Роҳнамои фаъолияти минбаъда

№54 (3039) 06.05.2013

Тайи як ҳафта инҷониб дар шаҳри Ваҳдат, бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбату мулоқотҳо баргузор мешаванд. Нахустин ҷамъомад бо ҳузури раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Убайдулло Давлатов, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Махфират Хидирова ва раиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддин дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат доир гардид. Баъд аз сухани ифтитоҳии раиси шаҳри Ваҳдат вакилони мардумӣ оид ба моҳияти Паёми имсолаи Президенти мамлакат дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии мамлакат ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум суханронӣ карданд.

Чунин мулоқотҳо дар толори қасри фарҳанги шаҳр бо устодону донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ, толори қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Бозорбой Бурунов бо маорифчиён, кишоварзон, табибон, соҳибкорон баргузор гардид.

Шашуми майи соли ҷорӣ раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Убайдулло Давлатов бо омӯзгорон ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди шаҳри Ваҳдат вохӯрд.  Зимни ин мулоқот дар бораи вазъи таълиму тарбия, таваҷҷуҳи Давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ин самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат, ки яке аз нуктаҳои асосии Паёми  имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, сухан рафт.

Аҳли ҷамъомадҳо изҳор доштанд, ки Паёми мазкурро  чун дастурамал ва роҳнамои кору фаъолияти минбаъд қарор медиҳанд.

Мулоқоти раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Убайдулло Давлатов бо интихобкунандагон дар муассисаву ташкилот ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот идома дорад.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»