боиси воридоти техника ва технологияи нав, рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ, бунёди инфрасохтори замонавӣ, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти нафтӣ, воридоти маблағ ба буҷети ҷумҳурӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат  мекунад.

Хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қарори пешниҳодшударо дастгирӣ намоед.

РАИС:- Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Домуллоҷон Ҷабборов дода мешавад.

Домуллоҷон ҶАББОРОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ККН- Регар» дар бораи сохтмон ва ба истифода додани корхонаи коркарди нафт дар минтақаи саноатии шаҳри Турсунзода 17 июли соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааcт.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2014 таҳти № 2729 Созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Тибқи Созишномаи мазкур ҶДММ «Корхонаи коркарди нефти Регар» ба нақша гирифтааст, ки корхонаи коркарди нафтро бунёд намояд. Бо татбиқи лоиҳаи сармоягузории мазкур ҶДММ «Корхонаи коркарди нефти Регар» истеҳсоли маҳсулоти баландсифати нафтии бензини АИ — 92, АИ- 95, сӯзишвории дизелии навъи Л-0.2-62     (ЕВРО- 4) ва мазутро дар минтақаи саноатии шаҳри Турсунзода ба роҳ мемонад.

Дар марҳилаи аввали татбиқи лоиҳа иқтидори истеҳсолии корхонаи бунёдшаванда коркарди 150 ҳазор тонна нафтро дар бар гирифта, дар марҳилаи дуюм истеҳсоли коркарди нафт ба 300 ҳазор тонна расонида мешавад. Дар ду  соли аввали баъди мавриди истифода қарор додани корхона, бо дарназардошти ба истифода додани сехи истеҳсоли қубурҳо, аз маҳсулоти нафтӣ ва нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ зиёда аз 220 ҷойи кории доимӣ ташкил карда мешавад. Муҳлати сохтмони давраи дуюм вобаста ба натиҷагириҳои амалӣ гардонидани давраи аввали лоиҳа муайян карда хоҳад шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

25 декабри соли 2014 дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома мавриди баррасӣ қарор гирифта, тасдиқи он мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории он овоз диҳед.

Юсуф Зувайдов, директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Корхонаи коркарди нефти Регар»:- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

ҶДММ «ККН- Регар» бо дастгоҳу таҷҳизоти навин дар истеҳсолот аз рӯи сифат ба корхонаи бузурги истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ табдил хоҳад ёфт.

Мақсад аз бунёди чунин корхона, пеш аз ҳама, коркарди маҳсулоти сӯзишвории сифатнок мебошад, зеро талаботи он сол то сол зиёд шуда истодааст.

Бо ҷалби сармоягузории хориҷӣ дар назар аст, ки сохтмони корхонаи коркарди нафт дар муддати ду сол анҷом меёбад.

Доир ба тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС:- Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Абдураҳмон Хонов дода мешавад.

Абдураҳмон ХОНОВ:- Муҳтарам, Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Замоне, ки мо дар он зиндагӣ менамоем, яъне асри XXI шоҳиди тағйирпазириҳои рӯҳиву равонии насли наврас, бахусус кӯдакон ба ҳисоб меравад. Ҳоло мо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра мушкилотро дар дунёи кӯдакон мушоҳида менамоем, зеро насли хурдсол осебпазиртарин мавҷуди ҷаҳон мебошад. Ноамниву бесуботӣ дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон сабабгори ранҷу азоби кӯдакон шудааст. Аз таҳлилҳои охири Хазинаи нуфузи кӯдакони СММ бармеояд, ки ҳоло бисёре аз кӯдакон тариқи маҷбурӣ аз ҷониби ифротгароёни ҷангҷӯ дар як қатор кишварҳои дунё дар саҳнаи ҷанг қарор доранд.

Вақте оид ба авзои кӯдакон андеша менамоем, пеш аз ҳама, дар рӯ ба рӯи мо амнияту суботи давлату миллатҳо намудор мешавад. Барои кӯдакони кишвари мо суботу амният, оромиву осудагӣ ва фазои сулҳу ваҳдат неъмати аз ҳама бузургу бебаҳост, ки аз он бархӯрдоранд. Бо баланд гардидани иқтидори иқтисодии мамлакат, шароити мусоиди иҷтимоиву фароғатӣ барои кӯдакон фароҳам оварда шуда истодааст. Ҳар як тадбире, ки дар мамлакат андешида мешавад, ҳадафи аслии он, қабл аз ҳама, таъмини ҳаёти шоиста барои зиндагию таҳсил ва дигар ҷанбаҳои ҳаёти кӯдакону наврасони кишвар аст.

Давлату Ҳукумати кишвар барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, бахусус кӯдакони ятиму бепарастор ва рушду камолоти онҳо тадбирҳои муҳиму рӯзмарраро андешида, шароитҳои муносибро фароҳам намудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 июни соли 1993 Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро ба тасвиб расонид ва уҳдадориҳоро барои амалӣ намудани талаботи ин санади байналмилалӣ ба зимма гирифт.

Ҳуқуқҳои кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёде, аз қабили Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оила, Кодекси меҳнат, Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси гражданӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи ҳимояи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи ҳифзи саломатӣ», «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» ва ғайраҳо амалӣ мешавад.

То имрӯз тадбирҳои хеле муҳими давлатӣ вобаста ба ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдак дар мамлакат амалӣ гардида истодаанд, ки ин, қабл аз ҳама, аз таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат гувоҳӣ медиҳад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи апрели соли 2013 таъкид намуда буданд: «То имрӯз ҳамагӣ даҳ фоизи кӯдакони синни томактабӣ ба ин зинаи таҳсилот фаро гирифта шудаанд. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки бо истифода аз тамоми воситаву имкониятҳо дар хусуси бунёди муассисаҳои томактабӣ ва фаро гирифтани шумораи ҳар чӣ бештари кӯдакон ба чунин муассисаҳо мунтазам чораҷӯйӣ карда шавад».

Гарчанде ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон дар санадҳои қонунгузорӣ инъикос ёфта, тамоми муқаррароти Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро таври кофӣ фаро гирифтаанд, боз зарурате ба миён омадааст, ки дар ин самт чораҳои иловагии қонунгузорӣ андешида шавад.

Мувофиқи талаботи пешниҳоди ҳисоботи давлатӣ аз рӯи Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак Ҷумҳурии Тоҷикистон ду гузориши қаблии худро ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак пешниҳод намудааст. Гузориши якум соли 2000 ва Гузориши дуюм дар соли 2010 аз ҷониби Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак мавриди баҳс қарор гирифт. Гузоришҳо дар бораи ҳолати кӯдакон ва чораҳои андешидашуда дар робита ба татбиқи ҳуқуқҳои кӯдакон иттилои рӯзмарраро дар бар гирифтанд. Илова бар ин, мувофиқи талаботи гузориш додан аз рӯи Конвенсия созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ низ гузориши алтернативии худро пешниҳод намуданд.

Моҳи январи соли 2010 дар ҷаласаи 53-юми Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак бо мақсади густариш додани саъю талошҳо дар робита ба татбиқ намудани Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак барои Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳо пешниҳод карданд.

Тазаккур бояд дод, ки Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак дар қайдҳои хотимавии худ  таъкид намудааст, ки қонунгузории миллӣ тамоми муқаррароти Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро таври кофӣ инъикос наменамояд. Бо дарки ин нукта лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев, Убайдулло Қурбон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Х. Юсуфӣ, О.Салимзода, Н. Маҳмудов, А.Фелалиев, Т.Самадов, С.Муқумова, А.Хонов, Н.Оқилов, Б.Садриддинов таҳия гардида, ба баррасии ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур аз дебоча, 6 боб ва 50 модда иборат буда, ҷанбаҳои муҳими ҳуқуқҳои кӯдакро дар бар мегирад.

Дар боби якум «Муқаррароти умумӣ» мафҳумҳои асосии дар қонун истифодашаванда, аз ҷумла кӯдак, кӯдаки ятим, кӯдаки бепарастор, намояндаи қонунии кӯдак, таъминоти моддӣ ва иҷтимоии пурраи давлатии кӯдакони ятим ва бепарастор ва хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ ба кӯдакон муқаррар гардидаанд.

Боби дуюм «Сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ном дошта, аз он ҷумла мусоидат намудан ба рушди ҷисмонӣ, зеҳнӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдак, тарбияи ӯ дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва сулҳдӯстӣ, дастгирии давлатӣ, таъминоти моддӣ ва иҷтимоии пурраи давлатии кӯдакони ятим ва бепарастор, муқаррар кардани меъёрҳои давлатии ҳадди ақали иҷтимоӣ барои кӯдак, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, ваколатҳои  комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак, ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва кумаки давлатӣ ба оиларо пешбинӣ менамояд.

Боби сеюм «Ҳуқуқу озодиҳои кӯдак», аз ҷумла ҳуқуқи кӯдак ба зиндагӣ, озодӣ, дахлнопазирӣ, шаъну эътибор ва ҳаёти шахсӣ, ҳуқуқи кӯдак ба шахсият, ҳифзи саломатӣ, озодии сухан ва виҷдон, иттилоот ва иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳуқуқи кӯдак ба моликият, манзил, таҳсил, меҳнат, истироҳат ва фароғат, муттаҳидшавӣ дар ташкилотҳои ҷамъиятии кӯдакон ва ҷавононро мушаххас намуда, ҳамчунин ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакони гуреза, кӯдакони аз офатҳои табиӣ ва садамаҳои техногенӣ зарардида, манъи иштироки кӯдакон дар амалиётҳои ҷангӣ ва низоъҳои мусаллаҳонаро пешбинӣ менамояд.

Дар ин боб шиносоии кӯдак бо фарҳанги  миллӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин ҳифзи ӯ аз таъсири манфии муҳити иҷтимоӣ муайян гардидааст.

Боби чоруми лоиҳаи қонуни мазкур «Ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакони ятим ва  бепарастор» номида шуда, васоят ва парасторӣ, фарзандхондӣ, нигоҳубин ва тарбияи кӯдакони ятим ва бепарастор дар муассисаҳои таълимӣ, тарбиявӣ, табобатӣ ва дигар муассисаҳои ба онҳо монандро пешбинӣ менамояд. Ин боб кафолатҳои давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии кӯдакони ятим ва бепарастор, кафолати давлатии амалӣ намудани ҳуқуқи кӯдакони ятим ва бепарастор ба меҳнат, манзил, ҳифзи саломатӣ, таҳсил, инчунин кафолати давлатии расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба кӯдакони ятим ва бепарасторро фарогир мебошад.

Боби панҷуми лоиҳаи қонун- «Ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдаки маъюб» ба ҳифзи ҳуқуқҳои гурӯҳи осебпазири кӯдакон бахшида шуда, ҳуқуқи кӯдаки маъюб ва кафолатҳои давлатӣ оид ба машғулияти онҳо ба танзим дароварда шудаанд. Мутобиқи он давлат ба ташкили шароити зарурӣ ба кӯдаки маъюб барои ҳаёти мукаммал ва инкишоф, бо дарназардошти имконият ва манфиатҳои фардӣ мусоидат намуда, ба ӯ додани кумаки моддии дахлдор, ба яке аз падару модари кӯдаки маъюб ё дигар намояндаи қонунии ӯ муқаррар намудани имтиёзҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, кафолат медиҳад.

Инчунин ба кӯдаки маъюб таъминоти моддӣ, маишӣ, иҷтимоӣ,   доруворӣ, воситаҳои техникӣ ва дигар воситаҳои тавонбахшӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таври ройгон кафолат дода мешавад.

Боби шашум «Муқаррароти хотимавӣ» буда, дар он маблағгузории чорабиниҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, ҳамкории байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкур пешбинӣ карда шудаанд.

Дар марҳилаи муосир рӯ овардан ба масъалаи кӯдакон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад.

Воқеан ҳам таваҷҷуҳ ба кӯдакон маънии рӯ овардан ба ояндаи кишвар ва миллатро дорад. Ҳамчунин нуктаи мазкур дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 апрели соли 2014), бо дарназардошти тамоюли афзоиши мунтазами аҳолии кишвар, низ таъкид гардид.

