Сафари ҳайати парламентии Тоҷикистон ба шаҳри Санкт-Петербург

№153 (3138) 05.12.2013

518A6863

Рӯзи 27  ноябри  соли 2013 як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои  аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, иҷлосияи умумии 39- уми ин созмон, ҷаласаи Бюрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии ЕврОсиё, ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, конфронси байналмилалии парлумонӣ дар мавзӯи «Амнияти ҳастаӣ дар замони муосир ва нақши парлумонҳо  дар раванди  халъи силоҳи ҳастаӣ ва паҳн нагардидани он» ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафар карда буданд, ки ин сафар то якуми декабр тӯл кашид.

Дар фурудгоҳи шаҳри Санкт-Петарбург ҳайати парлумонии кишвари моро Котиби генералии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Алексей Сергеев  истиқбол намуд.

Рӯзи 28 ноябр дар қасри таърихии «Таврический», ки ҳоло қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар он ҷой гирифтааст, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанов,  Саиди Ёқубзод, раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Маҳмадшариф Ҳақдодов,  вакили Маҷлиси намояндагон  Амирхон Сафаров дар кори ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонӣ роҷеъ ба Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои  сиёсат ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экологӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ, сиёсати хориҷӣ фаъолона иштирок намуда, фикру андешаҳои хешро роҷеъ ба масоили дар ин чорабиниҳо баррасишуда иброз намуданд.

Дар кори Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ вакили Маҷлиси намояндагон Амирхон Сафаров фаъолона ширкат варзида, перомуни лоиҳаҳои қонунҳои моделӣ таклифу пешниҳодҳо намуд.

Дар ҷаласаи Комиссияи  доимии Ассамблеяи  байнипарлумонии  давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалӣ Ватанов раиси комиссияи мазкур мебошад, як қатор масъалаҳо, аз ҷумла лоиҳаҳои қонунҳои моделӣ «Дар бораи судҳои ҳакамӣ», «Дар бораи таъсиси гурӯҳи экспертизавии назди Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ» ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардиданд.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Саиди Ёқубзод дар кори ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонӣ оид ба масъалаҳои сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экологӣ ширкат варзида, оиди масъалаҳои рӯзнома- лоиҳаҳои қонунҳои моделӣ  «Дар бораи суғуртаи экологӣ», «Дар бораи истеҳсолоти тозаи экологӣ», «Дар бораи оқилона истифодабарии обҳои сарҳадгузар»  ибрози назар намуд. Аз ҷумла дар ҷаласаҳои ин комиссия ҷониби Тоҷикистон тавонист пешниҳоди худро оид ба ҷуброн намудан ва саҳмгузор шудани давлатҳои поёноб дар ҳолатҳои фавқулодда гузаронад.

Раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдодов  дар кори ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонӣ оид ба масъалаҳои экологӣ иштирок намуда, роҷеъ ба таҷрибаи кории комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон маълумот дод.

Ин падидаҳои фараҳбахш ифшогари обрую эътибори ҷиддии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.

 

***

Рӯзи 28 ноябри соли 2013 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия   Сергей Наришкин мулоқот намуд.

Муҳимтарин мавзӯъҳои гуфтугӯ байни роҳбарони парлумонҳои ду кишвар баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаи Душанбе ва Москва дар ҳамаи заминаҳо, бахусус ҳамкориҳои парлумонӣ, муносиботи дуҷониба дар чаҳорчӯбаи созмонҳои гуногуни  минтақавию байналмилалӣ ба шумор мерафт.

Шукурҷон Зуҳуров тавсеаи ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Маҷлиси намояндагонро бо парлумонҳои кишварҳои мутараққии ҷаҳон, аз ҷумла Федератсияи Россия, яке аз муваффақиятҳои парлумони касбии мамлакати мо дар миқёси байналмилалӣ арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фаъолияти худ таҳкими ҳамкориҳоро бо Федератсияи Россия дар тамоми соҳаҳо мақсади асосии худ қарор додааст ва дар оянда низ фаъолияти хешро ба ҳамин шева идома хоҳад дод.

Зикр гардид, ки таҳкими робитаҳои ҳасана байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия аз муносибатҳои хуби сарони ин ду давлати  ба ҳам дӯст сарчашма мегирад. Боздидҳои такрор ба такрори сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Федератсияи Россия сафари намояндагони сатҳи олии ду кишвар ба мамлакатҳои якдигар барои боз ҳам густариш ёфтани ҳамкориҳои дуҷонибаи мо дар тамоми арсаҳо заминаҳои мусоидро фароҳам овардаанд.

- Ташрифи охири Шумо, муҳтарам Сергей Наришкин, ба ҷумҳурии мо, ки дар ҳошияи он як идда созишнома ва санадҳои муҳими ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни ба имзо расиданд, ба раванди таҳкими муносиботи байниҳамдигарии кишварҳои мо такони тоза бахшид, — гуфт Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров.

Мавсуф дар идомаи суҳбат аз дастгирӣ ва пуштибонии Федератсияи Россия аз мавқеи кишвари мо дар миқёси байналмилалӣ изҳори қадрдонӣ намуда, зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Федератсияи Россияро муҳимтарин шарики стратегии худ дар сатҳи ҷаҳонӣ медонад ва барои ривоҷу равнақ ёфтани ҳамкориҳои хеш бо ин кишвари абарқудрати дунё дар ҳамаи соҳаҳо манфиатдор аст.

Раиси Маҷлиси намояндагон ёдовар шуд, ки муносиботи парлумонҳои ҳар ду кишвар тибқи Созишномаи ҳамкорӣ байни Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба роҳ монда шудааст ва дар ин замина фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни парлумонҳои кишварҳои мо ҷоннок гардидааст, ки ба тақвияти ҳар чӣ бештари ҳамкориҳои мо кӯмак мекунанд.

Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин ба масъалаи ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои иқтисодӣ, кишоварзӣ, энергетика, маориф, муҳоҷират ва муборизаи муштарак бар зидди падидаҳои номатлуб таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба кору зиндагии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар  минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия кор мекунанд,  мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид шуд, ки ҷорӣ намудани як қатор сабукиҳо дар раванди кори муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Федератсияи Россия шароити хуберо барои муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар фароҳам меорад.

Раиси Маҷлиси намояндагон дар бораи мавҷуд будани мушкилоте, ки муҳоҷирони тоҷик дар Федератсияи Россия ба он рӯ ба рӯ мешаванд, ибрози назар намуда, тақозо кард, ки барои бартараф кардани ин мушкилот тадбирҳои мушаххас андешанд. Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин  зарурати иҷрои созишномаҳои ҳамкории байни Тоҷикистону Россияро дар ин самт таъкид кард.

Раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии  Федератсияи Россия Сергей Наришкин низ ба сатҳи ҳамкориҳои кишвараш бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла муносиботи байнипарлумонӣ баҳои баланд дода, ба тақвияти ҳар чӣ бештари ин муносибот таъкид кард.

- Байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақвияти робитаҳо, аз ҷумла густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ҳеҷ гуна монеае вуҷуд надорад ва мо бояд аз ин имкониятҳои мавҷуда ба таври кофӣ ва ба манфиати халқу миллати хеш самаранок истифода намоем,-гуфт ӯ.

Мавсуф изҳор намуд, ки Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия алоқаманди идомаи ҳамкориҳои ҳасана бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, хостори таҳкими беш аз пеши  муносибот бо ин мақоми олии қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва сафари охири Президенти Россия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши минбаъдаи робитаҳои судманди ду кишвари дӯст дар тамоми заминаҳо такони ҷиддӣ  бахшид.

Дар ҷараёни мулоқот роҷеъ ба паҳлуҳои дигари ҳамкориҳои дуҷонибаи миёни Тоҷикистону Россия, вазъияти минтақа изҳори назар карда шуд.

Дар анҷоми мулоқот Раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Сергей Наришкин   аз Раиси Мачлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шукурҷон Зуҳуров даъват намуд, ки соли 2014 дар вақти барояш муносиб бо сафари расмӣ аз Федератсияи Россия дидан намояд. Ин даъват бо самимият пазируфта шуд.

***

Худи ҳамон рӯз, қабл аз оғози чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаласаи Бюрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии ЕврОсиё таҳти раёсати Нурлан Нигматулин ба кори худ шурӯъ намуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар кори ин ҷаласа иштирок намуд. Раисони парлумонҳои дигар давлатҳо, ки узвияти Бюрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии ЕврОсиёро бар уҳдаи хеш доштанд, Шукурҷон Зуҳуровро самимона истиқбол намуданд.

Дар ибтидо ҳамаи комиссияҳои доимии ин созмон ҷаласаҳои худро доир намуда буданд, ки дар кори онҳо намояндагони  Маҷлиси намояндагон фаъолона иштирок доштанд. Иштирокдорони ҷаласаи Бюрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии ЕврОсиё дар ҷаласаи худ 13 масъаларо муҳокима намуданд, ки аксари онҳо ба мавзӯъҳои ҷустуҷӯи роҳҳои вусъат бахшидан ба равандҳои ҳамгиройии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии ЕврОсиё бахшида шуда буданд. Ҳамчунин чанд масъалаи дигар, ки ба рӯзномаи кори Бюрои Ассамблеяи байнипарлумонӣ дохил шуда буданд, ҳадафи баҳамназдиккунии санадҳои қонунгузории давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии ЕврОсиёро дар худ таҷассум менамуданд.

Аз рӯйи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашуда Бюрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии ЕврОсиё қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Ҳайати парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин дар кори ҷаласаи шашуми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонӣ роҷеъ ба Созишномаи Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд. Ҷаласаро бо сухани муқаддимавӣ Раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсия Россия  Сергей Наришкин ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки ҳадафи асосии мо баҳамназдиккунии санадҳои қонунгузории Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад. Дар рӯзномаи ҷаласа 13 масъала муҳокима гардида, перомуни онҳо қарорҳои зарурӣ қабул карда шуд, ки бешубҳа, дар ояндаи наздик ҷиҳати баҳамназдиккунии аҳкоми қонунгузории давлатҳои аъзои Созишномаи Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ таъсири мусбат хоҳад расонд.

***

Нимаи аввали рӯзи 28 ноябр ҷаласаи комиссияҳои Иттиҳоди байнипарлумонии ИДМ баргузор гардид. Маҳмадалӣ Ватанов — раиси тозаинтихоби Комиссия оид ба масоили ҳуқуқӣ дар ҷаласаи корӣ як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла лоиҳаи қонуни моделӣ «Дар бораи номи фирмавӣ» ва ғайраро ба баррасӣ пешниҳод намуда, ба гурӯҳи корӣ тавсия дод, ки камбудиҳои дар ин самт ҷойдоштаро ҳар чӣ зудтар бартараф намоянд.

***

Баъд аз зӯҳри ҳамон рӯз ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки раёсати баргузории онро Раиси Ассамблеяи мазкур Валентина Матвиенко  бар уҳда дошт. Аъзои Шӯро рӯзномаи онро тасдиқ намуда, 25 масъалаи дар он зикршударо баррасӣ намуд. Аз ҷумла дар рӯзномаи Шӯрои Ассамблеяи мазкур масъалаҳои ҳаётан муҳим барои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз қабили «Тасдиқи раисони комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», «Иштироки намояндагони Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба сифати нозирони байналмилалӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оиди рӯзномаи ҷаласаи 39-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», «Натиҷагирӣ аз ҷамъбасти кори конгресси шашуми байналмилалии экологии Нева» мавриди баррасии аъзои Шӯро қарор гирифтанд.

Ҳайати парлумонии Точикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар кори ҷаласаи Шӯрои мазкур иштирок намуд. Валентина Матвиенко  дар қатори дигар раисони парламентҳо  ба Шукурҷон Зуҳуров ва мардуми Тоҷикистон муваффақиятҳо орзу намуд.

Аз рӯйи масъалаи 9-уми рӯзномаи ҷаласаи мазкур — «Иштироки намояндагони Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба сифати нозирони байналмилалӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди ҳозирин Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров баромад намуд. Мавсуф  таъкид кард,  ки интихоботи президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои орому осуда, мутобиқи қонунгузории ҷумҳурӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ сурат гирифт. Гурӯҳи нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз ҷараёни баргузории он қаноатманд буданд ва ягон қонуншиканиеро, ки метавонист ба ҷараёни он таъсири ҷиддӣ гузорад, ошкор накарданд.

Шукурҷон Зуҳуров барои иштироки фаъолона ва арзёбии воқеии ҷараёни интихоботи Президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи иштирокчиёни гурӯҳи нозирон, аз ҷумла Шӯро, котиботи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва вакилони парлумонҳои кишварҳои узви ИДМ миннатдорӣ изҳор намуд.

Дар ҷаласа ҳамчунин  раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ  ва ҳуқуқи инсон, раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масоили ҳуқуқӣ Маҳмадалӣ Ватанов оиди шарҳи қонуни моделӣ «Дар бораи сирри тиҷорат» ахбори муфассал дод.

Ёдовар мешавем, ки сарфи назар аз душвориҳои гуногун Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар давраи гузашта бештар аз дигар мамолики аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил созишномаҳои байнипарламентиро ба тасвиб расонад ва бештар аз ҳама барои татбиқи қонунҳое, ки асосҳои ҳамкориро эҷод мекунанд, раъйи мувофиқ диҳад.

Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки парламенти касбии доимоамалкунандаи мо дар назди Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил обруйи хосаеро касб намудааст.

***

AP1J0318

Рӯзи 28 ноябр дар доираи чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаласаи навбатии Форуми ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор гардид. Дар кори ин ҷаласа корманди масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқ Нусратов иштирок ва суханронӣ намуд.

***

Субҳи рӯзи 29 ноябр  ҷаласаи пленарии 39-уми Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки ба рӯзномаи кории он 25 масъала ворид шуда буд, кори худро бо сухани муқаддимавии Раиси Ассамблеяи байнипарлумонӣ Валентина Матвиенко  оғоз намуд.

Дар ҷаласа Валентина Матвиенко дар маросими тантанавӣ ба қисми зиёди вакилон ва намояндагони парламентҳои кишварҳои аъзои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои саҳми муносибашон дар таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои халқҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар чаҳорчӯбаи Ассамблеяи байнипарлумонӣ ифтихорномаҳои ин мақоми олиро бо медалҳои рамзӣ тақдим намуд.

Хотиррасон бояд кард, ки масъалаи асосии рӯзномаи кории ҷаласа оиди қонунҳои моделӣ «Дар бораи аудити экологӣ», «Оиди таъмини бехатарии экологии нақлиёти автомобилӣ», «Дар бораи ташхиси ҷамъиятӣ», «Дар бораи ҳуҷҷатҳои электронӣ», «Дар бораи мониторинги зиддикоррупсионӣ», «Таҳрири нави Кодекси намунавии илмӣ барои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» буд, ки муҳокимаи онҳо тӯлонӣ сурат гирифт. Аз рӯйи масъалаҳои мазкур роҳбарони вакилони кишварҳои аъзои Ассамблеяи байнипарлумонӣ баромад намуда, роҷеъ ба ҳалли тарафҳои гуногуни ин масъалаҳо ибрози назар намуданд.

Перомуни масъалаҳои муҳокимашуда баромади Валентина Матвиенко, муовини раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба илм ва маориф Геннадий Пальчик ва дигар роҳбарони ҳайатҳо хеле мароқангез буданд. Аз ҷумла дар ҷаласа зикр гардид, ки Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар давоми фаъолияти чандинсолааш исбот кард, ки мавҷудияти ин ниҳод барои ҳамкориҳои судманду конструктивии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зарур аст. Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ин Ассамблея барои танзими қонунҳо ва ҳамоҳангсозии қонунҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил кори муҳимеро анҷом медиҳад.

