Хониши парлумонӣ

Маошу нафақа ва идрорпулӣ чӣ қадар зиёд шуд?

№109 (3903) 06.09.2018

DSC_2252Чоруми сентябри соли равон таҳти раё­сати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ дар мавзӯи «Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» хониши парлумонӣ баргузор гардид.

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 декабри соли 2017 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои аз Буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда, ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон, стипендия аз 1 сентябри соли 2018 зиёд карда шавад, — гуфт Абдуҷаббор Азизӣ. — Бо ин мақсад барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва амалӣ гардонидани сиёсати иҷтимоии давлат Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» 14 августи соли 2018 ба тасвиб расид.

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода гуфт, ки аз якуми сентябри соли равон маоши вазифавии хизматчиёни давлатии мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва кормандони дигар муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ 15 фоиз зиёд карда шуд. Ҳамчунин, музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ — 10, ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ — 15 ва стипендияи амалкунандаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олию миёнаи касбӣ 15 фоиз афзуд.

- Дар асоси Фармони мазкур маоши заминавӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 500 сомонӣ, барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум ва ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида 600 сомонӣ муқаррар карда шуд, — гуфт Ф. Қаҳҳорзода.

Ҳамин тариқ, музди меҳнати кормандони муассисаҳои томактабӣ, аз ҷумла, мураббиён аз 634 сомонӣ ба 729 сомонӣ ва ёрдамчии мураббӣ аз 400 сомонӣ ба 460 сомонӣ мерасад. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маоши директори мактаб аз 700 сомонӣ то ба 805 сомонӣ бардошта мешавад. Директори мактаб то ба 12 соат сарбории омӯзгорӣ ҳуқуқ дорад. Як басти кории омӯзгори дорои маълумоти олӣ (бо тахассуси дараҷаи олӣ, 20 соати дарсӣ дар синфҳои ибтидоӣ) аз 779 сомонии қаблӣ ба 896 сомонӣ баробар шуд. Ҳамчунин, барои мудири кабинет — 10, роҳбарии синфӣ — 15, санҷиши корҳои хаттӣ 10 фоиз ба музди меҳнати омӯзгор илова карда мешавад. Дар маҷмӯъ, музди меҳнати омӯзгор барои 1 басти корӣ бо дарназардошти иловапулиҳо 1300 сомониро ташкил медиҳад.

Дар соҳаи фарҳанг музди меҳнати саркитобдор аз 930 сомонӣ ба 1070 сомонӣ ва китобдор аз 864 сомонӣ ба 994 сомонӣ мерасад. Маоши роҳбари бадеии театр ва муассисаҳои консерти касбӣ аз 1596 сомонии қаблӣ ба 1835 сомонӣ ва саркоргардон аз 1496 сомонӣ ба 1720 сомонӣ баробар гардид.

Ҳамчунин, муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назокат Одиназода маърӯза карда, баъзе аз қисматҳои фармони зикршударо тавзеҳ дод. ӯ, аз ҷумла, ӯ гуфт, ки андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, ки айни замон 156 сомониро ташкил менамояд, 15 фоиз зиёд гашта, ба 180 сомонӣ дар як моҳ баробар мешавад. Дар баробари ин, ҳадди ниҳоии нафақаи меҳнатӣ аз рӯи синну сол, ки айни замон ба 748 сомонию 80 дирам баробар мебошад, 13,5 фоиз зиёд шуда, дар як моҳ 850 сомонӣ муқаррар карда мешавад.

Дар хотима музокирачиён ба саволҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳром Абдуалимов, Саидҷаъфар Усмонзода, Шариф Раҳимзода, Садриддин Шарипов ва дигарон посух гуфтанд.

 С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»