Ҳар сол шумораи аҳолии мамлакат то 200 ҳазор нафар зиёд шуда истодааст. Тибқи маълумоти оморӣ, дар зарфи бисту се соли соҳибистиқлолии кишвар беш аз 4 миллиону 600 ҳазор нафар кӯдак таваллуд шудааст.

Айни замон мутобиқ ба маълумоти оморӣ теъдоди кӯдакону наврасони то синни 15- сола 3 миллиону 300 ҳазор нафар ё 35,3 фоизи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Аз ин хотир, қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» қонунгузориро дар масъалаи ҳуқуқҳои кӯдак таҳким бахшида, фаъолиятҳоро дар ин самт ба низом дароварда, дар тарбия ва рушду камолоти кӯдакон ҳамаҷониба мусоидат хоҳад намуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, барои қабули он раъйи худро дареғ надоред.

РАИС:- Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сабоҳат Муқумова дода мешавад.

Сабоҳат МУҚУМОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Х.Юсуфӣ, О.Салимзода, Н.Оқилзода, Н.Маҳмудов, С.Муқумова ва А.Хонов пешниҳод гардидааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №2200 аз 23 декабри соли 2013 барои хулоса ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда буд. Ҷиҳати мукаммалгардонии лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 150 таклифу пешниҳоди дахлдор манзур гардиданд.

Боиси тазаккур аст, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии кӯдакони ятим ва бепарастор», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Хайруллоев, М.Илолов, У.Қурбон ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б.Садриддинов, А.Фелалиев, Т.Самадов пешниҳод гардидааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1942 аз 24 июни соли 2013 барои хулоса ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда буд, ки ба он беш аз 200 таклифу пешниҳод манзур гардиданд.

Дар асоси хулосаҳои пешниҳодгардида ва бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №2352 аз 14 апрели соли 2014 барои мукаммал намудани лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии кӯдакони ятим ва бепарастор» ва «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» дар ҳайати вакилони ташаббускори лоиҳаҳои қонунҳои зикргардида ва намояндагони вазоратҳои молия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, бо дарназардошти таклифҳои гурӯҳи корӣ ва хулосаҳои пешниҳодгардида лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии кӯдакони ятим ва бепарастор» ва «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак»-ро мукаммал намуд.

Дар асоси Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №2657 аз 17 ноябри соли 2014 кумитаи масъул, бо дарназардошти хулосаҳои такрории кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва хулосаи ҳуқуқии шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии кӯдакони ятим ва бепарастор» ва «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак»-ро ҳамчун лоиҳаи ягонаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» муттаҳид намуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» 16 декабри соли 2014 дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ бо иштироки намояндагони кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, аксари пешниҳодҳо қабул ва қисман қабул гардиданд.

22 декабри соли 2014 лоиҳаи қонуни мазкур дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, ҷиҳати такмили баъзе меъёрҳои он таклифҳо пешниҳод гардиданд. Кумитаи масъул лоиҳаи қонуни мазкурро, бо дарназардошти таклифҳои манзургардида, такмил дод. Аз ҷумла қисмҳои 2 ва 3 моддаи 4, қисми 5 моддаи 14, қисми 3 моддаи 19, қисми 3 моддаи 21, қисми 2 моддаи 26, ҷумлаи дуюми қисми 5 моддаи 28, қисми 3 моддаи 31, ҷумлаи дуюми қисми 5 моддаи 34, қисми 6 моддаи 36, қисми 9 моддаи 39, қисми 2 моддаи 44 хориҷ карда шуданд.

Моддаи 29 «Кумаки давлатӣ ба оила» ҳамчун моддаи 10 ба боби 2 гузаронида, рақамгузории моддаҳои минбаъда аз нав ба тартиб дароварда шуданд. Инчунин бобҳои 4 ва 5 ба боби 3 муттаҳид карда шуда, моддаҳои 27 ва 28 ҳамчун моддаҳои 21 ва 22, моддаҳои 20, 21, 22, 23 ва 24 мутобиқан моддаҳои 23, 24, 25, 26 ва 27, моддаҳои 30 ва 31 ҳамчун моддаҳои 28 ва 29, моддаҳои 25 ва 26 дар матни ниҳоии лоиҳаи қонуни мазкур мутобиқан ҳамчун моддаҳои 30 ва 31 ҷойгир карда шуданд. Инчунин сархатҳои сеюм ва охирини моддаи 1, қисми 2 моддаи 3, моддаҳои 4, 5, 8, 12,  қисми 3 моддаи 16, моддаҳои 18, 19, қисми 3 моддаи 23, моддаи 24, қисми 2 моддаи 29, қисми 2 моддаи 31, қисми 2 моддаи 32, қисми 4 моддаи 34, қисми 3 моддаи 36, қисми 2 моддаи 39, моддаи 41, қисми 3 моддаи 42, қисми 3 моддаи 46 таҳрир шуда, ба моддаи 35 қисми нав вобаста ба нигоҳ дошта шудани кафолату ҷубронҳо пас аз ба балоғат расидани кӯдакони ятим ва бепарастор ворид карда шудааст. Моддаи 40-уми лоиҳа дар таҳрири нав ифода гардида, мувофиқи он ба кӯдаконе, ки падар ё модар надоранд, бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати давлатӣ пешбинӣ карда мешавад.

Дар баробари он, ки лоиҳаи қонуни мазкур як қатор кафолату имтиёзҳоро ба кӯдакон, аз ҷумла ба кӯдакони ятим ва бепарастор пешбинӣ намудааст, мувофиқи меъёрҳои моддаҳои 1, 8, 44 ва дигар моддаҳои дахлдори лоиҳаи қонуни мазкур имконият медиҳад, ки минбаъд шахсони хоҳишманд метавонанд ҳамчун оилаи (мураббии) парастор дар асоси шартнома кӯдакони ятим ва бепарасторро барои тарбия намудан ба парасторӣ гиранд ва ин меъёр барои дар муҳити оила тарбия гирифтани кӯдакони ятим ва бепарастор мусоидат менамояд.

Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» қонунгузориро вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак таҳким бахшида, фаъолияти мақомоти дахлдорро дар ин самт ба низом медарорад ва дар таълиму тарбия ва рушду камолоти кӯдакон, аз ҷумла барои дар оила тарбия намудани кӯдакони ятим ва бепарастор аз ҷониби оилаи (мураббии) парастор мусоидат менамояд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҷиҳати ҷонибдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷинисо Маҳмадова дода мешавад.

Тоҷинисо МАҲМАДОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Аз ҷониби Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии кӯдакон ва рушди ҷисмонию маънавии онҳо таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.

Дар ин самт, пеш аз ҳама, заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ба тасвиб расонидааст.

Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак яке аз аввалин конвенсияҳое мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 1993 баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба тасвиб расонида, уҳдадориҳои худро барои насли наврас ҳамчун ояндаи дурахшони кишвар муайян намудааст.

Тибқи талаботи Конвенсияи мазкур бояд давлати аъзо дар қонунгузории миллӣ ҳимояи иҷтимоии кӯдакро муайян ва муқаррар намояд. Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои кӯдак дар иҷлосияи панҷоҳу сеюми худ, ки 11-29 январи соли 2010 баргузор гардид, Гузориши дуюми даврии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, дар қайдҳои хотимавие, ки барои Тоҷикистон қабул гардиданд, тавсияҳои худро барои татбиқи моддаҳои 4, 42 ва банди 6 моддаи 44 Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак бо мақсади инъикоси пурраи муқаррароти Конвенсия дар қонунгузории миллӣ қабули қонуни нав ва тағйиру иловаҳоро ба қонунгузории амалкунанда пешниҳод намуда буд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, татбиқи уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти татбиқи Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак амалӣ менамояд.

 

Лоиҳаи қонуни мазкур дар шакли мукаммал асосҳои ҳуқуқӣ ва кафолатҳои давлатии амалишавии ҳуқуқҳои кӯдакро муқаррар намудааст.

Бори аввал омода ва қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» заминаҳои ҳуқуқӣ дар самти ҳимояи кӯдакон муҳайё гардида, барои қабули дигар санадҳои зерқонунӣ замина мегузорад.

