Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Масъулияти хизматчиёни давлатӣ бештар ва заминаҳои қонунгузорӣ мукаммал мегарданд

№55 - 56 (3692-3693) 20.05.2017

DSC_1000Ҳаждаҳуми майи соли ҷорӣ таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

 РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Тибқи маълумоти пешниҳодгардида аз 31 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 29 нафар, аз ҷумла муҳтарам Файзуллозода Зафар Хайрулло, ки тибқи Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 апрели соли 2017 аз ҳавзаи бисёрмандатии интихоботии Хатлон № 3 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст, дар толор иштирок доранд.

Дар ин робита Файзуллозода Зафар Хайруллоро ҷиҳати сазовор шудан ба ин мақом табрик гуфта, дар ҷодаи қонунэҷодкунӣ комёбиҳо орзу менамоем.

Дар Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқти­содӣ, муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Палатаи ҳисоб, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва на­мо­яндагони восита­ҳои ахбо­ри омма, ки ба кори иҷлосия даъват шудаанд, ҳузур доранд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи моддаи 20 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро кушода эълон мена­моям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон садо медиҳад).

РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи моддаи 25 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон лозим аст, ки котиботи Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро интихоб намоем. Лоиҳаи қарор оид ба масъалаи зикршуда ба шумо пешниҳод гардидааст. Нисбат ба лоиҳа чӣ гуна пешниҳод доред?

Бо инобати пешниҳоди шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, лои­ҳаи Қарори Маҷ­лиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи котиботи Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум»-ро ба овоз мемо­нам ва хоҳиш менамоям, ки мавқеи хешро муайян созед.

Қарор қабул гардид.

Ҳамин тариқ, ба ҳайси раиси котибот Шафеиён Ислом Зиёзода ва аъзои котибот Раҳмонова Наргис Шарифовна ва Чошбаев Мурзабай Абилакимович интихоб гардиданд. Аз котиботи иҷлосия хоҳиш менамоям, ки ба ҷойи хеш гузаранд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Лозим аст, ки рӯзномаи Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро баррасӣ ва тасдиқ на­моем. Лоиҳаи қарор иборат аз 52 масъала манзури шумо гардидааст. Нисбат ба он чӣ гуна пешниҳоду таклифҳои иловагӣ доред?

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯз­но­маи Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» бо дарбаргирии масъалаҳои зерин ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид:

1. Савгандёдкунии узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода З. Х.

2. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология интихоб намудани Файзуллозода З. Х.»

3. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

4. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ»

5. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

6. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии ­Тоҷикис­тон»

7. Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

8. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ»

9. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

10. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ»

11. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи гузориши раиси Кумитаи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъ­ала­ҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, мао­риф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа «Оиди иҷрои супориши протоколии Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум №7 аз 15 июли соли 2016 доир ба масъалаи таъсир ба сифати таълим дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ зимни қабул ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тавассути Маркази миллии тестӣ (дар асоси имтиҳонҳои марказонидашуда)»

12. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани ­тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ»

13. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот»

14. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия»

15. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани ­тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»

16. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҳимояи рақобат»

17. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат»

18. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ»

19. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон».

20. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»

21. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

22. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»

23. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ»

24. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»

25. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»

26. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ»

27. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Дас­тури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

28. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

29. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

30. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»

31. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

32. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

33. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

34. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ»

35. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»

36. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»

37. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»

38. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани ­тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

39. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи аз вазифаи муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Сатторзода А.»

40. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи аз вазифаи муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Шоҳиён М. А.»

41. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи аз вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдуллозода Л. И.»

42. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Назарзода Х. Н.»

43. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Исмоилзода Р. А.»

44. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Раҳимзода И.»

45. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Аминзода З. Т.»

46. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Абдуллозода Л. И.»

47. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Азиззода З. Н.»

48. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Саид С.»

49. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ҷалолиддин А.»

50. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Қаландарзода М. С.»

51. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Нуриддинӣ Н. Б.»

52. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоби машваратчиёни халқии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Дар асоси моддаи 49 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ва моддаи 21 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси миллӣ баъди интихоб ё таъин шудан дар Иҷлосияи Маҷлиси миллӣ дар вазъияти ботантана, ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунад.

Барои савганд ёд кардан сухан ба узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Файзуллозода Зафар Хайрулло дода мешавад.

Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Зафар Хайрулло ба халқи Тоҷикистон савганд ёд кард.

РАИС: - Масъалаи навбатӣ Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология интихоб намудани Файзуллозода З. Х.» аст. Оид ба он чӣ гуна так­лиф доред?

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология интихоб намудани Файзуллозода З. Х.»-ро ба овоз мемо­нам.

Қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» оғоз менамоем. Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ дода мешавад.

ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Саидалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Абдуллозода Ғоибназарӣ ва Ориф Ҳакимов пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 феврали соли 2017 қабул намудааст.

Он бо мақсади мутобиқ намудани талабот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бартарафсозии ихтилофоти қонунгузорӣ ва возеҳу равшан намудани истилоҳот таҳия гардидааст.

Бо ин мақсад ба моддаҳои 1, 15, 18, 20, 22 ва 25 қонуни конститутсионии амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст, ки онҳо характери муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дошта, номувофиқатии меъёрҳои дар қонун ҷойдоштаро аз байн мебарад. Дар матни қонуни конститутсионӣ калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шуда, калимаҳои «марзию маъмурии», «марзию маъмурӣ», «марзиву маъмурӣ», «зайл» мувофиқан ба калимаҳои «маъмурию ҳудудии», «маъмурию ҳудудӣ», «зерин» иваз карда шудаанд.

Инчунин, тибқи тағйироти воридгардида, иҷрои талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин ва масъалаҳои доштани шаҳрвандии давлати хориҷӣ танзим гардидааст.

Қонуни конститутсионӣ ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ буда, механизми татбиқшавии онро таъмин менамояд ва ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯй мебошад.

Кумита ба қонуни конститутсионии мазкур эрод надорад ва хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Масъалаи навбатӣ Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ба шумор меравад.

Сухан оид ба ин масъала ба Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ дода мешавад.

ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Саидалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 апрели соли 2017 қабул намудааст. Он бо мақсади пешбинӣ намудани маҳдудият нисбат ба номзад ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, бинобар соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар ва мутобиқгардонии меъёрҳои ҳамин қонуни конститутсионӣ ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Бо ин мақсад аз матни моддаи 11 ва сархати якуми қисми чоруми моддаи 26, инчунин моддаи 32 қонуни конститутсионӣ калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шуда, ба моддаҳои 11, 17, 19, 20, 25, 26, 33, 34 ва 40 қонуни конститутсионии амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст, ки онҳо характери мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Қонуни конститутсионии мазкур ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мухолифат надорад.

Кумита ба қонуни конститутсионии мазкур эрод надорад ва хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани ­тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъалаи навбатӣ – Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъми­ни асос­ҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озоди­ҳои инсон, шаҳр­ванд ва қонуният Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад.

 ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 апрели соли 2017 қабул намудааст.

