Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Сармоягузорӣ барои барқарорсозии НБО-и «Сарбанд» ва беҳсозии системаҳои обтаъминкунӣ

№27-28 (3173-3174) 20.03.2014

DSC_0195

19 марти соли 2014 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарақулов А. Б.»

2. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ баровардани Қарақулов А. Б.»

3. Дар бораи Созишномаи грантӣ (Амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба Лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Сарбанд бо иқтидори 240 МВт»

4. Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба Лоиҳаи «Беҳтар намудани системаҳои обтаъминкунии шаҳрҳои марказии Тоҷикистон»

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият».

Масъалаҳои рӯзнома – Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарақулов А.Б.»  ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ баровардани Қарақулов А.Б.» баррасӣ шуда, ҷиҳати тасдиқи он таври алоҳида қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: — Дар бораи Созишномаи грантӣ (Амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба Лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Сарбанд бо иқтидори 240 МВт» сухан ба муовини аввали вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович дода мешавад.

НУРАЛИЕВҶамолиддин НУРАЛИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон! 

Ба муҳокимаи шумо Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба Лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Сарбанд бо иқтидори 240 МВт» пешниҳод гардидааст.

Дар натиҷаи зиёда аз 40 сол мавриди истифода қарор доштани НБО-и «Сарбанд» қисмати зиёди таҷҳизоти электромеханикӣ ва гидромеханикии неругоҳ ва дастгоҳи тақсимкунандаи кушодаи он фарсуда шудаанд. Бинобар сабаби аз кор мондани системаи назорат ва танзими баландшавии об солҳои 1993 ва 1994 агрегати №2 қисман зери об монда буд. Зимнан, дар ҳолати таъҷилан партофтани об аз неругоҳҳое, ки дар болооб ҷойгир мебошанд, Неругоҳи барқи обии «Сарбанд»-ро хатари зери об мондан таҳдид менамояд.

Агар таъҷилан корҳои азнавсозӣ ба роҳ монда нашаванд, тахминан баъди панҷ соли дигар агрегатҳои  неругоҳ пурра корношоям гардида, неругоҳ аз фаъолият бозмемонад.

Бояд қайд кард, ки агрегати №4-и неругоҳ дар давоми солҳои 2011-2012 аз ҳисоби маблағҳои қарзи Бонки Исломии Рушд дар ҳаҷми 13,9 млн.доллари ИМА иваз карда шуд, ки дар натиҷа, иқтидори агрегати зикршуда аз 40 МВт ба 45 МВт расонида шуд.

Ҳолатҳои зикргардида ва аҳамияти стратегӣ доштани неругоҳи мазкурро ба назар гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2011 барои пурра барқарор намудани иншооти мазкур ба Бонки Осиёии Рушд барои маблағгузорӣ намудани Лоиҳаи номбурда муроҷиат намуд.

Ҳадафи Лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Сарбанд-240МВт» ин таъмини боэътимоди сифатноки  мунтазами қувваи барқ дар як қатор маҳалҳои калону хурди аҳолинишини навоҳии дурдаст, инчунин аз худ намудани захираҳои гирдоэнергетикӣ барои зарурияти бахши кишоварзӣ ва рӯзгори аҳолии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мувофиқи пешгӯйиҳои мутахассисон, дар натиҷаи татбиқ намудани Лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» бо иқтидори 240 МВт» иқтидори неругоҳ ба 252 МВт мерасад, ки иқтидори иловагӣ аз ҳисоби таҷҳизоти муосир хоҳад буд. Сатҳи хизматрасонӣ оид ба таъмини қувваи барқ ба таври назаррас баланд хоҳад гардид.

Ҳаҷми умумии арзиши Лоиҳа 170,0 млн.доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, аз ҷумла гранти Бонки Осиёии Рушд дар ҳаҷми 136,0 млн.доллари амрикоӣ ва саҳми ШСХК «Барқи Тоҷик» 34,0 млн. доллари амрикоӣ.

Инчунин Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ШСХК «Барқи Тоҷик» Созишномаи зерқарзиро бо мақсади баланд бардоштани самаранокии истифодаи маблағҳои грантӣ ва сифатнок анҷом додани корҳо дар доираи Лоиҳаи мазкур ба имзо мерасонад, ки ин ҳисси масъулияти мутахассисони соҳаро низ зиёд менамояд.

Бо дарназардошти Лоиҳаи мазкур дар соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ 8 лоиҳаи амалкунанда ба маблағи умумии 497,8 млн.доллари ИМА, аз ҷумла қарз -96,7 млн. доллари ИМА, грант – 347,5 млн. доллар, саҳми ҳукуматӣ – 53,5 млн.  доллар татбиқ карда мешавад.

Дар охир миннатдории худро ба шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкории доимиатон изҳор намуда, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ кунед.

РАИС: - Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Сироҷов Шарофиддин дода мешавад.

Шарофиддин СИРОҶОВШарофиддин СИРОҶОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи грантии (Амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба Лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Сарбанд бо иқтидори 240 МВт» 23 декабри соли 2013 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааcт.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 2014 № 2310 Созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Мақсади асосии Созишнома ин баланд бардоштани самаранокии истифодаи Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» мебошад. Дар доираи Созишнома намудҳои фаъолияти зерин амалӣ гардонида мешаванд:

а) барқароркунии таҷҳизот оид ба коркарди энергияи барқ дар Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» барои баланд бардоштани иқтидори муқарраршуда аз 240 МВт то 252 МВт ва иваз намудани таҷҳизоти барқӣ ва системаи назорат барои ОРУ 220/110/10 кВ;

б) дастгирӣ ва татбиқи Лоиҳа, аз ҷумла назорати техникӣ, харидкунии мониторинги Лоиҳа ва арзёбӣ.

Маблағи умумии Cозишномаи грантӣ 136,0 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Ба анҷом расонидани Лоиҳа санаи 31 июли соли 2020 пешбинӣ шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Рӯзи 13 марти соли 2014 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ШСХК «Барқи Тоҷик» Созишнома мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қабули онро мувофиқи мақсад шумориданд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Созишномаи грантии (Амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба Лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Сарбанд бо иқтидори 240 МВт»-ро, бо дарназардошти хулосаҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои баррасӣ ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамояд, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

РАИС: — Оид бо ин масъала савол ё пешниҳод доред?

ШабдоловШодӣ ШАБДОЛОВ: — Агрегат ва дигар таҷҳизоти техникии неругоҳҳои барқи обӣ, зеристгоҳҳои барқӣ солҳои зиёд фаъолият дошта, фарсудаву корношоям гардидаанд. Аз ин рӯ, Созишномаи мазкур қобили дастгирист.

Танҳо як нуктаро таъкид карданӣ ҳастам, ки ин маблағҳо мақсаднок ва самарабахш бояд истифода шаванд. Ин маблағҳо ҳатман бояд ба таҷдиди неругоҳҳои барқи обӣ сарф гарданд.

Инчунин дар ҳамин қатор дигар объектҳои системаи энергетикӣ низ мавҷуданд, ки ба кор андохтану истифодаи онҳо ба мақсад мувофиқ мебошад.

Дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: — Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба Лоиҳаи «Беҳтар намудани системаҳои обтаъминкунии шаҳрҳои марказии Тоҷикистон» сухан ба муовини аввали вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович дода мешавад.

Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Ба муҳокимаи шумо Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба Лоиҳаи «Беҳтар намудани системаҳои обтаъминкунии шаҳрҳои марказии Тоҷикистон» пешниҳод гардидааст.

Маблағи умумии Лоиҳа 18 млн.доллари амрикоиро ташкил медиҳад, аз ҷумла 6,0 млн.евро ва 2,6 млн.доллари амрикоӣ ҳамчун грант (ҷамъ 11,0 млн.доллари амрикоиро ташкил медиҳад) ва 7 млн.доллари амрикоӣ ҳамчун қарз барои корҳои сохтмонӣ ва харидории молҳои зарурӣ ҷиҳати барқарорсозии системаҳои обтаъминкунии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор ва шаҳраки  Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ муайян карда шудааст.

Мақсади асосии Лоиҳа ин сохтмон, таъмир ва барқарорсозии иншооти обтаъминкунии шаҳрҳои марказии ҷумҳурӣ, баҳри беҳгардонии фаъолияти Корхонаҳои фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсия, ки ин ба баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, беҳтаргардонии сифат ва безараргардонии оби нӯшокӣ ва сари вақт бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳрҳои маркази ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

Бо ин мақсад, айни замон дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ дар соҳаи обтаъминкунӣ нуҳ лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ ба маблағи умумии 620,1 млн.сомонӣ, аз ҷумла 422,5 млн. сомонӣ ҳамчун грант, 176,0 млн.сомонӣ ҳамчун қарз ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 21,6 млн.сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Инчунин зикр намудан зарур аст, ки  бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии ҷумҳурӣ ҳамчун ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Стратегияи баландбардории некуаҳволии мардуми Тоҷикистон қайд гардидааст.

Дар ин раванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта ва таъмини пурраи аҳолии кишвар бо оби тозаи нӯшокӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода истодааст.

Аз ин лиҳоз, муҳтарам  вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Расулов Ашӯрбег Раҳматуллоевич дода мешавад.

Ашӯрбег РАСУЛОВАшӯрбег РАСУЛОВ: Муҳтарам Раис, Раёсат вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба Лоиҳаи «Беҳтар намудани системаҳои обтаъминкунии шаҳрҳои марказии Тоҷикистон» 11 апрели соли 2013 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааcт.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 2014 № 2311 Созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Мақсади асосии Созишнома ин сохтмон, таъмир ва барқарорсозии иншооти обтаъминкунӣ баҳри беҳтар гардонидани фаъолияти Корхонаи фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсия мебошад, ки ин ба баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, безараргардонии оби нӯшокӣ ва сари вақт бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор ва шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ мусоидат мекунад.

Маблағи умумии Созишномаи грантӣ 11,0 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ба анҷом расонидани Лоиҳа охири соли 2015 пешбинӣ шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намудаанд.

Рӯзи 13 марти соли 2014 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин Созишнома мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ки қабули онро мувофиқи мақсад шумориданд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба Лоиҳаи «Беҳтар намудани системаҳои обтаъминкунии шаҳрҳои марказии Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ намуда, аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш дорад, ки ба тарафдории он овоз диҳед.

Дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Эсанқулов Эшбӯрӣ Турахонович дода мешавад.

Эшбўрӣ ЭсанқуловЭшбӯрӣ ЭСАНҚУЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Т.Қарабоев таҳия гардидааст, пешниҳод карда мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади саҳеҳу оммафаҳм гардонидани меъёрҳои қонуни амалкунанда, бо дарназардошти талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи силоҳ», «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст. Тибқи тағйироти воридшуда дар моддаҳои 17 ва 18 калимаи «яроқ» ба калимаи «силоҳ», калимаи «атом» ба калимаи «атомӣ» иваз карда шудааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» -ро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ қарор гирифт ва пурра ҷонибдорӣ карда шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва татбиқи он аз Буҷети давлатӣ маблағҳои иловагиро талаб намекунад.

Вакилони гиромиқадр, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» — ро ҷонибдорӣ кунед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуда, ҳозиринро бо фарорасии Иди байналмилалии Наврӯз табрик кард.

Неъматулло СОЛЕҲОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».   

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