Шарҳи қонун

Соҳаи фоидаовар аст, агар ба он ғамхории бештар зоҳир гардад

№156 (3141) 14.12.2013

DSC_2212Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» мавриди амал қарор дорад.

Дар бораи талабот ва татбиқи қонуни мазкур хабарнигорамон бо муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Ҳисориев Маҳмадамин Исматович суҳбат доир намуд.

-Қабул шудани қонуни мазкур рушди минбаъдаи ин соҳа, асосҳои ҳуқуқии фаъолият дар ин самтро чӣ гуна таъмин менамояд?

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» дар таҳрири нав қабул шудааст. Дар асоси ин қонун  масъулини соҳа  вазифадор мешаванд, ки рушди фаъолияти соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва захираҳои моҳиро  таъмин карда, барои амнияти озуқавории кишвар мусоидат  намоянд. Қабули қонуни мазкур ба нигоҳ доштан, зиёд кардани  саршумору маҳсулнокии моҳӣ, такмили сифати генетикии он, афзоиши истеҳсоли моҳии молӣ равона шудааст. Ин тадбир имкон медиҳад, ки талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти ғизоӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ кӯмак расонад.

Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ барои солҳои 2009- 2015, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2008 таҳти №306 қабул шудааст, барои рушди ин соҳа заминаи ҳуқуқиро  таъмин менамояд. Мутобиқи Барномаи мазкур дар ин муддат истеҳсоли моҳӣ бояд ба ҳазор тонна расонида шавад.

-Оё дар ин қонун намудҳои фаъолият, ҳифзи захираҳои моҳӣ, афзоиши навъ ва зоти он нишон дода шудааст?

-Боби чоруми қонуни мазкур «Намудҳои фаъолият дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои  моҳӣ» ном дорад.  Дар қисми1-уми моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» омадааст, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ин соҳа метавонанд ба намудҳои бозтавлиди сунъии моҳӣ, моҳипарварии молӣ ва моҳипарварии истироҳатӣ фаъолият дошта бошанд.

Азбаски Тоҷикистон ба уқёнусу баҳрҳо роҳи  баромад надорад, ба роҳ мондани аквакултура ба мақсад мувофиқ мебошад. Аквакултура, яъне парвариши организмҳои обӣ бо мақсади зиёд кардани маҳсулнокӣ, ба монанди бо роҳи сунъӣ наслгирӣ, моҳисардиҳӣ, хӯрокдиҳӣ буда, дар бисёр давлатҳо аз ин усул васеъ истифода мебаранд.

Моҳидорӣ ва аквакултура барои истеҳсоли  маҳсулоти  сафедадор ва бехатарии озуқаворӣ нақши муҳим дорад. Дар ҷумҳурии мо маъмуълан барои парвариши моҳӣ ва зиёд намудани саршумори он аз кӯл, ҳавз ва обанборҳои сунъӣ истифода мебаранд. Ба роҳ мондани ин тарзи парвариши моҳӣ дар деҳот ба пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ ва қабл аз ҳама ҳифз ва зиёд гардонидани навъ ва зоти моҳӣ мусоидат менамояд.

-Дар бисёр маврид ҳолати худсарона ва бенизом шикор намудани  навъҳои ҳайвонот, тахриби захираҳои табиӣ ба назар мерасад. Барои пешгирӣ ва  аз нобудшавии моҳӣ, навъҳои нодири онро нигоҳ доштан мувофиқи қонун чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?

-Маҳдудият ба моҳигириро  моддаи 24 қонуни мазкур муайян намудааст. Бо мақсади таъмини нигоҳдории захираҳои моҳӣ ва  истифодаи оқилонаи онҳо чунин маҳдудиятҳо, аз ҷумла манъи моҳигирӣ дар ҳудудҳои муайян, андоза ё вазни ҳадди ақали сайди захираҳои моҳӣ, намуд ва миқдори воситаҳои иҷозатшуда, ҳаҷм ва таркиби захираҳои моҳӣ, давраҳои моҳигирӣ дар объектҳои обӣ муқаррар шудааст.

Маҳдудияти моҳигирӣ аз ҷониби мақомоти  ваколатдори давлатӣ бо назардошти тавсияҳои муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ муқаррар мешаванд.

Чунин маҳдудият нисбати сайди намудҳои нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарор доштани захираҳои моҳӣ, ки ба Китоби сурх дохил шудаанд (моддаи 25 қонуни мазкур), низ муайян гардидааст. Дар хусуси сайди ғайриқонунии чунин навъҳои нодири моҳӣ санад тартиб дода мешавад.

Квотаҳои сайди моҳӣ дар асоси дархости истифодабарандагон ва натиҷаи корҳои илмию тадқиқотӣ оид ба намудҳои моҳӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми  ваколатдори давлатӣ ва Шӯрои илмию истеҳсолии моҳипарварӣ тасдиқ мешаванд. Ин квотаҳо тавассути  бастани шартномаҳо бо истифодабарандагон ба муҳлати як сол тасдиқ мегарданд.

-Барои истеҳсол ва рушди ин соҳа ҳолат ва сифати нигоҳдории объектҳои обӣ бояд ба меъёру талабот мутобиқ бошанд…

-Ин талаботи хеле муҳим барои пешравии соҳа мебошад, ки он дар моддаҳои 30-32 қонуни мазкур ҳамаҷониба инъикос ёфтаанд. Нигоҳ доштани объектҳои обӣ ва моҳигирӣ дар ҳолати ҷавобгӯйи талаботи дахлдори экологӣ, инчунин талаботи ҳифзи захираҳои моҳӣ ва бозтавлиди онҳо тавассути муқаррар ва риояи меъёрҳои сифати объектҳои обӣ таъмин мегардад. Ҳамзамон бо мақсади ҳифзи шароити  бозтавлиди захираҳои моҳӣ  ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда муқаррар мешаванд, ки дар ин ҳудудҳо фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият маҳдуд мегардад. Қитъаҳое, ки барои ҳифзи захираҳои моҳии намудҳои пурарзиш муҳим мебошанд, метавонанд ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи дорои низоми дахлдор эълон шаванд.

Риояи ин талаботи қонун муҳим буда, омили пешравии соҳа шуда метавонад, зеро аз бепарвоӣ, бемасъулиятӣ ва аз ҳама асосӣ набудани низоми ягона дар баъзе маҳалҳо ҳолатҳои кам ё нобуд карда шудани моҳиҳои шикорӣ, навъҳои  нодири он ба мушоҳида мерасанд. Аз таъсири  партовгоҳҳои шӯру зарарнок ҷойҳои  тухммонии моҳиҳо нобуд гардидаанд. Чунончӣ, аз сабаби дар соҳили чапу рост  сохта шудани  бандҳои сунъӣ болооби Қайроққум ба чарогоҳи заводи  асппарварӣ табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, риоя ва иҷрои қонун нисбат ба  ҳифзи захираҳои моҳӣ, муҳити зисти он бояд дар мадди аввал бошад.

Дар моддаи 32-юми қонуни мазкур муқаррар шудааст, ки ҳангоми ташкили объектҳои хоҷагидор ҷорӣ намудани равандҳои нави технологӣ ва дигар тадбирҳо оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ ва муҳити зисти онҳо бояд пешбинӣ шаванд. Фаъолияти мазкур танҳо дар асоси хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ амалӣ карда мешавад. Бинобар ин, ҳангоми бақайдгирии саршумори моҳии зотӣ ҳолатҳои аз нобудшавӣ  ҳифз намудан ва нигоҳ доштани онҳо зарур аст.

Бояд таъкид кард, ки соҳаи моҳипарварӣ хусусиятҳои хоси худро дорад. Дар ин соҳа технология, таҷҳизот, механизмҳои махсус истифода мешаванд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки баъзан моҳипарвариро соҳаи дуюмдараҷа ҳисобида, ба рушди он монеъ мешаванд. Аксар кӯлҳои хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар шӯрзамин, ботлоқ ва санглох бунёд гардида, зироати дар он  киштшуда ҳосили  дилхоҳ намедиҳад. Ин ҳолат боис гардидааст, ки хоҷагиҳо аз истифодаи чунин заминҳо хӯрокаи заруриро ба даст оварда  наметавонанд, ки сабаби коҳиш ёфтани саршумори моҳӣ мегардад.

Ҳамзамон баъзан  шахсони дур аз ин соҳа ва тасодуфӣ ба хоҷагиҳои моҳипарварӣ роҳбарӣ менамоянд.  Моҳипарварӣ заҳмат ва масъулияти зиёдро талаб  менамояд. Баробари ташкил додани базаи мустаҳками моддӣ- техникӣ  мутахассисонеро ба кор ҷалб бояд кард, ки  ҳисси масъулиятшиносӣ ва маҳорати кордонию  ташкилотчигӣ дошта бошанд. Ба ин васила моҳипарвариро ба соҳаи сердаромад табдил додан мумкин аст. Бо ҳал намудани  мушкилоти ҷойдошта кормандони соҳа  метавонанд дар таъмини барномаи амнияти озуқавории мамлакат саҳми бештару арзанда гузоранд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»