Маро чун Тоҷикистонӣ садо кун!

№72 (4178) 18.06.2020

Чанде пеш аз телевизиони кишвар навореро аз бойгонӣ намоиш доданд. Мӯйсафеди нуроние, ки аз навад сол бештар умр дида, зодаи ноҳияи Фархор аст, беш аз шаст соли ҳаётро дар Афғонис­тон сипарӣ кардааст. Ӯ бо эҳсосот нақл кард, ки замони амири охирини сулолаи манғитиёнро ҳам дидаасту даврони чанд шоҳи дигари мамлакати ҳамсояро низ шоҳид мебошад. Ва ҳеҷ кадоме аз онҳо дар мулкдорию давлатсолорӣ ва раъиятпарварӣ, сарҷамъ намудани мардум ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробар наомадаанд.

- Ба қадри давлат ва субот бирасед, — даъват кард пирамарди нуронии рӯзгордида.

Бале, ваҳдати миллӣ, ки сарчашмаи таҳкими сулҳу субот ва осудагию оромӣ дар кишвар аст, ҳар яки моро водор месозад, ки ба қадри он ва поягузори суботи сиёсӣ ва рушди устувор бирасем.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ, омӯзиши таърих ва сабақҳои зиндагӣ ҳушдор медиҳанд, ки бояд хеле боандеша ва ояндабин бошем. Зеро аз дарахте ҳазорон чӯби гӯгирд месозанд, аммо басанда аст, ки як дона гӯгирдчӯб ҷангалзорро нобуд созад.

Зиндагӣ пастию баландиҳо дорад. Дар бисёр минтақаҳои олам инсонҳо дар орзуи зиндагии осоишта ҳастанд. Чун ба мамлакатҳои пешрафта ва дорои зиндагии осудаю ором менигаранд, ҳавасашон меояд. Ҳамон мӯйсафеди зодаи Фархор ва сокини Афғонистони ҷангзада низ бо ҳавас дар бораи зиндагии шоистаи ҳаммиллатони тоҷикистониаш, амалҳои хайру инсонпарваронаи Пешвои миллат нақл кард.

Инсонҳо аз қадим барои ҳифзи ҳуқуқу озодӣ мубориза мебурданд. Ба ҷоҳилон нафрат доштанд. Он нафароне, ки сабабгори нооромӣ мешуданд, ҷазои сазовор медиданд. Бинед, дар рӯзҳои охир дар ИМА чӣ ҳодиса рӯй дод. Беандешагӣ ва амали ноҷавонмардонаи корманди полис нисбат ба инсон 80 шаҳри мамлакати бузургро ноором сохт.

Бояд биандешем, ки чаро инсонро Худованди бузург халқ карда, ба ӯ шуур ва ризқу насиба ато намудааст. Ҳанӯз далеле надорем, ки инсон 300-400 сол умр дида бошад. Пас чаро ба умри кӯтоҳ носипосӣ намоем?

Айни замон дар ҷаҳон зиёда аз 200 давлатро ба расмият шинохтаанд ва онҳо дорои рамзу нишон мебошанд. Аммо садҳо халқият, миллат ва соҳибзабонҳо дар орзуи давлати миллӣ, истиқлолу оромиши сиёсӣ ва ҷамъиятӣ ҳастанд. Дур намеравем, масалан, миллати курд, ки аз ҷумлаи мардуми эронинажод ва беш аз 50 миллион нафаранд, ҳанӯз давлат надорад ва барои озодӣ, истиқлол ва давлатдории миллӣ чандин сол боз мубориза мебарад.

Бояд аз гузаштаи пурғановат, ниёгони заҳматкашу бомаърифат, соҳибирфон ифтихор кунем. Биболем, ки Ватани ободу осуда, табиати дилрабо, дорои чашмасорони зулол, обҳои ширину дармонбахш, набототи рангин, ҳайвоноти нодир, замини зархез дорем ва хушбахт инсонҳое мебошем, ки чунин мулкро ба мо Худо додааст. Ба қадраш бояд бирасем.

Дар тӯли таърих борҳо бо фориғболӣ, хиёнат, ватанфурӯшии ҳамдиёрон салтанатро аз даст додем. Бас аст ҳазорон соли бесариву бесарварӣ, беадолативу парешонӣ. Баъди ҳазорон сол офтоби бахт рӯ ба мо гардонид. Соҳибистиқлол гардидем. Аммо, маҳалгароиву мансабхоҳӣ, дурӯягӣ ва хиёнат ба миллату давлат моро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашид. Парешону овора шудем. Таъсири вайронкорӣ ва ғоратгариҳо то дергоҳ аз байн нарафт. Ин ба ҳар як шахс бояд сабақ шавад.

Хушбахтона, пас аз ҳар як ноумедӣ умед аст. Ба сари миллат Пешво омад. Роҳбаре, ки роҳбалад шуд. Моро ба сулҳу ваҳдат расонд, чашмамонро кушод. Ин шахси накӯном муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки ҳама пиру барно арҷгузорӣ мекунанд.

Ҳоло дар андешаи таҷлили 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳастем. Хона обод мекунем, зодгоҳ обод мекунем, Ватан обод мешавад. Тавонистем ба ҷаҳониён шиносонем, ки миллат ҳастем, давлат дорем. Соҳиби таъриху тамаддун ҳастем. Аз дастовардҳои гузаштаамон Саразми 5500 — сола ҳикоят мекунад. Инро арҷ бояд гузошт.

Солҳои соҳибистиқлолӣ мамлакат ба таври шинохтанашаванда пеш рафт, обод шуд. Обрӯю эътибори сиёсӣ афзуд. Алҳол таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли мушкилоти глобалӣ ҷаҳду талошҳо идома доранд. Ташаббусҳои неки Сарвари давлат ҷомеаи ҷаҳонро хушнуд намудааст. Ифтихор бояд кард, чунки барои зиндагонии шоиста ҳама шароит муҳайёст. Бояд қадршиносу шукргузор бошем. Имкониятҳоро сипосмандона истифода намуда, умрро хуш гузаронем.

Он нафароне, ки гумроҳ шуданд, ҳақиқатро намедонанд ё ҳақиқатро ба онҳо намегӯянд. Ба ҳар гуна бофтаҳои беасос, ғаразгӯиву буҳтон, бовар накунем. Зеро «дӯстон» ҳарчанд сафедро сиёҳ мегӯянд, аммо ба мақсади нопок намерасанд. Зеро миллионҳо нафарем, на сад… Зӯр дар мушт аст на дар ангушт.

Ҳолиё, ки сарҷамъона бо раҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алайҳи вабои коронавирус бархостаем, бовар дорам бар он ғолиб меоем. Дар ин мубориза низ сарҷамъию якдилӣ, иҷрои дастурҳои беҳдоштӣ, муттаҳидӣ бо Пешво шарти асосӣ аст.

Бигзор ваҳдату арзишҳои миллӣ, дастовардҳои даврони Истиқлолият, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд поянда бошад.

Ба фармудаи шоир Исмоил Зарифӣ:

Душанбе қиблаи армони ман шуд,

Маро чун тоҷикистонӣ садо кун!

Ин садо аз дили ҳар нафар ҳамватан бояд баланд гардад.

Мурод ШУКУРЗОДА, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон