Шарҳи қонун

Танҳо амволи вобаста ба ҷинояти содиршуда мусодира мегардад

№12 (3158) 05.02.2014

Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тағйиру иловаҳо ворид гардид, ки мавриди амал қарор дорад. Муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Самадов Тӯрахон Давлатович шарҳ медиҳад.

-Қонунгузорӣ дар кадом ҳолатҳои содир шудани амали ҷиноятӣ мусодираи амволро пешбинӣ мекунад ва тартиби иҷрои он чӣ гуна аст? Дар ин маврид оё ҳисса ё саҳми аҳли оилаи  шахси ба ҷавобгарӣ кашидашуда ба эътибор гирифта мешавад?

-Моддаи 57-уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ин ҳолатҳоро бо таври саҳеҳ ва фаҳмо нишон додааст. Мувофиқи он мусодираи молу мулк ин дар асоси ҳукми айбдоркунанда маҷбуран ва ба таври ройгон гирифтан, ба моликияти давлат гузаронидани молу мулки маҳкумшуда мебошад.

Банди а) қисми 1 моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаҳоро вобаста ба маҷбуран ба таври ройгон гирифта, ба моликияти давлат гузаронидани молу мулки дар асоси ҳукми айбдоркунанда мусодирашударо ба танзим медарорад, такмил ёфтааст. Ба он як қатор моддаҳои дахлдори қисми махсуси Кодекси мазкур илова гардидаанд.

Мувофиқи ин иловаҳо, минбаъд танҳо молу мулке, ки дар натиҷаи содир намудани ҷиноятҳои дар Кодекси мазкур  пешбинигардида ба даст оварда шудаанд, мусодира  мегарданд.

Ҳамчунин моддаи 57 пешбинӣ кардааст, ки агар молу мулки дар натиҷаи содир намудани ҷиноят бадастовардашуда ва (ё) даромадҳо аз ин молу мулк ба молу мулки ба таври қонунӣ мавҷудбуда ҳамроҳ карда шуда бошад, он қисмате мусодира мегардад, ки ба арзиши молу мулки ҳамроҳкардашуда ва даромадҳо аз он мувофиқ бошад. Молу мулке, ки аз ҷониби шахси гунаҳгор ба дигар шахс (ташкилот) дода шудааст, дар он ҳолат мусодира мегардад, ки агар шахси онро қабулнамуда донад ё бояд медонист, ки он дар натиҷаи ҳаракатҳои ҷиноятӣ ба даст оварда шудааст. Агар  ашёи муайян фурӯхта шуда ё бо сабаби дигар мусодираи он ғайриимкон бошад, суд дар бораи мусодираи маблағи пулие, ки ба арзиши ашёи мазкур мувофиқ аст, қарор қабул менамояд. Ҳангоми баррасии масъалаи мусодираи молу мулк дар навбати аввал бояд масъалаи талофӣ гардидани зарари ба соҳиби қонунӣ расонидашуда ҳал карда шавад. Дар ҳолате ки шахси гунаҳгор ба ғайр аз молу мулки бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда дигар моликият надошта бошад, он гоҳ зарари ба соҳиби қонунӣ расонидашуда аз арзиши молу мулки мусодирашаванда талофӣ гардида, қисми боқимонда ба фоидаи давлат гузаронида мешавад.

Молу мулке, ки барои маҳкумшуда ё шахсони таҳти сарпарастии ӯ қарордошта зарур аст, мувофиқи рӯйхати дар Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида мусодира карда намешавад.

Мусодираи молу мулки маҳкумшуда дар асоси ҳукми суд амалӣ мешавад. Суд баъди ҳукми асосии айбдоркунанда баровардан, дар ҳолати мавҷуд будани далелҳои қонунӣ, метавонад мусодираи молу мулкро низ ҳамчун ҷазои иловагӣ таъин намояд. Суд бояд дар ҳукм нишон диҳад, ки кадом қисми молу мулки маҳкумшуда ё амвол бояд таҳти мусодира қарор дода шаванд. Дар таҷриба давоми амалиёти тафтишоти ибтидоӣ молу мулки айбдоршаванда ба рӯйхат гирифта, нигоҳ дошта мешаванд.

Пас аз ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукм суд варақаи иҷроро барои иҷрои ҳукм ба иҷрочиёни суд равон мекунад ва мақоми молияи дахлдорро огоҳ месозад. Иҷрои ҷазо дар намуди мусодираи  амвол аз ҷониби судиҷрочиёни маҳали воқеъшавии молу мулк амалӣ карда мешавад.  Бо гирифтани варақаи иҷро иҷрочии суд ҳамон лаҳза мавҷудияти молу мулки дар рӯйхат қайдшудаи маҳкумшударо месанҷад. Агар чунин рӯйхат набошад, худаш барои муқаррар кардани молу мулки маҳкумшуда амалиётҳои қонунӣ мегузаронад, рӯйхати онҳоро тартиб медиҳад ва барои нигоҳ доштанашон чораҳои зарурӣ меандешад. Ҳиссаи маҳкумшуда дар моликияти умумӣ, ширкату ҷамъиятҳо ва ғайра низ ба рӯйхат дохил карда мешаванд. Шаҳрвандон ва ташкилотҳое, ки моликияти маҳкумшуда дар онҳо нигоҳ дошта мешаванд, уҳдадоранд дар ин хусус ба суд ё иҷрочии суд хабар диҳанд. Шахсоне, ки молу мулки барӯйхатгирифтаро барои нигоҳдорӣ қабул кардаанд, барои гум шудани онҳо ҷавобгаранд.

Мувофиқи қонун танҳо он молу мулк, арзишҳо ва маблағҳои пулӣ ба рӯйхат гирифта мусодира карда мешаванд, ки дар натиҷаи содир кардани ҷиноят ба даст оварда шудаанд, предмети қочоқ, олот ё воситаи содир кардани ҷиноят буданд ё барои маблағгузории терроризм, гурӯҳи муташаккил, иттиҳоди ҷиноятӣ пешбинӣ шудаанд. Молу мулки бо роҳи қонунӣ бадастомада, ҳисса ё саҳми аъзои оилаи маҳкумшуда мусодира карда намешавад.

Молу мулки мусодирашуда мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз қонеъ намудани тамоми даъвои (талаботи) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба маҳкумшуда пешниҳодгардида ба мақомоти молиявӣ супурда мешавад. Вобаста ба даъво, ки бояд аз ҳисоби молу мулки мусодирашудаи маҳкумгашта қонеъ гардонида шавад, давлат дар ҳудуди актив ҷавоб медиҳад.

Вобаста ба мавзӯи иҷрои ҷазои мусодираи молу мулк мехостам як чизро илова намоям.  Солҳои охир қонуни ҷиноятӣ аз мусодираи пурраи молу мулк ба мусодираи қисман ва махсуси он гузаштааст. Ин нукта дар Кодекси ҷиноятӣ татбиқи худро ёфтааст. Лекин тартиби амали татбиқи он дар Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи Кодекси ҷиноятӣ ҷавоб намедиҳад. Яъне, моддаҳои дахлдори Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ бояд дар бораи ошкор намудани молу мулки бо роҳи ҷиноят бадастомада, молу мулки барои маблағгузории терроризм, гурӯҳи муташаккил, воҳиди мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва иттиҳодияи ҷиноятӣ пешбинишуда амалиётҳои мурофиавиро муқаррар намоянд. Аз қисми хулосавии ҳукм  бояд фаҳмо бошад, ки кадом қисми молу мулки маҳкумшуда ё кадом амволи ӯ бояд мусодира карда шавад. Танҳо дар чунин ҳолат принсипи дар мусодираи молу мулк гузошташудаи Кодекси ҷиноятӣ пурра амалӣ мегардад.

-Бо ворид шудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз кадом гурӯҳи ҷиноятҳо изофа шудаанд, ки мутобиқи он молу мулк мусодира мегардад? 

-Номгӯйи моддаҳои қисми махсуси Кодекси ҷиноятӣ, ки барои содир кардани ҷиноятҳои бо онҳо пешбинишуда мусодираи молу мулки дар натиҷаи содир кардани ҷиноят ба даст оварда шудаанд, дар банди а) қисми 1 моддаи 57 Кодекси ҷиноятӣ оварда шудаанд. Қонуни нав қабулшуда ба қатори онҳо боз 24 моддаи дигарро дохил кард. Аз он ҷумла ҷиноятҳои бо моддаи 184 (Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдан ё ғасби  ҳавопаймо, киштӣ  ё қатораи роҳи оҳан), моддаи 1842  (Кирдорҳои қасдона ба муқобили бехатарии ҳавопаймо ё киштӣ), моддаи 221 (Қасдан ниҳон доштан ё таҳриф кардани таҳсилот оид ба олудагии муҳити атроф), моддаҳои 244-250 (Дуздӣ, қаллобӣ, ғоратгарӣ, роҳзанӣ ва тамаъҷӯӣ),  моддаи 254  (Соҳиб  шудан  ё ба соҳибияти каси дигар додани молу мулке, ки баръало  бо роҳи ҷиноят ба даст оварда  шудааст), моддаи 257 (Тасарруфи   воситаи фондҳои  кӯмаки хориҷӣ), моддаи 259 (Соҳибкории ғайриқонунӣ), моддаи 274 (Бадқасдона вайрон кардани қоидаҳои баргузории тиҷорати оммавӣ ё тендер ё музоядаҳо (ауксион),  моддаи 275  (Истифодаи ғайриқонунии воситаҳои фардикунонии иштирокчиёни аҳдҳои гражданӣ, молҳо, корҳо ва   хизматрасонӣ), моддаи 284 (Бастани аҳди ғайриқонунии бо  металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳои табиӣ ё марворид марбут),  моддаҳои 291-293 (Саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ ва андозҳо), моддаи 320 (Додани пора), моддаи 335 (Ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон), моддаҳои 340-3401 (Сохтакорӣ), моддаи 356 (Таҳдид ё зӯроварӣ вобаста ба амалбарории адолати судӣ ё таҳқиқи  ибтидоӣ ё тафтишоти пешакӣ), моддаи 402 (Ҳамла ба шахсон ва муассисаҳои таҳти ҳимояи байналхалқӣ қарордошта) мутааллиқ аз ҳамин қабиланд. Назари сатҳӣ ба ин рӯйхат нишон медиҳад, ки дар натиҷаи содир шудани ҳамаи онҳо бевосита ё бавосита маблағҳои пулӣ, арзишҳо ва дигар молу мулк бо роҳи ғайриқонунӣ бадастдароварда ҳисобида мешаванд.

-Хоҳишмандам дар ин маврид баъзе моддаҳо, аз ҷумла моддаҳои 291- 293, 320, 356 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ диҳед?

-Моддаҳои 291-293  ҳаракатҳои саркашӣ кардан аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андозҳоро ба миқдори калон ва махсусан калон пешбинӣ кардааст. Мувофиқан, шахсони чунин ҷиноятҳоро содиркарда даромади ғайриқонунӣ ба даст меоранд, аз ин сабаб ба мақсад мувофиқ аст, агар ин даромадҳо ошкор ва ба фоидаи давлат мусодира карда шаванд.

Мусодираи молу мулки шахси порадода (моддаи 320) аз як тараф нисбати маблағи пора ҳамчун воситаи содир кардани ҷиноят истифода шавад, инчунин вобаста ба маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулки ба ин тариқ бадастомада амалӣ мегарданд. Мақсад ва ғаразҳои шахси порадиҳанда гуногун, номаҳдуд ва пешгӯинашавандаанд. Роҳҳои ба даст овардани молу мулки ғайриқонунӣ ҳам хеле зиёд ва ниҳонианд. Аз ин рӯ, тафтишотро зарур мешавад, ки пайдоиш ва асосҳои қонунии молу мулки айбдоршавандаро муқаррар намояд.

Таҳдид ва амалҳои зӯрӣ нисбати судя, машваратчии халқӣ, прокурор, муфаттиш, таҳқиқкунанда, пристави суд, иҷрочии суд, адвокат, коршинос, тарҷумон, кормандони мақомоти андозу гумрук ва наздикони онҳо вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизматиашон ба фаъолияти муътадили онҳо халал расонида, ба ҷомеа хавфи калон дорад. Ба пешбинӣ шудани мусодираи молу мулк ҳангоми содир шудани ҷинояти бо моддаи 356 Кодекси ҷиноятӣ пешбинигардида асосан ҳамин омил сабаб гардидааст. Дар ин ҳолат низ бояд ҳамон қисмати молу мулк мусодира карда шавад, ки бо роҳи ҷинояти содиркарда ба даст оварда шуда бошад.

-Зарурати ворид сохтани чунин тағйиру иловаҳо аз чӣ иборат аст? Оё қаблан дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ин намуди ҷазо пешбинӣ нашуда буд?

-Мусодираи молу мулк ҳамчун ҷазо  аз давраҳои қадими таърихи тамаддун арзи вуҷуд дошт. Онро  ҳанӯз дар давраи Рими қадим истифода мебурданд. Дар давраҳои гуногун ба ин чораи ҷазо назарҳо низ гуногун буданд. Баъзан татбиқашро маҳкум, доираи амалашро маҳдуд менамуданд, сипас боз онро васеъ истифода мебурданд. Дар давлатҳои мутараққӣ аксаран таҳти мусодира танҳо он амволе қарор дода мешавад, ки барои содир намудани ҷиноят истифода ё бо ин роҳ ба даст оварда шудаанд. Мусодираи тамоми амволи маҳкумшуда роҳ дода намешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар давраҳои гуногун шакли мусодираи амвол дар мурофиаи ҷиноятӣ иваз шудааст. Дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ Кодекси ҷиноятӣ фақат мусодираи пурраи молу мулки маҳкумшударо пешбинӣ мекард. Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1998) низ мусодираи пурраи амволи шахси ҷиноятҳои вазнин ва ё махсусан вазнин бо мақсади ғаразнок содиркарда пешбинӣ шуда буд. Дар қисми махсуси Кодекс санксияҳои моддаҳои алоҳидаи ин ҷазо нишон дода шудааст.

Таҷрибаи мамлакатҳои ҷаҳонро дар ин самт ба назар гирифта, қонунгузории мо низ ба мусодираи амвол тағйироти ҷузъӣ дохил намуд. Акнун дар Кодекси ҷиноятӣ мусодираи амвол танҳо нисбати молу мулке, ки  ба ҷинояти содиркарда вобастааст, татбиқ карда мешавад.

Аз соли 1989 инҷониб дар миқёси умумиҷаҳонӣ Гурӯҳи   татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул (бо абривеатураи англисии ФАТФ)  амал мекунад. ФАТФ ташкилоти байниҳукуматӣ мебошад, ки бо коркарди стандартҳои  ҷаҳонии муқовимат бо софкории даромадҳои бо роҳи ҷиноятӣ бадастоварда ва маблағгузории терроризм машғул мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои ин Гурӯҳ аст. Тағйироти ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридкарда аз рӯйи тавсияҳои Гурӯҳи номбурда барои пурзӯр кардани мубориза бо ҷинояткорӣ равона шудааст.

М. АЪЗАМ, «Садои мардум».

Суратгир А. ИСОЕВ