Мавриди зикр аст, ки қонунгузор кафолатҳои давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии кӯдакон, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бепарасторро дар самти ҳуқуқ ба меҳнат, ба таҳсил, манзил, ҳифзи саломатиро бо меъёрҳои муқарраркунанда ва ваколатдоркунанда ҷиҳати татбиқи ҳуқуқҳои ин кӯдакон аниқ муайян намудааст. Дар ин самт қабули якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати амалӣ намудани ин меъёрҳо ба миён меояд, ки дар сурати қабули онҳо мушкилоти зиёдеро дар таъмини ҳуқуқҳои кӯдакон аз байн мебарад.

Қонуни мазкур имкон медиҳад, ки фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо дар самти таъмини ҳуқуқҳои кӯдак ҳамоҳанг гардад, таҳия ва қабули Стратегия ва Барномаҳои давлатии оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон ба роҳ монда шавад.

Қобили зикр аст, ки дар чанд соли охир аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқие қабул гардиданд, ки барои дастгирӣ ва татбиқи ҳуқуқҳои кӯдакон равона гардидаанд.

Соли 2013 бори аввал дар ҷумҳурӣ қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» дар самти татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии кӯдакон ба таҳсили томактабӣ ва рушди соҳаи таҳсилоти томактабӣ мусоидат намуд. Тибқи талаботи қонун Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки талаботи ягонаи таълиму тарбияро барои синну соли томактабӣ муайян кард. Ҳамзамон қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» масъалаи таҷдиди назар намудани тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаро ба миён гузошт. Айни замон таҳияи Низомномаҳо дар ҳамаи сатҳи таҳсилот, нақша, барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсии нав ва методикаи таълим дар самти таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ омода гардида истодаанд.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» соли 2012 барои рушди муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ заминаи ҳуқуқиро барои таҳияҳои Стратегия ва Барномаҳои рушд барои тараққиёти муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ муҳайё намуд. Дар ин замина лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ» омода гардид, ки татбиқи он шароити мусоидро дар самти ҷалби кӯдакон баъд аз дарс ба машғулиятҳои иловагӣ муҳайё менамояд.

Дар ҷумҳурӣ дар самти татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии кӯдакон оид ба таҳсил 527 муассисаи томактабӣ, 3845 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият намуда, шароити таълимиву тарбиявии онҳо пурра муҳайё гардидааст. Барои ба таҳсил фаро гирифтани кӯдакони ятим ва бепарастор дар ҷумҳурӣ 84 мактаб-интернат фаъолият менамояд, ки аз онҳо 14 адад барои кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуддошта мебошад.

Дар самти амалӣ намудани ҳуқуқҳои конститутсионии кӯдакони дорои имконияти маҳдуддошта ба таҳсил бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Татбиқи қарори мазкур имкон дод, ки бори аввал дар таърихи маорифи кишвар дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии маҳалли зист кӯдакони гирифтори иллати ҷисмонӣ ва равонӣ ба таҳсил қабул гардида, минбаъд таҳсили ин кӯдакон бо кӯдакони солим якҷоя ба роҳ монда шуд. Дар ин самт ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» мафҳуми таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) ворид карда шуд. Барои кӯдаконе, ки аз сабаби беморӣ умуман ба муассисаи таълимӣ омада наметавонанд, «Низомнома дар бораи ташкили таҳсил дар хона» таҳия ва қабул гардид, ки санади мазкур тартиби ташкили таҳсилро дар хона ба танзим медарорад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, ҳоҳиш дорем, ки ба ҷонибдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед

Шодӣ ШАБДОЛОВ: — Моҳияти қонуни мазкур аз моддаи 1-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ мегирад, ки мувофиқи он Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.

Ҳамчунин мувофиқи муқаррароти моддаи 34-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд.

Ин нуктаро бояд зикр намуд, ки дар моддаи 12-уми лоиҳаи қонуни мазкур кӯдак ҳамчун шахсият эътироф шудааст, яъне кӯдак аз лаҳзаи таваллуд соҳиби ному насаб буда, ҳамчун шаҳрванд эътироф мешавад.

