Робитаҳо густариш меёбанд

№58-59 (3043-3044) 17.05.2013

DSC_0732

13 майи соли 2013 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Корея бо Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

 Шукурҷон Зуҳуров ҳайати Гурӯҳи дӯстии ин кишварро, ки таҳти роҳбарии вакили Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Корея Ким Тенён ба кишвари мо ташриф овардааст, хайра мақдам гуфта, роҷеъ ба баъзе масъалаҳои ҳамкории миёни Тоҷикистону Корея ва парламентҳои ин ду кишвар изҳори назар кард.

Раиси мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла иброз дошт, ки мо ба масъалаи инкишофи равобити байнипарламентии миёни ду кишвар аҳамияти хосеро қоил ҳастем. Айни замон миёни парламентҳоямон равобити хубу корӣ ба амал омадааст. Сафари ҳайати парламентӣ таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Корея, ки моҳи июни соли 2011 баргузор гардида буд, ба мо таассуроти хеле хуб бахшид. Мулоқотҳоям бо Раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Корея, вазирони корҳои хориҷӣ, савдо, вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ, роҳбарияти ширкати мошинсозии GM-Корея ва дигарон, ки дар ҷараёни онҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои минбаъдаи мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ҷиҳати роҳандозии равобити дуҷониба дар бахшҳои гуногун нақши муҳим бозиданд. Дар оянда низ мо ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир хоҳем намуд.

-Бо истифода аз фурсат мехоҳам аъзои ҳайатро ба муносибати интихоб шудан ба вакилии Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Корея табрик намуда, бароятон барори кор орзу намоям, — изҳор дошт Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сохтор ва бахшҳои гуногуни фаъолияти Парламенти касбии тоҷик ба меҳмонон маълумоти мухтасар ироа намуд. Вай ҳамчунин дар бораи равобити байнипарламентии мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар, аз ҷумла Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Корея изҳори назар кард.

Шукурҷон Зуҳуров дар идомаи суҳбаташ зикр намуд, ки ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои гуногуни байналмилалӣ ва минтақавӣ шаҳодати онанд, ки кишварҳои мо ҳадафҳои дурнамои умумӣ доранд. Мавқеи ҳар ду кишвари  аз рӯйи бисёр масъалаҳои байналмилалӣ умумӣ ва ё бо ҳам хеле наздик мебошанд. Дастгирии ташаббусҳо ва номзадҳои ҳар ду кишвар барои интихоб дар мақомоти созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамоишҳо ба таври доимӣ амалӣ карда мешавад.

Дар солҳои охир тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷумҳурии Кореяро оид ба номзадиашон ба вазифаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (Пан Ги Мун), интихоби раиси ЭКОСОС (2011-2013), баргузории Бозиҳои олимпии осиёӣ дар Сеул, баргузории намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2012 дастгирӣ намуд, ки аз ҷониби Корея бо арзи сипос қадршиносӣ карда шуд. Тарафи Ҷумҳурии Корея дар навбати худ яке аз нахустин ташаббускороне буд, ки номзадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои шомил шудан ба узвияти Диалоги осиёӣ роҷеъ ба ҳамкорӣ, ки аз соли 2006 узви он мебошад, ҷонибдорӣ намуд.

Ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии миёни ду кишвар низ дар ҳоли рушд қарор доранд. Гардиши савдои хориҷӣ миёни ду кишвар  дар соли 2012 -ум 42,133 млн. долларро ташкил дод, ки 41,285 миллиони онро содирот аз Ҷумҳурии Корея ташкил медиҳад. Равобит ҳамчунин дар бахшҳои фарҳанг, маориф густариш ёфта, ҷиҳати наздикшавии халқҳои мо нақши муҳим хоҳад бозид.

Сарфи назар аз ҳамаи ин, дар ҳамкориҳои миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ҳанӯз бисёр самтҳои ояндадор вуҷуд доранд, ки беҳбудии бештареро тақозо мекунанд. Моро, қабл аз ҳама, масъалаи тақвият ва тавсиа бахшидани заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносиботи дутарафа ба худ ҷалб менамояд, зеро то имрӯз танҳо ду созишнома – «Созишнома дар бораи ҳавасмандкунӣ ва муҳофизати сармоягузории мутақобила» ва «Дар бораи реҷаи сафарҳои бераводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хидматӣ» (июли соли 2012 шаҳри Сеул) ба имзо расидаасту халос.

Ҳамчунин баъзе самтҳои ояндадори ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодиро низ зикр кардан бамаврид аст. Бунёди корхонаҳои муштарак ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти бофандагӣ, коркарди нахи пилла, ҷалби сармоя дар бахшҳои мошинсозӣ, саноати электронӣ, металлургияи ранга, рушди телекоммуникатсия аз тариқи ҷалб намудани сармоя аз Ҷумҳурии Корея, ҳамчунин таъсиси корхонаҳо ҷиҳати истеҳсоли молҳои мавриди ниёзи мардум аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Як масъалаи муҳиме, ки ман ҳангоми сафарам бо вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Корея мавриди баррасӣ қарор дода будам, ин масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Ин масъала дар ҳоли баррасӣ қарор дорад ва бовар дорам, ки дар ояндаи наздик ҳалли худро пайдо хоҳад кард.

Мо ба рушди равобити байнипарламентии миёни кишварҳоямон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоем. Парламентаризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи нав ба шумор меравад  ва мо ҳавасманд ҳастем, ки таҷрибаи ҳамкорони кореягиро дар ин бахш мавриди омӯзиш қарор бидиҳем.

Итминон дорам, ки мулоқоти имрӯза дар самти рушди муносиботи дуҷонибаи миёни кишварҳоямон уфуқҳои наверо боз хоҳад намуд.

Роҳбари ҳайати Гурӯҳи дӯстии Ассамблеяи  миллии Ҷумҳурии Корея Ким Тенён аз пазиройии самимонаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров изҳори сипос намуда, дар бораи рушди муносибатҳои кишварҳо ва парламентҳои ҳар ду ҷониб изҳори назар кард. Вай ба тақвияти суханҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки бисёр бахшҳои ҳамкориҳои мо сатҳи аз ин беҳтареро тақозо менамоянд.

-Мо ҷиҳати беҳтар намудани ин ҳамкориҳо тамоми саъю талоши худро ба харҷ хоҳем дод, -гуфт Ким Тенён. Вай аз Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки дар фурсати барояшон муносиб аз Ҷумҳурии Корея боздид ба амал оваранд.

Дар суҳбат ҳайати Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  ҳайати Гурӯҳи дӯстии Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Корея, ки роҳбараш муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Махфират Хидирова мебошад, иштирок доштанд. Суҳбат дар фазои ҳусни тафоҳум ва дӯстона ҷараён гирифт.

Котиботи роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон