Меҳринисо Бобобекова: «Ҳама зебоӣ маҳсули дасти зан аст»

№26 (3976) 07.03.2019

DSC_1430Дар арафаи Рӯзи Модар бо узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шоира Меҳринисо Бобобекова суҳбат доштем, ки фишурдаи он пешкаш мегардад

- Чанд сол аст, ки дар заминаи ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи рӯзҳои ид» 8 март ҳамчун Рӯзи Модар таҷлил мегардад. Моҳияти онро чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

- Зебоӣ маъбади дидагон ва ниёзи камоли одам аст. Ҳангоме ки сухан аз зебоӣ ба миён меояд, ҳатман тасвири зан дар назар муҷассам мешавад. Зеро зан мазҳари ҳама зебоӣ ва ҷилваи биҳиштосои зиндагӣ мебошад. Аз ин рӯ, шоирон ғазалҳои шӯрангезро ба зан — модар сурудаанду месароянд. Нависандагон, наққошон, оҳангсозону пайкаратарошони олам ибтидо дили худро дар меҳроби муҳаббати зан ба ниёз водоштаанд ва он гоҳ осори шӯрангезу дилангез ва мондагор офаридаанд. Модар дар ҳама давру замон беҳтарин такягоҳ, ғамхор, парастор, умед ва сарчашмаи хушиҳои инсон аст.

Модар аз рӯзҳои нахустин дар дили фарзанд гули умедро мекорад. Худованд ҳам мегӯяд, ки беҳтарин ҳадя аз осмон зан — модар аст. Бузургон гуфтаанд, ки чун Худо наметавонад дар ҳама ҷо ҳозир бошад, ӯ занро офарид. Зан беҳтарин ва охирин туҳфаи осмонӣ аст. То касе, ки сиришти Худовандро намедонад, онро дар сиришти модар биҷӯяд. Сиришти модар ҳамеша пок, беолоиш, бениёз аст ва мисли Худованд мехоҳад доимо накукорӣ кунад. Бо ҳама носипосие, ки фарзанд нисбат ба модар мекунад, модар ҳамеша боз бахшоянда аст. Барои ман Рӯзи Модар рӯзи хушист. Вақте ки ин рӯз махсус таҷлил мешавад, барои ҳар як модар ва ҳар як зан хушоянд аст. Чунки то ҳол касе пайдо нашудааст, ки ба пои модари худ саҷда накунад. Инсон ҳамеша дар фикри модар аст. Чӣ дар ғам ва чӣ дар шодӣ аввал модарро фикр мекунад. Модар дар канор набошад, ҳамеша ғамгинем. Шояд мо ба қадраш нарасем. Лекин ҳар лаҳзаи умр шахсе, ки аввал ба ёд мерасад, модар аст.

- Дар замони шӯравӣ 8 март ҳамчун Рӯзи озодии занон қайд карда мешуд. Бо гузашти солҳо аз он давр вазъи кунунии зан-модари тоҷикро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Ба андешаи шумо, онҳоро озод гуфтан мумкин аст?

- Дар замони истиқлолият, агар зан ба қуллаи баланди озодӣ ҳам нарасида бошад, ӯ рӯҳан ва ҷисман озод шуд.  Вожаи истиқлолият, ки ба Тоҷикистон омаду фазои онро фаро гирифт, истиқлолияти занҳо низ буд. Дар баробари ин, модари тоҷик аз даргирӣ ва оворагӣ озод шуд. Худованд ба мо Сарвари донову тавоноро  туҳфа кард. Аз рӯзи нахустини фаъолият таваҷҷуҳи Президенти кишвар ба зан равона шуд. Вақте таваҷҷуҳ ба ҷавонон зиёд аст, ин таваҷҷуҳ ба модар аст. Чун ӯ ҳамеша дар орзуст, ки фарзандаш солим ва дар камолот бошад. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ ғамхорӣ ба зан аст. Ба хотире ки зан аз гирифтории нозарури зиндагӣ озод бошад. Вақте зан фарзанди комилу солимро ба камол мерасонад, ӯ баробари ин хушбахтӣ эҳсос мекунад. Мегӯянд, ки зан дар партави хушбахтиҳои фарзанд хушӣ мекунад. Ҳар вақт ба чеҳраи фарзанд нигоҳ мекунад, ки ӯ гул-гул шукуфтааст, худро ҷавон эҳсос мекунад.

Истиқлолият барои занон озодӣ низ овард. Мақсади истиқлол ва озодӣ ҳам ҳамин аст, ки инсон тавонад орзуву мақсадро ба замон созгор созад. Дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки боиси хушбахтиву саодат аст, зани тоҷик дастовардҳои зиёд дорад. Пай дар пай эълон шудани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҳам ба занон вобаста аст. Яъне, меҳнату заҳмати зан, ки дар кунҷи хона нишаста мебофаду медӯзад, барабас наравад. Зеро аксари ҳунарҳои зебоиофарин маҳсули дасти зан аст. Вақте зан метавонад аз ҳунари худ болад, аз баракати ҳунараш зиндагӣ кунад, ин ҳам истиқлолият аст. Аз ҳама гирифтории бузург ин асорати иқтисодӣ аст. Вақте зан аз асорати иқтисодӣ раҳо ёфт, албатта, аз озодии рӯҳӣ низ бархӯрдор хоҳад шуд.

- Занон ба корҳои сиёсиву ҷамъиятӣ аслан замони шӯравӣ ҷалб шуданд ва ин раванд аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ тақвият ёфт. Алҳол онҳо ҳамчун фаъолтарин қишри ҷомеа дар паҳлуи мардон фаъолият карда истодаанд…

- Албатта, мардум дар замони шӯравӣ саводнок буданд. Хеле ками онҳо, ки баъдан ба хурофот пайвастанду аз хондан монданд, аксариятро ташкил намекарданд. Яъне, занон дар баробари мардон таҷрибаи кор карданро ҳам  дар сиёсату фарҳанг ва ҳам дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ доштанд. Созмонҳои ҷамъиятӣ ташкил шуданд, ки аксаран сарваронашон занҳо буданд. Ин гувоҳӣ медиҳад, ки зан сиёсатмадор аст. Вақте ки ӯ як созмонро сарварӣ мекунад, албатта, таҷрибаи кофӣ ва донишу малака дорад, ки камбудии ҷомеаро баррасӣ кунад. Ин ҳам аз он шаҳодат медиҳад, ки зан дар тамоми давру замон метавонад дар ҳама соҳа баробари мардон кор кунад.

Инро Президенти кишвар дар ҳар як суханрониашон қайд мекунанд. Масалан, дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон зикр карданд, ки «Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем. Дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ дар ин самт амалӣ гардида, барои фаъолияти занон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд».

Ман гумон мекунам, ки ҳанӯз ҳам занон дар соҳаи сиёсат кам фаъолият мекунанд. Онҳо бояд ҷойгоҳи амиқ пайдо кунанд, зеро ҳар ҷое, ки зан пешрав аст, шаҳодати он аст, он ҷомеа пешрав аст.

- Дар арафаи Рӯзи Модар чӣ таманниёт доред?

- Мегӯянд, ки «шод будан ҳунар аст, шод кардан ҳунаре волотар». Яъне, дар баробари хушбахт будан бояд хушбахтиро ба дигарон, наздикону пайвандон тақсим кунем, бо ҳам болем. Аз зиндагӣ нанолем. Онро бо хушӣ истиқбол кунем.

Дар рӯзҳои баҳорӣ, ба тамоми мардуми дунё мехоҳам, ки ҳамеша дар хонаашон ид бошад. Агар онҳо идро камтар пайдо карданд, дар хаёл ҳамеша ба ид бипардозанд, баҳорро интизор шаванд. Ба ҳар ҷо, ки қадам гузоштанд, баҳор оваранд. Ва баҳорҳои гумгашта низ боз ба кошонаҳояшон биояд. Дар муҳаббату садоқат устувор бошанд. Ҳаргиз рӯи ишқ по нагузоранд. Ҳамеша дасти дилу дидаро рӯи муҳаббат гузоранд. Он қадар хушбахту хушнуд ва сарфарозу сарбаланд бошанд, ки Тоҷикистон ҳам бо нумуи мардум, бо хушбахтии мардум биболад. Имрӯз, ки дар кишвари обод, озод, соҳибистиқлолу биҳиштосо зиндагӣ дорем,  бояд кӯшиш кунем, ки неъматҳо, дастовардҳо ва зебоиҳоро нигаҳдорӣ кунем.

Суҳбаторо Шарофат Абдулвоҳидова, «Садои мардум»