Касе ҳуқуқ надорад, ки кӯдакро ҳамчун мол истифода барад, дар хориҷи кишвар бо мақсадҳои ғаразнок ба фурӯш барорад.

Ҳаминро бояд ба назар дошт, ки кӯдак зери ҳимояи давлат қарор дорад. Дар лоиҳаи қонун ҳама ҳуқуқҳои кӯдак нишон дода шудаанд. Аз ҷумла дар он манъ кардани иштироки кӯдакон дар амалиёти ҷангӣ зикр гардидааст. Ин хеле муҳим аст. Далелҳое ҷой доранд, ки кӯдакони ҷумҳуриро ба ҳар восита ба хориҷа бурда, дар мактабҳои ифротгароӣ онҳо ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.

Иқдоми дурусти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки бисёре аз чунин наврасон ба Ватан баргардонида шуданд. Ба онҳо шароит муҳайё карда шуд, ки таҳсили илм намоянд. Аз ин рӯ, ҷонибдори қабули қонуни мазкур мебошем.

Лоиҳаи қонун боб ба боб ва модда ба модда ба овоз монда, қонун яклухт қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» сухан ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам дода мешавад.

Шоҳмурод РУСТАМ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» пешниҳод мегардад.

Бояд зикр кард, ки баъди ба даст овардани истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ куллан тағйир ёфтаанд. Бо мақсади ба низом даровардани ин муносибатҳо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ дар соли 1994 қабул шуд ва яке аз аввалин қонунҳое, ки дар заминаи он соли 1995 қабул гардид, ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура» мебошад, ки он то ҳоло амал карда истодааст.

Аз қабули он қариб бист сол сипарӣ гашт ва дар ин давра дар фазои ҳуқуқии кишварамон тағйироти куллӣ ба вуқӯъ пайвастанд. Аз ҷумла ду маротиба тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуда, Тоҷикистон даҳҳо санадҳои байналмилалиро дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба имзо расонида, зиёда аз сад қонуни нав дар ҷумҳурӣ қабул шудаанд.

Ин тағйироти куллии бамиёномада ба он водор менамояд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура» таҷдиди назар шавад ва он ба талаботи замони муосир мувофиқ гардад.

Бо ин мақсад дар асоси Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2009 ва 24 апрели соли 2010, «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013» бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011 таҳти №976 тасдиқ шуд, ки дар он таҳияи қонуни номбурда пешбинӣ гардидааст.

Барои таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур дар асоси супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ иборат аз намояндагони мақомоти давлатӣ, адвокатура, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, коршиносони хориҷӣ таъсис дода шуда буд. Бо мақсади таҳлили фаъолияти ташкилотҳое, ки ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ машғуланд, дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанбе мизҳои мудаввар бо ширкати намояндагони адвокатура, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ширкатҳои ҳуқуқӣ гузаронида шудаанд. Таҳлили аз тарафи гурӯҳи кории мазкур гузаронидашуда нишон дод, ки адвокатура бо як қатор мушкилиҳо рӯ ба рӯ аст, ки онҳо сатҳи пасти тайёрии касбӣ, мавҷуд набудани муносибати системавӣ ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи касбии адвокатҳо ва ғайра мебошанд. Дар таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» таҷрибаи пешқадами дигар давлатҳо оид ба такмили қонунгузории соҳаи адвокатура истифода шудааст. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» баъд аз таҳия гардиданаш дар вилоятҳои Суғду Хатлон, минтақаи Рашт ва шаҳри Душанбе бо ташкилотҳои адвокатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ муҳокима карда шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба таъмини ҳифзу ҳимояи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, амалӣ намудани адолати судӣ, қабули санадҳои асоснок ва қонунии судӣ, асосҳои ҳуқуқии фаъолияти адвокатӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои адвокатҳо ва ба ташкили низоми ягонаи адвокатура мусоидат менамояд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» аз 7 боб ва 52 модда иборат мебошад. Боби якум «Муқаррароти умумӣ» аз мафҳумҳои асосӣ, фаъолияти адвокатӣ, адвокат, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти адвокатӣ ва адвокатура, принсипҳои фаъолияти адвокатӣ, муносибати адвокатура ва давлат, истифодабарии истилоҳоти дар қонуни мазкур истифодашаванда иборат мебошад.

