Таъмини бехатарии партовгоҳҳо зарур ва ногузир аст

№52 (3037) 29.04.2013

Бисту панҷуми апрели соли ҷорӣ дар мавзуи «Натиҷагирӣ аз    рафти иҷрои созишномаҳо ва лоиҳаҳо оид ба безараргардонии  партовгоҳҳои урандор дар КВД «Востокредмет» ҷаласаи Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

DSC_0186

Зимни сухани ифтитоҳӣ раиси комиссия Маҳмадшариф Ҳақдодов зикр  кард, ки масъалаи идоракунии бехатари партовҳои истеҳсоли уран барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ мегардад, чунки дар давраи  солҳои 1945- 1993 дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи атомии ИҶШС дар корхонаҳои Комбинати кӯҳӣ- химиявии Ленинобод (ҳозира КВД «Востокредмет») — дар ҳудуди шаҳрҳои Чкалов, Табошар (ҳоло Истиқлол) ва шаҳрчаи Адрасмон истихроҷ ва коркарди маъдани уран ба роҳ монда шуда буд. Дар натиҷаи фаъолияти бисёрсола дар қисмати шимоли Тоҷикистон зиёда аз 170 млн. м3 ҷинсҳои кӯҳии коркардшуда ва партовгоҳҳои урандор дар ҳаҷми 55 млн. тонна ба вуҷуд омадааст.

Дар робита ба хусусиятҳои хоси объектҳои номбаршуда, ба андешаи мавсуф, ҷойгиршавии онҳо дар водиҳои  байникӯҳӣ, дар наздикии ҷӯю дарёҳо ва ҳудуди минтақаҳои аҳолинишин, инчунин аз таъсири офатҳои табиӣ онҳо метавонанд барои саломатии инсон ва  муҳити зист таъсири манфӣ расонанд.

Хавфи партовгоҳҳои урандор тамоми Тоҷикистонро фаро намегирад, вале агар сари вақт чораҷӯйӣ нашавад, метавонад сабабгори пайдоиши офат дар як минтақа  гардад, ки барои бартараф намудани зиёни он вақти зиёд ва маблағи калон зарур мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити кунунӣ имкониятҳои молиявӣ ва техникии зарурӣ барои таъмини нигоҳдорӣ, азнавсозии партовгоҳҳо ва офияти ҳудудҳои заҳролудшударо надорад.

Бино ба гуфти М.Ҳақдодов, барои ҳалли масъалаи партовгоҳҳои урандор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо кишварҳои ҳамсоя, зерсохторҳои СММ, МАГАТЭ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ пайваста талош менамояд.

Бо ин мақсад соли 2005 дар шаҳри Қайроққум конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони « Водии Фарғона, масъалаҳои асосии мероси техногении уран дар Тоҷикистон» бо ширкати намояндагони ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия, ИМА ва коршиносони САҲА баргузор гардид. Дар ин конференсия нақшаи амал оид ба безараргардонии партовгоҳҳои урандор қабул шуд. Дар идомаи ин фаъолият соли 2009 ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конференсияи минтақавӣ зери унвони «Партовгоҳҳои урандор, масъалаҳои маҳаллӣ, оқибатҳои минтақавӣ, ҳалли глобалӣ», ки дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон доир шуд ва моҳи июни соли 2009 дар Форуми байналмилалӣ, ки дар шаҳри Женева барпо гардида буд, иштирок ва пешниҳодҳоро оид  ба ҳалли масъалаҳои партовгоҳҳои урандор ироа намуда буд.

Барои мукаммал намудани қонунгузории соҳа ҳоло дар баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ», ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, қарор дорад.

- Бо вуҷуди зиёд будани  иқдомот дар ин ҷода, онҳо  нокифоя мебошанд, -гуфт дар хотимаи суханрониаш Маҳмадшариф Ҳақдодов.

Сипас, доир ба масъалаи мавриди баррасӣ ҳозирин  филми мустанади таҳиягаштаро  тамошо намуданд.  Муовини директори Агентии амнияти  ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Саломов вобаста ба ин масъала гуфт, ки айни замон бо мақсади  идоракунии бехатари партовгоҳҳои зикршуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо  ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ лоиҳаҳои зиёдеро  амалӣ менамояд. Мавсуф пешниҳод намуд, ки аз ҷониби Вазорати тандурустии мамлакат, дар доираи барномаи алоҳида оқибатҳои таъсири ин партовгоҳҳо ба саломатии сокинони  минтақа мавриди пажӯҳиш қарор бигирад. Номбурда муътақид аст, ки ҳалли ин мушкилот таври алоҳида имконнопазир буда, ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин раванд зарур аст.

Сардори Раёсати илм ва иттилооти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Қосимбек Олимбеков андешаҳои болоро тақвият  бахшида, зиёд намудани маблағгузориро  дар ин самт тақозои  замон арзёбӣ кард. Тибқи суханони мавсуф, то ин замон аз ҷониби  вазорат баҳри безарар намудани чунин партовгоҳҳо 20 лоиҳаи хурду бузург таҳия ва дар ҳамкорӣ бо  ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ мавриди амал қарор гирифтааст. Аъзои Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ доир ба масъалаи мавриди баррасӣ андешаронӣ намуда,  пешниҳодоти хешро иброз доштанд.

 Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»