Он баҳри мутобиқсозии меъёрҳои қонуни конститутсионии амалкунанда ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешбинӣ кардани маҳдудиятҳо дар мавриди доштани шаҳрвандии дигар давлат ҳангоми интихоб шудан ба вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррар намудани синни ниҳоӣ дар ин вазифа қабул гардидааст.

Қонуни конститутсионии мазкур ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Масъалаи навбатӣ Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шумор меравад. Сухан оид ба ин масъала ба Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад. Марҳамат.

 ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» баҳри мутобиқ намудани муқаррароти қонуни конститутсионии амалкунанда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии гражданӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» қабул гардидааст.

Тағйироти мазкур ба прокурор ҳуқуқ медиҳад, ки ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахсоне, ки вобаста ба вазъи саломатӣ, синну сол, ғайри қобили амал будан ва дигар сабабҳои ­узрнок ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии худро ҳимоя карда наметавонанд, бо ариза ба суд муроҷиат намояд.

Ҳамчунин, шартҳои ба кор қабул кардани шахсони довталаб ба хизмати давлатӣ дар мақомоти прокуратура мушаххастар гардида, минбаъд доштани шаҳрвандии давлати дигар, нафақагири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ будан асос барои қабул нашудан ба ин мақомот ва ё пеш аз муҳлат аз вазифа озод шудан аз мақомоти прокуратура мегардад.

Қонуни конститутсионӣ ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мебахшем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад.

 РАҲИМӢ Фарҳод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷи­­кистонро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи­кистон пешниҳод гардидааст, баррасӣ намуд.

Он ба ­Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ гардонда шуда, муносибат­ҳои ҷамъиятиро дар соҳаи тандурустӣ бо мақсади татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба ҳифзи саломатӣ танзим менамояд.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои банди 3 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2011, №1021 «Дар бораи ­Консепсияи пешгӯии инки­шо­фи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва маориф барои солҳои 2012 — 2015» ва Нақшаи татбиқи он таҳия ва пешниҳод гардида, аз 2 фасл, 29 боб ва 223 модда иборат мебошад.

Фасли 1 Кодекси мазкур ба «Муқаррароти умумӣ» бахшида шуда, аз нуҳ боб ва 65 модда иборат мебошад ва муносибатҳоро дар самтҳои «Муқар­­­­­рароти асосӣ», «Танзим ва идораи давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ», «Маблағгузории низоми тандурустӣ», «Иҷозат­нома­диҳӣ, иҷозат­ди­ҳӣ, аккредитатсия ва аттестатсия дар соҳаи тандурустӣ», «Назорати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ», «Экспертиза дар соҳаи тандурустӣ», «Низоми тандурустӣ ва ташкилотҳои соҳаи тандурустӣ», «Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳр­ван­дон, беморон ва кормандони соҳаи тандурустӣ», «Намудҳо ва шаклҳои расонидани кумаки тиббӣ», «Тарбияи кадрҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳуқуқи ба фаъолияти тиббию фарматсевтӣ машғул шудан» пешбинӣ менамояд.

Фасли 2 — юми Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Муқаррароти махсус» ном дошта, аз 20 боб ва 158 модда иборат аст, ки дар он муносибатҳо дар самти «Фаъолияти хусусии тиббӣ», «Тибби оилавӣ», «Тибби халқӣ», «Соли­мии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивии аҳолӣ», «Таъмини модарону кӯдакон бо кумаки тиббию санитарӣ», «Ҳифзи солимии ҷамъиятӣ», «Таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ», «Маводи доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ», «Донории хун ва ҷузъҳои он», «Пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳои инсон», «Расонидани кумаки тиббӣ ба гурӯҳҳои алоҳидаи шаҳрвандон», «Танзими муносибатҳои алоҳида дар соҳаи тандурустӣ», «Ҳифзи аҳолӣ аз бемории сил», «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният», «Расонидани кумаки тиббию иҷтимоӣ ба шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳӣ», «Расонидани кумаки тиббию иҷтимоӣ ба беморони наркологӣ» ва «Ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд» танзим гардидааст.

Боби 29 «Муқаррароти хотимавӣ» ном дошта, масъалаи танзими ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи кодекси мазкур, аз эътибор соқит донистани 16 қонуни соҳавии амалкунанда ва мавриди амал қарор додани кодекси мазкурро танзим менамояд.

Кумита ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон эрод надорад ва хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси  мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ба шумор меравад. Сухан оид ба ин масъала ба Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад.

РАҲИМӢ Фарҳод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам ­аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Муҳаммадюсуф Имомзода ва Ислом Шафеиён пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон 1 феврали соли 2017 қабул намудааст.

Мақсад аз ворид намудани тағйи­ру иловаҳо ба қонуни амалкунанда такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқгардонии конуни зикргардида ба талаботи дигар қонунҳои Ҷумҳу­рии Тоҷикис­тон, бахусус қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва бартараф сохтани номутобиқатии дохилии меъёрҳои ҷойдошта мебошад. Бо ин мақсад ба моддаҳои 2, 3, 9, 10, 16, 19, 20 тағйиру иловаҳо ворид шудааст, ки хусу­сия­ти муайянкунанда, танзимкунанда ва муто­биқ­­кунанда дошта, номувофиқатии меъёрҳои дар қонун ҷойдоштаро аз байн мебарад. Ба монанди, калимаи «донишҷӯ» ба калимаи «таълимгиранда», калимаи «давлатӣ» ба калимаи «маҳаллӣ» ва калимаи «оинномавии» ба калимаи «оинномаи» иваз карда шудаанд.

Вобаста ба тағйироти моддаи 10 — уми қонуни амал­кунанда, ки тартиби қабули таълим­гирандагон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбиро пешбинӣ менамояд, қисми 5 илова гардид, ки тибқи он минбаъд ба ятимон, бепарасторон, кӯда­кони маъюб, маъюбони гурӯҳҳои I ва II ва шаҳр­вандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адо кардаанд, ҳангоми бомуваффақият супоридани им­тиҳон­ҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассиса­ҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ имтиёз дода мешавад.

Инчунин, ба моддаи мазкур қисми 6 илова карда шудааст, ки тибқи муқаррароти пешниҳод­шуда, ҳиссаҷудокунӣ (квота) барои ба муассиса­ҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ қабул намудани шахсони дар қисми 5 моддаи мазкур номбаршуда, яъне имтиёздорон, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар доираи фармоиши давлатӣ муқаррар карда мешавад.

Қонуни мазкур ба талаботи техникаи ҳуқуқ­эҷод­­кунӣ мувофиқ буда, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад.

 РАҲИМӢ Фарҳод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров ва Миралӣ Достизода пешниҳод гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Мақсад аз ворид намудани тағйирот ба қонуни амалкунанда такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқгардонии қонуни зикргардида ба талаботи дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин истифодаи истилоҳи якхелаи ҳуқуқии дар он истифода­шаванда мебошад. Бо ин мақсад ба моддаҳои 2, 3, 6, 7, 11, 13 тағйирот ворид карда шуда, моддаи 15 дар таҳрири нав ифода гардид, ки хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дошта, номувофиқатии меъёрҳои дар қонун ҷойдоштаро аз байн мебарад. Қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мутобиқ мебошад. Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» аст. Сухан оид ба ин масъала ба Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад.

 РАҲИМӢ Фарҳод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид наму­дани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объект­ҳои мероси таъ­рихию фарҳангӣ» бо тар­ти­би ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Раҷабова, Мусаллам Қодирова ва Ҷаббор Ахмедов пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 майи соли 2017 қабул намудааст.

Мақсади ворид намудани ­тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон, мутобиқ гардонидан бо муқар­ра­роти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин тақвият бахшидани меъёрҳои марбут ба танзими фаъолият вобаста ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ иборат мебошад.

Бо ин мақсад ба муқаддима ва моддаҳои 11, 2, 4, 8 — уми қонуни амалкунанда тағйирот ворид шудааст, ки хусусияти мутобиқкунанда, муайян­ку­нанда ва таҳрирӣ дошта, ҷиҳати аз байн бур­да­ни номувофиқатӣ байни меъёрҳои санадҳои қонунгузорӣ ва истифодаи якхелаи истилоҳи ҳуқуқӣ дар қонунгузории кишвар пешбинӣ гардидааст.

Ҳамчунин, бо мақсади такмили фаъолият вобаста ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ба моддаҳои 5, 51, 9,10 меъёрҳои нав илова шудааст, ки дар он дараҷабандии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ва тасдиқи он, пешбурди Феҳристи давлатии объектҳо ва додани шиносномаҳо, инчунин ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ба танзим дароварда шудааст. Илова ба ин, матни моддаи 17 дар таҳрири нав ифода карда шудааст, ки тибқи он доираи навъҳои объектҳои мероси таърихию фарҳангие, ки ба Номгӯйи мероси фарҳангии умумиҷаҳонӣ пешниҳод мешаванд, васеътар гашта, расмиёти ворид намудани онҳо ба Номгӯй бо таҳияи ҳуҷҷатҳо ва маводи зарурӣ мушаххас пешбинӣ гардидааст.

Қонуни мазкур ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷод­кунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бо­раи гузориши раиси Кумитаи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъ­ала­ҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, мао­риф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа «Оиди иҷрои супориши протоколии Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум №7 аз 15 июли соли 2016 доир ба масъалаи таъсир ба сифати таълим дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ зимни қабул ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тавассути Маркази миллии тестӣ (дар асоси имтиҳонҳои марказонидашуда)» оғоз мебахшем. Сухан оид ба ин масъала ба Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад.

 Раҳимӣ Фарҳод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа тибқи супориши протоколии Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум аз 15 июли соли 2016 масъалаи таъсир ба сифати таълим дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумиро зимни қабул ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тавассути Маркази миллии тестӣ (дар асоси имтиҳонҳои дохилшавии марказонидашуда) дар ҳамбастагӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзишу таҳлил қарор дод.

Муҳтавои асосии таҳлили ­масъалаи мазкур ба аъзои Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шуда, дастоварду навгониҳо дар имтиҳони марказонидашудаи қабул ва хулосаву пешниҳодҳо дар мавриди боз ҳам беҳтар гардидани фаъолияти Маркази миллии тестӣ низ баррасӣ гардиданд.

Кумита тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ масъалаи зикргардидаро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода, ҷиҳати танзими ҳуқуқии он кӯшиш ба харҷ диҳад ва бо мақсади таъмини сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо таъсиррасонӣ аз тарафи Маркази миллии тестӣ суҳбатҳои мизи мудаввар бо масъулони Маркази миллии тестӣ, Вазорати маориф ва илм, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ҳамчунин муҳокимаи парламентиро доир ба ин масъала баргузор намояд.

Доир ба масъалаи мазкур ­лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шуда, дар он иҷрои масъалаҳои дар боло зикргардида дарҷ гардидаанд ва аз шумо хоҳиш менамоем, ки онро дастгирӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бо­раи гузориши раиси Кумитаи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъ­ала­ҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, мао­риф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа «Оиди иҷрои супориши протоколии Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум №7 аз 15 июли соли 2016 доир ба масъалаи таъсир ба сифати таълим дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ зимни қабул ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тавассути Маркази миллии тестӣ (дар асоси имтиҳонҳои марказонидашуда)» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ» оғоз менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ дода мешавад.

 Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонун­гузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Миралӣ Раҷабзода ва вакилони Маҷлиси намояндагон Рустам Латифзода, Мирзоанвар Ахмедов, Олимҷон Сафаров, Мирзодавлат Сабурзода ва Дилрабо Мансурӣ пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 апрели соли 2017 қабул на­му­дааст.

Он бо мақсади мутобиқгардонии қонуни амалкунанда ба талаботи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», бартараф сохтани мухолифати дохилии меъёрҳои мушаххас ва такрорёбии меъёрҳо қабул шудааст. Аз ҷумла, моддаи 1-уми қонуни амалкунанда дар таҳрири нав ифода шуда, дар он ҳама гуна ҳолати истифодабарии масолеҳ ё моддаҳои физикии дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ҳосилшуда, инчунин ҳолати бартараф намудани маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ пешбинӣ гардидааст.

Қисми 3 моддаи 8-уми қонуни амалкунанда дар таҳрири нав ифода гардида, мутобиқи он минбаъд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯйи мақомот ва муассисаҳои давлатиро, ки дар танзими муносибатҳои вобаста ба муомилоти партовҳои радиоактивӣ иштирок мекунанд, муайян менамояд.

Ҳамчунин, ба қонуни амалкунанда моддаи нави 91 илова карда шудааст, ки мутобиқи он талаботи умумӣ барои истеҳсолкунандагони партовҳои радиоактивӣ муайян карда шудаанд.

Ба қисми 3 моддаи 12-уми қонуни амалкунанда меъёри нав илова карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд Феҳристи давлатии партовҳои радиоактивӣ ва Кадастри давлатии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ» бемуҳлат (доимӣ) нигоҳ дошта мешаванд.

Ҳамчунин, ба моддаҳои 13, 14, 17, 18, 21, 22, 23 ва 24-уми қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид шудаанд, ки характери муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Қонун ба меъёрҳои конститут­сио­нӣ, қо­­нун­ҳои амалку­нан­да муто­биқ мебо­шад. Хоҳиш­мандам, онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» оғоз менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ дода мешавад.

 ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Саидалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидумрон Абдураҳмонзода ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода, Абдулғаффор Раҳмонзода ва Мавзуна Шарофидинова пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 феврали соли 2017 қабул намудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани мазмуни он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз байн бардоштани ихтилофоти қонунгузорӣ ва мувофиқ намудан ба талаботи имлои забони тоҷикӣ таҳия гардидааст.

Ғояи асосии лоиҳаи қонуни мазкур ба таъмини иштироки ҳар чӣ бештари сокинон дар баррасӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта, саҳмгирии шаҳрвандон дар беҳдошти ҳаёти иҷтимоӣ ва татбиқи бемайлони қонун нигаронида шудааст.

Қонуни зикргардида меъёрҳои навро пешбинӣ менамояд, ки барои дақиқ намудани ваколати ҷамоатҳо доир ба масъалаи иқтисодиёт ва молия, назорати истифода ва ҳифзи заминҳои ҳудуди шаҳрак ва деҳот равона шудаанд. Аз ҷумла, иловаи ба моддаи 25 пешбинишуда вазъи молумулкии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас менамояд. Моддаи 27 дар таҳрири нав баён гардида, асосҳои иқтисодии ­фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро мустаҳкам менамояд ва сатҳи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро баланд мебардорад.

Ба моддаҳои 1, 2, 6, 8, 10, 11, 12, 13, 14, 15, 19, 20, 22, 24, 25, 27, 28, 31, 32, 34, 35,36, 40, 41, 42-юми қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид шудааст, ки онҳо характери муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дошта, номувофиқатии меъёрҳои дар қонун ҷойдоштаро аз байн мебарад. Дар матни қонун калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда, калимаҳои «мӯҳлат», «мӯҳлати», «шӯрои», «Таъини», «таъин», «таъини» мувофиқан ба калимаҳои «муҳлат», «муҳлати», «Шӯрои», «Таъйини», «таъйин», «таъйини» иваз шудаанд.

Қонуни мазкур ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мухолифат надорад.

Кумита ба қонуни мазкур эрод надорад ва хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» ба шумор меравад.

Сухан оид ба ин масъала ба Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ дода мешавад.

Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» бо тартиби ҳуқуқи ташаб­буси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Иброҳим Абдуллозода, Мавзуна Шарофидинова ва Муҳаббатшо Рузадор пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 апрели соли 2017 қабул намудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз байн бардоштани ихтилофоти қонунгузорӣ, мутобиқ намудан ба талаботи имлои забони давлатӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Тибқи тағйироти пешниҳодгардида тағйиру иловаҳои характери мутобиқкунанда ва таҳрирӣ ворид шудааст. Аз ҷумла, дар қисми сеюми моддаи 1, матни моддаи 2, сархати якуми қисми дуюми моддаи 7, қисми якуми моддаи 8 калимаи «(Сарқонуни)» ва «(Сарқонун)» хориҷ карда шудааст.

Қонуни мазкур ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мухолифат надорад.

Кумита ба қонуни мазкур эрод надорад ва хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ дода мешавад.

Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Абдураҳмон Қодирӣ, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Муҳаммадюсуф Имомзода, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулғаффор Раҳмонзода ва Мавзуна Шарофидинова пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 майи соли 2017 қабул намудааст.

Он бо мақсади баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ, қавӣ гардонидани масъулияти имониву виҷдонии онҳо, пайравии хизматчиёни давлатӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ва таҳкими заминаҳои ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Ҳар шахс, ҳангоме ки дар ҳузури намояндагони давлат ва дигар шохаҳои Ҳукумат даст болои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузорад ва мебинад, ки дар паҳлуяш Парчами давлатӣ истодааст, масъулияти бештарро ҳис мекунад.

Тибқи тағйироти пешниҳодгардида, ҷанбаҳои молиявии хизмати давлатӣ таҳким ёфта, барои ҳавасмандгардонии хизматчиёни давлатӣ мусоидат менамояд.

Қонуни мазкур ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мухолифат надорад.

Кумита ба қонуни мазкур эрод надорад ва хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» оғоз менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад.

 Амирзода Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаб­буси қонун­гузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намо­ян­дагон 1 феврали соли 2017 қабул на­му­дааст.

Он бо мақсади тақвият бахшидан ба пешбурди сиёсати зиддиинҳисорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди рақобат, фаъолияти самарабахши бозорҳо, таъмини фазои ягонаи иқтисодӣ ва фаъолияти озоди иқтисодӣ қабул гардидааст.

Қонун аз 6 боб ва 31 модда иборат буда, дар боби 1-уми он мафҳумҳои асосӣ, доираи амали қонун ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи рақобат инъикос ёфтаанд.

Боби 2 масъалаҳои вобаста ба мавқеи ҳукмфармоӣ, намудҳои фаъолияти инҳисории маҳдудкардашуда, намудҳои созишномаҳои зиддирақобатӣ ва амалҳои мувофиқашудаи субъектҳои хоҷагидор, имконпазирии созишномаҳои амудӣ, санад ва амалҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳотро ба танзим медарорад.

Илова бар ин, вазифа ва ­ваколатҳои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ, ҳуқуқӣ, дастрас намудани иттилоот, намудҳои назорати давлатӣ аз рӯи мутамарказияти иқтисодӣ, назорати давлатии таъсисдиҳӣ, азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳии субъектҳои хоҷагидор ва иттиҳодияҳои онҳо, назорати давлатӣ, риояи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми хариди саҳмияҳо ва ҳиссаҳо дар сармояи оинномавии субъектҳои хоҷагидор ва дигар мавридҳо, азнавташкилдиҳии субъектҳои хоҷагидор, ки фаъолияти соҳибкориро амалӣ мегардонанд, дар бобҳои 3 ва 4 пурра дарҷ гардидаанд.

Бобҳои 5 ва 6 масъалаҳои таъмини иҷрои ҳатмии фармоиши мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ, тартиби шикоят кардан нисбат ба фармоиши мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкурро дар бар гирифтаанд.

Қонун ба меъёрҳои конститут­сионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санад­ҳои ҳуқуқии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебо­шад. Хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

 Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» ба шумор меравад. Сухан оид ба ин масъала ба Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад.

 Амирзода Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаб­буси қонун­гузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ Абдураҳмон Қодирӣ, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Қаҳҳор Маҳкамов ва вакилони Маҷлиси намояндагон Садриддин Шарипов, Дилрабо Мансурӣ, Хусрави Абдуназар ва Ҷаббор Ахмедов пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намо­ян­дагон 1 феврали соли 2017 қабул на­му­дааст.

Қонун бо мақсади такмили иқтидори содиротии мамлакат ва ҳамгироии он бо саноат ва бозори ҷаҳонӣ, гузаштан аз содироти ашёи хом ба содироти моли тайёр, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо бунёди инфрасохторҳои нав ва ташкили ҷойҳои нави корӣ қабул гардидааст.

Он аз 3 боб ва 18 модда иборат буда, боби 1-уми он мафҳумҳои асосӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат, мақсад ва вазифаҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат, принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат, мониторинги вазъи амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат, ваколатҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳотро дар соҳаи саноат дар бар мегирад.

Боби 2 масъалаҳои дастгирии давлатии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат, дастгирии молиявӣ, илмию техникӣ, инноватсионӣ ва иттилоотиву машваратии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат, инчунин омӯзиши касбӣ, такмили ихтисос ва маҳорати касбии кормандонро ба танзим медарорад.

Дар боби 3 муқаррароти хотимавӣ, ҷавобгарӣ барои риоя накардани қонуни мазкур ва мавриди амал қарор гирифтани он инъикос ёфтаанд.

Қонун ба меъёрҳои конститут­сионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санад­ҳои ҳуқуқии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебо­шад.

Бо дарназар­дошти нишондодҳои дар боло зикр­гар­дида, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ» ном дорад. Сухан оид ба ин масъала ба Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад.

Амирзода Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаб­буси қонун­гузорӣ аз ҷониби узви Маҷлиси миллӣ Фарҳод Раҳимӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон Ҷурахон Маҷидзода пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 феврали соли 2017 қабул на­му­дааст.

Он асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии таъмини бехатарии сейсмикиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Қонун аз 6 боб ва 29 модда иборат буда, боби 1-уми он мафҳумҳои асосӣ, асосҳои таъмин намудани бехатарии сейсмикӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақсад ва принсипҳо, вазифаҳои танзими давлатӣ, пешгӯии эҳтимолии заминҷунбӣ, баҳодиҳии хатари сейсмикӣ ва огоҳкунии пешакии аҳолӣ оид ба заминҷунбӣ, объектҳои фаъолият ва таснифи объектҳои фаъолиятро дар бар мегирад.

Бобҳои 2 ва 3 идоракунии давлатии бехатарии сейсмикӣ, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, ваколатҳои мақомоти дигари давлатӣ, ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазифаҳои муассисаҳои махсусгардонидашудаи давлатӣ, масъалаҳои ташкили хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, иҷозатномадиҳии фаъолият, баҳодиҳии хатари сейсмикӣ ва пешгӯии заминҷунбиро ба танзим медароранд.

Дар боби 4 баҳодиҳӣ ва паст кардани хавфи сейсмикӣ, ­вазифаҳои асосии паст кардани хавфи сейсмикӣ, тартиби рафъи оқибатҳои заминҷунбӣ, чорабиниҳо оид ба баҳодиҳии зарар аз заминҷунбӣ ва маблағгузории чорабиниҳо оид ба барқароркунии объектҳои зарардида пурра дарҷ гардидаанд.

Ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, уҳдадориҳои шахсони воқеӣ, уҳдадориҳои шахсони ҳуқуқӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, фаъолияти ташкилотҳо ва шаҳрвандони хориҷӣ ҷиҳати огоҳкунии пешакӣ ва рафъи оқибатҳои заминҷунбиҳо, муқаррароти хотимавӣ, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талабот ва тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкур дар бобҳои 5 ва 6 инъикос ёфтаанд.

Қонун ба меъёрҳои конститут­сионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санад­ҳои ҳуқуқии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебо­шад.

Аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мебахшем. Сухан оид ба ин масъала ба Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад.

Амирзода Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани ­тағйироту илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаб­буси қонун­гузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 апрели соли 2017 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади мукаммал гардонидани Кодекси амалкунанда ва мутобиқ гардонидани он ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст. Бо ин мақсад дар матни кодекси амалкунанда тағйиру иловаҳои хусусияти таҳриридошта ворид шудаанд. Аз ҷумла, калимаҳои «қаламрав», «ҳақ» ва «туристӣ» мутаносибан ба калимаҳои «ҳудуд», «ҳуқуқ» ва «сайёҳӣ» иваз карда шудаанд.

Ҳамчунин, дар қисми 1 моддаи 488 Кодекси амалкунанда банди нави 15 ворид карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд талабот нисбат ба асосҳои қатъ гардидани хизмат дар мақомоти гумрук ин сабаби қатъ гаштани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар мебошад.

Қонун ба меъёрҳои конститут­сионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санад­ҳои ҳуқуқии байнал­милалие,

ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебо­шад.

Аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»  ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад.

Амирзода Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаб­буси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  21 апрели соли 2017 қабул намудааст.

Мақсади қабули он аз пардохт­ҳои гумрукӣ озод кардани воридоти таҷҳизоту масолеҳи сохтмонии иншооти сайёҳӣ, инчунин мутобиқ намудани муқаррароти Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон ба қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» ва Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад. Бо ин мақсад ба як қатор моддаҳои кодекси амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудаанд, ки хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.  

Қонун ба меъёрҳои конститут­сионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санад­ҳои ҳуқуқии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебо­шад. Аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС:  — Ба баррасии  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад.

 АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаб­буси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 апрели соли 2017 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади рушд бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ тавассути беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва таъсис додани минтақаҳои сайёҳӣ қабул гардидааст. Аз ҷумла, ба қисми 1 моддаи 110 банди нави 7 илова ворид карда шудааст, ки тибқи он, минбаъд даромадҳо аз фаъолияти сайёҳӣ аз санаи бақайдгирии давлатӣ, ба муҳлати 5 сол аз андоз озод карда мешаванд.

Инчунин, ба сархати ҳаштуми моддаи 169 қисми 4-уми кодекси амалкунанда тағйирот ворид карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд. Рӯйхати иншооти сайёҳӣ, номгӯй, миқдори таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонии воридшаванда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Қонун ба меъёрҳои конститут­сионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санад­ҳои ҳуқуқии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебо­шад.

Аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» мебошад. Сухан оид ба ин масъала ба Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад.

АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаб­буси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намоян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 феврали соли 2017 қабул на­му­дааст.

Он бо мақсади аз байн бурдани иҷозати дукарата барои амалигардонии фаъолият оид ба чопи қоғазҳои қиматнок равона гардидааст. Аз ин лиҳоз, бо мақсади аз байн бурдани мухолифати зикршуда, аз  сархати шашуми моддаи 17-уми қонуни амалкунанда хориҷ кардани калимаҳои «аз ҷумла қоғазҳои қиматнок» зарур дониста шудааст.

Қонун ба меъёрҳои конститут­сионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санад­ҳои ҳуқуқии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебо­шад. Аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС:  — Ба баррасии  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад.

 АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаб­буси қонун­гузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 феврали соли 2017 қабул на­му­дааст.

Он бо мақсади такмил додани қонуни амалкунанда ва мутобиқ гардонидан ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст. Аз ҷумла, ба сархати дуюми моддаи 1-уми қонуни амалкунанда тағйирот ворид шудааст, ки мутобиқи он минбаъд шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин ташкилот бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, ки метавонад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти сармоягузориро амалӣ намояд, ҳамчун сармоягузор эътироф мешаванд.

Қонун ба меъёрҳои конститут­сионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санад­ҳои ҳуқуқии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебо­шад.

Аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Сухан оид ба ин масъала ба Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад.

 АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаб­буси қонун­гузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 апрели соли 2017 қабул на­му­дааст.

Он бо мақсади мутобиқ намудан ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст. Ҳамчунин, ба моддаҳои 1, 3, 19, 10, 12, 14 , 15 ва 16-уми қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудаанд, ки хусусияти мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Қонун ба меъёрҳои конститут­сионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санад­ҳои ҳуқуқии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебо­шад. Аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС:  — Ба баррасии  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мекунем. Сухан оид ба ин масъала ба Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад.

 АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаб­буси қонун­гузорӣ аз ҷониби узви Маҷлиси миллӣ Абдураҳмон Қодирӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон Мавлуда Қаландарзода, Равшан Раҷабов, Ҳокимҷон Холиқов ва Насиба Содиқова пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 майи соли 2017 қабул на­му­дааст.

Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст. Ҳамчунин,  ба қисми 5 моддаи 1-уми қонуни амалкунанда 15 тағйиру илова ворид карда шудаанд, ки хусусияти муайянкунанда, танзимкунанда ва мутобиқкунанда доранд.

Илова ба ин, дар моддаҳои 11, 14 ва 15- уми қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид шудаанд, ки пеш аз муҳлат аз вазифа озод кардани раис, муовини раис ва сараудиторони Палатаи ҳисобро танзим менамояд. Чор сархати нав: расидан ба синни нафақа, нафақагири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ будан, машғул шудан ба фаъолияте, ки ба вазифаи ӯ номувофиқ аст, риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ илова шудааст, ки масъулияти хизматчии давлатиро баланд менамоянд.

Қонун ба меъёрҳои конститут­сионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санад­ҳои ҳуқуқии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебо­шад. Аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷ­лиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» оғоз мебахшем. Сухан оид ба ин масъала ба Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад.

 АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаб­буси қонун­гузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 апрели соли 2017 қабул на­му­дааст.

Он бо мақсади бартараф кардани мухолифат байни ду санади меъёрии ҳуқуқӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», инчунин мутобиқ намудани онҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул гардидааст. Бо ин мақсад сархати ҳаждаҳуми  моддаи 14-уми қонуни амалкунанда хориҷ карда шудааст, ки дар асоси он (масъалаҳои таҳия ва тасдиқи шаклҳои ҳисоботи идоравӣ, варақаи санҷиш, меъёрҳои муайян кардани дараҷаи хавфнокии фаъолияти соҳибкорӣ ва мувофиқаи нақшаҳои санҷишии мақомоти санҷишии ҷумҳурӣ) аз ваколати Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ хориҷ карда, минбаъд  ваколатҳои номбурда дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ба зиммаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ вогузор мешаванд.

Қонун ба меъёрҳои конститут­сионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байнал­милалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебо­шад.

Аз шумо, муҳта­рам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш­­­мандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Дас­тури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан оид ба ин масъала  ба раиси Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур Матобшозода Арамбегим Бозор дода мешавад.

 МАТОБШОЗОДА Арамбегим Бозор:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мақсад аз ворид намудани тағийру иловаҳо ба Дастури мазкур мутобиқгардонии меъёрҳои он ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мебошад.

Мутобиқ ба лоиҳаи қарори мазкур, ба як қатор модда, қисму бандҳои Дастури амалкунандаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Ворид намудани тағийру иловаҳо ба «Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бартараф намудани ихтилофоти қонунгузориро таъмин ва меъёрҳои навро пешбинӣ менамояд.

Дохил кардани тағйиру иловаҳо ба Дастури Маҷлиси миллӣ ба талаботи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мутобиқ буда, аз шумо хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии  Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба Матобшозода Арамбегим Бозор дода мешавад.

 МАТОБШОЗОДААрамбегим Бозор:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мақсад аз ворид намудани тағийру иловаҳо ба низомномаи мазкур мутобиқгардонии меъёрҳои низомномаи амалкунанда ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мебошад.

Ба 26 банд ва як қатор зербанд­ҳои Низомномаи амалкунанда тағийру иловаҳо ворид карда, қисме аз бандҳо бо дарназардошти тағийру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои амалкунанда воридгардида хориҷ карда шудаанд.

Дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ба талаботи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, аз шумо хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад.

 Лоиқзода Қаноатшо Холиқ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумита Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, 3 майи соли 2017 Маҷлиси намояндагон онро қабул намудааст.

Он баҳри мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни амалкунанда бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, инчунин пешбинӣ намудани маҳдудият барои ишғоли мансаби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст.

Мувофиқи тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда, доштани шаҳрвандии давлати дигар, нафақагири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ будан, риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин як қатор асосҳои дигар барои фаъолият дар вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун маҳдудият ва монеа эътироф карда мешаванд.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътироф­кардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбат ба он эрод надорад ва хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» унвон дорад. Сухан оид ба ин масъала ба Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад.

 ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 12 апрели соли 2017 Маҷлиси намояндагон қабул намудааст.

Дар маҷмӯъ, қонун аз  12 боб ва 96 модда иборат буда, мақсади он  танзими самараноки муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ мебошад. Қонуни мазкур принсипҳои асосӣ, мафҳум, намуд, низом, таносуби байни санад­ҳои меъёрии ҳуқуқӣ, эътибори ҳуқуқӣ, тартиби умумии таҳия, экспертиза, қабул, интишор, баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ, амал, тафсир, мураттабсозии онҳо ва роҳҳои ҳалли ихтилофоти ҳуқуқиро муайян карда, баҳри мутобиқсозӣ ба муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қабул шудааст.

Қонун ба меъёрҳои Конститут­сияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътироф­кардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбат ба он эрод надорад ва хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад.

ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи як гурӯҳ вакилони  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 12 апрели соли 2017 Маҷлиси намояндагон қабул намудааст.

Мувофиқи тағйироти пешниҳодшуда, минбаъд барои пинҳон намудани иттилоот дар бораи дош­тани шаҳрвандии давлати дигар ҳангоми интихоб ё таъин шудан ба вазифаҳои хизмати давлатӣ ва мансабҳои давлатие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои онҳо маҳдудияти доштани танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ намудааст, ҷавобгарии маъмурӣ муқаррар карда мешавад.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътироф­кардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбат ба он эрод надорад ва хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Сухан оид ба ин масъала ба Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад.

 ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси муро­фиаи ҳуқуқвайронкунии  маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 21 апрели соли 2017 Маҷлиси намояндагон қабул намудааст.

Мувофиқи он ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 961  илова карда шуда, ин меъёр ба мутобиқсозии қонунгузории амалкунанда ба санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Тибқи моддаи мазкур, минбаъд салоҳияти баррасӣ намудани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба риоя накардани қоидаҳо, меъёрҳо ва дастурҳои бехатарии радиатсионӣ ба зиммаи мақомоти танзимкунандаи давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ, яъне Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вогузор мешавад.

Қонун ба меъёрҳои Конститут­сияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбат ба он эрод надорад ва хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад.

 ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 21 апрели соли 2017 Маҷлиси намояндагон қабул намудааст.

Он баҳри дар амал татбиқ намудани муқаррарот вобаста ба ислоҳоти сохтори судии кишвар ва барҳам хӯрдани Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар робита ба такмили меъёрҳои қонунгузории мурофиавӣ вобаста ба тартиби баррасии парвандаҳо ва дигар масъалаҳое, ки барои таҳкими мурофиаи иқтисодӣ вобастагӣ  доранд,  қабул шудааст.

Қонун ба меъёрҳои Конститут­сияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътироф­кардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбат ба он эрод надорад ва хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии  Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Масъалаи навбатӣ  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» ба шумор меравад. Сухан оид ба ин масъала ба Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад.

 ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро 5 апрели соли 2017 қабул намудааст.

Он баҳри мутобиқгардонии меъёрҳои қонуни амалкунанда ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушаххастар кардани шартҳои қабул ба хизмати давлатӣ ба сифати нотариуси давлатӣ қабул шудааст. Мувофиқи тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда, минбаъд  қатъ гаштани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар маҳдудият барои фаъолият дар нотариати давлатӣ эътироф мешавад.

Қонун ба меъёрҳои Конститут­сияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътироф­кардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбат ба он эрод надорад ва хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба масъалаи мазкур ба Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад.

 ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, 21 апрели соли 2017 аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул карда шудааст.

Он баҳри арҷгузорӣ ба аҳли эҷод, зиё ва фарҳанг нигаронида шуда, мувофиқи иловаи пешниҳодшуда, минбаъд 20 март ҳамчун «Рӯзи фарҳанг» ҷашн гирифта мешавад.

Қонун ба меъёрҳои Конститут­сияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътироф­кардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбат ба он эрод надорад ва хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатӣ  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ба шумор меравад. Сухан оид ба масъалаи мазкур ба Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад.

ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, 26 апрели соли 2017 аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул шудааст. Он баҳри мутобиқсозии меъёрҳои қонуни амалкунанда ба муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ»  қабул шудааст. Бо ин мақсад ба моддаҳои 43 ва 47-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» тағйирот ворид карда, синни ниҳоӣ дар адои хизмати ҳарбӣ барои хизматчиёни ҳарбии дорои рутбаи ҳарбии генерал-полковник аз 60 то 63, генерал-лейтенант ва генерал-майор аз 55 то 58, полковник аз 50 то 53 сол ва рутбаҳои дигари ҳарбӣ аз 45 то 48  дароз карда мешавад.

Қонун ба меъёрҳои Конститут­сияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътироф­кардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» оғоз мебахшем. Сухан оид ба ин масъала ба Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад.

Лоиқзода Қаноатшо Холиқ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 26 апрели соли 2017 Маҷлиси намояндагон қабул намудааст.

Он баҳри ҷорӣ намудани механизми таҳлили хавфи коррупсия дар мақомоту ташкилотҳои давлатӣ ва ҷиҳати амалисозии «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013 тасдиқ гардидааст, қабул шудааст.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътироф­кардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»  ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ном дорад. Сухан оид ба ин масъала ба Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад.

 ЛОИҚЗОДА Қаноатшо Холиқ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати  давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шуда, 3 майи соли 2017 аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул гардидааст.

Он баҳри мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни амалкунанда бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул шудааст.

Мувофиқи тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда, барои фаъолият дар мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия маҳдудият ҷорӣ карда, соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар, доштани душаҳрвандӣ ё бисёршаҳрвандӣ ва нафақагири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ будан барои фаъолият дар ин мақомот минбаъд монеа эътироф карда мешавад.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътироф­кардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда,  хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС:  - Масъалаи навбатӣ Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи аз вазифаи муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Сатторзода А.» мебошад. Сухан оид ба ин масъала ба Ёрдамчии Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид  ба  масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи  ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ  ва  Маҷлиси  намояндагони Маҷли­си Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода  мешавад.

Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 10 майи соли 2017 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қироат менамояд:

- Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод дар бораи бозхонд намудани муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сатторзода Абдуҷабор Алимардон ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бо­раи аз вазифаи муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Сатторзода А.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии  Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи аз вазифаи муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Шоҳиён М. А.» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.

Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 10 майи соли 2017 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қироат менамояд:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод дар бораи бозхонд намудани муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шоҳиён Маҳмадсаид Алимардон ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бо­раи аз вазифаи муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Шоҳиён М. А.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатӣ Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи аз вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдуллозода Л. И.» ба шумор меравад. Сухан оид ба ин масъала ба Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.

Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз  7 апрели соли 2017 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон  қироат менамояд:

- Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод дар бораи бозхонд намудани судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Лутфулло Изатулло  ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бо­раи аз вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдуллозода Л. И.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Масъалаи навбатӣ Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Назарзода Х. Н.» мебошад. Сухан аз рӯи ин масъала ба Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.

Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 10 майи соли  2017 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат менамояд:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод дар бораи бозхонд намудани судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Назарзода Ховар Нурмуҳаммад ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бо­раи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Назарзода Х. Н.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Масъалаи навбатӣ Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Исмоилзода Р. А.» ба шумор меравад. Сухан оид ба ин масъала ба Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.

Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 10 майи соли  2017 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат менамояд:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод дар бораи бозхонд намудани судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил­зода Раҳмоналӣ Анвар ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бо­раи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Исмоилзода Р. А.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии  Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Раҳимзода И.» шурӯъ менамоем. Сухан доир ба ин масъала ба Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.

Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 10 майи соли  2017 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат менамояд:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод дар бораи бозхонд намудани судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Исмоил ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бо­раи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Раҳимзода И.» ба овоз монда шуда, Қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Аминзода З.Т.» шурӯъ мекунем. Сухан оид ба ин масъала ба Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.

Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 10 майи соли  2017 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат менамояд:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод дар бораи интихоб намудани муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Аминзода Зокирҷон Тоҳир ирсол мегардад.

Аминзода Зокирҷон Тоҳир 10  январи соли 1967 дар шаҳри Ҳисор таваллуд ёфтааст. Дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 16 солу 7 моҳ собиқаи кории касбӣ мебошад.  Аз соли 2000 дар  мақомоти судӣ фаъолият дошта, дар вазифаҳои судяи суди ноҳияҳои Фирдавсӣ, Сино, муовини раиси Суди шаҳри Душанбе ва раиси Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе кор кардааст.

Аз 7 августи соли 2013 раиси Суди шаҳри Паҷакенти вилояти Суғд буд.

Номзадии Аминзода Зокирҷон Тоҳир ба талаботи моддаи 85 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  судҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» мувофиқат мекунад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бо­раи муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Аминзода З. Т.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон интихоб намудани Абдуллозода Л. И.» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.

Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 7 апрели соли  2017 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қироат менамояд:

- Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод дар бораи интихоб намудани судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Лутфулло Изатулло ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Абдуллозода Л. И.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Масъалаи навбатӣ Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Азиззода Зафар Нусрат» ба шумор меравад. Сухан оид ба ин масъала ба Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.

Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 10 майи соли  2017 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат менамояд:

- Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоб намудани Азиззода Зафар  Нусрат ирсол мегардад.

Азиззода Зафар Нусрат 2 феврали соли 1965 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд ёфтааст. Дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 23 солу 5 моҳ собиқаи кории касбӣ мебошад. Аз соли 1993 дар мақомоти судӣ фаъолият дошта, дар вазифаҳои судяи халқии Суди халқии шаҳри Ваҳдат, судяи Суди шаҳри Ваҳдат, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз 5 майи соли 2015 сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Номзадии Азиззода Зафар Нусрат ба талаботи моддаи 85 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат мекунад.                        

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бо­раи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Азиззода З. Н.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии  Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон интихоб намудани Саид С.» шурӯъ менамоем. Сухан роҷеъ ба ин масъала ба Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.

Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 10 майи соли  2017 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат менамояд:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоб намудани Саид Сӯҳроб ирсол мегардад.

Саид Сӯҳроб 21 октябри соли 1961 дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфтааст. Дорои таҳсилоти олии  ҳуқуқшиносӣ ва 27 солу 5 моҳ собиқаи кории касбӣ мебошад. Аз соли 1989 дар мақомоти судӣ фаъолият дошта, дар вазифаҳои судяи Суди шаҳри Истаравшан, муовини раиси Суди ноҳияи  Спитамен, муовини раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд, раиси Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, судяи Суди  иқтисодии Иттиҳоди АвруОсиё кор кардааст.

Аз 11 феврали соли 2015 раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд кор кард.

Номзадии Саид Сӯҳроб ба талаботи моддаи 85 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат мекунад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси мил­лии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар  бо­раи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Саид С.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон интихоб намудани Ҷалолиддин А.» оғоз менамоем. Сухан оид ба ин масъ­ала ба Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.

Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 10 майи соли 2017 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қароат мекунад:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон интихоб намудани Ҷалолиддин Азизӣ ирсол мегардад.

Ҷалолиддин Азизӣ 12 октябри соли 1982 дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон таваллуд ёфтааст. Дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 7 солу 5 моҳ собиқаи кори касбӣ мебошад. Аз соли 2010 дар мақомоти судӣ фаъолият дошта, дар вазифаҳои судяи Суди ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон, судяи Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кор кардааст.

Аз 11 феврали соли 2015 судяи Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд буд.

Номзадии Ҷалолиддин Азизӣ ба талаботи моддаи 85 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат мекунад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ҷалолиддин А.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Қаландарзода М. С.» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.

Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 10 майи соли 2017 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қироат мекунад:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Қаландарзода Мансур Сафар ирсол мегардад.

Қаландарзода Мансур Сафар 30 августи соли 1981 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 7 солу 2 моҳ собиқаи кории касбӣ мебошад.

Аз 11 майи соли 2010 судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон буд.

Номзадии Қаландарзода Мансур Сафар ба талаботи моддаи 85 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» мувофиқат мекунад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Қаландарзода М.С.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Нуриддинӣ Н. Б.» шурӯъ менамоем. Сухан роҷеъ ба ин масъала ба Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.

Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 10 майи соли 2017 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қироат менамояд:

- Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Нуриддинӣ Нурулло Бадалзода ирсол мегардад.

Нуриддинӣ Нурулло Бадалзода 12 ноябри соли 1980 дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд таваллуд ёфтааст. Дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 7 солу 5 моҳ собиқаи кори касбӣ мебошад.

Аз 11 майи соли 2010 судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд мебошад.

Номзадии Нуриддинӣ Нурулло Бадалзода ба талаботи моддаи 85 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқат мекунад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Нуриддинӣ Н. Б.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъалаи ниҳоӣ — Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоби машваратчиёни халқии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.

Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло:

 - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи талаботи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» машваратчиёни халқӣ ҳангоми амалӣ намудани адолати судӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ аз ҳуқуқҳои судя истифода мебаранд. Ба ҳар як судя бист машваратчии халқӣ интихоб карда мешавад.

Тартиби интихоб, музди меҳнат, кафолату имтиёзҳои машваратчиёни халқиро «Низомнома дар бораи машваратчиёни халқӣ», ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  28 июни соли 2002 қабул шудааст, муайян менамояд.

Тибқи моддаи 23 Қонуни конститутсионии зикршуда Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз раис, муовини якум, муовинони раис, судяҳо ва машваратчиёни халқӣ, ки бо Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон интихоб карда мешаванд, иборат мебошад. Мувофиқи Низомнома дар бораи машваратчиёни халқӣ номзадии машваратчиёни халқии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисҳои коллективи меҳнатӣ, ҷамъомадҳои умумии шаҳрвандон дар ҷойи истиқомат муҳокима гардида, рӯйхати номзадҳо ба раиси Суди Олӣ пешниҳод мегардад ва раиси Суди Олӣ онро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Бо мақсади хоста гирифтани номзадҳои арзанда ба сифати машваратчиёни халқӣ аз ҳисоби шаҳрвандони касбу кори гуногун, шахсони обрӯманду бонуфузи ҷомеа ва дорои хислатҳои неку дониши мукаммал, аз ҷониби роҳбарияти Суди Олӣ, муовинони раиси Суди Олӣ, раисоони коллегияҳои Суди Олӣ, роҳбарони дастгоҳ ва раёсату шуъбаҳои Суди Олӣ сафарбар, ба раисони шаҳру ноҳияҳо оид ба баргузор кардани маҷлису ҷамъомадҳои коллективҳои меҳнатӣ ва шаҳрвандон барои муайян кардани номзадии машваратчиёни халқӣ аз ноҳияҳои Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода, Ваҳдат, Рӯдакӣ ва Шаҳринав бо мактуби расмӣ муроҷиат карда шуд.

Боиси зикр аст, ки номзадҳо барои машваратчии халқӣ интихоб шудан бо риояи қатъии талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Низомнома дар бораи машваратчиёни халқӣ» аз ҷониби мардум пешбарӣ шуданд. Сипас, маълумот дар Суди Олӣ мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода шуда, барои санҷиши доштан ё надоштани доғи судӣ ба Маркази иттилоотии Вазорати корҳои дохилӣ фиристода шуд.

Дар натиҷаи санҷиш муайян карда шуд, ки 16 нафар бо асосҳои гуногун ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ва бо ҳамин асос онҳо аз рӯйхат хориҷ гардиданд.

Ба рӯйхати машваратчиёни халқӣ, ки имрӯз ба шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ барои интихоб намудан пешниҳод шудааст, асосан муаллимони макотиби олию миёна, духтурон, кормандони ҷамоати шаҳраку деҳот ва раисони маҳаллаҳо шомил буда, 60 нафарашонро занон ташкил медиҳанд, ки ин аз чор як ҳиссаи шумораи  умумии машваратчиёни халқӣ мебошад.

Тибқи талаботи «Низомнома дар бораи машваратчиёни халқӣ» маълумот барои баррасӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фирис­тода шуда, мутобиқи моддаи 23 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯйхати машваратчиёни халқӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интихоб намудан ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад. Дар асоси гуфтаҳои боло, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоям, ки шахсони дар рӯйхатбуда ҳамчун машваратчиёни халқии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шаванд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи интихоби машваратчиёни халқии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Сухан ба раиси котибот дода мешавад.

Раиси котибот: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ! Дар ҷараёни иҷлосия ба котибот ягон ариза ё пешниҳод ворид нагардид.

РАИС: - Масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баррасӣ карда шуданд. Доир ба тартиби бурдани иҷлосия, баррасӣ намудани масъалаҳо таклифу эродҳо ҳастанд? Ба раисони кумитаҳо, аъзои Маҷлиси миллӣ барои иштироки фаъолона дар иҷлосия ташаккур мегӯям!

Бо ҳамин Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро пӯшида эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