Вакил ва интихобкунанда

Вохӯрӣ бо мардум

№107 (3092) 21.09.2013

Тайи як ҳафта муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирганд Шабозов ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев бо сокинони ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқотҳо доир карданд.

Онҳо дар ҷамъомадҳо роҷеъ ба қонунҳое, ки парлумони Тоҷикистон бо мақсади рушди бемайлони иқтисоди кишвар ба тасвиб расонд, ҳарф зада, иброз доштанд, ки ҳамаи ин қонунҳо бо дарназардошти андешаву назарҳои мардум, қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд.

Вакилон ҳамчунин вазъи иқтисодию иҷтимоии кишварро  таври мухтасар таҳлил намуда, аз тағйироту пешравиҳои дар риштаҳои маорифу тандурустӣ, роҳсозию соҳибкорӣ дар зарфи даҳ соли охир бадастомада ҳарф заданд. Аз ҷумла зикр намуданд, ки бо ифтитоҳи бозори наздимарзӣ дар ноҳияҳои Ишкошим, Дарвоз, Ванҷ, Теми шаҳри Хоруғ даҳҳо нафар тоҷирону соҳибкорони маҳаллӣ соҳиби шуғл гардиданд ва мардум бидуни монеа ба молу маводи зарурӣ дастрасӣ пайдо карданд. Баъди боз шудани роҳи доимӣ байни пойтахти ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошад, кори сокинони навоҳии вилоят барои дар муҳлати кӯтоҳ худро  ба маркази кишвар расондан осон гардид.

Мирганд Шабозов ва Акрамшо Фелалиев дар поёни мулоқот ба суолҳои иштирокдорон посух дода, изҳор доштанд, ки ҳангоми бозгашт ба маркази кишвар барои ҳалли мушкилоти деҳотиён ҳамроҳ бо масъулини вазоратҳо талош хоҳанд кард.

Баъди бозгашт аз ноҳияҳо вакилон ҳамчунин дар толори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо донишҷӯён ва омӯзгорон вохӯрӣ доир карда, аз дастовардҳои 22  соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ояндаи мамлакат суҳбат намуда, ба суолҳои иштирокдорон ҷавобҳои мушаххас доданд.

Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»