Мактаби ибрату пайравӣ

№68 - 69 (4018 - 4019) 15.06.2019

DSC_5239Дар партави сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар раванди созандагӣ ҷараён дорад. Аз ҷумла, сохтусози шоҳроҳу гулгаштҳо, боғу фароғатгоҳҳо, корхонаву коргоҳҳои азими истеҳсолӣ ва садҳо иншооти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ки ба шакли муосир эъмор мегарданд, ҳусни Ватани хуршедиамонро шукӯҳи тоза бахшида, зиндагии сокинонро боз ҳам рангин мегардонанд. Хоса, дигаргуниҳое, ки дар пойтахти Ватанамон шаҳри Душанбе бо бунёду таҷдиди боғҳои фарҳангӣ – фароғатӣ ба амал омаданд, ҳам барои сокинон ва ҳам барои меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ манбаи фараҳу ҳаловат мебошанд.

Офарандагиҳои муназзами Пешвои миллатро кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сармашқи фаъолият қарор дода, дар нимсолаи аввали соли равон, бо завқи баланди зебоипарастӣ ва заҳмати пайваста, муҳити кории коргоҳашонро, аз ҷумла, саҳни ҳавлӣ, боғу гулгашт, гулхонаву китобхона, осорхонаву роҳрав ва долону даҳлезҳоро ба таври муосир таъмиру тармим намуданд, ки ба ҳар як бинанда фараҳ мебахшад.

Бавижа, саҳни ҳавлии бинои Маҷлиси намояндагон рӯҳбахшу сафоовар гардида, роҳравҳои покиза, парчамҳои парафшон, сабзаҳои махмалин ва рангорангии гулҳо густурдагии матои ҳафтрангро ба хотир меорад. Аввалин чизе, ки пас аз қадам ниҳодан дар саҳни бинои Маҷлиси намояндагон табъро болида мегардонад, насими форами фаввораҳо, махсусан, фаввораи навбунёди он аст, ки ба ҷон ҳаловату ҳузур мебахшад.

Анвои гуногуни гулҳо ва рангорангии рустаниҳо накҳати гулбоғро афзун намуда, шоистаи таъкид аст, ки қисми зиёди онҳо ороишию муаттаркунанда буда, маҳсули дасти кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон мебошад, ки дар гулхонаи Маҷлиси намояндагон парвариш гардидаанд.

Шоҳсуфаи мунаққашу кандакоришудаи саҳни бинои Маҷлиси намояндагон низ, ки вакилону кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон зери он суҳбат меороянд, ҷои ҳаловатбахш аст.

Китобхонаи Маҷлиси намояндагон бошад, манбаи бебаҳои илму маърифат буда, бозгӯкунандаи таърихи на танҳо парлумони кишвар, балки махзани таъриху фарҳанги миллат мебошад. Дар он китобу рисолаҳое маҳфузанд, ки таърихи ташаккули парламентаризм, рушди марҳилаҳои қонунгузорӣ дар кишвар ва ақсои оламро нишон медиҳад. Он, ки дар ҳама давраи мавҷудият яке аз ҷойҳои дӯстдоштаи вакилони мардумӣ ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон маҳсуб меёфт, пас аз таҷдиду такмил намои тоза касб намуда, ҷолибу ҷаззобтар гаштааст. Зеро мизу курсиҳои ҷадид, китобу адабиёти гуногун, тасвиру минётураҳои сатҳи байналмилалӣ фазои онро боз ҳам музайян намудааст. Илова бар ин, туҳфаву ҳадяҳои сарони кишварҳои олам ва раисони парламентҳои дунё, ки ба раисони парлумони ҷумҳурӣ тӯли солҳо тақдим шудаанд, китобхонаро ба макони тамошо мубаддал намуда, ҳар як бинандаро ба умқи таърихи ташаккули қонунгузорӣ дар кишвар мебарад.

Он ҳама зебоӣ, ки гуфтем, бо ташаббуси роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мизроб Кабиров роҳандозӣ ва амалӣ шудаанд ва ӯ ин ҳамаро пайравӣ аз мактаби созандагии Пешвои миллат медонад.

- Ободкорӣ дар бинои парлумони касбӣ пайравӣ аз сиёсати бунёдкоронаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Мо талош менамоем, ҳаддалимкон яке аз самтҳои онро дар муҳити корӣ роҳандозӣ намоем. Албатта, агар муваффақ шавем, он саҳмгузорӣ дар ободию шукуфоии кишвар мебошад, — мегӯяд Мизроб Кабиров.

Умуман, зебоӣ дар ҳама давру замон омили муҳими болидарӯҳӣ ва табъи хуш буда, бахусус, барои аҳли эҷод басо муҳим мебошад. Рӯҳи солим дар тани солим ва рӯҳи хуш аз табъи хуш аст. Вақте ки рӯҳ ва табъи таҳиягарони қонунҳо болида мегардад, пас қонунҳое таҳия хоҳанд шуд, ки ҷавобгӯ ба талаботи давру замон ва дархӯри манфиати мардум эҷод мегарданд.

Н. НИЗОМӣ,  «Садои мардум»