Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Созишномаҳо ба беҳтар шудани низоми интиқоли барқ шароит фароҳам меоранд

№28-29 (3329-3330) 27.02.2015

25 феврали соли 2015 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

 1. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов Н. Р.»

2. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон баровардани Маҳмудов Н. Р.»

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4.  Дар бораи Созишномаи грантӣ (Амалиёти махсус) оид ба лоиҳаи «Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд

5. Дар бораи Созишномаи лоиҳавӣ оид ба лоиҳаи «Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ» байни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Бонки Осиёии Рушд

6. Дар бораи Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя

7. Дар бораи Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад

8. Дар бораи Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Норак

9. Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Норак ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Норак

10. Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Норак ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Норак

11. Дар бораи Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Норак ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Норак

12. Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» оид ба коркарди маҷмӯии захираҳои кони «Зарнисори Шимолӣ»

13. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ»

14. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»

15. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)»

16. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

17. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

18. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»

19. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол»

20. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ».

РАИС:- Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Масъалаи якуми рӯзнома — Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов Н.Р.» мебошад.

Насрулло Маҳмудов прокурори вилояти Хатлон таъин гардид. Бинобар ин ваколати  вакилии ӯ пеш аз муҳлат қатъ гардонида мешавад.

Дар ин бора Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Дар робита ба масъалаи дигари рӯзнома — Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон баровардани Маҳмудов Н.Р.» низ Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС:- Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Самадов Турахон дода мешавад.

Турахон САМАДОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хисрав Абдуназар, С. Абдураҳмонзода ва И. Абдуллозода таҳия ва пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонун бо мақсади мутобиқгардонии Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва бо ин васила бартараф сохтани мухолифату нуқсонҳои ҷойдошта таҳия гардидааст.

Истифодаи мафҳум ва истилоҳу ибораҳои якхелаи ҳуқуқӣ бо дарназардошти техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва мантиқи ҳуқуқӣ низ сабабҳои таҳияи лоиҳаи мазкур мебошанд. Бо ҳамин асосҳо, лоиҳаи қонун дар қисми 2 моддаи 6 калимаи «қонунгузориро» ба калимаҳои «меъёрии ҳуқуқиро», дар қисми 3 моддаи 11, қисми 5 моддаи 20, моддаи 57 бошад, калимаи «фикраш» ба калимаи «ақидааш» иваз намуданро пешбинӣ менамояд. Тибқи лоиҳаи қонун қисми 2-юми моддаи 8- уми қонун аз нав  ифода шуда, таҳрири нави он  талаботро, ки нисбати шахсияти судяи Суди конститутсионӣ зарур мебошанд,  пурратар нишон дода, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон будани ӯ ҳатмӣ кунонида шудааст. Дар асоси лоиҳаи қонун камбудии дар қисми 5 моддаи 11 -уми қонун ҷойдошта оид ба санади қонунгузорӣ, ки ҳолатҳои аз ваколат маҳрум кардан, маҳдуд намудани ваколат ва аз вазифа бозхонд кардани судяи Суди конститутсионӣ аз он сарчашма мегирад, бартараф кунонида мешавад.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонун барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкурро омӯхта, ҷиҳати мукаммал намудани он 29 таклифу пешниҳод ирсол намуданд.

Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул ҳамаи 29 таклифу пешниҳод пурра ё қисман қобили  қабул шуморида шуда, дар мувофиқа бо намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.

Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон лоиҳаи қонуни мазкурро барои ҷонибдорӣ пешниҳод менамояд ва аз вакилони муҳтарам хоҳишмандем, ки онро дастгирӣ намоянд.

Лоиҳаи қонуни конститутсионӣ ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС:- Дар бораи Созишномаи грантӣ (Амалиёти махсус) оид ба лоиҳаи «Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович дода мешавад.

Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ: -Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Ба муҳокимаи шумо Созишномаи грантӣ (Амалиёти махсус) оид ба лоиҳаи «Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд пешниҳод гардидааст.

Дар шароити кунунӣ яке аз масъалаи муҳиме, ки пурра ҳалли худро наёфтааст, ин пурра таъмин намудани аҳолии кишвар бо қувваи барқ ба ҳисоб меравад. Талабот ба қувваи барқ аз сабаби набудани газ ва дигар манбаъҳои гармидиҳанда бемайлон меафзояд ва қудрати шабакаҳои тақсимотии барқ, ки 30- 40 сол пештар тарҳёбӣ гардидаанд, барои интиқоли ҳаҷми воқеии имрӯзаи истифодаи барқ намерасад.

Инчунин ҳисобкунакҳои барқӣ аз ҷиҳати техникӣ ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй набуда, фарсуда шудаанд. Набудани системаи ҳисоботи автоматикӣ, дахолати инсон ба кори системаҳои ҳисобот ва напардохтани ҳаққи барқи истифодашуда ба зиёд гардидани талафоти техникӣ ва тиҷоратии барқ оварда расонидааст, ки дар соли 2013 он 22 фоизи ҳаҷми умумии барқи истеҳсолгардидаро ташкил намудааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаҳои зикргардида тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода бурда, татбиқи ислоҳоти заруриро дар ин самт амалӣ намуда истодааст.

Аз ҷумла айни замон ҷиҳати кам намудани талафоти неруи барқ бо Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд лоиҳаҳои «Кам намудани талафоти неруи барқ» ва «Кам намудани талафоти неру дар вилояти Суғд» татбиқ гардида истодаанд.

Айни ҳол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи чунин лоиҳаро дар шаҳри Панҷакент, ки дорои 261 ҳазор аҳолӣ ва якчанд корхонаҳои саноатӣ мебошад, ба мақсад мувофиқ мешуморад. Дар шаҳри Панҷакент талабот ба қувваи барқ дар фасли тобистон тақрибан ба 100 мегават ва дар фасли зимистон ба 141 мегават расидааст ва он сол то сол зиёд мегардад. Қувваи барқ дар шаҳри Панҷакент аз зеристгоҳи Айнӣ (220 кВ) тавассути хатти интиқоли якзанҷираи барқии 110 киловата ба воситаи зеристгоҳи Рӯдакӣ таъмин карда мешавад. Хатти интиқоли барқии мазкур соли 1956 бо иқтидори ниҳоии дар як шабонарӯз 67 мегаволт-ампер ба истифода дода шудааст, ки он барои пурра таъмин намудани шаҳр бо қувваи барқ ҳатто дар фасли тобистон кофӣ нест.

Бо мақсади бартараф намудани мушкилоти мавҷуда 27 январи соли ҷорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд Созишномаи грантӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаи «Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ» ба имзо расонида шуд.

Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 67,0 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, он аз ҳисоби гранти Бонки Осиёии Рушд дар ҳаҷми 54,0 млн. доллари амрикоӣ ва аз ҳисоби саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 13,0 млн. доллари ИМА (аз ҳисоби андозҳо 8,2 млн. доллари ИМА ва 4,8 млн. доллари ИМА уҳдадориҳои ШСХК «Барқи Тоҷик») маблағгузорӣ карда мешавад.

Ҳадафи лоиҳа таъмини қувваи барқ ба аҳолӣ ва корхонаҳои саноатии Тоҷикистон тавассути кам намудани талафоти неру тариқи баҳисобгирии босифати интиқоли барқ ва инчунин густариш додани иқтидори интиқолии қувваи барқ дар шаҳри Панҷакент мебошад.

Лоиҳаи зикргардида аз ду қисмат иборат буда, дар қисмати якуми он ворид ва васлу насби тақрибан 1100 ҳисобкунаки барқӣ, 1100 трансформатори шиддатӣ ва 700 трансформатори ҷараёнӣ дар тамоми зеристгоҳҳо дар назар дошта шудааст.

Дар қисмати дуюм бошад, сохтмони хатти интиқоли барқи якзанҷираи 220 кВ аз зеристгоҳи Айнӣ 220/110 кВ то зеристгоҳи Рӯдакӣ 220/110 кВ (Панҷакент) ба масофаи тақрибан 95 километр ба нақша гирифта шудааст.

Дар натиҷаи татбиқи лоиҳа талафоти неру то соли 2025-ум 1,5 фоиз кам гардида, норасоии иқтидори интиқоли қувваи барқ дар шаҳри Панҷакент аз байн бурда мешавад, яъне иқтидори интиқоли барқ аз 67 мВа ба 320 мВа оварда расонида мешавад.

Бояд зикр намуд, ки татбиқи чунин лоиҳаҳо имконият фароҳам меоваранд, ки назорат ва мониторинги истифодаи неруи барқ дар иншооти барқии баландшиддат дуруст ба роҳ монда шуда, сарчашмаи  талафоти воқеӣ, дар маҷмӯъ, дарёфт ва муносибатҳои хоҷагидорӣ ба танзим дароварда шаванд.

Бинобар ин, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи грантии пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Кенҷаева Мунаввара Ҳодиевна дода мешавад.

Мунаввара КЕНҶАЕВА:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи грантӣ (Амалиёти махсус) оид ба лоиҳаи «Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд, ки 27 январи соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааcт.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2015 таҳти № 2835 Созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Мақсади Созишнома аз кам намудани талафот ва ба танзим даровардани ҳисобкунии неруи барқ дар хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ва зеристгоҳҳои 500, 220 ва 110 кВ иборат мебошад. Татбиқи лоиҳа имконият фароҳам меоварад, ки назорат ва мониторинги истифодаи неруи барқ дар иншооти барқии баландшиддат дуруст ба роҳ монда шуда, сарчашмаи талафоти воқеии барқ  дарёфт ва муносибатҳои хоҷагидорӣ ба танзим дароварда шаванд.

Ба анҷом расонидани лоиҳа то 31 октябри соли 2019 пешбинӣ шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Рӯзи 12 феврали соли 2015 дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» Созишнома мавриди баррасӣ қарор дода, тасдиқи он мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Созишномаи грантӣ (Амалиёти махсус) оид ба лоиҳаи «Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушдро бо дарназардошти хулосаҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод  карда, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш  менамояд, ки Cозишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

Дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС:- Дар бораи Созишномаи лоиҳавӣ оид ба лоиҳаи «Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ» байни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Бонки Осиёии Рушд сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович дода мешавад.

Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ: -Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Ба муҳокимаи шумо Созишномаи лоиҳавӣ оид ба лоиҳаи «Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ» байни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Бонки Осиёии Рушд пешниҳод гардидааст.

Ҳадафи лоиҳа таъмини қувваи барқ ба аҳолӣ ва корхонаҳои саноатии Тоҷикистон тавассути кам намудани талафоти неруи барқ тариқи баҳисобгирии босифати интиқоли барқ ва инчунин густариш додани иқтидори интиқолии қувваи барқ дар шаҳри Панҷакент, ки айни ҳол аз ҳисоби қувваи барқ танқисӣ мекашад, мебошад.

Дар доираи лоиҳаи мазкур корҳои зерин ба анҷом расонида мешавад:

-насби ҳисобкунакҳо, трансформаторҳо ва дигар таҷҳизоти алоқаманд;

-сохтмони 95 км хатти интиқоли барқ аз зеристгоҳи Рӯдакӣ то ба зеристгоҳи Айнӣ бо иқтидори 320 мВа;

-таҷдиди зеристгоҳи Айнӣ ва Рӯдакӣ;

-корҳои машваратӣ дар татбиқи лоиҳа;

-корҳо ҷиҳати ҳифзи муҳити зист.

Татбиқи лоиҳаи мазкур тавассути ШСХК «Барқи Тоҷик» ба роҳ монда шуда, оғози он соли 2015 ва ба анҷомрасии он соли 2019 дар назар дошта шудааст. Зикр намудан зарур аст, ки ҷиҳати муайян намудани уҳдадориҳои ШСХК «Барқи Тоҷик» дар татбиқи лоиҳаи мазкур Созишномаи лоиҳавӣ байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки Осиёии Рушд ба имзо расонида шудааст.