Боби дуюм «Асосҳои фаъолияти адвокатӣ» ваколатҳои адвокат, ҳуқуқҳои адвокат, уҳдадориҳои адвокат ва сирри адвокатиро ба танзим медарорад.

Боби сеюм «Мақоми адвокат» масъалаҳои ба даст овардани мақоми адвокат, фаъолияти Комиссияи тахассусӣ, бурдани Феҳристи ягонаи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Феҳристи ташкилотҳои адвокатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Феҳристи махсуси адвокатҳои давлатҳои хориҷӣ, Савганди адвокат, шаҳодатномаи адвокат, боздоштани мақоми адвокатӣ, қатъ намудани мақоми адвокат, кафолати мустақилияти адвокат ва суғуртакунии хатари уҳдадории адвокатро дар бар мегирад.

Комиссияи тахассусӣ ба муҳлати ҳар ду сол дар ҳайати нуҳ нафар аъзои комиссия бо чунин меъёри намояндагӣ ташкил меёбад: ду намоянда аз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, як намоянда аз Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, панҷ намоянда аз Иттифоқи адвокатҳо, ки онҳоро Анҷумани адвокатҳо интихоб менамояд ва зимнан адвокат –узви комиссия бояд на камтар аз панҷ сол собиқаи фаъолияти адвокатӣ дошта бошад, як намояндаи дорои унвони илмии соҳаи ҳуқуқшиносӣ, ки аз тарафи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

Боби 4 «Ташкили фаъолияти адвокатӣ ва адвокатура» шаклҳои ташкилии фаъолияти адвокатӣ, тартиби таъсис додани ташкилоти адвокатӣ,  аз қабили кабинети адвокатӣ, бюрои адвокатӣ, коллегияи адвокатӣ, маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ, инчунин созишнома дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ, ёрии ҳуқуқии ройгон, ёрдамчии адвокат, коромӯзи адвокат, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси адвокат ва Кодекси одоби касбии адвокатҳоро ба танзим медарорад. Адвокат ҳуқуқ дорад мустақилона шакли ташкилӣ ва макони амалигардонии фаъолияти адвокатиро интихоб намояд.

Боби 5 вобаста ба мақомоти идоракунии адвокатҳо масъалаҳои Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Анҷумани адвокатҳо, Раёсати Иттифоқи адвокатҳо, Комиссияи ревизионии Иттифоқи адвокатҳо, Комиссияи интизомии Иттифоқи адвокатҳо, молу мулки Иттифоқи адвокатҳо, Мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо ва Иттиҳодияҳои ҷамъиятии адвокатҳоро ба низом медарорад.

Боби 6 «Муқаррароти давраи гузариш» ном дошта, масъалаҳои нигоҳ доштан ва соҳиб шудан ба мақоми адвокатро ба танзим медарорад, аз ҷумла адвокатҳое, ки дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон то рӯзи мавриди амал қарор додани қонуни мазкур фаъолият менамоянд, фаъолияташонро пас аз мавриди амал қарор додани қонуни мазкур давоми як сол идома медиҳанд. Инчунин боби мазкур баргузории маҷлисҳои минтақавии таъсисии адвокатҳо, гузаронидани Анҷумани якуми адвокатҳо, ба тартиб даровардани шакли ташкилии ташкилотҳои адвокатӣ, ки то эътибори қонунӣ пайдо кардани қонуни мазкур ташкил шудаанд ва тартиби расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин расонидани ёрии ҳуқуқӣ аз рӯйи таъинотро муайян мекунад.

Боби 7 «Муқаррароти хотимавӣ» ҷавобгарӣ барои вайрон намудани талаботи қонуни мазкур, дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура» ва мавриди амал қарор додани қонуни мазкурро пешбинӣ менамояд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.

 Ҷ. НАБОТОВ, А. Мӯсоев, «Садои мардум». Суратгир А. Исоев

Давом дорад