Такмили қонунгузорӣ ба рушд ва беҳбуди соҳаҳои хоҷагии халқ имкони бештар медиҳад

№134 (3119) 22.10.2013

(Идома аз шумораи 133 (3118)

РАИС: — Дар хусуси Конвенсияи 144 Созмони байналмилалии меҳнат «Оид ба машваратҳои сеҷониба барои мусоидат ҷиҳати татбиқи меъёрҳои байналмилалии меҳнат» сухан ба муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Табаров Темур Табарович дода мешавад.

ТабаровТемур ТАБАРОВ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии иҷтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ» ҷиҳати таъмини иҷрои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, қабули лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Конвенсияи №144 Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат «Оид ба машваратҳои сеҷониба барои мусоидат ҷиҳати татбиқи меъёрҳои байналмилалии меҳнатӣ»-ро ба мақсад мувофиқ мешуморад.

Зарурати ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи номбаргардида аз муқаррароти қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2009 таҳти №71 «Дар бораи маъқул донистани Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон» ва аз 3 декабри соли 2010 таҳти № 623 «Дар бораи Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналмилалии  Меҳнат оид ба меҳнати  арзанда барои солҳои 2010-2013» бармеояд.

Ҳамроҳшавӣ ба Конвенсияи мазкур имкон медиҳад, ки Тарафҳо  дар муносибатҳои меҳнатӣ байни  шарикони иҷтимоӣ шарту қоидаҳо, натиҷаҳои баҳогузории шарикони иҷтимоиро мавриди машварат қарор дода, ҳангоми таҳия ва татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз таҷрибаи давлатҳои тараққикарда, натиҷаҳо ва дастовардҳои онҳо истифода намоянд.

Лоиҳаи қарори мазкур имкон медиҳад, ки Тарафҳо барои аз байн бурдани ихтилофот ва нофаҳмиҳое, ки дар ҷараёни музокирот ба вуқуъ меоянд, ҳангоми бастани созишномаҳо ва шартномаҳои соҳавӣ, минтақавӣ ва байналхалқӣ бо роҳи баргузор намудани машварат ҳал гарданд.

Инчунин барои гузаронидани баҳодиҳии вазъияти ҳозираи муколамаи сетарафаи миллӣ, расидан ба мақсадҳои асосӣ ва афзалиятҳои Барномаи ҳудудии Созмони Милали Муттаҳид оид ба расонидани кӯмаки техникӣ барои солҳои 2010-2015 ва мустаҳкам  намудани иқтидори иштирокчиёни сетарафа барои танзими  масъалаҳои афзалиятнок  дар соҳаи меҳнат замина фароҳам меорад.

Мақсади дигари ҳамроҳшавӣ ба Конвенсияи мазкур батанзимдарории муносибатҳои меҳнатии байни Тарафҳо, ҳамчун яке аз роҳҳои самарабахши машваратҳои сеҷониба барои расидан ба ҳадафҳои дарпешистода мебошад.

Машваратҳои сеҷониба бошад, заминаи устувори ҳуқуқӣ, низоми иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ, таъмини музди меҳнат, ҳифз ва бехатарии меҳнатро  дар татбиқи барномаҳои давлатии соҳавӣ, беҳтар намудани шароити меҳнат ва вусъатбахшии ҳифзи иҷтимоӣ, ба дастрасии кӯмакҳои техникиву молиявии созмонҳои байналмилалӣ фароҳам меорад.

Батасвибрасонии Конвенсияи мазкур маблағгузории иловагиро аз буҷети давлатӣ талаб намекунад. Аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули қарор ва қонунҳои иловагиро оид ба гузаронидани расмиёти машваратҳо ба миён намегузорад. Машваратҳое, ки Конвенсия талаб менамояд, набояд ҳатман ба розигӣ оварда расонанд ва Ҳукумат бо ақидаҳое, ки дар ҷараёни машваратҳо баён гардидаанд,  вобаста нест.

Мақсади расмиёте, ки дар Конвенсияи мазкур пешбинӣ шудааст, гузаронидани машваратҳо ва ҷустуҷӯйи роҳҳои нави сармоягузорӣ, ҷалби ташкилотҳои корфармоён  ва кормандон дар сатҳи миллӣ мебошад ва ин барои баланд бардоштани иқтидори  шарикони сетарафа, танзими масъалаҳои афзалиятноки меҳнат, шуғли арзандаи шаҳрвандон, аз ҷумла занон ва муҳоҷирони меҳнатӣ шароит фароҳам меорад.

Бо мавриди амал қарор гирифтани Конвенсияи номбурда ва дар заминаи он баргузор намудани машваратҳо бо шарикони иҷтимоӣ ва таҳия гардидани асноди дахлдор  теъдоди зиёди шаҳрвандон ба муносибатҳои танзимёфтаи меҳнатӣ фаро гирифта мешаванд ва ин имкон медиҳад, ки сатҳу сифати таъминоти иҷтимоии кормандон беҳтар гардад.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Хонов Абдураҳмон  Умарович дода мешавад.

ХоновАбдураҳмон ХОНОВ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Конвенсияи 144 Созмони байналмилалии меҳнат «Оид ба машваратҳои сеҷониба барои мусоидат ҷиҳати татбиқи меъёрҳои байналмилалии меҳнат», ки 21 июни соли 1976 дар шаҳри Женева қабул гардидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ пешниҳод шудааст, бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 сентябри соли 2013 №2031 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва барои хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуда буд.

Ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи мазкурро дастгирӣ намуданд.

26 сентябри соли 2013 Конвенсияи 144 Созмони байналмилалии меҳнат «Оид ба машваратҳои сеҷониба барои мусоидат ҷиҳати татбиқи меъёрҳои байналмилалии меҳнат» дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт ва ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт.

Мавриди зикр аст, ки ҳар як узви Созмони байналмилалии меҳнат, ки Конвенсияи мазкурро тасдиқ мекунад, амалисозии расмиёти таъминкунандаи машварати самарабахшро байни намояндагони ҳукумат, корфармоён ва кормандон оид ба масъалаҳои вобаста ба фаъолияти Созмони байналмилалии меҳнат ба роҳ мемонад.

Конвенсияи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мутобиқ мебошад.

Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба ҷонибдории он овоз диҳед.

Дар хусуси тасдиқи Конвенсияи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: — Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ оид ба таъмини транзити амволи низомӣ ва афсарон аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар иштироки қӯшунҳои мусаллаҳи Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар саъю талошҳои байналмилалӣ ҷиҳати ба эътидоловарӣ ва барқарорсозии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Гиёев Сайфулло Неъматович дода мешавад.

ГиёевСайфулло ГИЁЕВ:Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Дар баррасии шумо Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ оид ба таъмини транзити амволи низомӣ ва афсарон аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар иштироки қӯшунҳои мусаллаҳи Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар саъю талошҳои байналмилалӣ ҷиҳати ба эътидоловарӣ ва барқарорсозии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қарор дорад, ки ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Созишномаи мазкур тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2013 таҳти №1995 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хулосаи ҳуқуқӣ фиристода шуда буд.

Созишномаи зикршуда 18 апрели соли 2013 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, тибқи талаботи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

Созишнома аз муқаддима, 12 модда иборат аст. Дар муқаддима мақсад ва мароми ба имзо расидани Созишнома баён шудааст.

Моддаи 1-ум Муқаррароти умумӣ ном дошта, дар он тартиби амалисозии транзити амволи низомӣ ва  хизматчиёни низомӣ ва мулкии Тарафи Британия ва кишварҳои сеюмро аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мусоидат ба талошҳои байналмилалӣ ҷиҳати баэътидоловарӣ ва барқарорсозии Афғонистон муайян менамояд. Зикр бояд намуд, ки ҳама истилоҳоте, ки дар ҳамин Созишнома истифода шудаанд, дар моддаи 2 маънидод карда шудааст.

Тарзҳои анҷом додани транзит дар моддаи 3 муқаррар гардидааст. Тибқи он транзити ҳавопаймои ҳарбие, ки ҳайати Тарафи Британия ва кишварҳои сеюмро интиқол медиҳад, метавонад бе нишастан дар фурудгоҳҳои миёнироҳӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои ҳолатҳои фуруди маҷбурӣ, анҷом дода шавад.

Масъалаҳои таҷҳизоти ҳавопаймо, интиқоли ҳайати Тарафи Британия ва ҳайати кишварҳои сеюмро моддаҳои 4 ва 5 муқаррар менамоянд.

Мувофиқи моддаи 6-уми Созишнома ҳайати Тарафи Британия ва ҳайати кишварҳои сеюм уҳдадор мешаванд, ки қонунҳои Ҷумҳуриии Тоҷикистон, аз ҷумла санадҳои гумрукӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигарро риоя намуда, ба корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дахолат накунанд. Қоидаҳои сарҳадӣ ва гумрукӣ, пардохти хароҷот, маълумот, ҳалли ихтилофҳо ва баҳсҳо дар моддаҳои 7- 11 пешбинӣ шудаанд.

Дар моддаи 12-уми Созишномаи мазкур муҳлати амал ва қатъи он муайян карда шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуда, доир ба он хулоса пешниҳод карданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 25 сентябри соли 2013 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ мавриди муҳокима қарор дод ва он аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ карда шуд.

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ оид ба таъмини транзити амволи низомӣ ва афсарон аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар иштироки қӯшунҳои мусаллаҳи Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар саъю талошҳои байналмилалӣ ҷиҳати ба эътидоловарӣ ва барқарорсозии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ кунед.

Дар хусуси тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Холов Саттор дода мешавад.

Саттор ХоловСаттор ХОЛОВ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Ба баррасии шумо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» пешниҳод карда мешавад.

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2013 таҳти №1119 қонуни мазкур қабул гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуда буд.

Лоиҳаи қонуни зикршуда аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ наёфта, барои баррасии такрорӣ ирсол гардид, ки он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2013 таҳти №1993 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният супорида шуд.

25 сентябри соли 2013 дар ҷаласаи васеи кумитаи мазкур бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкур бори дигар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Эродҳои аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда ба инобат гирифта, қонуни мазкур қабул карда шуд. Аз ин рӯ, дар матни қонун калима ва рақамҳои «бандҳои 14) ва 15)» мутобиқан ба калима ва рақамҳои «бандҳои 15) ва 16)» иваз карда шуда, ҳамзамон ба матн баъд аз рақами «16)» калимаҳои «қисми якуми» илова карда шуд.

Лоиҳаи қонун аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ гардид.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, қабули он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия»-ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Авзалшоева Бибидавлат Аскаршоевна дода мешавад.

Бибидавлат АвзалшоеваБибидавлат АВЗАЛШОЕВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ  аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б.Авзалшоева ва Ш.Самадов таҳия ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни баррасишаванда бо мақсади такмили меъёрҳои қонуни мазкур, таъмини мутобиқати дохилии онҳо, ҳамчунин мутобиқ намудани қонуни мазкур ба талаботи дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни зикргардида аз 27 қисм иборат буда, ба 21 моддаи қонуни амалкунанда тағйирот пешбинӣ шудааст. Хусусан, моддаҳои 6, 17, 19 ва қисмҳои алоҳидаи баъзе моддаҳои дигар дар таҳрири нав оварда шуданд. Ҳамзамон баъзе моддаҳо ва сархатҳои онҳо аз ҷиҳати услуби забон ва мутобиқати дохилӣ  мавриди таҳрир қарор ёфта, ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ гардонида  шудаанд.

Лоиҳаи қонуни зикршуда бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2013 таҳти №1767 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, инчунин шуъбаи  ҳуқуқи  Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш ва таҳлили ҳаматарафа  қарор дода, онро ҷонибдорӣ карданд ва ҳамзамон, як қатор таклифҳо пешниҳод намуданд.

Кумитаи масъул 5 сентябри соли 2013 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони ҳамаи  кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонун ва таклифҳои воридгаштаро мавриди баррасӣ қарор дод.

Кумитаи масъул аз 53 таклифи пешниҳодшуда 36 таклифро пурра, 5-тоашро қисман  қабул кард. 12 таклифи дигар  қобили қабул шуморида нашуд.

Ҳамин тариқ, аз матни лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда қисми 2, сархати дуюми қисми 6, қисми 10, сархати якуми қисми 17, қисмҳои 27, 28, 29 хориҷ ва қисми 11-уми лоиҳаи қонун ҳамчун қисми 7 дарҷ карда шуд.

Инчунин сархатҳои панҷум ва даҳуми қисми 10, сархати якуми қисми 11, сархати якуми қисми 17, сархати чоруми қисми 21 аз нав таҳрир карда шуда, дар қисми 1 моддаи 11 ва қисми 1 моддаи 17 калимаҳои  «қаламрави Маҷлиси вакилони халқи дахлдор» ва «ҳудуди  Маҷлиси вакилони халқи дахлдор» ба калимаҳои «дар ҳудуди воҳиди марзиву маъмурии дахлдор» иваз карда шуданд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» ба Конститутсияи  (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мухолифат надошта, қабули он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона  хоҳиш дорам, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Имомов  Азизмат Холматович дода мешавад.

Азизмат ИмомовАзизмат ИМОМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» бо мақсади такмили қонуни номбурда, мутобиқгардонии меъёрҳои дохилии он ва мувофиқ намудани муқаррароти он ба дигар санадҳои қонунгузории ҷумҳурӣ, аз ҷумла Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» таҳия ва пешниҳод карда шудааст.

Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия», қабл аз ҳама моҳият ва таъиноти қонуни номбурдаро мушаххас мегардонад. Иловаи муқаддима муқаррар мекунад, ки қонуни зикргардида ҳуқуқу уҳдадориҳо, фаъолият ва кафолатҳои вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро муайян менамояд.

Дар мувофиқа бо талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», меъёрҳои Қонун, ки муқаррароти умумӣ, тартиби фаъолияти Маҷлиси вакилони халқ, кафолатҳои вакили Маҷлиси вакилони халқ ва муқаррароти хотимавиро ба танзим медароранд, мушаххас гардонида, ҳамчун «Боби 1. Муқаррароти умумӣ», «Боби 2. Тартиби фаъолияти вакили Маҷлиси вакилони халқ», «Боби 3. Кафолатҳои вакили маҷлиси вакилони халқ» ва «Боби 4. Муқаррароти хотимавӣ» муайян карда мешаванд.

Дар моддаи 4 ваколатҳои вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳангоми амалигардонии фаъолияти истеҳсолӣ ва хизматӣ дақиқ гардонида шудаанд.

Моддаи 6 робитаи вакили Маҷлиси вакилони халқро бо интихобкунандагон, ҳизбҳои сиёсӣ ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ба танзим медарорад.

Сархати 5 қисми 2 моддаи 9 муқаррар мекунад, ки вакили Маҷлиси вакилони халқ оид ба шунидани ҳисобот ё маълумоти мақомоти тобеъ ё шахсони мансабдор ба Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ таклифҳо пешниҳод намояд.

Қисми 1 моддаи 11 ба вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳуқуқ медиҳад, ки ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои онҳо, ташкилотҳои дар ҳудуди воҳиди марзиву маъмурии дахлдор воқеъбуда, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти Маҷлиси вакилони халқ тааллуқ доранд, муроҷиат намояд.

Таҳрири пешниҳодшудаи қисми 3 моддаи 16 муқаррар мекунад, ки дар сурати ба инобат нагирифтани дархост ва пешниҳоди асосноку қонунии вакили Маҷлиси вакилони халқ шахсони мансабдори ба ин кор роҳдода бо пешниҳоди раиси Маҷлиси вакилони халқи дахлдор мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мамлакат ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 17 ва қисми 1 моддаи 18 муқаррар мекунанд, ки вакили Маҷлиси вакилони халқ барои қабул аз тарафи шахсони мансабдор дар ҳудуди воҳиди марзиву маъмурии дахлдор ҳуқуқ дорад ва шахсони мансабдор уҳдадоранд, ки ба муроҷиати вакил тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ ҷавоби хаттӣ диҳанд.

Моддаи 19 ҳуқуқи вакили Маҷлиси вакилони халқро барои дастрасии иттилоот ва истифодаи он муқаррар мекунад.

Ҳамин тариқ, тағйиру иловаҳои ба қонуни номбурда пешниҳодшуда дар мувофиқа ба муқаррароти Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузории ҷумҳурӣ буда, дар маҷмуъ меъёрҳои онро мушаххасу дақиқ ва пурра мегардонанд ва метавонанд дар болоравии мавқеи вакилони Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҳалли саривақтии масъалаҳо ва мушкилотҳои ҷойдошта дар ҳудуди воҳиди марзиву маъмурии дахлдор, инчунин ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, ҷомеа ва давлат нақши муҳим бозанд.

Қонун мутобиқ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории мамлакат буда, татбиқи он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, ҳамкасбони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки ба тарафдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Ҳамзамон дар ҷаласа масъалаҳо «Дар бораи ба ҳайати Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба одоби вакилон интихоб намудани Исматуллоев Дилшод Абдуғаффорович ва «Дар бораи ба ҳайати Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор интихоб намудани Сафаров Зайнуддин» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷиҳати тасдиқи онҳо таври алоҳида Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Неъматулло СОЛЕҲОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