Меъёрҳои конститутсионии низоми интихоботӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

№16 - 17 (4122 - 4123) 04.02.2020

DSC_9713Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар самти демократикунонии ҷомеа, ки ба амалисозии ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандон алоқамандии бевосита дорад, як силсила тадбирҳо роҳандозӣ карда шуданд.

Тавре маълум аст, ҳар як давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд тасмим мегирад, ки дар ҷомеа шароите муҳайё созад, то ҳуқуқу озодиҳои  инсон воқеан амалӣ шаванд. Дар ин радиф Тоҷикистон таи солҳои соҳибихтиёрӣ низоми интихоботии нави худро бунёд кард, ки ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ ва яке аз дастовардҳои назарраси кишвари мо ба ҳисоб меравад. Мо хуб эҳсос мекунем, ки баргузории интихоботҳои демократию озод, пеш аз ҳама, аз низоми интихоботии давлат вобастагӣ дорад. Яке аз институтҳои муҳими давлати демократӣ, ташкили ҳокимияти давлатӣ ва ифодаи бевоситаи иродаи халқ — интихобот мебошад. Ин асл ё принсип ба сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқ ва ин ҳокимиятро бевосита ё ба воситаи вакилони худ амалӣ гардонидани он вобаста аст. Зеро интихобот муҳимтарин падидаи демократия ва маҷмӯи муносибатҳои ҷамъиятиест, ки дар алоқамандӣ бо ташаккули мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ва ҳуқуқи субъективии шаҳрвандон оид ба интихобкунӣ ва интихобшавӣ ба вуҷуд меояд. Қисми муҳимтарини ин муносибатҳо тавассути меъёрҳои ҳуқуқи интихобот ба танзим дароварда мешавад.

Боиси зикр аст, ки масъалаи дар сатҳи баланди сиёсӣ ва шаффоф баргузор намудани интихобот зери таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои баргузории интихобот дахл ва аз ҷумла, қайд намуда буданд: «Барои дар сатҳи баланд, шаффоф ва дар фазои озод баргузор гардидани интихобот ва интихоби намояндагони арзандаи халқ бояд ҳамаи шароити зарурӣ муҳайё карда шавад. Пеш аз ҳама, тамоми қувваҳои сиёсӣ, ҳизбҳову шаҳрвандони алоҳида, ки барои соҳиб шудан ба ваколати вакилӣ мубориза мебаранд, бояд фаъолияти худро танҳо дар чорчӯбаи Конститутсия ва қонунҳои ҷорӣ амалӣ намоянд».

Дар боби аввали Конститутсия, ки «Асосҳои сохтори конститутсионӣ» ном дорад ва дар он асосҳои бунёдии Конститутсия ифода ёфтаанд, моҳияти демократӣ ва ҳуқуқбунёдии давлат ва баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқ эътироф шудааст, ки онҳо муайянкунандаи низоми интихоботии мамлакат мебошанд.  Бо  назардошти  ин  дар  моддаи  6-уми Конститутсия таъкид гаштааст, ки «ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст».

Вобаста ба ин принсипҳои бунёдӣ, дигар асосҳои низоми интихоботӣ дар бобҳои минбаъдаи Конститутсия муқаррар шудаанд.

Принсипҳои асосии низоми интихобот дар боби дуюми Конститутсия, ки ба ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст, ифода ёфтааст. Чунин тарзи танзими конститутсионӣ, яъне аз мавқеи ҳуқуқии фарди алоҳида, ҳамчун ҳуқуқи фундаменталии сиёсӣ танзим намудан, тарзи маъмул ва умумиэътирофшуда мебошад.

Меъёрҳое, ки дар Конститутсия пешбинӣ гардидаанд, принсипҳои умумии ҳуқуқи интихоботиро муайян карда, заминаи муҳимеро барои қабули дигар қонунҳои интихоботӣ муҳайё намудаанд.

Бобҳои сеюм ва шашуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ бахшида шудааст. Бобҳои мазкур принсипҳои умумии интихобот ба Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро муайян намудааст.

Тибқи талаботи моддаи 49 Конститутсия интихоботи Маҷлиси намояндагон ба таври умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад. Вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад.

Узви Маҷлиси миллӣ шахсе интихоб ё таъин шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад.

Дар ҳолати вайрон кардани ин талабот интихобот метавонад бо қарори асосноки суд беэътибор дониста шавад.

Бояд қайд кард, ки дар солҳои соҳибихтиёрии Тоҷикистон дар радифи Конститутсия боз қонунҳои вобаста ба низоми интихобот, аз қабили Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» қабул гардиданд.

