Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Созишномаҳо оид ба ҳамкории молиявию техникӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодии кишвар тасдиқ гардиданд

№122 (3268) 17.10.2014

DSC_0274

15 октябри соли 2014 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъвати чорум баргузор гардид.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул гардид:

1. Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи сохтмони бинои (маҷмӯи биноҳои) мактаби миёнаи таҳсилоти умумии ба номи Махтумқулӣ дар хоҷагии деҳқонии «Эргаш Султонов»-и ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон

2. Дар бораи Созишномаи қарзӣ ва лоиҳа оид ба идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Қӯрғонтеппа байни Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Қӯрғонтеппа, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд

3. Оид ба Созишнома дар бораи пешниҳод намудани грант байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи фаръии давлатии коммуналии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Қӯрғонтеппа ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд вобаста ба пешниҳоди гранти инвеститсионӣ аз ҳисоби Фонди махсуси саҳомии БАТР ҷиҳати татбиқи лоиҳа оид ба беҳтар намудани идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Қӯрғонтеппа ва минтақаҳои атрофи он

4. Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2012-2013 ва чорабинии махсус оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар доираи маблағҳои махсуси молиявии Фонди энергетикӣ ва иқлимӣ (ФЭИ)

5. Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкории техникӣ барои солҳои 2012-2013 ва чорабинии махсус оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар доираи маблағҳои махсуси молиявии Фонди энергетикӣ ва иқлимӣ (ФЭИ)

6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»

7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия»

8. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона»

9. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият».

РАИС: -Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шурӯъ менамоем. Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи сохтмони бинои (маҷмӯи биноҳои) мактаби миёнаи таҳсилоти умумии ба номи Махтумқулӣ дар хоҷагии деҳқонии «Эргаш Султонов»-и ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ба вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид дода мешавад.

Нуриддин САИДОВСаид Нуриддин САИД: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи сохтмони бинои (маҷмӯи биноҳои) мактаби миёнаи таҳсилоти умумии ба номи Махтумқулӣ дар хоҷагии деҳқонии «Эргаш Султонов»-и ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 2014 бо мақсади тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи сохтмони бинои мактаби миёнаи таҳсилоти умумии ба номи Махтумқулӣ дар хоҷагии деҳқонии «Эргаш Султонов»-и ноҳияи Ҷиликӯл омода шуда, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2014 таҳти №263 маъқул дониста, ба муҳокимаи шумо, вакилони муҳтарам, пешниҳод мегардад.

Дар мавриди амалӣ гардидани ин қарор ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар самти маориф ва фарҳанг густариш ёфта, дар ноҳияи Ҷиликӯл барои таҳсили 540 нафар хонанда мактаби замонавӣ сохта, ба истифода дода мешавад.

Барои сохтмони бинои мактаб дар ноҳияи Ҷиликӯл аз тарафи Ҳукумати Туркманистон дар ҳаҷми се миллиону панҷсад ҳазор (3500000) доллари ИМА маблағ ҷудо гашта, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт маблағи иловагӣ талаб карда намешавад.

Тибқи созишнома ҷониби салоҳиятдор аз ҷониби Туркманистон — Сафорати Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби Тоҷикистон –Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷиликӯл муайян карда шудааст.

Тибқи моддаи 5-уми созишнома сохтмони бинои мактаб, воридот ва таҳвили таҷҳизот ва маводи сохтмонӣ аз ҳама гуна андозҳо ва боҷу хироҷ озод карда мешавад. Номгӯйи маводи мазкур аз ҷониби Тоҷикистон муайян ва тасдиқ карда мешавад.

Лоиҳаи пешниҳодшуда тибқи қонунгузории амалкунанда таҳия шуда, маблағгузории иловагии буҷетиро талаб намекунад.

Вакилони муҳтарам, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи пешниҳодшударо дастгирӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Оқилзода Нурулло дода мешавад.

Нурулло ОҚИЛОВОқилзода НУРУЛЛО: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромиқадр!

Таҳкими робитаҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сиёсиву иҷтимоӣ бо ҳама мамолику кишварҳои олам, барқарор намудани ҳамкориҳои судманди байналмилалӣ яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати созандаи Давлату Ҳукумат мебошад. Чуноне ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи апрели соли ҷорӣ таъкид намуданд: «Тоҷикистон тақвияти дӯстии таърихии мардумони Осиёи Марказиро амри усулан зарурӣ медонад ва ҳамзамон бо ин, ҷонибдори густариши равобити ҳасана, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, равуои озоди одамону нақлиёт ва интиқоли бемамониати сармояву хизматрасониҳо дар минтақа аст».

Созишномае, ки мавриди муҳокима аст, байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи сохтмони бинои (маҷмӯи биноҳои) мактаби миёнаи таҳсилоти умумии ба номи Махтумқулӣ дар хоҷагии деҳқонии «Эргаш Султонов»-и ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 5 майи соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, мисоли равшани равобит ва тақвияти ин раванд буда, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод гардидааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2014 таҳти №2561 он барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  супорида шуда буд.

Ҷиҳати татбиқи Созишнома аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бунёди маҷмӯи биноҳои мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ дар хоҷагии деҳқонии «Эргаш Султонов»-и ноҳияи Ҷиликӯл замин ҷудо карда шудааст. Пас аз ба тасвиб расидани ин санад ва иҷрои дигар расмиёти зарурӣ корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмон оғоз хоҳанд гардид.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуданд. Шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмили он як таклиф пешниҳод намуд, ки қисман қобили қабул дониста шуд.

10 октябри соли 2014 Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Созишномаи мазкурро дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Тасдиқи Созишномаи мазкур омили созандае дар таҳкими муносибатҳои неку дӯстонаи байни кишварҳоямон мебошад ва дастгирии шумо, ҳамкорони арҷмандро, баҳри амалӣ гаштани ин ҳадаф хоҳонем.

Доир ба тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул гардид.

РАИС: — Дар бораи Созишномаи қарзӣ ва лоиҳа оид ба идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Қӯрғонтеппа байни Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Қӯрғонтеппа, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович дода мешавад.

НУРАЛИЕВҶамолиддин НУРАЛИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба муҳокимаи шумо Созишномаи кафолатӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба татбиқи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Қӯрғонтеппа» пешниҳод гардидааст.

Беҳтар намудани хизматрасонӣ ба аҳолӣ барои ҷамъоварӣ ва безараргардонии партовҳо (тозагии санитарӣ) ва хизматрасониҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳим барои ҳаёти солим ва бехатарии саломатии аҳолӣ дар ҳуҷҷатҳои Стратегияи миллии рушд ва Консепсияи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт барномаҳо ва лоиҳаҳои зиёде амалӣ гардида, сол то сол сифати хизматрасонӣ, вазъи санитарӣ ва экологии муҳити атроф ва дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои коммуналӣ беҳтар гардида истодааст.

Айни замон чунин лоиҳа дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Турсунзода бомуваффақият амалӣ гардида истодаанд. Мақсади лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Қӯрғонтеппа» ин ҷорӣ намудани технологияҳои муосири идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва усулҳои нави ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳои сахти маишӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва беҳтар гардонидани вазъи санитарӣ ва экологии ҳудуди шаҳри Қӯрғонтеппа, инчунин сохтмони партовгоҳи марказии нав бо истифода аз стандартҳои аврупоӣ, ки ба талаботи санитарӣ ва экологии ҷаҳонӣ ҷавобгӯй мебошанд, иборат аст.

Шаҳри Қӯрғонтеппа маркази маъмурии вилояти Хатлон буда, масоҳаташ 2,4 ҳазор гектарро ишғол менамояд ва дар ҳудуди он 103 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Дар шаҳр 17 мактаб бо 22,7 ҳазор нафар хонанда, 358 муассисаи калони тандурустӣ ва дигар иншооти маданию маишӣ ҷойгир шудааст.

Шумораи шаҳрвандоне, ки аз ҷониби Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Қӯрғонтеппа хизматрасонӣ карда мешаванд, 53,2 ҳазор нафар ва 358 адад ташкилоту муассисаҳоро (мағозаҳо, бозорҳо, таваққуфгоҳи автобусҳо, тарабхонаҳо, ошхонаҳо, нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ ва ғайра) ташкил медиҳад.

Ҳоло дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷамъоварӣ ва бурдани партовҳо бо истифодаи даҳ адад техникаҳои куҳна, ки аксарияти онҳо фарсуда шуда, таъмирталаб мебошанд, амалӣ карда мешавад, ки ин имконияти сари вақт ва пурра аз ҳудуди маҳаллаҳои аҳолинишин баровардани партовҳоро надорад.

Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалби сармоягузориро ба соҳаи мазкур ба мақсад мувофиқ шуморида, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои бамиёномада ба Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд муроҷиат намуд.

Дар робита ба ин, 9 июли соли 2013 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Созишномаи кафолатӣ ба имзо расонида шудааст ва тибқи он Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад, ки ҳангоми барнагардонидани қарз аз ҷониби Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Қӯрғонтеппа ва КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» уҳдадории баргардонидани саривақтии маблағҳои қарзӣ аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ амалӣ карда мешавад.

Арзиши умумии лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Қӯрғонтеппа» 4,94 млн.доллари амрикоиро ташкил медиҳад, аз ҷумла 2,0 млн.доллари амрикоӣ қарзи имтиёзноки Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, 2,0 млн.доллари амрикоӣ гранти Фонди Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд мебошад. Ба ғайр аз ин, дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур ҷудо намудани 940 ҳазор доллари амрикоӣ барои гузаронидани корҳои машваратӣ ва таҳияи Барномаи рушди корпоративӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳангоми татбиқ гардидани лоиҳаҳои мазкур баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, бехатарии санитарӣ ва экологии шаҳри Қӯрғонтеппа ва беҳтар намудани сатҳи саломатии аҳолии ин минтақа таъмин карда мешавад.

Бинобар ин, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, аз шумо эҳтиромона хоҳиш дорем, ки Созишномаи кафолатии пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.

РАИС: - Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ҷабборов Домуллоҷон Ҳоҷиевич дода мешавад.

Домуллоҷон ҶАББОРОВДомуллоҷон ҶАББОРОВ: -  Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи қарзӣ ва лоиҳа оид ба идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Қӯрғонтеппа байни Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Қӯрғонтеппа, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд 9 июли соли 2013 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааcт.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 сентябри соли 2014 таҳти  № 2546 Созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Мақсади Созишномаи қарзӣ ин аз ҷорӣ намудани технологияҳои муосири идоракунӣ, усулҳои нави ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳои сахти маишӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва беҳтар гардонидани вазъи санитарӣ ва экологии ҳудуди шаҳри Қӯрғонтеппа,    инчунин сохтмони партовгоҳи марказии нав бо истифода аз стандартҳои аврупоӣ, ки ба талаботи санитарӣ ва экологӣ ҷавобгӯй мебошанд, иборат мебошад.

Мутобиқи шартҳои Созишнома Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд  тибқи муқаррарот ва шартҳое, ки дар Созишномаи мазкур нишон дода шудаанд, ба қарзгиранда (Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Қӯрғонтеппа) ба маблағи 2,0 млн.доллари амрикоӣ қарз ҷудо менамояд. Илова бар ин, Бонк бо қарзгиранда ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба Шартнома ҷиҳати дастгирии қарзгиранда ба Лоиҳа дохил мешавад.

Қарзи ҷалбшаванда имтиёзнокии баланд дошта, бо шартҳои зерин пешниҳод гардидааст:

Муҳлати қарз — 15 сол. Давраи имтиёзнокии пардохти қарзи асосӣ — 3 сол.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро ҷонибдорӣ намуданд.

Рӯзи 2 октябри  соли 2014 дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Созишнома мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қабули онро мувофиқи мақсад шумориданд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Созишномаи қарзӣ ва лоиҳа оид ба идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Қӯрғонтеппа байни Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Қӯрғонтеппа, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушдро, бо дарназардошти хулосаҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

Доир ба тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Масъалаи навбатии рӯзномаи ҷаласа – «Оид ба Созишнома дар бораи пешниҳод намудани грант байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи фаръии давлатии коммуналии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Қӯрғонтеппа ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд вобаста ба пешниҳоди гранти инвеститсионӣ аз ҳисоби Фонди махсуси саҳомии БАТР ҷиҳати татбиқи лоиҳа оид ба беҳтар намудани идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Қӯрғонтеппа ва минтақаҳои атрофи он» бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шукурҷон Зуҳуров ҷиҳати мукаммал гардонидани он то ҷаласаи оянда мавқуф гузошта шуд.

Дар ин бора Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: — Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2012-2013 ва чорабинии махсус оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар доираи маблағҳои махсуси молиявии Фонди энергетикӣ ва иқлимӣ (ФЭИ) сухан ба муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Назриев Саидраҳмон Рустамович дода мешавад.

DSC_0401Саидраҳмон НАЗРИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Созишномаи мазкур бо мақсади дар Тоҷикистон амалигардонии лоиҳаҳои моҳияти иҷтимоидошта аз ҳисоби маблағҳои грантии Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия таҳия гардидааст.

Зикр кардан зарур аст, ки чунин созишномаҳо барои ҳар ду соли пасоянди гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Германия таҳия мегарданд ва дар онҳо маблағҳои аз ҷониби Германия барои амалигардонии лоиҳаҳо дарҷ мегарданд.

Дар маҷмӯъ, аз аввали ҳамкории дуҷониба то соли 2011 ҳаҷми ҳамкории дуҷонибаи техникию молиявӣ 170,9 млн.евроро ташкил намуд.

Мутобиқи муқаррароти Протоколи гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Германия аз 28-29 ноябри соли 2012 Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия барои амалигардонии лоиҳаҳо дар солҳои 2012 ва 2013 дар доираи Барномаҳои «Мусоидат ба рушди маориф ва инфрасохтори ҷомеаҳо» (сохтмони мактабу бунгоҳҳои тиббӣ дар вилояти Хатлон –марҳилаи сеюм -6 млн.евро), тандурустӣ (ҳифзи саломатии модару кӯдак ва ёрии таъҷилии тиббӣ – марҳилаи чорум — 14 млн.евро, марҳилаи 2,3 -17,5 млн.евро, мубориза бо касалии сил — марҳилаи чорум -6,9 млн. евро), энергетика (барқароркунӣ ва таҷдиди НБО-и «Оқ-Су» дар ноҳияи Мурғоб -5 млн.евро), «Рушди маблағгузории хурд дар деҳот» (марҳилаи дуюми маблағгузории соҳибкорӣ дар деҳот- 12 млн.евро ва марҳилаи аввали маблағгузории сохтмони манзилгоҳ -8 млн.евро), экология -8 млн.евро, маълумоти касбӣ (тайёр кардани мутахассисони касбӣ –марҳилаи сеюм — 3,23 млн.евро), дастгирии рушди соҳибкорӣ маблағи грантии ҷониби Германия дар ҳаҷми 48,68 млн.евро ҷудо карда мешаванд. Дар доираи ҳамкориҳои техникӣ лоиҳаҳои минтақавӣ дар соҳаи экология, рушди соҳибкории хурд, тандурустӣ ва маълумоти касбӣ низ амалӣ мегарданд.

Ба ғайр аз ин, аз ҳисоби маблағҳои бозгашти лоиҳаи «Ташкили Бонки аввалини маблағгузориҳои хурд» лоиҳаҳои хурди соҳаи иҷтимоӣ дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон (таъмири мактабу бунгоҳҳои тиббӣ ва таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ) амалӣ карда мешаванд.

Бо дарназардошти он ки дар Созишномаҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Германия масъалаҳои андозбандӣ ва маблағгузории лоиҳаҳо пешбинӣ гардидаанд, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонидани Созишномаҳои мазкур зарур мебошад.

РАИС: - Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Сафаров Олимҷон дода мешавад.

Олимҷон САФАРОВОлимҷон САФАРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2012-2013 ва чорабинии махсус оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар доираи маблағҳои махсуси молиявии Фонди энергетикӣ ва иқлимӣ (ФЭИ), ки 6 июни соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи Созишномаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 сентябри соли 2014 таҳти №2543 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Дар рӯҳияи муносибатҳои дӯстонаи миёни Ҷумҳурии Федеративии Германия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, бо мақсади саҳмгузорӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси Протоколи гуфтушуниди байни Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ бо мақсади рушд, аз 29 ноябри соли 2012, Бонки давлатии рушди Германия (KFW) маблағҳои бебозгашт ба андозаи умумии 36000000 (сию шаш миллион) евро пешниҳод намудааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи талаботи моддаи 3-юми Созишномаи мазкур, лоиҳаи мазкурро аз тамоми намудҳои андозбандӣ ва боҷҳои дигари давлатӣ озод менамояд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хулосаҳои пешниҳодкардаи худ ва инчунин дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул, ки 2 октябри соли 2014 баргузор гардид, лоиҳаи Созишномаи мазкурро пурра дастгирӣ намуданд. Инчунин эродҳое, ки дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз тарафи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров иброз гардида буд, дар мувофиқа бо намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳа илова карда шуд.

Амалӣ гаштани Созишномаи мазкур ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон равона гардида, ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2012-2013 ва чорабинии махсус оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар доираи маблағҳои махсуси молиявии Фонди энергетикӣ ва иқлимӣ (ФЭИ)-ро ба баррасии иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Доир ба тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: — Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкории техникӣ барои солҳои 2012-2013 ва чорабинии махсус оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар доираи маблағҳои махсуси молиявии Фонди энергетикӣ ва иқлимӣ (ФЭИ) сухан ба муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Назриев Саидраҳмон Рустамович дода мешавад.

Саидраҳмон НАЗРИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкории техникӣ барои солҳои 2012-2013 ва чорабинии махсус оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар доираи маблағҳои махсуси молиявии Фонди энергетикӣ ва иқлимӣ (ФЭИ) бо мақсади дар Тоҷикистон амалигардонии лоиҳаҳои моҳияти иҷтимоидошта аз ҳисоби маблағҳои грантии Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия таҳия гардидааст.

Дар доираи ҳамкориҳои техникӣ лоиҳаҳои минтақавӣ дар соҳаи экология -8 млн.евро, «Рушди маблағгузории хурд дар деҳот» (марҳилаи дуюми маблағгузории соҳибкорӣ дар деҳот – 12 млн.евро), тандурустӣ (ҳифзи саломатии модару кӯдак ва ёрии таъҷилии тиббӣ – марҳилаи чорум — 14 млн.евро, марҳилаи 2,3 -17,5 млн.евро, мубориза бо касалии сил — марҳилаи чорум — 6,9 млн. евро) ва маълумоти касбӣ (тайёр кардани мутахассисони касбӣ- марҳилаи сеюм — 3,23 млн.евро) маблағи грантии ҷониби Германия ҷудо карда мешавад.

Бо дарназардошти он ки самтҳои асосии ҳамкории дуҷонибаи Тарафҳо, ки ба онҳо маблағгузорӣ карда мешавад, дар гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Германия моҳи декабри соли 2012 муайян ва саршавии амалигардонии лоиҳаҳо дар соли 2014 ба нақша гирифта шуда, инчунин масъалаҳои андозбандӣ ва маблағгузории лоиҳаҳо пешбинӣ гардидаанд, ба тасвиб расонидани Созишномаи мазкур аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мебошад.

РАИС: - Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Сафаров Олимҷон дода мешавад.

Олимҷон САФАРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкории техникӣ барои солҳои 2012-2013 ва чорабинии махсус оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар доираи маблағҳои махсуси молиявии Фонди энергетикӣ ва иқлимӣ (ФЭИ), ки 6 июни соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи Созишномаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 сентябри соли 2014 таҳти №2544 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Ҳамкориҳои техникӣ ба лоиҳаҳои зерин кӯмаки молиявии бебозгашт, ки маблағи умумии 12.680.000 евроро ташкил медиҳад ба воситаи Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии (GIZ) Германия расонида мешавад:  Барномаи самти асосии ҳамкории «Рушди устувори иқтисодиёт», қисмати «Шароити қолабии беҳтар кардашуда ва маблағгузории бахши хусусӣ»; Барномаи самти асосии ҳамкории «Рушди иқтисодиёт»; Барномаи дастгирии раванди ислоҳоти системаи таҳсилоти касбӣ; «Хазинаи пардохти санҷишҳо ва коршиносон»; «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим бо роҳи ҷангалпарварии устувор ва бисёрҷабҳа (солҳои 2013-2018)».

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо хулосаҳои пешниҳодкардаи худ ва инчунин дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул, ки 2 октябри соли 2014 баргузор гардид, лоиҳаи Созишномаи мазкурро пурра дастгирӣ намуданд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш мешавад, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Доир ба тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Иномов Абдузафар дода мешавад.

ИНОМОВАбдузафар ИНОМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» пешниҳод карда мешавад.

Лоиҳаи қонуни зикршуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 сентябри соли 2014 таҳти №2538 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади муайян намудани тартиби гузаронидани чорабиниҳо оид ба манъ ва бекор кардани воситаҳои молиявӣ, дигар молу мулки шахсони воқеӣ ва ташкилотҳое, ки ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дохил карда шудаанд, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, онро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 8 октябри соли 2014 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дод.

Ҳамзамон эродҳое, ки дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров оид ба лоиҳаи қонуни мазкур баён шуда буданд, қобили қабул ҳисобида, ба он ворид карда шуданд.

Аз ҷумла дар қисмҳои якум ва чоруми моддаи 172 қонуни амалкунанда калимаи «қонунгузории» ба калимаҳои «санадҳои меъёрии ҳуқуқии» иваз карда шуданд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ маблағҳои иловагиро талаб намекунад.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»-ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Амиршоева Саодат дода мешавад.

амиршоеваСаодат АМИРШОЕВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» пешниҳод карда мешавад.

Лоиҳаи қонуни зикршуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 сентябри соли 2014 таҳти №2524 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади пешгирӣ ва бартараф намудани бетартибиҳои оммавие, ки иштирокчиёни гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо метавонанд содир намоянд, инчунин ҳифзи амнияти давлат ва таъмини бехатарии шаҳрвандон аз кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ дар рафти бетартибиҳои оммавӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кумитаи масъул ду таклиф ҷиҳати такмил додани лоиҳаи қонуни мазкур пешниҳод намуданд, ки аз онҳо як таклиф қисман қабул гардида, як таклифи дигар қобили қабул ҳисобида нашуд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 8 октябри соли 2014 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди муҳокима қарор дод.

Ҳамзамон эродҳое,ки аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров оид ба лоиҳаи қонуни мазкур баён шуда буданд, қобили қабул ҳисобида шуда, ба он ворид карда шуданд.

Аз ҷумла ба сархатҳои дуюм, сеюм ва чоруми қисми дуюм ва қисми чоруми моддаи 15 пас аз калимаи «заҳролуд» калимаҳои «воситаҳои таркиш» ва калимаҳои «воситаҳои худсози дигаре» ба калимаҳои «васила ва ашёе» иваз карда шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида аз моддаи 188 (Бетартибиҳои оммавӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.

Кумитаи масъул, бо дарназардошти мулоҳизоти иштирокчиёни ҷаласа ба хулоса омад, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ маблағҳои иловагиро талаб намекунад.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният  Гиёев Сайфулло Неъматович дода мешавад.

ГиёевСайфулло ГИЁЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Амирзода, С. Тағоев ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Гиёев ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шудааст, пешниҳод карда мешавад.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2014 таҳти №2402 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният,  кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014, мутобиқгардонии қонуни зикргардида ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва ба ин васила бартараф намудани мухолифати дохилии меъёрҳои мушаххаси қонуни мазкур таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Мутобиқи лоиҳа ҳимояи моликият ба яке аз вазифаҳо ва бо дарназардошти Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо», инчунин маводи ашёи хоми стратегӣ, осори бадеӣ, таърихӣ, бостоншиносӣ ё арзишҳои дигари фарҳангӣ, ки нисбат ба онҳо қоидаҳои махсуси гузаронидан аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст, ба яке аз самтҳои мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона мансуб дониста шудааст.

Сархати сеюми моддаи 6 бо муқаррароти сархати шашуми моддаи 5 мутобиқ карда шуда, ҳамзамон пешниҳод шудааст, ки муқовимат барои ташкил кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ яке аз чораҳои мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона ҳисобида шавад.

Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кумитаи масъул 41 таклиф ҷиҳати такмил додани лоиҳаи қонуни мазкур пешниҳод шудааст, ки аз онҳо 31 таклиф пурра ва шаш таклиф қисман қабул гардида, чор таклифи дигар бошад, қобили қабул ҳисобида нашуд.

Ҳамзамон таклифҳое, ки аз ҷониби шумо, муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров, дар ҷаласаи Шӯро баён шуда буданд, қобили қабул ҳисобида, ба лоиҳаи қонуни мазкур ворид карда шуданд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ маблағҳои иловагиро талаб намекунад.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло аз шумо, вакилони гиромиқадр, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона»-ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: - Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе  намудҳои фаъолият» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Турдиматова Нодира Мирзоалиевна дода мешавад.

ТУРДИМАТОВАНодира ТУРДИМАТОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз  тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. .

Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 сентябри соли 2014 таҳти № 2539 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда буд.

Зарурияти қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» дар он аст, ки дар қонуни амалкунанда расмиёти иҷозатномадиҳӣ барои фаъолияти иқтисодии хориҷии назорати содироти маҳсулоти дуҳадафа муқаррар нагардидааст.

Қонуни номбурда асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкили низоми иҷозатномадиҳиро муайян менамояд ва ворид намудани илова ба он имконият медиҳад, ки тартиби иҷозатномадиҳӣ барои фаъолияти иқтисодии хориҷии назорати содироти маҳсулоти дуҳадафа таъмин гардад.

Лоиҳаи қонуни баррасишаванда ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, татбиқи он аз Буҷети давлатӣ маблағҳои иловагиро талаб намекунад.

Бинобар ин, кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» -ро ҷонибдорӣ намуданд.

Лоиҳаи мазкур  3 октябри соли 2014 дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва пурра ҷонибдорӣ карда шуд.

Аз ин лиҳоз, бо дарназардошти гуфтаҳои боло аз шумо, вакилони гиромиқадр, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»-ро дастгирӣ намуда, барои қабули он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