Мақсади асосии ҲИИТ ташкили фраксия дар парлумон аст

№22 (4128) 18.02.2020

DSC_0843Мусоҳиба бо раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Рустам Қудратов

- Мехоҳам суҳбатамонро аз омодагии ҳизб ба интихобот оғоз бахшем, зеро бақайдгирии номзадҳо дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба охир расид ва давраи тарғибу ташвиқ шурӯъ шуд. Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ то кадом андоза ба ин маъракаи муҳим омодагӣ дидааст?

- Мо кӯшиш кардем, ки номзадии шумораи зиёди аъзои ҳизбро ба интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоем. Аз рӯйхати ҳизбӣ 7 ва аз ҳавзаҳои якмандатӣ 10 нафарро пешбарӣ кардем. Албатта, дар назар гириф­тем, ки аз 41 ҳавзаи интихоботӣ дар кадомаш бештар имконияти интихоб шудан дорем. Муҳимтар аз ҳама, бештар ҷавононеро, ки дорои унвони илмӣ буда, дар соҳаи иқтисодиёт ва истеҳсолот фаъолият карда, нишондодҳои назаррас ба даст овардаанд, пешбарӣ намудем. Ғайр аз ин, онҳоро дар ҳавзаҳои пешниҳодшуда мардум хуб мешиносанд ва эҳтимоли ғолиб шуданашон зиёдтар аст. Аз 7 нафари аз рӯйхати ҳизбӣ пешниҳодшуда 4 нафар доктори илм, 2 нафар номзади илм мебошанд, як нафар дар арафаи ҳимояи рисолаи номзадӣ қарор дорад. Яъне, шахсони дар илм саҳмгузор ҳастанд.

Барномаи пешазинтихоботӣ ва лавозимоти таблиғотӣ пурра омода шудаанд. Нақша дорем, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши номзадҳое, ки ба интихоботи маҷлисҳои вилоятиву шаҳрӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудаанд, суҳбати гирди миз ташкил намоем, то ин ки дар вақти тарғибот барномаи ҳизб­ро ба мардум дуруст фаҳмонда тавонанд. Дар маҷмӯъ, омодагиямон хуб аст.

- Парлумони касбии кишвар 63 курсӣ дорад, ки барои он дар баробари 7 ҳизби сиёсӣ, инчунин, нафарони алоҳида ба таври худпешбарӣ мубориза мебаранд. Оё имкон дорад, ки аксар номзадҳои пешниҳодкардаи Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ вакил интихоб шаванд?

- Шояд 17 курсӣ ба даст оварда натавонем, лекин кӯшиш мекунем, ки дар ин даъват фраксия ташкил кунем. Андеша дорем, ки ҳадди ақал барои соҳиб шудан ба 5-6 ҷой мардум ба ҳизби мо овоз медиҳанд. Зеро номзадҳои пешниҳодкардаашонро онҳо мешиносанд. Ғайр аз ин, барои маҷлисҳои вакилони халқи вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ ва ҷамоатӣ аз як то се нафарӣ намояндагони ҳизбро пешниҳод кардем. Ҳатто аз шаҳри Душанбе 25 нафар аъзои Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон пешбарӣ шудаанд.

- Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ аз соли аввали таъсисёбӣ вориди парлумон шуд ва дар се даъвати Маҷлиси намояндагон мутаносибан 1, 2 ва 3 вакил дошт. Дар сурати ғолиб омадани шумораи бештари аъзои ҳизб дар интихоботи нав­батӣ чӣ нақшаҳо доред?

- Динамикаи зиёдшавии аъзои ҳизби мо дар парлумон назаррас аст. Дуруст қайд кардед, дар интихоботҳои солҳои 2005, 2010 ва 2015 мутаносибан соҳиби 1, 2 ва 3 курсӣ дар парлумон шудем ва ин табиист. Зеро шумораи аъзои ҳизб соли 2005 қариб 2000 буд, айни замон 31 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Давлат вақте пеш меравад, ки иқтисоди рушдкарда дошта бошад. Масалан, агар ба давлатҳои Аврупо ва собиқ шӯравӣ нигоҳ кунем, фоизи афзоиши иқтисодиёти миллиашон нисбат ба мо хеле кам аст. Чунончӣ, рушди иқтисоди давлатҳои Аврупо ба ҳисоби миёна 2-2,5 дарсад аст. Дар 10 соли охир рушди иқтисоди кишвари мо на камтар аз 7 фоиз таъмин шудааст. Ин бисёр нишондиҳандаи баланд мебошад.

«Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030», ки ҳуҷҷати асосии иқтисодиву иҷтимоист, тақдири 15 соли кишвари моро ҳал мекунад. Дар он зиёда аз 230 индикатор оварда шудааст, ки ба он бояд ноил шавем. Яъне, кам кардани сатҳи камбизоатӣ, ташаккули синфи миёна, гузаштан ба модели нав — саноатӣ-аграрӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ на камтар аз 100 ҳазор дар як сол ва ғайра. Барои амалӣ шудан ба ин ҳадафҳо рушди институтсионалӣ лозим аст. Бояд рушди 33 институти иқтисодие, ки дар иқтисодиёти миллӣ кор мекунанд, яъне институти шаклҳои гуногуни моликият-моликияти шахсӣ, коллективӣ, давлатӣ, соҳибкории хурду миёна, калон, системаи бонкӣ ва ғайра, таъмин шавад. Барои ин, пеш аз ҳама, қабули қонунҳо зарур аст. Дар парлумон бояд мутахассисони иқтисоддон бошанд, ки дар мавриди қабули қонунҳо муҳити институтсионалиро ба вуҷуд оранд, то рушди иқтисодиёти миллиро таъмин карда тавонад.

Мақсади асосии мо аз паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум иборат аст, ки ин аз шиори ҳизбамон — «Ислоҳоти иқтисоди миллӣ баҳри зиндагии шоиста» бармеояд. Мо ҳамон вақт ба ислоҳоти иқтисодӣ ноил мешавем, ки ислоҳоти нави соҳаи иқтисодро дар амал ҷорӣ кунем. Бо қабули қонунҳо шароит фароҳам оварем, ки институтҳои иқтисодӣ рушд кунанд. Дар соҳаи бонкӣ мушкили зиёд дорем. Даҳ соли охир системаи бонкӣ қариб муфлис шуда буд. Роҳбарияти нав тадбирҳо андешиданд, ки вазъи он ба ҳолати муътадил дароварда шавад, аммо ҳоло ҳам ин моро қонеъ карда наметавонад. Онҳо кори зиёд карданд, вале ин маънои онро надорад, ки система пурра ба низом даромада бошад. Низоми бонкиро боз ҳам такмил бахшидан зарур аст.

DSC_6480Масалан, аз 27-28 фоиз то 22 дарсад паст кардани фоизи миёнаи қарзҳо иқдоми хуб аст, лекин ин ҳанӯз қонеъкунанда нест. Ба ҳисоби миёна соҳибкор 25-30 фоиз даромад мегирад. Агар 22 фоизашро ба бонк супорад ва 6-7 фоиз беқурбшавии пул ба вуҷуд ояд, қариб ки фоида намегирад. Барои муваффақ будани соҳибкор фоизҳо бояд бамаротиб кам карда шаванд. Дар давлатҳои ҳамсоя қарзҳо аз 10 то 16 фоиз аст. Ин фоиз ба соҳибкор имкон медиҳад, ки тиҷоратро пеш барад ва муваффақ шавад. Аз ин рӯ, соҳаро, пеш аз ҳама, рушд додан лозим меояд.

Ҳар сол аҳолии кишвар наздик ба 200 ҳазор нафар зиёд шуда истодааст ва анқариб ба 10 миллион нафар мерасад. Барои ин қадар одам муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаву умумӣ зарур аст. Қисми зиёди онҳо мехоҳанд, ки маълумоти олӣ гиранд. Хӯроку либос ва дигар лавозимоти зиндагӣ дошта бошанд. Ҳол он ки ба ҳисоби миёна 50-60 дарсад бо маҳсулоти хӯрок­вории худӣ таъминем. Масалан, солҳои охир қариб як миллиону 100 ҳазор тонна гандуму орд ворид намудем. Дар барномаи мо ҳалли ин мушкил мушаххас шудааст.

Чӣ хеле ки дар «Барномаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ барои солҳои 2012 — 2020» омадааст, қабл аз ҳама, мо мехоҳем, ки диверсификатсияи соҳаи кишоварзиро ба роҳ монем. Яъне, дар Тоҷикистон маҳсулоти даромаднок ва содиротшавандаро зиёдтар истеҳсол кунем, то деҳқон даромади бештар гирад. Дар замони шӯравӣ, ғайр аз он ки то як миллион тонна пахта истеҳсол менамудем, як миллион тонна маҳсулоти барвақтӣ, аз қабили пиёз, карам, сабзӣ ва ғайра истеҳсол ва ба фонди умумииттифоқӣ равон мекардем. Аз ин ҳисоб маблағи зиёд ба даст оварда мешуд, зеро қимати маҳсулоти барвақтӣ баланд аст ва барои деҳқон манфиати зиёд меорад. Вақте ки деҳқон маҳсулотро содир карда, даромади зиёд гирифт, маблағ пайдо мекунад ва метавонад дар рушди ягон инфрасохтори маҳал саҳмгузор шавад.

- Барои ба чунин сатҳ расидан кадом мушкил вуҷуд дорад ва пешниҳоди шумо чӣ аст?

- Албатта, мушкилиҳо ҳастанд. Вақте ки соли 1996 колхозу совхозҳо идораи заминро ба уҳда гирифта наметаво­нистанд, мо моделҳои нави идоракунии заминро пайгирӣ намудем. Барои ҳамин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ» қабул ва таҷдиди онҳо шурӯъ шуд. Айни замон қариб 200 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд аст, ки қисми зиёдаш инфиродиву оилавӣ мебошад. Ҳамчун шакли истеҳсолот хоҷагии деҳқонии хурд рақобатпазир нест. Ин дар назарияи иқтисодӣ барвақт исбот шудааст. Агар таҳлил кунем, дар солҳои аввали ташкилшавӣ самаранокии хоҷагиҳои деҳқонӣ зиёд буд. Айни замон, бинобар рақобатпазир набудан, самаранокии иқтисодиашон паст шуда истодааст. Аз ин хотир, барои баланд бардоштани самаранокии иқтисодӣ дар соҳаи кишоварзӣ, бо роҳи ҷамоавӣ истифода бурдани замин зарур аст. Хоҷагиҳои хурдро дар шакли нав бояд муттаҳид кунем. Онҳо метавонанд, кооперативи истеҳсолӣ, иттифоқҳо ё ягон шакли дигар бошанд. Давлат бо истифода аз фишангҳои иқтисодӣ деҳқононро бояд ҳавасманд гардонад, то ки муттаҳид шаванд. Вақте ки муттаҳид шуданд, имконияти харидории техника, истифодаи инноватсия пайдо мешавад ва онҳо рақобатпазир мегарданд. Яке аз ин фишангҳо шояд андози ягона аз замин бошад. Масалан, андози яксолаи замини мо, ки атрофаш бисёр баҳс мекунанд, наздик ба 17 миллион сомонӣ аст. Агар 5 миллиард сомонӣ имтиёзҳои андозиву гумрукии якуним соли охир ба соҳибкорон додаро ба инобат гирем, дар назди он 17 миллион сомонӣ маб­лағи калон нест. Аз ин рӯ, мақомоти ваколатдоре, ки сиёсати соҳаи аграриро пеш мебарад, пешниҳод карда метавонад, ки андози ягона ҳамчун фишанги гузаштан ба шакли нави истеҳсолот истифода шавад. Яъне, хоҷагиҳоеро, ки муттаҳид мешаванд, аз андози ягона озод кардан даркор аст. Ин фишанги ҳавасмандкунанда барои ба шакли коллективӣ гузаштан мешавад. Мардумро маҷбур кардан даркор нест. Вақте ки онҳо дар шакли ҷамоавӣ фаъолиятро шурӯъ мекунанд, дар як сол то 2-3 ҳосил гирифта метавонанд. Дар ин сурат андоз бамаротиб зиёд мешавад. Тафаккури нави кишоварзиро бояд ташаккул диҳем.

Як сол пеш ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии озуқаворӣ» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки он ду нуқтаи асосӣ дошт: Дастгирии давлатии бехатарии озуқаворӣ ва ташкили бозорҳои минтақавӣ. Қазияи асосие, ки ҳоло дорем, арзиши иловашуда ба маҳсулоти деҳқон мебошад. Деҳқон маҳсулотро бо 1-2 сомонӣ мефурӯшад, миёнаравҳо арзиши изофии онро 10-20 маротиба зиёд карда, ба бозор мебароранд. Мо бояд занҷири арзиши иловашударо шиканем то мардум ­дастрасӣ ба маҳсулоти арзон дошта бошанд.

- Дар давоми 15 сол аъзои ҳизб дар парлумон чанд қонун таҳия карданд?

- Ин муддат мо дар таҳияи 10 қонуни мукаммал саҳмгузор будем. Инчунин, дар қисми зиёди тағйиру иловаҳое, ки ба қонунҳои соҳаи иқтисод ворид карда мешуданд, намояндагони ҳизби мо саҳм гирифтанд. Ҳатто дар тағйироту иловаҳои охири Конститутсия ман бо намояндагӣ аз ҳизб узви гурӯҳи корӣ будам. Вақте ки ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид кардан лозим шуд, дар гурӯҳи корӣ ман аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ намояндагӣ мекардам. Инчунин, дар бисёр қонунҳои дигаре, ки соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиётро танзим мекунанд, пешниҳодҳо кардем, ки қисми зиёдаш қабул ва амалӣ шудааст.

- Шумо ба мушкилоти соҳаи бонкӣ ишора кардед. Барои бартараф кардани он чӣ корҳо бояд анҷом дода шавад?

- Буҳроне, ки даҳ соли охир соҳаи бонкиро фаро гирифт, системавӣ шуда буд. Ташаккур ба роҳбарияти Бонки миллӣ, ки тавонистанд онро ба танзим дароранд. Албатта, мушкилоти бонкиро дар муддати кӯтоҳ ҳал кардан бисёр душвор аст. Ҳоло дар ин самт кор рафта истодааст, аммо на дар он сатҳе, ки дар Стратегияи миллӣ ба нақша гирифта шудааст. Масалан, масъалаи қарзи ипотекиро мегирем. Ҷавонони зиёде ҳастанд, ки дар мақомоти давлатӣ кор мекунанд ва имкони бо музди меҳнат дар 20-30 сол харидории манзилро надоранд. Ҳалли ин мушкил қарзи ипотекӣ аст, ки барои шароити мусоид фароҳам овардан ба ҷавонон равона шудааст. Мақсад он аст, ки пеши роҳи шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро гирифта шавад. Ташкилотҳои байналмилалие ҳастанд, ки барои системаи бонкӣ аз 0,5 то 1 фоизи солона маблағ қарз медиҳанд. Бонки миллӣ бояд дар ин самт бо онҳо ҳамкорӣ карда, пулро ворид ва ба бонкҳо тақсим кунад, то қарзи ипотекӣ ба муҳлати 30-40 сол пешниҳод карда шавад. Дар ин сурат ҷавонон бо манзил таъмин мешаванд. Вақте ки мардум дастрасӣ ба манзил дорад, вай барои давлат содиқона кор мекунад. Ин, пеш аз ҳама, тинҷии иҷтимоӣ ва давлат аст.

- Назари шумо ҳамчун роҳбари ҳизби сиёсӣ ба масъалаи муҳоҷират чӣ гуна аст?

- Дар матбуот оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ баҳсҳо зиёданд, вале аз чӣ бошад, ки дигар давлатҳоро ҳеҷ кас таҳлил намекунад. Ҳол он ки 6 миллион шаҳрванди Украина, 4 миллион шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Федератсияи Россия ва 10 миллион турк дар Европа кор мекунанд. Дар мо бошад, ин мушкилро ба сари Ҳукумат бор кардаанд. Ин ҷараёнро мо ба вуҷуд наовардаем. Он пас аз шикаст хӯрдани давлати ягона (Иттиҳоди Шӯравӣ) пайдо шудааст. Худоро шукр, ки муҳоҷирати шаҳрвандони мо аз 1,5 миллион то 486 ҳазор коҳиш ёфтааст. Мақсади омадани мо ҳам ба парлумон ҳамин аст. Бояд қонунҳоеро қабул кунем, ки ба таъсиси ҷойҳои кории нав мусоидат кунанд.

- Чор ҳадафи стратегие, ки Ҳукумат эълон кардааст, пеш аз ҳама, ҷанбаи иқтисодӣ доранд. Шумо дар суҳбат бештар доир ба роҳҳои амалӣ кардани онҳо ҳарф задед. Аз ин мебарояд, ки барномаи пешазинтихоботии Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ низ бештар ба ҳадафҳои стратегӣ такя мекунад…

- Ҳадафу индикаторҳо (зиёда аз 230) дар «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» мушаххас гардидаанд. Назари мо аз ҷиҳати илмӣ асоснок кардани роҳҳои амалигардонии онҳо мебошад. Агар, дар маҷмӯъ, баҳо диҳем, мо дар ҷои 145-150-уми рейтинги мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ қарор дорем. Мо мақсад гузоштаем, ки то соли 2030 ба қатори 80 мамлакати рӯ ба тараққии ҷаҳон ворид шавем. Аммо суол ин аст, ки бо кадом роҳу восита? Дар самти амалӣ кардани ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат, мушкили зиёд дорем. Яке аз онҳо оид ба гирифтани иҷозатномаҳо мебошад. Ба фикри ман, равзанаи ягонае, ки дар шаҳри Душанбе барои сохтмон ташкил кардаанд, эталонӣ аст. Касе мехоҳад, ки сохтмон кунад, аризаашро пешниҳод менамояд ва равзана мушкилашро ҳал мекунад. Тасдиқи як ҳуҷҷат (апостол) ё гирифтани шиноснома чӣ мушкил дорад, ки одамон барои онҳо моҳҳо навбат мепоянд? Барои чӣ дар дигар соҳаҳо равзанаи ягона карда наметавонем? Дар дигар давлатҳо аллакай ин таҷриба амалӣ шуда истодааст. Масалан, дар Гурҷистон, вақте ки барои гирифтани иҷозатнома меравед, ҳатто шуморо нодида, ҳуҷҷати лозимаро медиҳанд. Яъне, дар он ҷо коррупсия нест. Барои он ки шаффофияти идоракунии низоми давлатиро таъмин карда, коррупсияро коҳиш диҳем, бояд равзанаи ягонаро ташкил намоем. Мо мехоҳем дар қонунгузории ҷорӣ ҳамин масъаларо ворид созем, то ки ба мардум сабукӣ орем ва бо ин роҳ сатҳи коррупсияро паст ва рушди иқтисодиёти миллиро таъмин карда тавонем. Қонунҳое қабул намудан лозим аст, ки ба корхонаҳои хурду миёнаи коркарди маҳсулот шароити институтсионалӣ фароҳам оваранд, то онҳо рушд кунанд. Барои амалигардонии стратегия 118 миллиард доллар лозим аст. Қонунҳоеро, ки масъалаҳои сармояро танзим мекунанд, дигар кардан даркор. Инчунин, бояд ҳолати институтсионалӣ мавҷуд бошад, то ки вақте сармоягузор ба кишвар маблағ меорад, ҳатман фоида гирифта тавонад.

- Пас аз вакил шудани аъзои ҳизб аввалин қонуне, ки мехоҳед ба тас­виб расад, кадом аст?

- Вакилони даъвати панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати саноатӣ»-ро пешниҳод карданд ва он қабул шуд, вале, ҳоло зарурат пеш омадааст, ки ба он тағйирот ворид намоем, то ин ки сиёсати навро дар муддати кӯтоҳ амалӣ гардонем. Ғайр аз ин, ният дорем, ба қонунҳое, ки рушди соҳибкории хурду миёна, ҷалби сармоя, беҳсозии фаъолияти бонкӣ, рушди бозори суғурта ва коғазҳои қиматнок, бозорҳои минтақавии озуқаворӣ, коркарди маҳсулот ва ғайраро ба танзим медароранд, дигаргунии ҷиддӣ ворид созем.

Мусоҳиб Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»