Маҳмадтоир Зокирзода ва Субраҳманиям Ҷайшанкар ҳамкориҳои байнипарлумониро баррасӣ намуданд

№41 (4303) 01.04.2021

IMG_247831 марти соли равон дар мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субраҳманиям Ҷайшанкар дурнамои ҳамкориҳои байнипарлумонии ҳар ду кишвар баррасӣ шуд.

Зикр гардид, ки бо мақсади густариши робитаҳои байнипарлумонӣ, бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз сентябри соли 2020 байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи Мардумии Парламенти (Лок Сабҳа)-и Ҷумҳурии Ҳиндустон Гурӯҳи дӯстӣ ташкил шудааст.

- Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳамкориҳои пурсамар барпо намудани намояндагони Гурӯҳи дӯстӣ бо Палатаи Мардумии Парламент (Лок Сабҳа)-и Ҷумҳурии Ҳиндустон ҳамеша омода аст, — гуфт Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.

Ҳамчунин, аз раванди густариши робитаҳои сиёсию иқтисодии Тоҷикистону Ҳиндус­тон изҳори қаноатмандӣ шуда, ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун пешниҳодҳои судманд иброз гардид.