Машварати кории вакилони Маҷлиси намояндагон

№40 (4146) 02.04.2020

DSC_9717000000Сиюми марти соли 2020 муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим бо вакилони Маҷлиси намояндагон машварати корӣ баргузор намуд.

Қодири Қосим зикр кард, ки тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин ҷаласаи ­Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, парламент бояд бо роҳи қабули қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеа, тасвиби созишномаҳои байналмилалӣ, амалӣ намудани дигар чорабиниҳои таконбахши равандҳои ҳаёт, ба густариши созандагиву бунёдкорӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва баланд бардоштани эътибору обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақши сазовор гузорад.

- Бинобар ин, — гуфт муовини Раиси Маҷлиси намояндагон,  лозим аст, ки донишу малака ва таҷрибаи кориро бо ҳисси баланди масъулият дар назди наслҳои имрӯзаву фардо ба иҷрои вазифаи ҷонӣ, ки қонунофарӣ аст, равона намоем. Қонунҳоеро қабул кунем, ки ба рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа, таъмини адолати иҷтимоӣ, ваҳдату субот, пешрафту созандагӣ, танзими ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҷамъиятӣ ва манфиату ниёзҳои мардум мусоидат кунанд.

Аз ин хотир, намояндагони мардумиро зарур аст, ки сарфи назар аз мансубияти ҳизбӣ, бо дарназардошти манфиатҳои миллию давлатӣ, барои рушди фазои ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа саъю талош варзанд.

 

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон