СУҲБАТИ ШУКУРҶОН ЗУҲУРОВ БО НОЗИРОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

№22 майи соли 2016 22.05.2016

DSC_143021 майи соли 2016 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҳайати нозирони байналмилалии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки таҳти роҳбарии муовини Раиси парлумони Ҷумҳурии Арманистон, ҳамоҳангсозисози гурӯҳи нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои ИДМ Эрмине Нагдалян барои назорати  рафти омодагӣ ва баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститусияи(Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари мо омадаанд, ба ҳузур пазируфт.

Шукурҷон Зуҳуров меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, роҷеъ ба раванди бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократӣ дар кишвар таври муфассал маълумот дод. Дар ин замина, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла иброз намуд, ки халқи Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи ҳокимият, дар асоси принсип ва меъёрҳои байналмилалӣ, бо майлу хоҳиши худ самтҳои рушди сохтори давлатиро муайян менамоянд. Вобаста ба ин, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси бандҳои 58,98, 99-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон,  бандҳои 9, 10, 11-и Қонуни Конститутсионӣ оид ба раъйпурсӣ  зарур шумориданд, ки ба Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тағйиру иловаҳо ворид карда шавад.

Иқдоми мазкур дар асоси талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, бо мақсади таъмини рушди устувори демократия, ҳимояи босифати ҳуқуқу озодиҳои инсон дар шароити зудтағйирёбии муносибатҳои байналмилалӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва аҳли ҷомеа аз таҳдиду хатарҳо, аз ҷумла таҳдиду хатарҳои хусусияти трансмиллидошта  амалӣ мешавад. Баъд аз  баррасии Суди конститутсионӣ лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститусияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон барои раъйдиҳии умумихалқӣ пешниҳод гардид.

Сипас, Шукурҷон Зуҳуров зарурати ислоҳоти конститутсионӣ ва тағйиру иловаҳои пешниҳодшударо ба Конститусияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон таври мушаххас шарҳ дода, зикр намуд, ки итминони комил  дорам мардуми Тоҷикистон якдилона ба хотири  таҳкими таъмини ҳуқуқу озодиҳои хеш, боз ҳам беҳбудӣ бахшидани рӯзгорашон , рушди босуботи кишвар раъй медиҳанд.

Дар навбати худ, муовини Раиси парлумони Ҷумҳурии Арманистон Эрмине Нагдалян аз номи худ ва гурӯҳи нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои ИДМ ба Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқболи гарм миннатдорӣ карда, изҳори умед намуд, ки баргузории чорабинии мавриди назар раванди рушди бемайлони Тоҷикистонро вусъат бахшида, барои дастовардҳои нав ва боз ҳам беҳбудӣ ёфтани зиндагии мардум замина фароҳам меорад.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»