Вакил ва интихобкунанда

Паёме, ки бо умеди мардум пайванд аст

№44 (3190) 01.05.2014

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи амиқи аҳли ҷомеаи мо қарор гирифтааст.Зеро аз ин ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ мардуми кишвар, аҳли заҳмати соҳаҳои гуногун роҷеъ ба пешрафтҳои назарраси иқтисодиву иҷтимоӣ ва вазифаҳои стратегии давлатамон маълумоти дақиқу эътимодбахш пайдо намуда, ба фардои ҳаёти хеш бо боварӣ ва эътиқоди рӯзафзун назар мекунанд.

29 апрели соли равон дар  деҳоти «Султонобод»- и ноҳияи Рӯдакӣ мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Галия Рабиева бо мутахассисону кормандони хоҷагиҳо, омӯзгорон, фаъолони деҳот, занону ҷавонон баргузор шуд, ки ҳар яке оид ба моҳият ва нақши созандаи Паёми  Сарвари давлат андешаву мулоҳизаҳои некбинона, ҳамовозии хешро баён карданд.

Галия Рабиева аз корҳои неку созандае,ки сокинони деҳоти  «Султонобод»  баҳри ободӣ, пешрафти хоҷагиҳо ва ташкилоту муассисаҳои худ амалӣ менамоянд, ибрози хурсандӣ намуда,  таваҷҷуҳи ҳозиринро ба нуктаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикргардида, дастуру супоришҳои Сардори давлат, ки ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳли  ҷомеа, сохтмону ободонӣ, фаъолияти бахшҳои гуногуни иқтисоди мамлакат, афзоиши даромади аҳолӣ нигаронида шудаанд, ҷалб кард.

Таъкид гардид, ки татбиқи бемайлони «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013- 2015» ба зиёд шудани даромади мардум мусоидат кард. Дар Паём ҳамчунин   ҷиҳати андешидани  тадбирҳо барои таҳияи  Стратегияи нави миллии рушд барои то соли 2030 таври алоҳида сухан рафт. Амалӣ  шудани ҳадафҳои он имкон  медиҳад, ки иқтисоди кишвар то соли 2020  ду баробар афзуда, Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ на камтар аз якуним баробар зиёд шавад. Галия Рабиева барои мисол аз натиҷаҳои хуби соли гузашта ёдовар гардид. Аз ҷумла  гуфт, ки дар соли 2013 сатҳи камбизоатӣ аз 38,3 фоиз то 35,6 фоиз коҳиш ёфтааст.

Ташаббуси соҳибкорӣ аз ҷониби давлат комилан дастгирӣ меёбад. Далели ин, тавре вакил изҳор дошт, аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шудани солҳои дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ (2014-2020) ва рушди саноат дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ мебошад. Дар мулоқоти интихобкунандагон бо вакили Маҷлиси намояндагон  атрофи тадбирҳое, ки давлат баҳри пешравии бахшҳои маорифу фарҳанг, тандурустӣ ва сайёҳӣ меандешад, гуфтугӯйи самимона сурат гирифт.

Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»