Дар баробари ин, қайд намудан бамаврид аст, ки бори аввал дар Тоҷикистони соҳибистиқлол қонуни алоҳида «Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (19 июли соли 2019) қабул карда шуд, ки дар таҳкими боз ҳам бештари демократия, мустақилияти комиссияҳои интихоботӣ нақши бориз дорад. Бо қабули ин қонун аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон доимоамалкунанда гардид, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба муҳлати 7 сол интихоб карда мешаванд.

Ҳамзамон, боз як қатор қонунҳое, ки ба низоми интихобот алоқамандии бевосита надошта бошанд ҳам, баъзе муносибатҳои дар раванди интихобот пайдогардидаро ба танзим медароранд, дар ин муддат таҳия ва қабул гардиданд. Инҳо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», «Дар бораи воситаҳои ахбори омма» ва ғайра мебошанд.

Бояд қайд кард, ки қонунгузории интихоботии Тоҷикистон дар радифи ислоҳоти ҳуқуқии дар ҷумҳурӣ суратгирифта такмил ва мукаммал гардонида шуда, мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ дар таҷриба дурусту бонизом татбиқ гардида истодаанд.

Пеш аз ҳама, меъёрҳои ҳуқуқи интихобот, ки дар Конститутсияи Тоҷикистон дарҷ гардидаанд, аз моддаи 21 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва моддаи 25 Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои гражданӣ ва сиёсӣ бармеоянд, ки тибқи онҳо:

- ҳар як инсон бе ягон маҳдудият ҳуқуқ дорад дар идоракунии давлат бевосита ва ё ба воситаи намояндагони худ ширкат варзад;

-дар интихоботе, ки иродаи озоди интихобкунандагонро ифода мекунад, иштирок намояд.

Принсипҳои умумии интихоботӣ, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикис­тон дарҷ гардидаанд, баргузории интихоботи озоду демократӣ ва шаффофро таъмин менамоянд. Мувофиқи ин санадҳо ҳамаи шаҳрвандоне, ки дар рӯзи баргузории интихобот ба синни 18 расидаанд, ҳуқуқи дар интихобот иштирок карданро доранд. Интихобот дар асоси ҳуқуқи интихоботи баробар сурат мегирад.

Ҳангоми изҳори иродаи интихобкунанда, ки пинҳонӣ сурат мегирад, назорат аз ҷониби ягон мақомот бояд набошад.

Дар ин радиф, танҳо дар ду ҳолат маҳдудкунии ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон пешбинӣ гардидааст. Аввал шаҳрвандоне, ки бо қарори суд ғайри қобили амал эътироф гардидаанд ва дуюм, шахсоне, ки бо ҳукми суд дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доранд.

Дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо дар масъалаи ташкил ва гузаронидани интихоботи озоду демократӣ заминаи мусоиди зарурӣ ба вуҷуд оварда шудааст. Ҳамчунин, дар байни субъектҳои раванди интихобот то дараҷае баҳсу муколамаҳои созанда, дарки мақсаду мароми тарафайн сурат гирифта, фазои орому озод барои баргузории интихобот фароҳам оварда шудааст.

Дар ҳақиқат, баргузории интихобот барои ҳар давлат рӯйдоди муҳими сиёсӣ аст. Натиҷаҳои он аз ҳар ҷиҳат рушди минбаъдаи  кишварро муайян менамоянд. Интихоботи озод яке аз усулҳои муҳими ба таври демократӣ ташкил намудани ҳокимияти қонунӣ ва низоми сиёсӣ мебошад.

Ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шудан дар моддаи 27 Конститутсия ифода ёфтааст. Дар ин модда омадааст, ки «шаҳрванд аз синни 18 ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин, аз синни муқарраркардаи Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо ҳуқуқи интихоб шуданро дорад».

Ҳуқуқи интихоботӣ, яъне ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шудан, ба ҳуқуқҳои асосии сиёсӣ мансуб буда, асоси низоми интихоботро ташкил медиҳад. Тибқи ин ҳуқуқ шаҳрванди давлат, новобаста аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқ ба интихоботро дорад.

Муқаррар намудани синни18 барои соҳиб гаштан ба ҳуқуқи интихоб кардан низ яке аз меъёрҳои умумиэътирофшуда мебошад ва дар аксар давлатҳои демократӣ қабул шудааст.

Бояд зикр кард, ки Маҷлиси намояндагон маҷлиси конунгузори Парламенти мамлакат мебошад ва дар он қонунҳое таҳия ва қабул мешаванд, ки муносибатҳои муҳими ҷомеаро танзим менамоянд. Аз ин рӯ, синну соли бештар нисбат ба синни интихоб кардан барои интихоб шудан мувофиқи мақсад мебошад, зеро барои қабули қонунҳо, доштани таҷрибаи ҳаётӣ ва таҳсилоти олӣ зарур аст.

Бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия аз 22 майи соли 2016, синни номзад ба узви Маҷлиси миллӣ бо синни номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон якхела, яъне 30 — сола муқаррар карда шуд.

Палатаҳои болоии парламентҳо чун қоида, масъалаҳои умумидавлатиро баррасӣ менамоянд. Бинобар ин, шахрванде, ки узви ин палата интихоб ё таъин мешавад, бояд таҷрибаи кофии ҳаётию касбӣ дошта, дар ҳалли масъалаҳои ба салоҳияти Маҷлиси миллӣ дахлдошта ҳамаҷониба омода бошад.

Дар моддаи 49 Конститутсия принсипҳои интихобот ба парламент инъикос шудаанд. Вобаста ба баъзе аз тафовути интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллӣ, принсипҳо ва тартиби интихоби вакили Маҷлиси намояндагон ва узви Маҷлиси миллӣ дар моддаи зикргардида ба таври алоҳида ифода ёфтааст. Чунончи, таъкид шудааст, ки «интихоботи Маҷлиси намояндагон ба таври умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад».

Бояд қайд кард, ки дар ин ҷо низ Конститутсия аз меъёрҳои умумипазируфташуда истифода кардааст, зеро палатаҳои поёнии парлумонҳои давлатҳои муосир, палатаҳои қонунгузор мебошанд, яъне онҳо қонунҳоро қабул карда, сипас барои ҷонибдорӣ ба палатаи болоии парлумон ирсол менамоянд.

Тартиби интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ тибқи талаботи моддаи 49 Конститутсия аз интихоби вакилони Маҷлиси намояндагон фарқ мекунад. Дар ин ҷо таъкид шудааст, ки «аз чор се ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллӣ ба таври ғайримустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (якҷоя) бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мегардад. Дар Маҷлиси миллӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ намояндагони баробар доранд.

Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Точикистон таъин мекунад.

Ҳар Президенти собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон узви якумраи Маҷлиси миллӣ мебошад, агар ӯ аз истифодаи ин ҳуқуқ даст накашад».

Бояд қайд кард, ки Маҷлиси миллӣ ба ғайр аз ҷонибдорӣ кардан ё накардани қонунҳои қабулкардаи Маҷлиси намояндагон инчунин масъалаҳои умумидавлатӣ, аз қабили таъсис ва барҳам додани воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва тағйири онҳо, интихоб ва бозхонди раис, муовинон ва судяҳои судҳои Конститутсионӣ, Олӣ ва Олии иқтисодӣ, ризоят додан барои таъин ва озод намудани прокурори генералӣ ва муовинони ӯ, пароканда кардани Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятхо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ҳангоми мунтазам иҷро накардани талаботи Конститутсия ва қонунҳоро баррасӣ менамояд. Ин масъалаҳо тақозо мекунанд, ки манфиатҳои умумидавлатӣ ва минтақавӣ ба инобат гирифта шаванд. Бинобар ин, интихоби баробари аъзои Маҷлиси миллӣ аз минтақаҳои мамлакат ба мақсад мувофиқ мебошад.

Дар моддаи 49 Конститутсия ҳамчунин қайд шудааст, ки «шумораи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, тартиби интихоб ё таъин гардидани онҳоро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд».

Пеш аз ҳама, вобаста ба масъалаи хеле муҳим будани интихоботи парламент, Конститутсия муқаррар кардааст, ки онҳо аз тариқи қонуни конститутсионӣ муайян карда шаванд. Аз ҷониби дигар, баъзе масъалаҳои калидии интихобот, аз ҷумла шумораи аъзо ва вакилони маҷлисҳо, тартиби интихоб ё таъин гардидани онҳо дар худи Конститутсия номбар шудааст.

Вобаста ба интихоботи мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Конститутсия ба таври умумӣ муқаррар кардааст, ки «тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд».

Принсипҳои асосии интихоботи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва тартиби баргузории интихоботи ин мақомот дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» муқаррар шудааст.

Тибқи моддаи 78 Конститутсия «Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот Ҷамоат аст, ки тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти онро қонун танзим менамояд».

Тартиби баргузории интихоботи вакилони Ҷамоатро боби 4-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» муайян мекунад.

Ҳамин тариқ, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипҳои зарурии интихоботи ҳокимияти давлатӣ муқаррар карда шудааст. Тибқи ин меъёрҳои конститутсионӣ қонунҳои конститутсионии дахлдор қабул шудаанд, ки онҳо дар якҷоягӣ имконият медиҳанд, ки дар мамлакат интихоботи озод, демократӣ, шаффоф ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ баргузор гардад.

Абдуманон ДОДОЗОДА, ҳуқуқшинос