Суханронии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров

№19 (3165) 25.02.2014

дар  иҷлосияи 9-уми Конфронси Иттиҳоди парламентии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ

 сад.мард4

Бисмиллоҳир –раҳмонир — раҳим

Муҳтарам ҷаноби оғои Раис!

Ҷаноби Дабири Кулл, хонумҳо ва ҷанобон!

Пеш аз ҳама, мехоҳам сипоси самимии худро барои ҳусни пазироӣ ва ғояти меҳмоннавозӣ ба ҷаноби оқои Алии Лориҷонӣ- Раиси муҳтарами Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва мардуми Эрон баён  намоям.

Хонумҳо ва ҷанобон!

Рӯҳияи ҳамоиши имрӯзаамон дар шаҳри зебоманзари Теҳрон ба мо имкон медиҳад, ки масъалаҳои мубрами рушди фаъолияти Иттиҳоди парлумонии давлатҳои аъзои Созмони  Ҳамкориҳои Исломиро ҳамаҷониба ва судбахш баррасӣ намуда, ба зуҳурот ва таҳдидҳои замони ҳозира якҷоя ҷавоби арзанда дода тавонем.

Вазифаи мо вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои парлумонӣ дар доираи Иттиҳоди парлумонии Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ мебошад. Ҳамгиройии ҳамаҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва истифодаи неруи инсонӣ барои бартараф сохтани проблемаҳои мавҷуда ва ба даст овардани Ҳадафҳои рушди устувори давлатҳои аъзои Созмон шароити зарурӣ ба миён меоранд.

Тоҷикистон баъд аз соҳиб шудан ба истиқлолият бо такя ба фарҳанги миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро пеш гирифта, муносибатҳо ва ҳамкориҳои судманди хориҷиашро  бо кишварҳои исломӣ дар сатҳи сифатан нав ва муносиб роҳандозӣ менамояд.

Мояи ифтихор  ва масаррат аст, ки миллати куҳанбунёди тоҷик дар баробари дигар халқҳои мусулмон дар рушди фарҳанг ва тамаддуни исломӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Асари ҳамдиёри мо Хоҷа Муҳаммад Исмоили Бухорӣ — «Саҳеҳи Имом Бухорӣ» дар олами ислом  чун бузургтарин китоби динӣ баъд аз Қуръони карим шинохта шудааст. Мероси оламшумули олимони машҳури мо бахши асили фарҳанги ғании миллиамонро ташкил медиҳад. Аз ин лиҳоз, мо дар пешбурди сиёсати давлати соҳибистиқлоламон дар баробари дигар унсурҳои фарҳанги миллӣ ба рушди фарҳанги динӣ низ эътибори доимӣ медиҳем.

Чунки мо мехоҳем бо симои хоси милливу фарҳангии хеш ҷойгоҳи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кунем ва дар он мақоми шоиста дошта бошем. Дар ин самт мо дастовардҳои назаррас дорем ва дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон гувоҳи мавқеи устувори мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Дар марҳалаи ҷаҳонишавӣ талоши халқу давлатҳо, бахусус барои шинохт ва ҳифзи асолату ҳувият, муқаддасоту арзишҳои миллӣ ва сирати иҷтимоиву маънавӣ авҷ мегирад. Аз ин ҷиҳат, арҷгузорӣ ба арзишҳои ҳаётиву созандаи миллӣ ва истифодаи оқилонаи онҳо якҷо бо дастовардҳои навин дар раванди тақвияти асолат ва ҳувияти миллӣ аҳамияти хоса касб менамояд.

Бинобар ин ки аксари мутлақи мардуми кишварамон мусулмон ҳастанд, инчунин, бо дарназардошти вазъи бисёр ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир, имрӯз мехоҳам бо арҷгузорӣ ба дини мубини ислом ва арзишҳои волои он таваҷҷуҳи шуморо ба баъзе масъалаҳои муҳими сиёсати давлатии мо оид ба озодии виҷдон ва анъанаву суннатҳои миллиамон  ҷалб намоям.

Мо ҷонибдори гуфтугӯйи тамаддунҳо ва бархӯрди дӯстонаи фарҳангҳо буда, бори дигар таъкид менамоем, ки ҳар як фарҳанг арзиши нотакрор дорад, онро бояд эҳтиром ва ҳифз намуд, инчунин инкишоф додани фарҳанги худ ҳуқуқ ва вазифаи ҳар халқ аст.

Фарҳанги миллии тоҷикон дар ҳамбастагӣ бо арзишҳои динии мо дар тӯли ҳазору чорсад соли охир ташаккул ёфтааст ва давлати  мо ба ин даврони таърихӣ ҳамчун як ҷузъи таркибии таърихи фарҳанги миллӣ муносибат мекунад.

Фарҳанги исломии мо ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ бисёр ҷиҳатҳои арзишманд ва зиндагисоз дорад, ки истифодаи дурусту оқилонаи онҳо метавонад барои эъмори ҷомеаи адолатпарвар ва ҳифзу таҳкими сулҳу амнияти умумӣ ва суботи сиёсии мамлакат хизмат намояд.

Солҳои охир Тоҷикистон ҷиҳати рушду инкишофи фарҳанги исломии ҷомеа як силсила тадбирҳоро ба анҷом расонид.

Бо мақсади гиромидошти нақши махсуси дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи тоҷик таҷлили 1310-солагии пешвои мазҳабамон Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти ин шахсияти бузурги олами ислом эълон шудани соли 2009, баргузории ҳамоиши байналмилалии «Имоми Аъзам ва ҷаҳони муосир», таҷлили ҷашну санаҳои таърихии мутафаккирон ва шахсиятҳои бузурги  фарҳангии халқамон, аз ҷумла Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ва дигарон аз ҷумлаи иқдомоти зикршуда мебошанд.

Илова бар ин, ҳамчун рӯзҳои иди миллӣ таҷлил гардидани идҳои Рамазон ва Қурбон, Маркази фарҳанги исломӣ интихоб шудани пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе, таъсиси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти мамлакат, додани мақоми давлатӣ ба Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва як силсила тадбирҳои дигар дар сатҳи давлатӣ далели равшани гиромидошти фарҳанги диниву мазҳабиамон мебошад.

Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ  Эмомалӣ Раҳмон нахустин маротиба китоби Қуръони карим бо забони тоҷикӣ дар се давра ба теъдоди умумии беш аз 500 ҳазор нусха аз чоп бароварда шуда, ройгон ба мардуми мусалмони Тоҷикистон туҳфа карда шуд.

Аз ҳисоби буҷети давлат ва Фонди захиравии Президент даҳҳо миллион сомонӣ барои  чопи китобҳои адабӣ, илмӣ, ахлоқӣ ва эътиқодии фарҳанги исломӣ ҷудо гардида, садҳо асарҳои гаронбаҳои таърихӣ, ки асрҳои дароз ба ҷурми ҷанбаи динӣ доштан дар гӯшаи фаромӯшӣ монда буданд, дастраси мардуми мусулмони кишвар гардонида шуданд.

Имрӯз Тоҷикистон аз нигоҳи теъдоди масоҷид вобаста ба шумораи аҳолии кишвар дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ба мақоми аввал баромад.

Ба андешаи олимони исломшиноси ҷаҳон маҳз ҳамин ҳамдигарфаҳмии созанда, таҳаммулгаройӣ, муносибатҳои дӯстонаву ҳамзистиву ҳамкорӣ бо фарҳангҳои дигар исломро ҳамчун фарҳанги созанда муддатҳо ба тамаддуни пешрафтаи ҷаҳонӣ табдил дода буд.

Тоҷикистон кишвари кӯҳсор аст. 93 фоизи қаламрави кишвари моро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Тоҷикистон ҳамчунин манбаи асосии оби Осиёи Миёна мебошад.

Қобили зикр аст, ки мамлакати мо неруи бузурги гидроэнергетикӣ дорад ва ояндаи он ба истифодаи самарабахшу оқилонаи ин намуди энергия вобаста мебошад. Тоҷикистон қариб панҷ фоизи захираҳои ҷаҳонии гидроэнергетикиро дорост, ки он дар як сол 527 миллиард киловатт – соатро ташкил медиҳад.

Ин рақам аз эҳтиёҷоти ҳозираи минтақаи Осиёи Марказӣ ба неруи барқ, ки дар он асосан неругоҳҳои барқи ҳароратӣ истифода мешаванд, беш аз се баробар аст. Дар ҳоли ҳозир танҳо 3,2 фоизи ин неру аз худ карда шудааст.

Дар сурати роҳандозӣ намудани ҳамкории самараноки кишварҳои ҳавасманд қудрати содиротии Тоҷикистон метавонист то соли 2020 — ум 30 миллиард киловатт — соатро ташкил диҳад, ки ин ба рушди тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат менамуд.

Дар робита бо ин, Тоҷикистон чун кишвари кӯҳсор ба мушорикату ҳамкорӣ дар масъалаҳои идораи рушди захираҳои кӯҳистон ва рушди иҷтимоию иқтисодии аҳолии минтақаҳои кӯҳсори ҷаҳон ҳар чӣ бештар манфиатдор аст.

Ҳозирини гиромӣ!

Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои пасошӯравӣ яке аз аввалин аъзои Созмони Ҳамкориҳои Исломист ва дар доираи ин ташкилоти бонуфуз мо ҷонибдори густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳони ислом дар асосҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯбаи ин созмон ва муассисаҳои он мебошем.

Ба назари мо, Созмон бояд нақши худро дар ҳаллу фасли масъалаҳои доғи минтақа тақвият бахшад ва Тоҷикистон низ дар ин раванд саҳм хоҳад гирифт.

Мо дар заминаи ҳамкориҳои судманд бо шарикони рушд ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ тавонистем, ки дар кишварамон суботи иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиро таъмин намоем.

Маҳз ин омил кафили асосии комёбиҳои мо ба шумор меравад, зеро бидуни суботи иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсӣ таъмин намудани рушди устувор ва баланд бардоштани некуаҳволии мардуми кишвар ғайриимкон мебошад.

Мо барои оянда нақшаҳои возеҳ дорем ва фаъолияти мо дар асоси барномаҳои муайян амалӣ карда мешавад.

Ба андешаи мо, ба шумули чунин лоиҳаҳои сармоягузорие, ки кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ  бояд ба он таваҷҷуҳи хос зоҳир намоянд, пеш аз ҳама, лоиҳаи хатти барқе, ки имконияти аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон интиқол додани неруи барқро дорад ва ҳамчунин бунёди роҳи оҳани пайвасткунандаи Туркманистон, Афғонистон ва Тоҷикистон, лоиҳаи сармоягузорӣ дар мавриди сохтмони роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб – Кулма –Қароқурум мебошад.

Дар робита ба ин, мехоҳам ҳамчунин сохтмони хатти лӯлаи оби нӯшокиро  аз Тоҷикистон ба Эрон ва лӯлаи нафту газро аз Эрон ба Тоҷикистон, роҳи оҳани Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон-Чинро зикр намоям, ки бешубҳа, барои  ҳар ду ҷониб аҳамияти хеле калон доранд.

Лоиҳаҳои зикршуда ҷавобгӯйи манфиатҳои на танҳо кишварҳои татбиқкунандаи онҳо, балки дар маҷмӯъ ба фоидаи кулли давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ мебошанд ва итминон дорам, ки кишварҳои узви Созмон дар ин замина кумаки худро ҷиҳати ба охир расонидани лоиҳаҳои мазкур дареғ намедоранд.

Бо назардошти эҳтиёҷоти шадиди аксари кишварҳои минтақа ба қувваи барқ, ҳамкории байниминтақавӣ оид ба масъалаҳои энергетика  бояд аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории мо бошад. Дар ин росто, Тоҷикистон барои пуштибонӣ аз истифодаи васеи манбаъҳои таҷдидшавандаи неру даъват ба амал меорад.

Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии худро ба рушду тавсеаи ҳамкории воқеии дуҷониба ва бисёрҷониба дар ин арса бори дигар иброз медорад.

Ҳозирини гиромӣ!

Тоҷикистон аз ибтидо ҷонибдори эътирофи ҳуқуқи комили Ҷумҳурии Исломии Эрон ба озмоишгоҳи осоиштаи ҳастаӣ буд ва мемонад. Мо созишномаи Женеваро дар ин маврид пурра ҷонибдорӣ намуда, тарафдори ҳалли ҳама гуна масъалаҳои баҳснок танҳо бо роҳи гуфтушунид мебошем.

Тоҷикистон давлати ҳамсарҳад бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошад. Аз ин сабаб, мехостам баъзе андешаҳоямро вобаста ба вазъияти ин кишвари ба мо дӯст ва ҳамсарҳад иброз намоям.

Ҷумҳурии Исломии Афғонистони дӯст соли 2014 дар рӯёрӯйи озмоишҳои нав қарор мегирад ва дастгирии моро интизор аст. Мо бовар дорем, халқи бародари афғон, ки аз ҷониби кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ ҷонибдорӣ мешавад (ва ин кишварҳо, инчунин тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ барои рушди минбаъдаи мусолиматомез дар ин кишвар масъуланд), душвориҳои дарпешистодаро муваффақона бартараф менамояд ва ба ҷаҳон саъю кӯшиши худро барои эҳёи Афғонистоне нишон медиҳад, ки дар дунё бо таърихи бой ва фарҳанги хосаи худ машҳур аст. Мо вазифадорем, ки ҳамсояи худро дар ин марҳилаи ҳассоси таърихи Афғонистон ҳам аз ҷиҳати моддӣ ва ҳам маънавӣ дастгирӣ намоем.

Ҳамаи мо манфиатдорем, ки Афғонистон ба мамлакати осудаю мутараққӣ ва босубот табдил ёбад. Мо бояд ба халқи афғон кумак расонем, ки роҳи худро ба сӯйи сулҳу субот устуворона давом дода тавонад.

Ба назари мо, вақти он расидааст, ки Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои минтақа тамоми  имкониятҳои худро барои ҳалли мусолиматомези қазияи Афғонистон равона созад.

Дар фарҷоми сухан мехостам бори дигар изҳори боварӣ намоям, ки Конфронси имрӯза дар кори муайян намудани роҳҳои самараноки расидан ба рушди устувор ва ҳамгиройии пойдор ва таъмини ҳамбастагии воқеии кишварҳои мусалмон  саҳми арзанда хоҳад гузошт.

 Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.