Шукурҷон Зуҳуров ба Кобул сафар кард

№113 (3259) 30.09.2014

Бисту нуҳуми сентябри соли ҷорӣ ҳайати намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷиҳати ширкат дар маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Муҳаммад Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ба пойтахти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон – шаҳри Кобул  сафар намуд.

Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба мо иттилоъ дод, ба ҳайат Асозода Хайрулло – вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зоҳидӣ Низомиддин-муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ шомиланд.

Дар майдони ҳавоии байналмилалии шаҳри Кобул ҳайати намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Отифмал Атикулло, волии вилояти Кобул Ҷаббори Тақво ва раиси шаҳри Кобул  Муҳаммадюнуси Навандиш  истиқбол намуданд.

Тибқи барнома, дар доираи ин сафар ҳайати Тоҷикистон дар маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Муҳаммад  Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай  иштирок намуда, бо ӯ ва Раиси иҷроияи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулло Абдулло  ва собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай мулоқот анҷом медиҳад.