Маҳмадсаид Убайдуллоев Ҷон Марк Поммершаймро ба ҳузур пазируфт

№43 (3993) 18.04.2019

DSC_090117 апрели соли 2019 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев сафири нави фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби  Ҷон Марк Поммершаймро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаноби  Ҷон Марк Поммершаймро ба муносибати таъин шуданаш ба ҳайси сафир дар Тоҷикистон шодбош гуфта, изҳори итминон намуд, ки минбаъд ҳар чӣ бештар сатҳи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судманд тақвият хоҳанд ёфт.

Инчунин, Раиси Маҷлиси миллӣ пайгирона такмилу тақвият бахшидани заминаҳои ҳуқуқии ҳамкориҳои судмандро тавассути ба роҳ мондани робитаҳои байнипарламентӣ тақозои замон арзёбӣ намуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев зарурати ҳамкориҳои байнипарламентиро ҳамчун омили мусоидаткунанда баҳри тавсеаи равобити тарафайн махсус таъкид намуда, таъсиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро муҳиму саривақтӣ маънидод ва зикр кард, ки ба ин васила мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории ҷонибҳо дар оянда беш аз ҳарвақта оид ба тақвияту рушди заминаи ҳуқуқӣ ва муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар соҳаҳои мухталиф, бахусус, ҷалби сармоягузорӣ ба бахшҳои гуногуни истеҳсолӣ, илмию хизматрасонӣ мусоидат хоҳанд намуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ёдоварӣ аз иқдомоти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  ҷиҳати таъмини сулҳу субот дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон афзуд, ки таъмини фазои амн дар он барои Тоҷикистон бениҳоят муҳим мебошад ва мардуми азияткашидаи ин мамлакат низ чун дигар халқҳои ҷаҳони мутамаддин ҳуқуқ ва ниёз ба ҳаёти осоишта доранд ва афзуд, ки баҳри амнияти минтақа ва ҷаҳон барқарорсозии сулҳ, иқтисодиёт ва инфраструктура дар ин кишвар беш аз ҳарвақта ногузир мебошад.

Раиси Маҷлиси миллӣ бо дарназардошти таҷрибаи пешрафтаи Амрико дар соҳаҳои илму маориф масъалаи пайваста ба роҳ мондани ҳамкориро дар ин бахшҳо, пеш аз ҳама, васеъ намудани барномаҳои омӯзишӣ, ҷудо кардани бурсияҳои бештар барои таҳсил ва такмили  малакаи касбии мутахассисон дар донишкадаю донишгоҳҳои Амрико барои донишҷӯёни ҷавону болаёқати тоҷик ва табодули афкори онҳоро ҳамчун тақозои замон мавриди баррасӣ қарор дод.

Ҷон Марк Поммершайм ба Маҳмадсаид Убайдуллоев барои пазироии самимӣ арзи сипос намуда, вобаста ба пешниҳодоти дар раванди вохӯрӣ зикршуда изҳор дошт, ки ҷиҳати татбиқи онҳо дар доираи ваколат мусоидат хоҳад кард.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмии комил анҷом пазируфт.

Наврӯз ҚУРБОНЗОДА, ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо ВАО.

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