Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Роҳҳо таҷдид ва корхонаҳои нави истеҳсолӣ сохта мешаванд

№161 (3146) 28.12.2013

DSC_0467

Бисту панҷуми декабри соли 2013 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум доир гардид.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1.Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалиев А.Т.»

2.Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ баровардани Маҳмадалиев А.Т.»

3.Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораа Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013»

4.Дар бораи Созишномаи грантии (Амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд вобаста ба Лоиҳаи беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Восеъ- Ховалинг, Сайрон- Қарамиқ (CAREC- коридори 3 ва 5)

5.Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

6.Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ»

7.Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

8.Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИС:- Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шурӯъ менамоем. Масъалаи аввал «Оид ба лоиҳаи  Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалиев А.Т.» мебошад. Тавре огаҳӣ доред, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 13 декабри соли 2013 Амирбек Маҳмадалиев иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ёвон таъин гардид.

DSC_0470

Амирбек Маҳмадалиев дар даъватҳои сеюм ва чорум вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида буд. Дар давраи вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона кор кард. Давоми фаъолият бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ бевосита ва дар ҳамкорӣ бо дигар вакилон ҳафт лоиҳаи қонунро таҳия ва барои қабул пешниҳод намудааст. Амирбек Маҳмадалиев дорои таҷрибаи хуб дар парлумони касбии кишвар мебошад.

Боварӣ ҳаст, ки дар ин вазифаи пурмасъулият ӯ ин таҷриба, донишу маҳорати худро истифода мебарад. Барои фаъолияти  пурсамараш Амирбек Маҳмадалиев бо «Ифтихорнома»- и Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешавад.

Доир ба тасдиқи масъалаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Масъалаи дигари  рӯзнома –«Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ баровардани Маҳмадалиев А.Т.» низ баррасӣ гашт ва ҷиҳати тасдиқи он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС:- Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» сухан ба вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода дода мешавад.

РАҲИМЗОДАШариф РАҲИМЗОДА:- Муҳтарам Раис, Раёсат, муҳтарам вакилони халқ!

Мехоҳам вобаста ба зарурияти ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» ба шумо гузориш диҳам.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизоти технологӣ барои сохтмони ҶДММ «Фабрикаи мурғпарварии Беҳамто», воқеъ дар ноҳияи Ёвон, пешниҳод шудааст.

ҶДММ «Фабрикаи мурғпарварии Беҳамто» сохтмони корхонаи истеҳсолиро дар деҳоти «Чоргул»-и ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон оғоз намудааст ва таъсисдиҳандаи он соҳибкори ватанӣ мебошад.

Тибқи Қарордоди №UNQ/ 003-13 аз 9 апрели соли 2013 байни ҶДММ «Фабрикаи мурғпарварии Беҳамто» ва Ширкати «Galaxy Trading FZE»- и давлати Испания таҷҳизоти воридшаванда ҳамчун сармояи мустақим 65 фоизи сармояи оинномавии корхонаро ташкил медиҳад.

Мувофиқи маълумоти пешакӣ, маблағи умумии сохтмони лоиҳа 24,0 млн. сомониро (5,0 млн. доллари ИМА) ташкил медиҳад, аз он ҷумла маблағи таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонии воридшаванда 19,2 млн. сомонӣ (4,0 млн. доллари ИМА) мебошад.

Ҳаҷми эҳтимолии маблағҳои андоз аз таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонии воридшаванда 4,6 млн. сомонӣ, аз ҷумла андоз аз арзиши иловашуда 3,6 млн. сомонӣ ва боҷи гумрукӣ 1,0 млн. сомониро ташкил хоҳад дод.

Бунёди корхонаи паррандапарварӣ аз ҷониби ҶДММ «Фабрикаи мурғпарварии Беҳамто» бо ҷалби технологияи муосири замонавӣ ба рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ таъсири мусбӣ расонида, барои паст намудани сатҳи бекорӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ҳаётан муҳим ва дар оянда барои воридоти маблағҳои иловагӣ ба Буҷети давлатӣ мусоидат менамояд.

