Муҳокимаи парламентӣ

Маблағи дору ва хӯрокаи муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ нокифоя аст

№129 (3766) 02.11.2017

DSC_720030 октябри соли 2017 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокимаи парлумонӣ баргузор гардид, ки дар он иҷрои Буҷети давлатӣ ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар он раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ҳилолбӣ Қурбонзода иброз дошт, ки аъзои Кумита бо намояндагони вазоратҳои тандурустӣ, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 — 7 октябри соли ҷорӣ ҷиҳати ошно шудан бо шароити зист дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии махсуси маъюбон»-и шаҳри Душанбе, хона-интернатҳои пиронсолон ва маъюбон, мактаб — интернатҳо барои кӯдакони маъюб ба ноҳияи Ёвон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (Ҳисор, Рӯдакӣ, Турсунзода, Варзоб) сафари корӣ намуданд. Дар робита ба натиҷаи сафар раванди татбиқи қонуни зикргардида баррасӣ шуд.

Сипас, вакили Маҷлиси намояндагон Гулбаҳор Ашӯрзода иброз дошт, ки хароҷоти Буҷети давлатӣ, пеш аз ҳама, ба таъмини афзалиятҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯриҳояшон бо намояндагони аҳли ҷомеа, инчунин вазифаҳое, ки аз рӯи стратегия ва барномаҳои миллӣ, дигар қарору барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, равона шудааст.

Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи маблағгузории буҷети муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар 8 моҳи соли ҷорӣ 6,7 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, вале иҷрои он 4,5 млн. сомонӣ ё 66,8 фоизро ташкил медиҳад.

Нақшаи воридоти ­маблағҳои махсуси муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин давра 1,1 млн. сомонӣ ва иҷрои он 553,9 ҳазор сомонӣ ё 49 фоизро ташкил додааст.

Ҳангоми шиносоӣ бо шароити зисту зиндагӣ дар хона-интернатҳои пиронсолон ва маъюбон, мактаб-интернатҳо барои кӯдакони маъюби шаҳру ноҳияҳо мушоҳида гардид, ки роҳбарияти онҳо фаъолиятро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ», «Дар бораи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ», фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои вазорату идораҳои дахлдор ба роҳ монда, барои беҳбуд бахшидани шароити зисту зиндагӣ чораҳои заруриро андешидаанд.

Вале, бояд қайд кард, ки маблағҳои ҷудогардида дар ин муассисаҳо барои харидории дору ва хӯрокворӣ нокифоя мебошанд. Дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони шунавоияшон суст ва деркар­шудаи ноҳияи Рӯдакӣ барои хӯрок 304 546 сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки ба ҳар як кӯдак 5 сомониву 70 дирам дар як шабонарӯз рост меояд. Биноҳои муассиса ба талаботи санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ нестанд ва ба таъмири пурра ниёз доранд.

Шуъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо аз чор воҳиди корӣ ва бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо аз ду воҳиди корӣ иборатанд. Ин дар ҳолест, ки шумораи аҳолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз якдигар фарқ мекунанд. Масалан, агар шумораи аҳолии шаҳри Турсунзода зиёда аз 276 ҳазор нафар бошад, аҳолии ноҳияи Варзоб ба камтар аз 75 ҳазор нафар баробар аст, вале дар ҳар дуи онҳо, баробар, дунафарӣ фаъолият мекунанд.

Дар робита ба ин, муайян намудани воҳиди кории кормандони мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоии аҳолиро вобаста ба шумораи аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба мақсад мувофиқ мешуморем.

Тағйироти пешниҳодгардида имкон медиҳад, ки муқаррароти «Стратегияи ислоҳоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Консепсияи такмили сохтори идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» риоя ва натиҷаҳо назаррас гарданд.

Дар робита ба ин, ҳамчунин, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзомуддин Камолзода, ­сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамхон Кучакшозода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳиддин Усмонзода, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳринамо Ҷонмамадова низ андеша баён доштанд.

Дар анҷом аз рӯи масъалаи баррасишуда тавсияҳои парлумонӣ ва қарори дахлдор қабул гардид.

 Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон