Маҳмадтоир ЗОКИРЗОДА: «Парчам рамзи давлатдорӣ, шуҷоату мардонагӣ ва ғурури миллӣ мебошад»

№143 (4249) 26.11.2020

DSC_2030- Парчам барои ҳар як миллат рамзи ватандорӣ, сарбаландӣ, шуҷоату мардонагӣ ва ифтихору ғурури миллӣ мебошад. Аз ин хотир, мардуми шарифи Тоҷикистон ба он ҳамчун муҳимтарин рукни давлатдорӣ ва воситаи асосии муттаҳидкунанда арҷ мегузоранд, — гуфт Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода зимни ифтитоҳи ҷамъомаде, ки бисту чоруми ноябри соли равон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо ҳузури вакилон ва кормандони Дастгоҳи палатаи поёнии парлумон баргузор шуд.

- Ҳарчанд Тоҷикистон Истиқлолияти давлатиро 9 — уми сентябри соли 1991 эълон карда бошад ҳам, аммо бар асари бесарусомониҳо, муқовимати сиёсӣ ва фишоровариҳои паи ҳам ба парлумони ҳамонвақта рамзҳои давлатӣ тасдиқ нагардиданд. Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон сохти конститутсиониро дар ҷумҳурӣ аз нав барқарор намуда, ба саҳнаи сиёсӣ сиёсатмадори даврони нав, сарвари оқилу ҷасур ва ватандори асилу дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро овард, ки ӯ Тоҷикистонро на танҳо аз вартаи нобудшавӣ раҳонид, балки масири рушди босуботи ояндаи онро муайян ва ба тарҳи зиндагии шоистаи минбаъдаи мардум заминаҳои боэътимод гузошт.

Ҳамин тариқ 24-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро қабул намуд ва бо ҳамин кишвар соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол гардид, — изҳор дошт Раиси Маҷлиси намояндагон ва ҳамчунин, афзуд: — Нусхаи асл ва нахустини Парчами давлатиро, ки дар иҷлосия қабул ва тасдиқ гардид, Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому арҷгузорӣ бӯсида, дар назди он сари таъзим фуруд оварда буданд.

Баъдан, 12 майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки моҳият ва тартиби истифодаи расмии Парчам, Нишон ва Суруди миллиро муқаррар намуд.

- Ҳамин тавр, бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз 20 ноябри соли 2009-ум, 24-уми ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида, ҳар сол таҷлил мешавад, — зикр кард Маҳмадтоир ­Зокирзода.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим доир ба таърихи пайдоиш ва ташаккули Парчам суханронӣ намуда, дар такя ба таҳқиқоти муаррихону олимон пайдоиши онро ба 3500 соли пеш мансуб донис­та, изҳор дошт, ки нахустин Парчам дар сарзамини мо — Эрони қадим, баъдан дар Чин ва Миср пайдо шудааст.

- Дар «Авесто» парчамҳои Бохтари қадим ва дирафшҳои душманони он тасвир шудааст. Вале Парчамро чун рамзи бедорӣ ва исён алайҳи истибдод тоҷикон офаридаанд. Ҳаким Фирдавсӣ дирафшро чун даъват ба мубориза дар достони «Коваи оҳангар» тасвир менамояд. Дар он достон ҳикоят мешавад, ки Кова пешдомани чармини сурхашро дирафш карда, мардумро алайҳи истибдоди Заҳҳоки морон ба мубориза даъват намуд. Мардум зери он Парчам, ҷамъ омада, пирӯз шуданд. Сипас, Шоҳ Фаридун ба тахт омада, Парчамро «Дирафши Коваён» хонду онро бо зару зевар ороиш дод ва он чун рамзи давлату давлатдорӣ қабул ва муқаддас дониста шуд. Шарқшиноси маъруф Бартолд менависад, ки анъанаи садоқат ва зону таҳ кардан ба Парчамро форсҳо ривоҷ додаанд, — зикр кард муовини Раиси Маҷлиси намояндагон.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ тақвият бахшидани арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатиро зарур арзёбӣ кард. Бино ба гуфти ӯ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ, хоса Парчам, дар моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст.

- Дар ҳама давру замон дар кишвар ва сарзаминҳои гуногун аломатҳои муайян мавҷуд буданд, ки бо ёрии онҳо одамон бо ҳам муошират мекарданд, ба кадом қабила ё мардум мансуб будани худро нишон медоданд. Яке аз он аломатҳо Парчам аст. Аз қадим он рамзи давлати мустақил ё халқи озод ҳисобида мешавад. Бесабаб нест, ки барафрохтани Парчами миллӣ нахустин маросими тантанавӣ пас аз эълони давлати нав аст, — изҳор дошт номбурда ва афзуд: — Пас аз Истиқлолияти давлатиро эълон намудан ва баъди панҷ моҳ ҳамчун ҷумҳурии мустақил узви комилҳуқуқи СММ гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо далели қабул нашудани парчами нав парчами ҶШС Тоҷикистон бардошта шуд.

- Имрӯз Парчам рамзи озодию истиқлолияти халқи тоҷик буда, боиси саодату ифтихори баланд мебошад. Парчами давлатӣ сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва, пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъю талоши пайваста ба хотири ободию осудагии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад.

Парчам нишонаи бақои миллат, давлат, ваҳдат ва ҳувияти миллӣ ва яке аз беҳтарин василаҳои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандорӣ, ифтихор аз миллат ва ҳифзи арзишҳои волои таърихию фарҳангии халқ мебошад. Парчами давлатӣ аз зумраи муқаддасотест, ки фарзандони Ватан бо он қасам ёд мекунанд ва дар наз­даш бо нишони эҳтиром сар фуруд меоранд. Муносибати эҳтиромкорона ба рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ, бояд вазифаи муқаддаси ҳар фарди ҷомеа бошад, — зикр кард Насиба Содиқӣ.

Дар фарҷом Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода изҳор дошт, ки Парчами давлатӣ ба фаъолияти хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди абадӣ дорад.

- Парчами давлатӣ дар замони соҳибистиқлолӣ тавонист, ки ваҳдату ягонагӣ, ҳисси баланди миллӣ, инсондӯс­тиву фарҳангсолорӣ ва саъю талоши созандагии мардумро таҷассум ва ормонҳои деринаро дубора зинда гардонад. Бинобар ин, бояд Парчами давлатиро мисли аҷдодамон ҳамчун рамзи ҷовидонии давлатдории миллӣ ҳифз кунем, рӯҳу ҷонро бо он пайванд созем ва дар ҳама ҳолат барои ҳимояи манфиатҳои давлату миллат таҳти ливои муқаддас сарҷамъ бошем, — таъкид кард Маҳмадтоир ­Зокирзода.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