Зикр намудан бамаврид аст, ки талаботи бозори истеъмолии кишвар ба гӯшти мурғ асосан аз ҳисоби воридот таъмин карда мешавад. Мувофиқи маълумоти оморӣ, воридоти солонаи гӯшти мурғ тақрибан 31,3 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Иқтидори корхона барои истеҳсоли 2800 тонна гӯшти мурғ дар як сол пешбинӣ шудааст, ки то андозае барои паст кардани шиддати бозори истеъмолӣ мусоидат менамояд.  Дар сурати ба фаъолият шурӯъ намудани корхона 70 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, эҳтимоли воридоти пардохти андозҳо зиёда аз як миллион сомониро ташкил медиҳад.

Бо назардошти муҳимияти корхонаи номбаршуда дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013»- ро дастгирӣ намоед.

РАИС:- Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Гулов Сафаралӣ дода мешавад.

Сафаралӣ ГУЛОВСафаралӣ ГУЛОВ:-  Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 декабри соли 2013 таҳти № 2192 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Мақсади қабули қонуни мазкур ин аз пардохти  андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизоти истеҳсолӣ ва масолеҳи сохтмонии барои сохтмони ҶДММ «Фабрикаи мурғпарварии Беҳамто», воқеъ дар ноҳияи Ёвон мебошад, ки аз ҷониби ширкати «Galaxy Trading FZE» (Гелекс тренинг) сохта мешавад.

Бунёди фабрикаи паррандапарварӣ аз ҷониби ҶДММ «Фабрикаи мурғпарварии Беҳамто» бо ҷалби технологияи муосири замонавӣ ба рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ таъсири мусбӣ расонида, барои паст намудани сатҳи бекорӣ ва дар оянда воридоти маблағҳои иловагӣ ба Буҷети давлатӣ мусоидат менамояд. Дар ҳолати ба кор даромадани корхонаи мазкур 70 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, дар як сол 2 800 тонна гӯшти мурғ истеҳсол карда мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкурро ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ ва дар баробари ин чор таклиф пешниҳод намуданд.

Дар ҷаласаи васеи кумита 19 декабри соли 2013 лоиҳаи қонуни зикргардида бо иштироки намоядагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳамаи таклифҳои пешниҳодшуда қабул гардиданд ва ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз ин хотир, аз шумо вакилони арҷманд,  эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013»-ро ҷонибдорӣ намуда, барои қабули он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС:- Дар бораи Созишномаи грантии (Амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд вобаста ба Лоиҳаи беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Восеъ- Ховалинг, Сайрон- Қарамиқ (CAREC- коридорҳои 3 ва 5) сухан ба муовини аввали вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович дода мешавад.

НУРАЛИЕВҶамолиддин НУРАЛИЕВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт, ки онро дар сиёсати давлат Президенти кишварамон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян намудааст, тамоми чораҳои заруриро андешида, онҳоро дар амал татбиқ менамояд.

Яке аз соҳаҳои муҳими афзалиятнок ин рушди соҳаҳои нақлиёт ва коммуникатсия, аз ҷумла таҷдиду сохтмони роҳу нақбҳо ва пулҳо мебошад, ки ин барои аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ намудани ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

Бинобар ин, дар панҷ соли охир аз ҳисоби Буҷети давлатӣ 400 млн. сомонӣ ба ин мақсад равона карда шудааст.

Инчунин айни замон дар соҳаи нақлиёт 7 лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ ба маблағи умумии 2,9 млрд. сомонӣ, аз ҷумла 1,4 млрд. сомонӣ ҳамчун грант, 1,1 млрд. сомонӣ ҳамчун қарз ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 0,4 млрд. сомонӣ татбиқ шуда истодаанд. Аз ҷумла лоиҳаҳои «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе- сарҳади Қирғизистон» (марҳилаи 2 ва 3) ба маблағи 144,5 млн. доллари амрикоӣ, таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе- сарҳади Ӯзбекистон (ҲИМОМ, коридори 3 ва 6) ба маблағи 302,2 млн. доллари амрикоӣ, сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб- Қалъаихум ба маблағи 92,9 млн. доллари амрикоӣ, сохтмони роҳи автомобилгарди Шоғун- Зиғар (марҳилаи 3) ба маблағи 21,9 млн. доллари амрикоӣ, таҷдиду тармими роҳҳои дохилишаҳрии шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб ба маблағи 34,6 млн. доллари амрикоӣ мавриди амал қарор доранд.

Ба муҳокимаи шумо лоиҳаи Созишномаи грантии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба Лоиҳаи «Вусъат бахшидани ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (коридорҳои 3 ва 5)» пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи мазкур барои иқтисодиёти кишварамон аҳамияти муҳим дошта, барои татбиқ намудани он 89,0 млн. доллари амрикоӣ, аз ҷумла аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд 70,0 млн. доллари амрикоӣ ҳамчун грант ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  19,0 млн. доллари амрикоӣ ҳамчун саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо мегардад.

Мақсади асосии лоиҳа беҳтар намудани  ҳаракати мунтазам тавассути қитъаҳои роҳи  минтақавии автомобилгарди (ҲИМОМ коридорҳои 3 ва 5), ки аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаранд, иборат буда, он аз чор қисмат иборат мебошад, аз ҷумла:

-қисмати якум ин барқарорсозӣ ва таҷдиди 87 км қитъаи роҳ аз Восеъ то Ховалинг, аз ҷумла ҷорӣ намудани воситаҳои техникии таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, барқарорсозии роҳи ҳудуди маркази ноҳияи Ховалинг то шуъбаи алоқа, инчунин бо қувваи барқ таъмин намудани ду деҳаи ноҳияи Ховалинг — Момой ва Дуғдояк;

-қисмати дуюм ин мумфарш намудани қабати дуюми болопӯши қитъаи Сайрон- Қарамиқ -88 км, дар доираи коридори 3 мебошад.

-қисмати сеюм ин беҳтар намудани тақрибан 30 км роҳҳои маҳаллии фаръии деҳот дар минтақаи лоиҳа ҷойгирбуда, аз ҷумла бунёди минтақаҳои истироҳатӣ дар шафати роҳҳо барои тоҷирону мусофирон ва насби таҷҳизоти энергияи офтоб;

-қисмати чорум ин гузаронидани машғулиятҳо оид ба масъалаҳои пешбурди соҳибкорӣ аз ҷониби занон ва истифодаи таҷҳизоти энергияи офтоб, инчунин чорабиниҳои ҷамъиятӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа дар бораи бехатарии ҳаракат дар роҳ мебошад.

Татбиқи лоиҳаи мазкур моҳи октябри соли 2013 оғоз ёфта, то соли 2017 идома меёбад.

Муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз шумо эҳтиромона хоҳиш дорем, ки созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.

РАИС:- Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Талбаков Исмоил Иброҳимович дода мешавад.

ТАЛБАКОВИсмоил ТАЛБАКОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо Созишномаи грантии (Амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд вобаста ба Лоиҳаи беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Восеъ-Ховалинг, Сайрон-Қарамиқ (CAREC-коридорҳои 3 ва 5), ки 7 октябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 декабри соли ҷорӣ таҳти №1221-141, мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад. Мутобиқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2013 Созишномаи мазкур ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хулоса додан фиристода шуда буд.

Мақсади асосии Созишномаи мазкур аз беҳтар намудани ҳаракати мунтазам тавассути қитъаҳои роҳи минтақавии автомобилгард (CAREC-коридорҳои 3 ва 5), яъне  Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ иборат мебошад, ки барои рушди иқтисоди маҳалҳои ҷануби мамлакат ва пайвасти он ба бозорҳои кишварҳои хориҷии ҳамҷавор нигаронида шудааст.

Хусусияти фарқкунандаи ин Созишнома аз он иборат мебошад, ки он аз ҳадафҳои барномавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи рушди бемайлони деҳот, истифодаи захираҳои мавҷуда, таъмини аҳолии деҳот ба ҷойҳои корӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва пешгирӣ намудани муҳоҷирати меҳнатӣ бармеояд.

Дар Созишномаи мазкур қисматҳои махсус барои ҷорӣ намудани меъёрҳои эътирофшудаи қувваи корӣ, пардохти музди меҳнат, касбомӯзӣ, ҷалби мардуми камбизоат, занон ба кори фоиданок, ташкили истироҳату шароити хуби санитарӣ ва истифодаи самараноки хизматрасонии техникии таҷҳизоти энергияи офтоб ҷудо карда шудааст.

Дарозии  умумии роҳ 175 км-ро ташкил медиҳад, ки аз он 87 км барқарорсозии роҳи автомобилгарди Восеъ-Ховалинг ва 88 км васеъ кардани роҳи Сайрон-Қарамиқ мебошад. Муҳлати татбиқи лоиҳа чор сол буда, аз 2013 оғоз ёфта, соли 2017 ба анҷом расонида мешавад.

Арзиши умумии лоиҳа 89,0 млн.доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки 70,0 млн. доллари он ҳиссаи Бонки Осиёии Рушд ва 19,0 млн. доллар саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Гирандаи грант Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии иҷроияи лоиҳа ба ҳисоб  меравад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимияти масъаларо дар рушди иқтисоди миллӣ зикр намуда, Созишномаи грантии (Амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд вобаста ба Лоиҳаи беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Восеъ-Ховалинг, Сайрон-Қарамиқ (CAREC-коридорҳои 3 ва 5)-ро дастгирӣ намуда, дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул  17 декабри соли равон қарор доданд, ки он ба баррасии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад. Дар навбати худ Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2013 Созишномаи мазкурро дастгирӣ намуда, баррасии онро дар ҷаласаи имрӯзаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул шуморид.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳои амалкунанда мухолифат надошта, ҷавобгӯйи меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.

Аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки Созишномаи грантии (Амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд вобаста ба Лоиҳаи беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Восеъ-Ховалинг, Сайрон-Қарамиқ (CAREC-коридорҳои 3 ва 5)-ро дастгирӣ намоед ва барои тасдиқи он розигӣ диҳед.

Доир ба тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: - Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини аввали вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқов Абдуманнон Ғаффорович дода мешавад.

Абдуманнон ХОЛИҚОВАбдуманнон ХОЛИҚОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи мазкур бо  мақсади иҷрои зербанди в) банди 18 Нақшаи татбиқи  «Барномаи маҷмӯии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011 таҳти № 113 тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст.

Ғуломӣ, ғуломфурӯшӣ ва истифодаи меҳнати ғуломӣ чун зуҳуроти иҷтимоӣ таърихи ҳазорсолаҳоро дар бар мегирад. Гарчанде барҳам хӯрдани ҷомеаи (форматсияи) ғуломдорӣ тибқи афкори баъзе аз таърихнигорон якчанд садсолаҳо қабл ба вуқӯъ омада бошад ҳам, вале ин маънои онро надорад, ки он пурра аз байн рафтааст. Ғуломфурӯшӣ  ва истифодаи меҳнати ғуломӣ  дар шароити кунунӣ, бо мурури замон вобаста ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа ба худ шакли нави замонавиро гирифтааст.

Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, имрӯзҳо дар ҷаҳон то 27 миллион  одамон ҳамчун ғулом истифода мешаванд. Аз ин шумора тахминан 600 ҳазор нафарро шаҳрвандони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ташкил медиҳанд. Мувофиқи маълумоти Бюрои тафтишотии федералии ИМА, ғуломфурӯшони байналмилалӣ ҳамасола то 9,5 миллиард доллари ИМА фоида ба даст меоранд.

Дар конфронсҳои байналмилалӣ мавзӯи ғуломфурӯшӣ  яке аз мавзӯъҳои марказӣ ва мубрам ба ҳисоб рафта, он ҳамчун ҷиноят ба муқобили инсоният пазируфта шудааст. Муҳимияти мушкилоти мазкурро ҷомеаи инсонӣ дарк намуда, дар асри XX дар арсаи байналмилалӣ як қатор санадҳои байналмилалӣ –ҳуқуқӣ қабул намуд, ки на танҳо ғуломфурӯшӣ, ғуломӣ, балки истифодаи меҳнати ғуломиро манъ мекунанд. Дар байни онҳо Конвенсия оид ба ғуломӣ  аз 25 сентябри соли 1926 Протоколи иловагӣ ба он аз соли 1953 ва Конвенсияи иловагӣ оид ба барҳам додани ғуломӣ, ғуломфурӯшӣ, истифодаи меҳнати ғуломон ва институту одатҳои ба ғуломӣ шабоҳатдошта аз соли 1956 қабул шудаанд.