Тибқи Созишномаи мазкур чунин уҳдадориҳо ба зиммаи ШСХК «Барқи Тоҷик» гузошта шудааст:

-лоиҳаро сари вақт ва ба таври самарабахш тибқи амалияи техникӣ, молиявӣ ва тиҷоратӣ татбиқ намояд;

-тамоми уҳдадориҳоеро, ки дар Созишномаи грантӣ нисбат ба ШСХК «Барқи Тоҷик» дарҷ ёфтаанд, иҷро намояд;

-бетаъхир, аз рӯи зарурат ва тибқи шартҳое, ки ба Бонки Осиёии Рушд қобили қабул мебошанд, барои татбиқи лоиҳа ба таври иловагӣ воситаҳо, иншоот, хизматрасонӣ, қитъаи замин ва дигар захираҳоро таъмин намояд;

-лоиҳаро тибқи нақшаҳо, меъёрҳои лоиҳакашӣ, хусусият ва ҷадвали корҳо, усулҳои сохтмон, ки ба Бонки Осиёии Рушд қобили қабул мебошанд, иҷро намояд;

-тамоми қайдҳо, ҳисобот ва тақсимоти дурусти моддаҳоро, ки аз ҳисоби грант маблағгузорӣ мешаванд (аз ҷумла арзиши онҳо), таъмин ва ҳамаи онро тибқи принсипҳои молиявӣ ва муҳосибавӣ дарҷ намояд ва ғайра.

Лоиҳаи «Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ» барои кам намудани талафот ва ба танзим даровардани ҳисобкунии неруи барқ дар хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ва зеристгоҳҳои 500, 220 ва 110 кВ мусоидат хоҳад намуд.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, муҳтарам вакилон, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи лоиҳавии пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Кенҷаева Мунаввара Ҳодиевна дода мешавад.

 Мунаввара КЕНҶАЕВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи лоиҳавӣ оид ба лоиҳаи «Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ» байни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Бонки Осиёии Рушд 27 январи соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааcт.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2015 таҳти № 2836 Созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Рӯзи 12 феврали соли 2015 дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» Созишнома мавриди баррасӣ қарор дода, тасдиқи он мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Созишномаи лоиҳавии мазкурро барои баррасӣ ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Дар хусуси тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: — Дар бораи Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ оид ба канорагирӣ  аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович дода мешавад.

Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Бо мақсади ба танзим даровардани сиёсати андозбандӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ҷиҳати мустаҳкам ва устувор гардонидани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, масъалаи ба имзо расонидани Созишнома «Оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ  аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя» зарурат ба миён омадааст.

Бинобар ин, имрӯз ба баррасии шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон –Дар бораи Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя пешниҳод мешавад.

Ҳадафи асосии лоиҳаи қарори мазкур ин муҳайё намудани шароит барои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии давлатҳои аҳдкунанда ҷиҳати андозбандӣ намудани даромад ва моликият танҳо дар яке аз давлатҳои аҳдкунанда ва бартараф намудани андозситонии дукарата мебошад. Амалӣ гардонидани масъалаи мазкур имконият медиҳад, ки ҷалб намудани сармоягузориҳои мутақобила дар байни давлатҳои аҳдкунанда афзоиш ёбад.

Ғайр аз ин, дар доираи Созишномаи мазкур масъалаи андозбандии даромад, амвол, музди меҳнат ва сармояи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, бартараф намудани баҳсҳо, инчунин табодули иттилоотӣ байни мақомоти салоҳиятдор ба танзим дароварда мешавад. Ин густариши ҳамкориро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт боз ҳам мустаҳкам намуда, ба инкишофи муносибатҳои иқтисодӣ, зиёдшавии сармояи хориҷӣ мусоидат мекунад.

Муқаррароти Созишномаи мазкур дар доираи талаботи қонунгузории байналмилалӣ дар соҳаи андоз омода карда шудааст ва ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ аст. Дар давлатҳое, ки Созишнома оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ҷой дорад, афзоиши гардиши савдои хориҷӣ аз ҳисоби зиёд гардидани сармоягузории хориҷӣ мушоҳида мегардад.

Ҳамзамон хотирнишон менамоем, ки робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар соҳаи иқтисодиёт сол то сол мустаҳкам гардида истодааст. Дар соли 2014 гардиши умумии савдои хориҷӣ бо ин кишвар 11,6 миллион доллари ИМА, аз ҷумла содирот 609,1 ҳазор доллари ИМА ва воридот 11,0 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод.

Бояд зикр кард, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин Созишнома (Конвенсия) бо 30 давлати дунё баста шудааст, ки онҳо аз тарафи шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, дастгирӣ ёфта, тасдиқ гардидаанд.

Мувофиқи тартиботи дохилидавлатӣ Созишномаи мазкур аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуда, баъдан дар рафти сафари кории вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар моҳи июли соли 2014 дар шаҳри Лондон ба имзо расонида шудааст.

Аз ин лиҳоз, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қарори мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Гулов Сафаралӣ дода мешавад.

Сафаралӣ ГУЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя, ки 1 июли соли 2014 дар шаҳри Лондон ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 феврали соли 2015 таҳти № 2842 Созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур имконият медиҳад, ки андозбандии даромад, амвол, музди меҳнат ва сармояи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, резидентҳо дар ҳар ду давлат ба танзим дароварда шавад, ки ин ба инкишофи муносибатҳои иқтисодӣ, зиёдшавии сармояи хориҷӣ, таъсисёбии корхонаҳои нав оид ба коркарди ашёи хом мусоидат хоҳад намуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

19 феврали соли 2015 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома мавриди баррасӣ қарор гирифт ва тасдиқи он мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармояро бо дарназардошти хулосаҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: — Дар бораи Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович дода мешавад.

Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба баррасии шумо Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея  оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад пешниҳод гардидааст.

Ҳадафи асосии ин Конвенсия муҳайё намудани шароит барои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии давлатҳои аҳдкунанда ҷиҳати андозбандӣ намудани даромад ва моликият танҳо дар яке аз давлатҳои аҳдкунанда ва бартараф намудани андозситонии дукарата мебошад. Амалӣ гардонидани масъалаи мазкур имконият медиҳад, ки ҷалб намудани сармоягузориҳои мутақобила дар байни давлатҳои аҳдкунанда афзоиш ёбад.

Ғайр аз ин, дар доираи Конвенсияи мазкур масъалаи андозбандии даромад, амвол, музди меҳнат ва сармояи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, бартараф намудани баҳсҳо, инчунин табодули иттилоотӣ байни мақомоти салоҳиятдор ба танзим дароварда мешавад. Ин густариши ҳамкориро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт боз ҳам мустаҳкам намуда, ба инкишофи муносибатҳои иқтисодӣ, зиёдшавии сармояи хориҷӣ мусоидат хоҳад намуд.

Тибқи тартиботи дохилидавлатӣ Конвенсияи мазкур аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста, 31 июли соли 2013 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шудааст.

Муқаррароти Конвенсияи мазкур дар доираи талаботи модели  Конвенсияи байналмилалӣ нисбат  ба андозҳо аз даромад ва сармоя OECD (Ташкилоти иқтисодӣ, ҳамкорӣ ва рушд) омода карда шудааст ва ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои  байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ мебошад.

Ҳамзамон хотирнишон менамоем, ки робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Корея дар соҳаи иқтисодиёт сол то сол мустаҳкам гардида истодааст. Дар соли 2014 гардиши умумии савдои хориҷӣ бо ин кишвар 53,1 миллион доллари ИМА, аз ҷумла содирот 140,1 ҳазор доллари ИМА ва воридот  53,0 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод.

Ҷумҳурии Корея яке аз давлатҳое мебошад, ки соҳибихтиёрии Тоҷикистонро эътироф намудааст. Муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои муфид байни давлатҳо ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар шакли бисёрҷониба ба роҳ монда шудаанд, ки барои инкишоф ёфтани ҳамкориҳои судманд мусоидат менамоянд.

Аз ин лиҳоз, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қарори мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси  Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Гулов Сафаралӣ дода мешавад.

Сафаралӣ ГУЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад, ки 31 июли соли 2013 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 феврали соли 2015 таҳти № 2843 Конвенсияи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Мақсади Конвенсия ин аз бартараф намудани андозбандии дукарата аз даромад ҷиҳати афзун гардонидани гардиши савдои байнидавлатӣ, рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея иборат мебошад.

Эътибор пайдо кардани Конвенсияи мазкур имконият медиҳад, ки андозбандии даромад, амвол, музди меҳнат ва сармояи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, резидентҳо дар ҳар ду давлат ба танзим дароварда шавад, ки ин ба инкишофи муносибатҳои иқтисодӣ, зиёдшавии сармояи хориҷӣ, таъсисёбии корхонаҳои нав оид ба коркарди ашёи хом мусоидат хоҳад намуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Конвенсияи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

19 феврали соли 2015 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсия мавриди баррасӣ қарор дода, қабули он мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Конвенсияи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромадро бо дарназардошти хулосаҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

 Дар бораи тасдиқи Конвенсияи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: — Дар бораи Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Норак сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович  дода мешавад.

Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки диққати ҷиддиро талаб мекунад, ин зарурати беҳтар намудани вазъи экологию  санитарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тавассути дуруст ба роҳ мондани хизматрасониҳо дар самти безараргардонии партовҳои сахти маишӣ мебошад. Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли ин масъала корҳои назаррасро ба анҷом расонида, бо институтҳои байналмилалии молиявӣ як қатор лоиҳаҳоро татбиқ намуда истодааст.

Айни замон  чунин лоиҳаҳо дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд бомуваффақият амалӣ гардида истодаанд. Созишномаҳои лоиҳаҳои шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Турсунзода бошанд, аз ҷониби шумо, муҳтарам вакилон, тасдиқ карда шудаанд.

Имрӯз ба муҳокимаи шумо Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Норак пешниҳод гардидааст.

Мақсади лоиҳаи идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри  Норак аз ҷорӣ намудани технологияҳои муосири идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва усулҳои нави ҷамъоварӣ ва баровардани онҳо, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва беҳтар гардонидани вазъи санитарӣ ва экологии ҳудуди шаҳри Норак, инчунин сохтмони партовгоҳи  марказии нав бо истифода аз стандартҳои аврупоӣ, ки ба талаботи санитарӣ ва экологии ҷаҳонӣ ҷавобгӯй мебошанд, иборат аст.

Масоҳати шаҳри Норак 394,5 км2 буда, дар ҳудуди он 57,3 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Инчунин дар ҳудуди шаҳр 27 мактаб бо беш аз 12 ҳазору 542 хонанда, ду муассисаи калони тандурустӣ  ва дигар иншооти маданӣ–маишӣ ҷойгиранд.

Шумораи истифодабарандагоне, ки аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию  коммуналӣ» — и шаҳри Норак хизматрасонӣ карда мешаванд, 23 ҳазор аҳолӣ, 172 адад ташкилоту муассисаҳо (мағозаҳо, бозорҳо, таваққуфгоҳи автобусҳо, тарабхонаҳо, ошхонаҳо, нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ ва ғайра)-ро ташкил медиҳад.

Айни ҳол ҷамъоварӣ ва бурдани партовҳо бо усулҳои куҳнаи бесифат бо истифодаи мошинҳои боркаш ва тракторҳо, инчунин  бор кардан тариқи дастӣ амалӣ мегардад, ки шумораи зиёди коргаронро талаб менамояд. Дар шаҳр зиёда аз 27 нуқтаи ҷамъоварӣ ва бурдани партовҳо мавҷуд аст. Истифодаи усули куҳнаи ҷамъоварии партовҳо ғайрисамаранок буда, сифати хизматрасонӣ дар сатҳи паст қарор дорад, ки ин ба риоя накардани вазъи санитарӣ ва пайдо гардидани бемориҳои сироятӣ оварда мерасонад. Бояд зикр кард, ки як омили дигаре, ки дар бештари шаҳру ноҳияҳо вуҷуд дорад, ин корношоям гардидани мошинҳои куҳнаи мавҷудбудаи муассисаҳои коммуналӣ ва надоштани техникаи замонавӣ мебошад. Шаҳри Норак низ дар қатори ин шаҳрҳо барои баровардани партовҳо мошинҳои шахсиро кироя мекунад, ки нархи кирояи онҳо арзиши хизматрасониро баланд мегардонад. Ҳолати мазкур имконияти сари вақт ва пурра аз ҳудуди маҳаллаҳои аҳолинишин баровардани партовҳоро надорад.

Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалби сармоягузориро  ба соҳаи мазкур ба мақсад мувофиқ шуморида, соли 2014 ҷиҳати ҳалли масъалаҳои бамиёномада ба Бонки Аврупоии  Таҷдид ва Рушд муроҷиат намуд. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби бонк дастгирӣ ёфта, оид ба кафолати баргардонидани ин қарз аз ҷониби Вазорати молияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост намуд.

Бо ин мақсад 24 декабри соли 2014 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Созишномаи кафолатӣ ба имзо расонида шудааст ва тибқи он Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад, ки ҳангоми барнагардонидани қарз аз ҷониби КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Норак уҳдадории баргардонидани саривақтии маблағҳои қарзӣ аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ амалӣ карда мешавад.

Арзиши умумии лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Норак» 5,3 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, аз ҷумла 2,0 миллион доллари ИМА қарзи имтиёзноки Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, 2,0 миллион доллари ИМА гранти Фонди Бонки Аврупоии Таҷдид  ва Рушд мебошад. Ғайр аз ин, дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур ҷудо намудани 1,3 миллион доллари ИМА барои гузаронидани корҳои машваратӣ ва таҳияи Барномаи рушди корпоративӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳангоми татбиқ гардидани лоиҳаи мазкур баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, бехатарии санитарӣ ва экологии шаҳри Норак беҳтар карда мешавад. Бинобар ин, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи кафолатии пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.

РАИС: — Аз  рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Ҳисоризода Муҳаммадамин дода мешавад.

Муҳаммадамин ҲИСОРИЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромиқадр ва ҳозирин!

Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Норак 24 декабри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Созишнома бо Қарори  Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №2838 аз 16 феврали соли 2015 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи  Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Созишнома аз се модда иборат буда, мақсади он аз ҷорӣ намудани технологияҳои муосири идоракунии партовҳои сахти маишӣ, усулҳои нави ҷамъоварӣ ва баровардани онҳо, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва беҳтар гардонидани вазъи санитарӣ ва экологии ҳудуди шаҳри Норак, инчунин сохтмони партовгоҳи марказии нав бо истифода аз стандартҳои аврупоӣ, ки ба талаботи санитарӣ ва экологӣ ҷавобгӯй мебошанд, иборат аст. Инчунин тибқи Созишномаи кафолатӣ, қарзгиранда дар доираи маблағҳои лоиҳа аз пардохти андозҳо ва боҷҳо барои хариди молу хизматрасониҳо, аз ҷумла корҳои сохтмонӣ, озод карда мешавад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Норакро дар ҷаласаи васеи худ 18 феврали соли 2015 бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Норак мавриди баррасии ҳаматарафа қарор дод. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро пурра ҷонибдорӣ намуда, тасдиқи онро мувофиқи мақсад шумориданд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Дар хусуси тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС:–Дар бораи Созишномаи қарзӣ  байни Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Норак ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Норак сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович дода мешавад.

Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба муҳокимаи шумо Созишномаи қарзӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Норак ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Норак пешниҳод гардидааст.

Мақсади лоиҳа ҷорӣ намудани технологияҳои муосири идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва усулҳои нави ҷамъоварӣ ва баровардани онҳо, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва беҳтар гардонидани вазъи санитарӣ ва экологии ҳудуди шаҳри Норак буда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи ин лоиҳа ба КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Норак ҳуқуқи гирифтани қарзро додааст.

Созишномаи қарзии лоиҳаи мазкур аз ҷониби КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Норак ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд 24 декабри соли 2014 ба маблағи 2,0 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шудааст.

Бояд зикр намуд, ки хизматрасонии қарз пурра ба уҳдаи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Норак гузошта шуда, уҳдадории он аз ҳисоби ҷамъоварии маблағҳои хизматрасонӣ аз баровардани партовҳои сахти маишӣ таъмин карда мешавад, ки ин хавфи пардохти қарзро аз ҳисоби Буҷети давлатӣ пешгирӣ менамояд. Қарзи ҷалбшавандаи лоиҳаи мазкур имтиёзнокии баланд дошта, бо шартҳои зерин пешниҳод гардидааст:

- муҳлати қарз – 15 сол;

- давраи имтиёзнокии пардохти қарзи асосӣ – 3 сол;

- меъёри фоиз – либор + 1 фоиз.

Шартҳои пешниҳоднамудаи қарз пурра ба меъёрҳои Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ мутобиқат менамояд, зеро элементи грантии он (бо дарназардошти маблағҳои дигари лоиҳа) 60,3 фоизро ташкил медиҳад. Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2015 оғоз ёфта, то соли 2019 идома хоҳад ёфт.

Аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки Созишномаи қарзии пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Ҳисоризода Муҳаммадамин дода мешавад.

Муҳаммадамин ҲИСОРИЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромиқадр ва ҳозирин!

Барои баррасии шумо Созишномаи қарзӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Норак ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Норак, ки 24 декабри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Созишномаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №2840 аз 16 феврали соли 2015 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи  Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Зикр намудан зарур аст, ки Созишномаи қарзии лоиҳаи мазкур аз ҷониби КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Норак ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба имзо расонида шуда, хизматрасонии қарзҳо аз ҳисоби ҷамъоварии маблағҳои хизматрасонӣ ва баровардани партовҳои сахти маишӣ пурра ба уҳдаи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Норак вогузор шудааст, ки ин хавфи пардохти қарзро аз ҳисоби Буҷети давлатӣ пешгирӣ менамояд.

Мақсади лоиҳа ҷорӣ намудани технологияҳои муосири идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва усулҳои нави ҷамъоварӣ ва баровардани онҳо, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва беҳтар гардонидани вазъи санитарӣ ва экологии ҳудуди шаҳри Норак мебошад.

Қисматҳои асосии лоиҳа:

- таҳвили мошинҳои махсуси партовҷамъкунӣ барои ҷамъоварии механикикунонидашуда бо истифода аз қуттиҳои (контейнерҳои) оҳанин;

- таъмир ва барқарорсозии нуқтаҳои партовҷамъкунӣ ва азнавсозии истгоҳҳо, сохтмони нуқтаи сӯзишворӣ барои мошинҳо дар шаҳр;

- сохтмони партовгоҳи нави замонавии ҷавобгӯй ба талабот ва меъёрҳои қонунгузории экологӣ ва санитарӣ;

- дар партовгоҳҳо васл намудани таҷҳизот барои ҷамъоварии газ, менбрана бо филтрат ва ҳавз барои ҷамъоварии обҳои аз партовгоҳ ҷоришаванда, қабати махсус барои ҳимояи обҳои зеризаминӣ, тарозу, бинои маъмурӣ, нуқтаи шустани мошинҳо ва қуттиҳои оҳанӣ ва ғайра пешбинӣ шудааст.

Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2015 оғоз ёфта, то соли 2018 идома хоҳад ёфт.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Созишномаи қарзӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Норак ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Норакро дар ҷаласаи васеъ 18 феврали соли 2015 бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Норак мавриди баррасии ҳаматарафа қарор дода, тасдиқи онро мувофиқи мақсад шуморид.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул шуд.

РАИС: — Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Норак ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Норак сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович дода мешавад.

Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ: Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Созишномаи грантӣ аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Норак ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд 24 декабри соли 2014 ба маблағи 2,0 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шудааст. Мақсади татбиқи Созишномаи грантӣ бо Созишномаи қарзӣ мувофиқ мебошад.

Дар доираи лоиҳаи мазкур анҷом додани корҳои зерин:

- таҳвили мошинҳои махсуси партовҷамъкунӣ барои ҷамъоварии механикикунонидашуда бо истифода аз қуттиҳои (контейнерҳои) оҳанин, таъмир ва барқарорсозии 40 нуқтаи партовҷамъкунӣ ва азнавсозии гаражи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Норак ва сохтмони нуқтаи сӯзишворӣ барои мошинҳо, сохтмони партовгоҳи нави замонавии ҷавобгӯй ба талабот ва меъёрҳои қонунгузории экологӣ ва санитарии амалкунанда ба нақша гирифта шудааст. Инчунин бояд зикр намуд, ки маблағҳои Созишномаи грантӣ то ба расмият даромадани Созишномаи қарзӣ ҷудо карда намешавад.

Аз ин лиҳоз, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи грантии пешниҳодгардидаро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Ҳисоризода Муҳаммадамин дода мешавад.

Муҳаммадамин ҲИСОРИЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромиқадр ва ҳозирин!

Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Норак ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Норак, ки 24 декабри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Созишнома бо Қарори  Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №2839 аз 16 феврали соли 2015 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи  Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Созишномаи мазкур аз ҳашт модда иборат буда, аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Норак ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд 24 декабри соли 2014 ба маблағи 2,0 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шудааст.

Инчунин маблағҳои Созишномаи грантӣ то ба расмият даромадани Созишномаи қарзӣ ҷудо карда намешаванд. Бинобар ин, ҳар ду Созишнома бояд аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд.

Маблағгузории корҳо дар доираи татбиқи лоиҳа баробар, ҳам аз ҳисоби маблағҳои қарзӣ ва ҳам маблағҳои грантӣ, ба нақша гирифта шудааст.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Норак ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Норакро дар ҷаласаи васеъ, ки 18 феврали соли 2015 бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Норак баргузор гардид, мавриди баррасии ҳаматарафа қарор дода, бо дарназардошти хулосаҳои пешниҳоднамудаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули онро мувофиқи мақсад шуморид.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромиқадр, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ кунед.

Дар хусуси тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: -Дар бораи Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Норак ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Норак сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович дода мешавад.

Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба муҳокимаи шумо Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Норак ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Норак пешниҳод гардидааст.

Зикр намудан зарур аст, ки ҷиҳати самаранок истифодабарии маблағҳои ҷалбшуда ва сари вақт татбиқ намудани лоиҳа Созишномаи дастгирии лоиҳаи байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд 24 декабри соли 2014 ба имзо расонида шудааст.

Тибқи Созишномаи мазкур Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бояд:

-уҳдадории пардохти маблағи қарзиро аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Норак таъмин намояд;

- дар доираи татбиқи лоиҳа дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ ҳаҷми тарофаҳои ҷамъоварии партовҳоро барои самаранокии истифодаи маблағҳои ҷалбшуда амалӣ намояд;

- маблағгузории пардохтҳоро аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои давлатии шаҳри Норак назорат ва таъмин намояд.

Бинобар ин, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, аз шумо эҳтиромона хоҳишмандем, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ ва тасдиқ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Ҳисоризода Муҳаммадамин дода мешавад.

Муҳаммадамин ҲИСОРИЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирин!

Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Норак ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Норак, ки 24 декабри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Созишнома бо Қарори  Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №2841 аз 16 феврали соли 2015 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Созишномаи мазкур аз се модда иборат буда, мақсад аз он  ҷорӣ намудани технологияҳои муосири идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва усулҳои нави ҷамъоварӣ ва баровардани онҳо, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва беҳтар гардонидани вазъи санитарӣ ва экологии ҳудуди шаҳри Норак, инчунин сохтмони партовгоҳи марказии нав бо истифода аз меъёрҳои аврупоии ба талаботи санитарӣ ва экологӣ ҷавобгӯй мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Норак ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Норакро дар ҷаласаи худ 18 феврали соли 2015 бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Норак мавриди баррасии ҳаматарафа қарор дода, бо дарназардошти хулосаҳои пешниҳоднамудаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули онро мувофиқи мақсад шуморид.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ кунед.

Дар хусуси тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: — Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати кӯҳӣ- саноатии Тоҷикистону Хитой» оид ба коркарди маҷмӯии захираҳои кони «Зарнисори Шимолӣ» сухан ба муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Лочин Нусратулло дода мешавад.

ФАЙЗУЛЛОЗОДА Лочин Нусратулло: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати кӯҳӣ –саноатии Тоҷикистону Хитой» оид ба коркарди маҷмӯии захираҳои кони «Зарнисори Шимолӣ» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуда, аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст.

Мутобиқи ин ҳуҷҷат сармоягузор лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодабарии корхонаи истихроҷ ва коркарди маҷмӯии маъданҳои полиметаллӣ дар кони «Зарнисори Шимолӣ»-ро бо иқтидори солонаи 2 млн.тонна маъдан, сохтмони корхонаи металлургӣ бо тавоноии истеҳсолии 20 ҳазор тонна сурб дар як сол ва бунёди дигар инфрасохтори зарурии маҳаллӣ амалӣ менамояд.

Мутобиқи Созишномаи мазкур сармоягузор тамоми уҳдадориҳоро доир ба маблағгузории лоиҳа дар давоми муҳлат ва мақсадҳои муайянгардида ба зиммаи худ мегирад.

Ҳаҷми сармоягузорӣ 200 млн.доллари ИМА-ро ташкил дода, тибқи нақша, лоиҳа бояд соли 2018 ба анҷом расонида шавад.

Бояд зикр кард, ки ин корхонаҳо бо технологияи замонавӣ бунёд гашта, баъд аз оғози фаъолият зиёда аз 2000 ҷойи кории навро муҳайё месозанд.

Дар маҷмӯъ, татбиқи Созишнома ба рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат нигаронида шуда, ба воридоти техника ва технологияи нав, бунёди инфрасохтори замонавӣ, ғанӣ гаштани буҷет, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ ва содиротии кишвар  мусоидат хоҳад кард.

Бо дарназардошти нукоти зикргардида, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қарори пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Турдиматова Нодира дода мешавад.

Нодира ТУРДИМАТОВА: Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» оид ба коркарди маҷмӯии захираҳои кони «Зарнисори Шимолӣ», ки 24 июли соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2015 таҳти №2837 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Созишнома мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Ваколатнома ва Оинномаи ширкати номбурда амал мекунад.

Дар давоми 120 рӯзи ба охир расидани ҳар як соли тақвимии муҳлати Созишномаи мазкур сармоягузор ба мақоми ваколатдор ҳисоботи тавозуниро барои охири сол, ки аз санҷиши аудиторӣ гузаштааст, пешниҳод менамояд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон тасдиқи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» оид ба коркарди маҷмӯии захираҳои кони «Зарнисори Шимолӣ»-ро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул рӯзи 12 феврали соли 2015 бо иштироки намояндагони кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ гузаронида, Созишномаро мавриди баррасӣ қарор дод ва тасдиқи онро мувофиқи мақсад шуморид.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки барои тасдиқ кардани Созишномаи мазкур овоз диҳед.

Дар хусуси тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС:- Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ» сухан ба муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимов Насим  дода мешавад.

Насим ОЛИМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба муҳокимаи шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ»  пешниҳод гардидааст.

Дар тағйирот ба моддаи 13- уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ» ба ҳимояи ҳуқуқҳои ноболиғону ҷавонон барои гирифтани иттилоот ва хизматрасониҳои дар қисмати солимии репродуктивӣ, гирифтани таълимоти ҷинсӣ аҳамияти махсус дода шудааст.

Ба ҳамин тариқ, тағйирот масъалаҳои тарбияи ахлоқию ҷинсии наврасону ҷавонон, дар онҳо ташаккул додани саъю кӯшиш ба солимии ҷисмонию рӯҳиро ҷиҳати муносибатҳои устувори оилавӣ дар бар мегирад. Дониши ноболиғону ҷавонон оид ба ҷанбаҳои биологии давом додани насл зарур аст.

Зикр кардан бамаврид аст, ки моддаи 64- уми Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу вазифаҳои волидайнро оид ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон муқаррар намудааст. Аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷмуҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ»- ро дастгирӣ намоед.

РАИС:- Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Хонов Абдураҳмон дода мешавад.

Абдураҳмон ХОНОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, бо Қарори  Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2015 таҳти №2834 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуда буд. Аз ҷониби кумитаи масъул ба лоиҳа ду пешниҳод ворид карда шуд, ки онҳо ҷонибдорӣ ёфтанд.

11 феврали соли 2015 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ» дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт ва ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба ҷонибдории қонуни мазкур овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС:- Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» сухан ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба одоби вакилон Давлаталӣ Давлатзода дода мешавад.

Давлаталӣ ДАВЛАТЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони муҳтарам!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б.Худоёрзода, С.Тағозода ва Қ.Маҳкамов пешниҳод шудааст, барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонун бо мақсади мутобиқгардонии қонуни мазкур ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», бо ҳам мутобиқ намудани меъёрҳои баъзе моддаҳои қонун ва бартараф кардани номутобиқатии матни тоҷикию русии он пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ ҷонибдорӣ шуд. Ҳамзамон ҷиҳати такмили лоиҳаи қонун таклифҳо пешниҳод гардиданд.

Рӯзи 18 феврали соли 2015 лоиҳаи қонуни мазкур дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз 19 таклифу пешниҳод 15-тоаш  қабул ва 4-тоаш қобили қабул дониста нашуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»-ро ҷонибдорӣ намуда, аз вакилони муҳтарам хоҳиш менамояд, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоянд.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Самадов Турахон дода мешавад.

Турахон САМАДОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!      

Лоиҳаи  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Худоёрзода ва С.Абдураҳмонзода  таҳия ва пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонун бо мақсади мутобиқгардонии Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба институти васоият ва парасторӣ, мутобиқгардонии дохилии меъёрҳои алоҳидаи Кодекси гражданӣ ва бартараф намудани мухолифат бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд», «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Чунончӣ, мувофиқи мафҳумҳои маъмулгардида ширкатҳои хоҷагидорӣ зимни ташкилёбиашон сармояи шарикона таъсис медиҳанд. Ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ бошанд, сармояи оинномавӣ таъсис медиҳанд. Фонди оинномавӣ танҳо барои таъсис ва фаъолияти корхонаҳои воҳиди давлатӣ пешбинӣ карда мешавад. Чунин ифодакунии мафҳумро бо тартиби таъсис, мақсад ва вазифаҳои онҳо маънидод менамоянд. Дар Кодекси гражданӣ чунин истифодаи онҳо сарфи назар шуда, дар баъзе моддаҳо дар як вақт ҳам мафҳуми «фонди оинномавӣ»  ва ҳам мафҳуми «сармояи шарикона» истифода бурда шудааст. Лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда ин норасоиро бартараф менамояд.

Ба ҳамин минвол, лоиҳаи қонун ба ивази мафҳуми «иттиҳодияҳои (ташкилотҳои) ҷамъиятӣ ва динӣ» истифодаи мафҳуми «иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои динӣ»-ро пешбинӣ кардааст.

Инчунин истифодаи  мафҳуми «маводи нашъаовар» пурра ва равшантар карда, бо мафҳуми дар қонунгузории ҷиноятӣ истифодашаванда мувофиқ кунонида шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкур барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро омӯхта, ҷиҳати мукаммалгардонии он 30 таклифу пешниҳод ирсол намуданд.

Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул ҳамаи 30 таклифу пешниҳод пурра ё қисман    қобили  қабул шуморида шуда, дар мувофиқа бо намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Хоҳишмандем, онро дастгирӣ намоед!

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Самадов Турахон дода мешавад.

Турахон САМАДОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Бахтиёр Худоёрзода, Раҳмоналӣ Амирзода ва Хисрав Абдуназар  таҳия ва пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур маъниҳои зерро дар бар мегирад:

1.Дастгирии молистеҳсолку-нандагони ватанӣ, алалхусус субъектҳои соҳибкорӣ ва бартараф намудани рақобати носолим, таъмини  волоияти қонунгузории зиддиинҳисорӣ, тақвият бахшидани самти фаъолияти зиддиинҳисорӣ, инчунин ҷиҳати пурзӯр намудани ҷазои маъмурӣ нисбат ба истеҳсолкунанда, иҷрокунанда ва фурӯшандаи мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ ҳангоми вайрон гардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон».

2.Бо ҳам мутобиқгардонии дохилии меъёрҳои алоҳидаи боби 30  бо муқаррароти умумии Кодекс ва бартараф намудани мухолифат бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти зиддиинҳисорӣ дар бозорҳои мол».

3.Муқаррар намудани ҷавобгарии маъмурии шахсони мансабдори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ барои ифшои сирри тиҷоратӣ.

Соҳибкорони инфиродӣ дар асоси қонун аз 28 декабри соли 2012 ҳамчун субъектони алоҳидаи ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудаанд. Ин ҳолат барои пешбинӣ намудани ҷавобгарии маъмурии онҳо барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи қонунгузории зиддиинҳисорӣ асос гардид.

Мувофиқи лоиҳаи қонун ба боби 30-юми Кодекс қариб 20 тағйиру илова ворид карда мешавад, ки тибқи онҳо  бо истифодаи мафҳумҳои алоҳидаву якхела, ҷойгиронии меъёрҳо ва санксияҳои нав, ворид намудани соҳибкорон ҳамчун субъекти ҷавобгарӣ моддаҳои ин боб қисман ё пурра аз нав таҳия ва такмил дода шудаанд. Ба боби мазкур ду моддаи нав, яъне моддаҳои 5531 (Пешниҳод накардани дархост ва аризаи дахлдор) ва  5541 (Ошкор кардани маълумоте, ки сирри тиҷоратии субъектҳои хоҷагидор ва соҳибкорони инфиродиро ташкил медиҳад) илова шудааст.

Бояд зикр кард, ки андозаи ҷаримаҳо бо мақсади ҷорӣ намудани рақобати солим, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, пешгирӣ ва қатъ намудани вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисории субъектҳои зикргардида ҳангоми паҳни рекламаи номуносиб, хариду фурӯши мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ ҳамчун омили таъсиррасонӣ, бо дарназардошти санадҳои байналмилалӣ баланд карда шудаанд.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонун барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро омӯхта, ҷиҳати мукаммалгардонии он 29 таклифу пешниҳод ирсол намуданд.

Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул ҳамаи таклифу пешниҳод пурра ё қисман қобили қабул шуморида шуда, дар мувофиқа бо намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ онҳо ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Вакилони муҳтарам, хоҳишмандем, ки онро дастгирӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Зиёратшо Саъдулло дода мешавад.

Зиёратшо САЪДУЛЛО: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Худоёрзода ва М. Зувайдов пешниҳод шудааст, манзур мегардад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо дарназардошти лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин такмил додани боби 30 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус дар масоили санксия ва ба он ворид намудани моддаи 5541 бобати ҷавобгарии шахсони мансабдори мақомоти зиддиинҳисории давлатӣ таҳия гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, онро пурра ҷонибдорӣ карданд ва ҷиҳати такмил ёфтани он 21 таклиф пешниҳод намуданд, ки ҳамаи онҳо пурра ва қисман  қобили қабул дониста, ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур 20 феврали соли 2015 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Ғафорова, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода шуда, ба баррасии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур дар назар дошта шудааст, ки мутобиқи моддаи 93-юми Кодекси амалкунанда суд дар доираи салоҳияташ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаи 5541 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне барои ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ аз тарафи шахсони мансабдори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ошкор кардани маълумоте, ки сирри тиҷоратии субъектҳои хоҷагидор ва соҳибкорони инфиродиро ташкил медиҳад, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, баррасӣ менамояд. Ҳамчунин мутобиқи моддаи 128-уми Кодекси амалкунанда мақомоти зиддиинҳисорӣ дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 542 то 554 ва 555 то 558 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, қабули он низ аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Зиёратшо Саъдулло дода мешавад.

Зиёратшо САЪДУЛЛО: -Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ, ки 14 октябри соли 2014 баргузор гардида буд, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Тибқи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар назар дошта шудааст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар рӯзҳои ид 14 октябр ҳамчун Рӯзи соҳибкорон қайд карда мешавад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, онро пурра ҷонибдорӣ карданд. Танҳо аз ҷониби Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният се таклифи хусусияти техникидошта пешниҳод гардид, ки қобили қабул дониста шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур 17 феврали соли 2015 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Ғафорова, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт ва таклиф карда шуд, ки он ба баррасии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, қабули он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ҷабборов Домуллоҷон дода мешавад.

Домуллоҷон ҶАББОРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол»  бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Худоёрзода ва М. Зувайдов барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2014 таҳти №2632 лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, онро барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқгардонӣ ба талаботи дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус кодексҳои гражданӣ, андоз ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва ба ин васила муваффақ шудан ба алоқамандии байниҳамдигарии қонунгузории соҳаи мазкур таҳия гардидааст. Лоиҳаи қонуни мазкурро ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.

Рӯзи 13 феврали соли 2015 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни зикргардида мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Расулов Ашӯрбег дода мешавад.

Ашӯрбег РАСУЛОВ: -Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирин!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Тағойзода, З.Раҷабова ва Х.Сафаров таҳия ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2014 таҳти № 2631 лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, онро барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқгардонӣ ба талаботи дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», инчунин қонунҳои дигар ва ба ин васила бартараф сохтани мухолифати дохилии меъёрҳои мушаххаси қонун пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкурро ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон барои такмили он 24 таклифу дархост пешниҳод намуданд.

Рӯзи  18 феврали соли 2015 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаи қонуни зикргардида мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз таклифу дархостҳои воридшуда 20-тоаш қабул, 3-тоаш қисман қабул ва 1-тоаш қабул нашуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ»-ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».  Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