Вохӯрии Амирқул Азимов бо хонум Ҳайди Ҳаутала

№53 (3038) 03.05.2013
30 апрели соли 2013 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Амирқул Азимов ҳайати Ҷумҳурии Финляндия таҳти роҳбарии вазири рушди ҳамкориҳои байналмилалии ин кишвар хонум Ҳайди Ҳауталаро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкориҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парлумони Ҷумҳурии Финляндия баррасӣ гардид.

Амирқул Азимов, ки ҳамзамон роҳбари гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо парлумони Ҷумҳурии Финляндия мебошад, роҷеъ ба фаъолияти Маҷлиси намояндагон маълумот дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки парлумони Тоҷикистон тавонист дар миқёси минтақа ва ҷаҳон ҳамчун парлумони муваффақ ном барорад.

Мавсуф дар доираи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Финляндия суҳбат карда, ҳамчунин нақши гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парламенти Ҷумҳурии Финляндияро дар тақвияти муносиботи байнипарлумонии ду кишвар муҳим арзёбӣ кард. Таъкид гардид, ки парлумонҳои Тоҷикистон ва Финляндия барои густариши ҳамкориҳои гуногунсоҳаи ду кишвар заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меоранд ва мо бояд дар ин самт равобити худро таҳким бахшем.

Вазири рушди ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Финляндия мақсади боздиди худ аз Маҷлиси намояндагонро ошнойии бештар бо фаъолияти ин мақоми олии қонунгузор ва дар ин замина баррасии масоили марбут ба таҳкими ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла равобити байнипарлумонӣ, унвон кард.

Хонум Ҳайди Ҳаутала алоқамандии кишварашро барои боз ҳам густариш бахшидани ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошта, илова намуд, ки ҳамкориҳои ҷумҳуриҳои мо ҳоло дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст ва мо хостори тақвият бахшидани равобити дуҷониба бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастем.

Дар мулоқот масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо муҳокима ва баррасӣ гардид.

 

А. САЛОҲОВ, муовини мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон