«Садои мардум» ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ шуд

№1 (3302) 01.01.2015

1

Тавре хонандагони рӯзнома иттилоъ доранд, тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2014 барои беҳтарин маводи иттилоотӣ дар мавзӯи ҳифзи муҳити зист дар соли 2014 озмун эълон гардида буд.

Мақсад аз озмун таъмини дастрасӣ ба иттилооти экологӣ, инъикоси воқеъбинонаи мушкилоти экологӣ ва ҷалби доираи васеи рӯзноманигорон, олимону коршиносон, мутахассисон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба он буд.

Ба ин хотир, барои ғолиби ҷойи якум 4000 сомонӣ, ҷойи дуюм 3000 сомонӣ ва ҷойи сеюм 2000 сомонӣ маблағ ҷудо шуда буд.

Озмун, ки дар як давр, аз моҳи январ то моҳи декабри соли 2014, гузаронида шуд, рӯзи 30 декабр ҷамъбаст ва ғолибон муайян гардиданд.

Дар ин давра унвонии Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 40 мақола бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод гардид, ки ба инъикоси воқеии масъалаҳои мубрами экологӣ, мавқеъ ва сиёсати экологӣ дар дохили кишвар ва давлатҳои ҳамсоя бахшида шуда буданд.

Аъзои ҳакамон ҷойи якумро бо  натиҷаи 71 хол ба муаллифи мақолаи «Чаро дар саргаҳи об бе барқ ва ташналабем?» — муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Далер Мерганов, ҷойи дуюмро бо натиҷаи 70 хол ба муаллифи мақолаи «Фалокати экологӣ сарҳад надорад» — собиқадори матбуот Давлат Давронов ва ҷойи сеюмро бо натиҷаи 69 хол барои силсилафилмҳои «Об барои ҳаёт» ва «Тағйирёбии иқлим» ба корманди масъули Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» Аҳлиддини Тоҳир сазовор донистанд.

Инчунин Тилави Расулзода, Далер Иброҳимов, Ҳасан Асоев, Ҳарамгули Қодир ва Ҷамолиддин Яқубов соҳиби туҳфаҳои хотиравии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.

Ғолибони озмунро муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев табрик гуфта, мукофотҳои таъсисшударо ба онҳо тақдим намуд.

Дар ҷамъбасти озмун зикр шуд, ки Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи таъсисёбиаш вобаста ба масъалаҳои экологии минтақа ва иншооти гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ бо иштироки масъулини вазорату идораҳои дахлдори кишвар, мутахассисон ва коршиносони соҳаи мазкур нишастҳо баргузор кард, ки ин чорабиниҳо ба беҳтар гардонидани вазъи экологӣ ва бартараф сохтани мушкилоти дар ин самт мавҷудбуда мусоидат намуданд.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»