Аз ин рӯ, ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи мазкур мутобиқ гардонидани қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 1302  бо номи «Истифодаи меҳнати ғуломона» илова карда мешавад.

Моддаи мазкур аз се қисм иборат мебошад. Тибқи қисми якуми он «Истифодаи меҳнати инсон, ки нисбат ба он ваколатҳои ба ҳуқуқи моликият хосбуда амалӣ мешаванд, дар ҳолатҳое ки агар шахс бо сабабҳои аз вай вобаста набуда иҷрои  корро (хизматрасониро) рад карда наметавонад» ҳамчун ҷиноят эътироф шудааст.

Дар қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи мазкур аломатҳои бандубасткунӣ нишон дода шудаанд, ки бо назардошти хавфнокии бештар доштани онҳо ба ҷамъият ҷазо нисбат ба қисми якум сахттар пешбинӣ гардидааст.

Дар таҳрири нав пешниҳод намудани моддаи 241 ва илова намудани моддаҳои 2411 ва 2412 ин агар аз як ҷониб бо мақсади иҷрои зербанди  в, банди 18 Барномаи маҷмӯи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 бошад, аз ҷониби дигар мувофиқ гардонидани меъёрҳои Кодекси ҷиноятӣ ба Протоколи иловагӣ ба Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак, Оид ба иштироки кӯдакон дар низоъҳои мусаллаҳона ва хариду фурӯши кӯдакон, фоҳишагарии кӯдакон ва порнографияи кӯдакон аз 26 июни соли 2000, ки он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 июни соли 2002  тасдиқ гардидааст, мебошад.

Дар таҳрири нави моддаи 241 дар баробари такмил додани диспозитсияи қисми 1-уми он қисмҳои 2 ва 3 илова гардидааст, ки дар қисми 2-юми он ҷавобгарӣ барои паҳн намудани мавод ва предметҳои порнографӣ дар байни ноболиғон ва ё ҷалб намудани онҳо ба муомилоти мавод ё предметҳои порнографӣ ҳамчун нишонаҳои бандубасткунанда оварда шуда, ҷавобгарӣ сахттар нисбат ба қисми 1 пешбинӣ гардидааст.

Дар қисми 3-юми модда бошад, ҷавобгарӣ барои содир кардани кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур ба аломатҳои бандубасткунанда нишон дода шудааст, ки бо назардошти шахсон, тарзу восита ва мақсади содир кардан хавфнокиашон ба ҷамъият бештар буда, аз рӯйи ҷазои пешбинишуда ин кирдорҳо ҳамчун категорияҳои ҷинояти вазнин эътироф гардидааст.

Зикр кардан зарур аст, ки то ҳол ҷавобгарӣ барои паҳн намудани маводи порнографӣ бо акси ноболиғон, истифодаи ноболиғон бо мақсади истеҳсол намудани мавод  ва предметҳои порнографӣ дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри алоҳида мавҷуд набуд.

Дар асоси талаботи меъёрҳои Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаҳои 2411 «Тайёр кардан ва муомилоти мавод ё предметҳои порнографӣ бо акси ноболиғон» ва моддаи 2412 «Истифодаи ноболиғон бо мақсади истеҳсол  намудани маводҳои порнографӣ» илова гардид. Дар моддаҳои мазкур барои тайёр кардан, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, бо мақсади паҳн намудан, намоиши оммавӣ ё реклама  кардани мавод ё предметҳои порнографӣ бо акси ноболиғон, инчунин барои суратгирӣ, наворбардории кино, видеои ноболиғон бо мақсади истеҳсол  ва ё паҳн намудани мавод ё предметҳои порнографӣ  ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.

Қисмҳои 2 моддаҳои мазкур аломатҳои бандубасткунандаро пешбинӣ намудаанд, ки дар сурати мавҷуд будани онҳо барои содир кардани ин кирдорҳо ҷазои нисбатан сахттар пешбинӣ гардидааст.

Таҳрири нави моддаи 260 барои ташкил, таъсис  ва азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ ба воситаи шахсони дигар ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ менамояд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мухолифат надорад. Ворид гардидани тағйиру иловаҳои мазкур аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ кунед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Самадов Тӯрахон Давлатович  дода мешавад.

Тўрахон САМАДОВТӯрахон САМАДОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Нақшаи татбиқи «Барномаи маҷмӯии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011 тасдиқ шудааст, таҳия ва пешниҳод шудааст. Вобаста ба ин масъала лоиҳа ба Кодекс илова шудани моддаи 1302 «Истифодаи меҳнати ғуломона» -ро пешбинӣ мекунад.

Лоиҳаи қонуни мазкур ҳамчунин ба Кодекс илова намудани боз се моддаи нав ва дар таҳрири нав ифода кардани моддаҳои 241 «Ғайриқонунӣ тайёр кардан ва муомилоти мавод ё предметҳои порнографӣ» ва 260 «Ташкили (таъсиси, азнавташкилдиҳии) ғайриқонунии шахси ҳуқуқӣ»-ро дар назар дорад.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкур барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро омӯхта, ҷиҳати мукаммалгардонии он 56 таклифу пешниҳод ирсол намуданд.

Дар ҷаласаи васеи Кумитаи масъул лоиҳаи қонун муҳокима гардида, 31 таклифу пешниҳод пурра ё қисман   қобили  қабул шуморида шуда, дар мувофиқа бо намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ  ба лоиҳа ворид карда шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси  ҷиноятии Ҷумхурии Точикистон» ҷонибдорӣ намуда, онро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул  шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Юсуфӣ Хайринисо дода мешавад.

ЮСУФӢХайринисо ЮСУФӢ:  - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

- Дар ҷаласаи гузашта зимни муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» баҳс ба миён омада буд.

Дар матни моддаи 4 қонуни мазкур калимаҳои «масъулияти шаҳрвандию ҳуқуқии» ва «масъулияти шаҳрвандию ҳуқуқӣ» мувофиқан ба калимаҳои «ҷавобгарии гражданӣ-ҳуқуқии» ва «ҷавобгарии гражданӣ-ҳуқуқӣ» иваз карда шавад. Дар рафти муҳокима вакилон, аз ҷумла Шодӣ Шабдолов, пешниҳод доштанд, ки дар матн калимаҳои «Масъулияти шаҳрвандию ҳуқуқии» бетағйир мононда шавад.

Барои омӯхтани ин пешниҳод лоиҳаи қонун барои баррасӣ ба кумитаи масъул баргардонида шуда буд. Баъди муҳокимаи ҳамаҷониба ба мувофиқа расидем, ки тағйиру иловаҳои ба матни лоиҳаи қонун воридшуда қобили қабул мебошанд.

Маълум аст, ки калимаҳои «масъулияти шаҳрвандию ҳуқуқӣ» ва «ҷавобгарии гражданӣ-ҳуқуқӣ» ҳаммаъно мебошанд, аммо дар таҷрибаи қонунгузорӣ калимаи «ҷавобгарӣ»-ро истифода мебаранд, зеро ба ҷавобгарӣ кашидан боиси таъини ҷазо мегардад. Аз ин сабаб хоҳишмандам, ки лоиҳаи қонуни мазкур ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: - Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Зиёратшо Саъдулло дода мешавад.

САЪДУЛЛОЗиёратшо САЪДУЛЛО: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғ. Авзалов ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Амиршоева пешниҳод шудааст, манзур мегардад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиши ҳаматарафа қарор дода, дар маҷмӯъ 125 таклифро ҷиҳати такмил додани лоиҳаи қонуни мазкур пешниҳод намуданд, ки ҳамаи онҳо пурра ва қисман қобили қабул дониста шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур 12 декабри соли 2013 дар ҷаласаи васеи Кумита бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, ба баррасии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Тағйироти асосие, ки ба лоиҳа дохил карда шуданд, аз инҳо иборатанд:

-ба моддаи 1-уми қонуни амалкунанда қисми дуюм илова карда мешавад, ки мутобиқи он: «Шахсоне, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мансубияти онҳоро ба шаҳрвандии давлати дигар надоранд, шахсони бешаҳрванд эътироф карда мешаванд.».

-ҳамзамон ба моддаи 24-уми қонуни амалкунанда қисми чорум бо мазмуни зайл илова карда мешавад, ки тибқи он: «Ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи маъмурӣ ронда шудаанд, ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати панҷ сол аз рӯзи қабули қарор дар бораи ронда шудан, манъ аст.».

Муқаддимаи лоиҳаи қонуни мазкур дар таҳрири зерин ифода карда шуд:

- «Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муносибатҳои онҳоро бо мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо, ки аз будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, инчунин ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳоро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.»;

- лоиҳаи қонуни мазкур ба техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ гардонида шуда, матнҳои забони тоҷикӣ ва русӣ бо ҳам мувофиқ карда шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров таклифу эродҳо пешниҳод намуданд, ки онҳо низ қобили қабул дониста, ба лоиҳаи қонуни мазкур ворид карда шуданд.

Тағйиру иловаҳои ба қонуни амалкунанда воридгардида қонуни мазкурро такмил дода, мукаммалгардонӣ ва мутобиқати дохилии меъёрҳои қонунро ба вуҷуд оварда, номутобиқатии байни санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро бартараф менамояд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, қабули он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагӣ талаб наменамояд.

Аз ин лиҳоз, аз шумо вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Амиршоева Саодат дода мешавад.

амиршоеваСаодат АМИРШОЕВА:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади мукаммалгардонӣ ва мутобиқати дохилии меъёрҳои қонуни амалкунанда, инчунин аз байн бурдани номутобиқатии  байниҳамдигарии санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қонуни мазкур бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии  ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва пешниҳод шуд.

Ҳамзамон лоиҳаи қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муносибатҳои онҳоро бо мақомоти давлатӣ ва шахсони  мансабдори онҳо, ки аз будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳоро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Бо мақсади ифода намудани мазмуни муқаррароти қонуни амалкунанда тибқи талаботи моддаи 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ба қонуни мазкур илова намудани муқаддима зарур шуморида шуд.

Боиси зикр аст, ки тибқи талаботи моддаи 32-юми Қонуни амалкунанда паҳн гардидани меъёрҳои он нисбат ба шахсони бешаҳрванд дар назар дошта шудааст. Аз ин рӯ, илова намудани мафҳуми «шахсони бешаҳрванд» ба моддаи 1-уми қонуни амалкунанда лозим дониста шуд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки бо мақсади муайян намудани муҳлати манъи воридшавии шахсони хориҷие, ки бо роҳи маъмурӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ронда шудаанд, ба моддаи 24-уми ин қонун илова намудани қисми чорум мувофиқи мақсад  ҳисобида шуд. Ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи маъмурӣ ронда шудаанд, ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати панҷ сол  аз рӯзи қабули қарор дар бораи ронда шудан манъ аст.

Дар моддаи 28-уми лоиҳаи қонуни мазкур ҷавобгарӣ барои содир кардани амалҳои зиддиҳуқуқӣ пешбинӣ карда шудааст, ки «Шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои зиддиҳуқуқӣ содир кардаанд, тибқи асосҳои умумӣ баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.».

Инчунин бо мақсади танзими меъёрии ҷавобгарии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур лозим дониста шуд, ки ба он моддаи 35 илова карда шавад.

Ҳамзамон матни меъёрҳои моддаҳои гуногуни қонуни амалкунанда аз ҷиҳати услуби баён мавриди таҳрир қарор дода, иваз намудани баъзе калимаву мафҳумҳои ин моддаҳо зарур ҳисобида шуд.

Қонуни амалкунанда ва тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида нишон медиҳад, ки ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд.

Мо медонем, ки такмили қонунҳои амалкунанда кафолати рушди ҷомеаи шаҳрвандии мо мебошад. Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об Ҳисориев Маҳмадамин Исматович дода мешавад.

Маҳмадамин ҲИСОРИЕВМаҳмадамин ҲИСОРИЕВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромиқадр ва ҳозирин!

Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади ба танзим даровардани вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми будубоши онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо сарфи назар аз аслу насаб, вазъи иҷтимоию шароити молиявӣ, мансубияти нажодиву миллӣ, ҷинсият, маълумот, забон, муносибат бо дин ва ҳолатҳои дигаре, ки қонуни мазкур муайян намудааст, ҳуқуқи баробар истифода бурданро пешбинӣ менамояд.

Дар лоиҳаи қонуни мазкур ҳамчунин нисбати шаҳрвандоне, ки ҳуҷҷати тасдиқкунанда надоранд ё мансубияти онҳо ба шаҳрвандии дигар давлатҳо маълум карда нашудааст, шахсони бешаҳрванд эътироф карда мешаванд ва нисбати он шаҳрвандоне, ки пештар аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданашон, ронда шудаанд, тибқи ҳамин қонун ворид шудани онҳоро дар муддати панҷ сол ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи қабул намудани қарор дар бораи ронда шудани онҳо манъ намудааст.

Қарор дар бораи ронда шудани шаҳрвандони хориҷӣ, ки аз тарафи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо розигии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, агар рондашаванда дар муҳлати як ҳафта баъди қабули он ба суд муроҷиат накунад, қарори мазкур иҷро карда мешавад.

Ҳамин тариқ, тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мушаххас гардонида, меёърҳои қонунгузории миллии мамлакатро мувофиқ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Тоҷикистон эътироф намудааст, амалӣ мегардонад ва мувофиқ ба муқаррароти Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Аз ин рӯ, Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасии ҳаматарафа қарор дода, бо назардошти таклифу пешниҳодҳои воридгардида, онро пурра ҷонибдорӣ менамояд ва аз шумо, вакилони гиромиқадр, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки лоиҳаи қонуни баррасишавандаро дастгирӣ намоед ва барои қабули он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста бо қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС:- Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Холов Саттор дода мешавад.

Саттор ХоловСаттор ХОЛОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Ба баррасии шумо, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б.Худоёров ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Холов ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 августи соли 2013 таҳти №1979 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба  Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқгардонии  қонуни зикргардида ба талаботи дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Зикр бояд намуд, ки 1 августи соли 2012 ба моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйирот ворид карда шуд, ки дар натиҷаи он моддаи мазкур аз 8 қисм ба 1 қисм табдил ёфт. Тибқи тағйироти зикргардида, минбаъд ҳифзи иҷтимоии кормандони мақомоти разведкаи ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳоро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» муқаррар менамояд. Дар баробари ин, қисми дуюми моддаи 23 қонуни амалкунанда чунин муқаррар намудааст: «Давраи ҳамкории шахси ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулшуда бо мақоми разведкаи ҳарбӣ ба собиқаи меҳнатии ӯ дохил карда мешавад. Ҳифзи иҷтимоии чунин шахс мутобиқи қисмҳои сеюм- ҳафтуми моддаи 22 ҳамин қонун сурат мегирад. Ҳамин тариқ, дар қонуни амалкунанда ихтилофот байни ду модда ба миён омадааст.

Моддаи 22 то ворид гардидани тағйирот аз 1 августи соли 2012 нисбати ашхосе, ки дар моддаи 23 зикр гардидаанд, гурӯҳи имтиёзҳоро (суғурта, манзил, шуғл ва ғайра) дар қисмҳои сеюм- ҳафтум пешбинӣ намуда буд. Ин имтиёзҳо дар моддаҳои 14, 15, 16, 21 ва 22  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» ҷой доранд. Бо ворид намудани  тағйири пешниҳодшуда ба ҷумлаи дуюми қисми дуюми моддаи 23 минбаъд ашхоси мазкур бевосита аз муқаррароти моддаҳои қонуни зикргардида бархӯрдор мегарданд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро санаи 19 декабри соли 2013 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода, лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намуд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Абдулмаҷид МУРОДОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