Маҳмадалӣ ВАТАНЗОДА: «Рӯзи Президенти ҷумҳурӣ барои қадрдонӣ аз хизматҳои таърихӣ муқаррар гардидааст»

№142 (4248) 24.11.2020

DSC_9640Дар таърихи ҳар як халқу миллат рӯзҳои таърихие ҳастанд, ки мардум ба онҳо таваҷҷуҳи хоса дорад. Барои сокинони мамлакат яке аз чунин санаҳои ифтихорӣ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аз соли 2016 ҷашн гирифта мешавад. Бинобар ин, дар робита ба аҳамияти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷанбаҳои таърихии он хабарнигорамон Самариддин АСОЗОДА бо муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло суҳбат орост, ки фишурдаи он пешкаш мегардад.

- Лутфан, бигӯед, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба санаи муҳим барои кишвар табдил ёфтааст, ба кадом хотир муқаррар карда шуд?

- Ёдовар шудан бамаврид аст, ки 14 майи соли 2016 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» банди нав илова гардид, ки мувофиқи он 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Ин рӯз барои қадрдонӣ аз хизматҳои таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқароркунии сохти конститутсионӣ, пойдории давлат ва рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар муқаррар гардидааст.

Ба бахти мардуми Тоҷикистон дар давраи бисёр мушкилу сарнавиштсози миллат моҳи ноябри соли 1992 роҳбарии давлат ба зиммаи Эмомалӣ Раҳмон, фарзанди фарзонаи миллат, шахсе, ки ҷасурона масъулияти раҳо намудани давлатро аз буҳрони амиқи сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба зимма гирифт, баргардонидани гурезаҳо ва таъмини сулҳу ваҳдат ва ягонагиро ваъда дод, барқарор намудани сохти конститутсиониро вазифаи муқаддас эълон намуд, вогузор гардид. Маҳз таҳти роҳбарии ин абармарди таърихӣ ҷумҳурӣ аз вартаи нестшавӣ раҳоӣ ёфта, давлат эҳё гардид. Тайи ин солҳо Тоҷикистон тавонист аз бунбасти коммуникатсионӣ барояд, истиқлолияти энергетикиро ба даст орад, амнияти озуқавориро таъмин намояд ва ҳоло дар самти саноатикунонии босуръат корро бомаром идома дода истодааст. Дастовардҳои иқтисодию сиёсии тайи се даҳсолаи охири кишвар ба номи ин шахсияти таърихӣ вобастагии ногусастанӣ доранд.

- Ташаккули институти президентӣ дар кишвар чӣ гуна сурат гирифт?

- Умуман, агар каме сайри таърихӣ намоем, маълум мегардад, ки институти президентӣ дар дунё наздик ба 250 сол пеш шакл гирифтааст. Ватани он ИМА ба шумор меравад, ки бори нахуст дар таърих Ҷорҷ Вашингтон Президент интихоб гардидааст. Вақте ки ба ӯ пешниҳод мекунанд, ки шоҳи Америка шавад, дар ҷавоб мегӯяд: «Шоҳ шоҳигарӣ мекунад, аммо давлатро бояд президент идора кунад». Ин суханро Ҷорҷ Вашингтон бо нигаронӣ нисбат ба шоҳи Англия, ки дар корҳои Америка дахолат мекард, баён доштааст.

Ҳоло дар беш аз 140 давлати дунё тарзи идораи президентӣ амал мекунад. Бояд гуфт, ки дар дунё ду шакли интихоботи президент маълум аст. Яке интихоботи бевосита, ки дар он шаҳрвандон бевосита президентро интихоб мекунанд ва дигаре интихоботи бавосита, ки зимни он президент тавассути намояндагон интихоб мегардад. Таҷриба нишон медиҳад, ки шакли интихоботи бевосита барои идоракунии давлат бартарӣ дорад, зеро президент ваколатро бевосита аз халқ мегирад ва дигар қувваҳои сиёсӣ наметавонанд ба фаъолияти вай дахолат кунанд.

Бартарияти шакли идораи президентӣ боз дар он аст, ки президенти аз тарафи халқ интихобшуда ҳамчун пешво, амаликунандаи орзую ормонҳои халқ ва нишони ягонагии миллат баромад мекунад. Ин шакли идоракунӣ ба як шахс салоҳият медиҳад, ки дар лаҳзаҳои душвор бо истифода аз ваколат давлатро аз гирдобҳои гуногуни сиёсию иқтисодӣ берун орад.

Таҷрибаи таърихи начандон дур нишон медиҳад, ки дар мушкилтарин давраҳои рушди кишварҳо нақши президент дар пешрафти давлат ҳалкунанда мегардад. Инро дар мисоли Франсияи баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дидан мумкин аст, ки Президент Шарл де Голл бо қарорҳои боҷуръатона давлатро ба яке аз мамлакатҳои пешқадами Аврупо табдил дод. Дар мушкилтарин давраи солҳои аввали истиқлолият дар кишвари мо низ маҳз кордонию ҷасорат, таҳаммулпазирию тоқат ва дигар сифатҳои шахсии Президенти мамлакат боис ба пойдорию рушди давлати ҷавони соҳибистиқлоламон гардид.

Тайи 30 соли охир дар кишвар роҳҳои гуногуни интихоби президент истифода шудааст. Чунончи, равоншод Қаҳҳор Маҳкамов бо интихоби вакилони Шӯрои Олӣ Президент эълон гардида, баъди ба истеъфо рафтани вай ба Конститутсия тағйирот ворид карда шуда, интихоботи умумихалқии президентӣ пешбинӣ гардид. Дар он Раҳмон Набиев Президенти кишвар интихоб шуд, вале ӯ низ дар мансаб дер напоист ва ба истеъфо фиристода шуд. Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ тарзи идораи президентӣ барҳам дода шуда, он танҳо баъди қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, барқарор карда шуд. Зимни баррасии лоиҳаи Конститутсияи нав мубоҳисаҳо дар атрофи сохти давлатдорӣ зиёд буданд ва танҳо давраи охирон аз ҷониби гурӯҳи корӣ сохти идораи президентӣ пазируфта, ба лоиҳа ворид карда шуд. Ҳамин тариқ, дар интихоботи президентии нахустини мувофиқи талаботи Конститутсия баргузоршуда муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Илова бар ин, 11 октябри соли равон шоҳиди баргузории интихоботи шаффофу демократии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштем, ки мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардида, дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.

30 октябри соли равон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карда, мутобиқи моддаи 67 Конститутсия расман ба иҷрои ваколатҳояшон шурӯъ намуданд.

- Аҳамияти маҳз 16 ноябр таҷлил гардидани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар чист?

- Ба ин савол Президенти мамлакат 16 ноябри соли 1994 зимни баромад дар Иҷлосияи XXI Шӯрои Олӣ ҷавоб додаанд. Дар он ҷаласа Президенти навинтихоби мамлакат бори нахуст дар давлатдории тоҷикон мутобиқи меъёрҳои Конститутсияи навқабулшуда савганд ёд карда, дар суханрониашон, ки «Барои беҳбудии ҳамагон» номгузорӣ шудааст, аз ҷумла, таъкид кардаанд: «Аз нигоҳи таърихӣ 16 ноябри соли 1992 ва сессияи XVI Шӯрои Олӣ ҳамчун ибтидои барқароркунии давлати қонунӣ ва сохти конститутсионӣ дар таърихи ватанамон ҷои сазовори худро соҳиб шуда бошад, пас 6-ум ва 16-уми ноябри соли ҷорӣ ва сессияи имрӯзаи Шӯрои Олӣ дар таърихи навтарин ҳамчун рӯзи қабули нахус­тин Конститутсияи давлати соҳибистиқлол ва зуҳуроти ягонаи миллату давлатамон абадӣ боқӣ хоҳад монд».

Дар он баромад Президенти мамлакат аҳамияти таърихии 16 ноябрро нишон додаанд, яъне 16 ноябри соли 1992 — оғози кори Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ, 16 ноябри соли 1994 — қабули қарор вобаста ба раъйпурсии умумихалқӣ доир ба қабули Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳамчунин, 16 ноябри соли 1994 бори нахуст Президенти тозаинтихоби мамлакат мутобиқи меъёрҳои Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карданд, вале дар баромадашон хоксорона аз он ёдоварӣ накарданд.

Ин дурбинии сиёсии Сарвари давлат баъди 22 сол, яъне моҳи майи соли 2016 зимни интихоби рӯзи ин ид ба инобат гирифта шуд ва бо нишони қадрдонӣ аз хизматҳои барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

- Ҳамакнун мегуфтед, ки фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонунгузорӣ чӣ гуна ба танзим даровардааст?

- Мақоми махсуси Президент дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардида, онро бо санади меъёрии ҳуқуқии дигар маҳдуд кардан мумкин нест. Президент доираи васеи вазифаю салоҳиятро доро буда, дар низоми мақомоти давлатӣ ҷои махсусро ишғол карда, расман ба ягон шохаи ҳокимияти давлатӣ (қонунгузор, иҷроия ва судӣ) шомил намебошад ва ба онҳо ҳисоботдиҳанда нест. Аммо кафили фаъолияти бомароми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ аст.

Агар ба қонунгузории амалкунанда назар афканем, мебинем, ки фаъолияти ҳама шохаи ҳокимият бо қонунҳои соҳавӣ танзим карда шудаанд. Аз ҷумла, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра. Фаъолияти Президент бошад, пурра дар Конс­титутсияи мамлакат танзим гардида, устувории он кафолат дода шудааст. Дар таҷрибаи баъзе аз давлатҳо қонунҳои алоҳида «Дар бораи Президент» мавҷуд аст. Вале таҷрибаи мо, ки вазифаю салоҳиятҳо дар Конститутсия дарҷ ёфтааст, беҳтар мебошад.

Заминаи ҳуқуқии фаъолияти Президент дар боби чоруми Конститутсия дарҷ ёфта, дар он талабот нисбат ба номзад ба мақоми Президент, тартиби интихоб, вазъи ҳуқуқӣ, вазифаю салоҳиятҳо ва дигар масъалаҳои таъмини фаъолияти Президент мушаххас шудаанд.

Мутобиқи моддаи 64-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст. Инчунин, ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Илова бар ин, ҳамчун Сарвари давлат Президент ягона шахси мансабдорест, ки аз номи халқи Тоҷикистон ҳуқуқи сухан гуфтан дошта (моддаи 6 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон), Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро даъват менамояд (моддаи 52 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон), ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад ( моддаи 58 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Дигар салоҳиятҳои Президент дар моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудаанд. Аз ҷумла, Президент самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро муайян намуда, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ намояндагӣ мекунад. Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ва Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва ғайраҳо. Вале дар ин моддаи Конститутсия дарҷ намудани ҳамаи салоҳияти Президент ғайриимкон аст. Вале ин моддаи Конститутсия ба Президент имконият медиҳад, ки дар ҳолатҳои ба миён омадани вазъиятҳои пешбининашаванда ва фавқулода дигар қарорҳоро низ қабул намояд. Дар маҷмӯъ, ин салоҳиятҳо шукӯҳу шаҳомат ва масъулияти бузурги Президенти мамлакатро нишон медиҳанд.

Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки мардуми Тоҷикистон зимни интихоби сохти идоракунии мамлакат ва интихоботи Президент хато накардаанд ва тамоми дастоварди даврони истиқлолият ба сохти идоракунӣ ва фаъолияти Президенти мамлакат алоқаи бевосита доранд.