IMG_0400

Маҷлиси намояндагон дар таҳияи қонунҳои намунавӣ иштирок мекунад ва дар фаъолияти худ аз қонунҳои намунавӣ истифода мебарад. Аз ҷониби дигар бошад, парламенти касбии доимоамалкунандаи Тоҷикистон ба он таваҷҷуҳ мекунад, ки созишномаҳои байнипарламентиро сари вақт ба тасвиб расонад. Оиди се масъалаи дигари рӯзнома — «Тафсири  қонуни моделии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Дар бораи сирри тиҷорат», лоиҳаи қонуни моделӣ «Дар бораи номи фирмавӣ» ва «Дар бораи медиатсия-Тартиби ғайрисудии баррасии баҳсҳо» раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентӣ, намояндаи Парламенти Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанов баромад намуда, роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни масъалаҳои зикршуда гузориши мукаммал дод.

Ҳамчунин дар назди иштирокчиёни ҷаласа раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдодов баромад намуд.

Ҷаласаи умумии 39-уми Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчунин чанд масъалаи дигари парлумонии ИДМ-ро, аз қабили таҳияи нави қонуни намунавӣ « Дар бораи Кодекси андоз барои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», «Таҳияи нави пешниҳодҳо барои нозирони байналмилалии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки рафти баргузории интихоботҳо ва референдумҳоро назорат мекунанд» ва ғайраҳоро мавриди муҳокима ва баҳсу мунозира қарор дода, дар робита ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Пас аз анҷоми ҷаласаи 39-уми Ассамблеяи номбурда роҳбарони ҳамаи ҳайатҳои бонуфузи парламентҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо иштироки хабарнигорони дохилию хориҷии Федератсияи Россия нишасти матбуотӣ доир намуда, ба саволҳои зиёди рӯзноманигорон посух гуфтанд.

Худи ҳамон рӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар кори конфронси байналмилалии парлумонӣ дар мавзӯи «Амнияти ҳастаӣ дар замони муосир ва нақши парлумонҳо  дар раванди  халъи силоҳи ҳастаӣ ва паҳн нагардидани он» иштирок ва суханронӣ намуд.

Раиси Маҷлиси намояндагон, аз ҷумла чунин иброз намуд:

- Таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаи ҷаҳон ба масъалаҳои бехатарии ядроӣ, ба халъи силоҳи ядроӣ ва густариш наёфтани он равона гардидааст, ки  тақозои замон буда, заруратест барои ҳифзи ояндаи башарият.

Мутмаинам, ки конфронси мазкур, ки олимону коршиносони муътабар, аъзои намоёни парлумонҳо, сиёсатмадорон, намояндагони ташкилотҳои байнипарлумониро гирд овардааст, саъю кӯшиши аҳли ҷомеаи ҷаҳониро дар роҳи пойдор сохтани ҷаҳони бе силоҳи ядроӣ тақвият мебахшад, мақоми вакилони парлумонҳоро дар таҳияи усулҳои нави пешгирии таҳдиди  ядроӣ боз ҳам баланд мебардорад.

Ба ин муносибат мо, бешак, бояд ба ташаббускорон ва ташкилотчиёни конфронс- Парлумони Ҷумҳурии  Қазоқистон ва Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонӣ барои ин пешниҳоди саривақтӣ ва иҷрои кори бузурги даъвати ин гуна ҷамъомади сернамоянда арзи миннатдорӣ намоем.

Агарчи Тоҷикистон кишвари ғайриядроӣ аст ва технологияҳои ядроии энергетикиро истифода намекунад, рӯзномаи конфронс барои мамлакати мо низ бағоят муҳим мебошад.

Тоҷикистон тарафдори ҳамаҷонибаи мақсади олии барои ҳама пойдору устувор сохтани ҷаҳони бехавфу хатар, ташаббусҳои байналхалқии барҳам додани таҳдиди терроризми ядроӣ, халъи силоҳи ядроӣ ва ба мақсадҳои осоишта истифода бурдани энергияи атомӣ мебошад.

Кишвари мо ҳамчун ҷонибдори фаъоли тарзу усулҳои байналхалқии воқеан пойдору устувор гардонидани бехатарии ядроӣ дар як қатор конвенсияҳои байналмилалии соҳаи бехатарии ядроӣ, ҳифзи воқеии маводи ядроӣ ва радиоактивӣ ва ҳамкориҳо дар мавриди садамаҳои ядроӣ ширкат меварзад.

Тоҷикистон  аз соли 2001 узви МАГАТЭ  мебошад. Соли 2002 дар ҳайати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ таъсис ёфтааст, ки он дар ин соҳа мақоми танзимгариро ба уҳда дорад. Дар доираи ҳамкории техникӣ бо МАГАТЭ ва ҳамчунин бо шарикони дигари хориҷӣ оид ба беҳтар ба ҳисоб гирифтан ва назорат кардани манбаъҳои радиоактивӣ тадбирҳо андешида,  пойгоҳи (пункти) ҷумҳуриявии гӯр кардани партовҳои радиоактивӣ бозсозӣ карда шудааст.

Парлумони Тоҷикистон ба ҷидду ҷаҳдҳои миллии мадад расондан ба ҳамкории байналмилалӣ ва иҷрои уҳдадории соҳаи бехатарии ядроӣ саҳм мегузорад. Ин, пеш аз ҳама, дар ташаккули заминаи зарурии қонунгузорӣ ва тасвиби санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба назар  мерасад.  Дар ин робита аз ҷониби парлумон қонунҳо «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ» (соли 2003), «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ» (соли 2004) қабул гардиданд, ки мақсади онҳо ҳифзи саломатӣ ва ҳаёти одамон, ҳифзи муҳити зист, таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ, низоми густариш надодани  силоҳи ядроӣ аст. Тибқи қонун «Дар бораи муҳити зист», ки соли 2011 дар таҳрири нав қабул гардид, ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон овардан ва ҳамчунин аз ин ҳудуд ба тариқи транзит гузаронидани маводи партовҳои радиоактивӣ манъ аст. Дар Кодекси ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст, ки ғайриқонунӣ ба даст овардан, фурӯхтан, нигоҳ доштан, истифода кардан, дуздидан, қочоқгарӣ, биосид ва дигар ҷинояти марбутаи маводи ядроӣ ва радиатсионӣ ҷавобгарӣ дорад.

Дар ҳайати Маҷлиси намояндагон комиссияи экологӣ таъсис дода шудааст, ки ба масъалаҳои мазкур сарукор дошта, иттилооти идораю вазоратҳоро муҳокима мекунад, барои огоҳӣ ёфтан аз вазъият ба маҳалҳо меравад, дархостҳои зарурӣ мефиристад.

Масъалаи асосӣ  дар соҳаи мазкур барои Тоҷикистон киштбоб кардани заминҳои аз партови радиоактивӣ олуда мебошад.

Фикр мекунам, аксарияти ҳозирин хабар доранд, ки дар замони шӯравӣ, дар шимоли ҷумҳуриамон маъдани уран истихроҷ шуда мавриди коркард қарор мегирифт, ҳатто ашёи хомро аз дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил меоварданд. Дар натиҷаи истихроҷ ва коркарди анқариб нимасраи уран дар ин ҷо аз рӯйи ҳисоби коршиносон беш аз 55 миллион тонна партов ғун шудааст, ки дар даҳ ҷой гӯронда шудааст. Бино ба тасдиқи мутахассисон, ин партовҳо каммаъдананд, вале онҳо барои аҳолӣ хатар доранд, зеро онҳоро дар наздикии маҳалҳои аҳолинишин, поёноби сою дарёҳо ва минтақаи хавфноки сейсмикӣ гӯр кардаанд. Қатъи назар аз аломату нишонаҳои манъкунанда, маҳдудият, суҳбату таъкид сокинони деҳаҳои гирду  атроф хатари ба минтақаи хавфнок ворид шуданро сарфи назар карда, хоҷагидорӣ мекунанд, ки аз ин қабати болоии ҷойи гӯркардаи партов хароб мегардад. Бо дарназардошти ин ҳама омилҳо «гӯристонҳо»-и мазкур барои тамоми минтақа хавфу хатари зиёд дорад.

Чунонки аз муҳокимаи ин масъала дар ҷамъомади Комиссияи  экологии Маҷлиси намояндагон маълум гардид, бо вуҷуди мушкилоти молиявӣ ва техникии ҷумҳурӣ барои камтар шудани хавфу хатари радиоактивӣ тадбиру чораҳои зарурӣ андешида шудаанд. Аз соли 2004 сар карда, дар доираи лоиҳаҳои амалишавандаи миллӣ ва минтақавӣ,  дар соҳаи кооператсияи техникии МАГАТЭ мониторинги радиатсионии «гӯристон»  ба роҳ монда шудааст. Аз даҳ «гӯристон» ҳашттоаш қисман киштбоб карда шудааст, аммо ҳанӯз ду объекти дигар («гӯристон»-и Деҳмой ва фабрикаи каммаъдани назди шаҳри Табошар) боқӣ мондааст, ки барои муҳити зист хатар дорад. Умуман, вазъи радиатсионӣ таҳти назорат қарор дорад, вале бе кӯмаки беруна мо аз уҳдаи пурра пешгирӣ кардани ин хавфу хатар намебароем. Дар ин бобат ҳамкорӣ дар соҳаи такмили заминаи қонунгузорӣ, расонидани ёрӣ ҷиҳати экспертиза, таълими кормандон ва аҳолӣ махсусан муҳим аст.

Аминам, ки  маърӯзаю  мубоҳисаҳои дарпешистода барои ҳамаи иштирокчиён ҷолиб хоҳад буд ва конфронс тавсияҳои муфид таҳия менамояд ва он барои ҳамкории байналхалқӣ баҳри ҷаҳони барои ҳама бехавфу хатар воқеан муҳим хоҳад буд.

Барои ҳамаи иштирокчиёни конфронс дар ин ҷода барори кор мехоҳам, иқдомҳои ҷолиби эҷодӣ орзу мекунам, коратон ба хайр бошад!

 

Мулоқот бо диаспораи  тоҷикони Федератсияи Россия

 Рӯзи 1 декабри соли 2013 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо фаъолони диаспораи тоҷикон дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамватанонро барои дар маъракаи интихоботии Президентӣ фаъолона ширкат намуданашон арзу сипос намуда, аз комёбиҳои кишварамон дар чанд соли охир ва фаъолияти Маҷлиси намояндагон маълумот дод.

Зимни суҳбати судманду самимӣ таклифоти муфиде аз ҷониби  фаъолон ва Консули ифтихории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград  Муҳаммадназар Мирзода дар бораи ташкил намудани коллеҷҳои касбӣ-техникии муштарак барои омӯзиши хамватанон ба забонҳои тоҷикию русӣ дар қаламрави Федератсияи Россия бо қарордодҳои давлатии тарафайн, ба ҷойи кор таъмин намудани тоҷикони ин минтақа ва роҳҳои ҳалли  онҳо ироа гардид.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамватанони бурунмарзии моро ба муттаҳидӣ ва риояи якпорчагии Ватани азизамон даъват намуда, таъкид намуд, ки дар ҳар вилояти Федератсияи Россия, ки ҳамватанони мо аз  5 то 6 ҷамъият таъсис додаанд, бояд ба як ҷамъият муттаҳид шаванд. Зеро мақсади ҳамаи мо — тоҷикистониҳо якто -обод гардонидани Ватани азизамон аст.

Дар мулоқот ҳамчунин мушкилии кору зиндагии оилаҳои бо фарзандонашон ба Федератсияи Россияомада, бақайдгирии онҳо,  мушкилии макотиб, қабул ба боғчаи бачагон ва дигар масъалаҳо мавриди баҳсу баррасӣ  карор гирифт.

Дар доираи ин сафар ҳайати парламентии Тоҷикистон ҳамчунин аз  намоишгоҳи «Амнияти ҳастаӣ дар замони муосир»  ва «Царское село» -и шаҳри Санкт-Петербург дидан карданд.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ, котиби матбуотии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон