Меваи шаҳдбори даврони Истиқлолият

№75 (4181) 25.06.2020

kosimzodaРӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамчун рӯзи муқаддас ва санаи таърихиву сарнавиштсози баҳамоиву оштии миллӣ, сулҳу суботи комил, асоси рушди самтҳои ҳаё­ти ҷомеа дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоламон ба шумор меравад. Аз ин хотир, ҳар як фарди кишвар ва ҳамватанони бурунмарзӣ бояд аз ин дастоварди нодир ифтихор дошта бошанд, зеро дар сарзамине, ки ҷангзада шуда буду бародар хуни бародар мерехт, барқарор намудани пояи сулҳу ваҳдат, оромиву осоиштагӣ ба назар ғайриимкон мерасид.

Хушбахтона, маҳз ба шарофати ҷонбозиҳои хастагинопазири фарзанди фарзонаву бохирад, оқилу ҷонсупурдаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 27 июни соли 1997 дар сарзамин субҳи умед дамида, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид. Минбаъд пояҳои ваҳдат мустаҳкам гашт ва ҳисси боварӣ ба ояндаи нек дар дили халқ маъво гирифт.

Ҳамин тариқ, ваҳдате, ки дар пояи бахшиш, сулҳу оштӣ ба миён омад, аз ҳастии миллати бузургу тамаддунофари тоҷик ба ҷаҳониён паём расонид.

Ба хотири ваҳдате, ки тоҷикон аз ҷодаи хештаншиносӣ ба он расиданд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузашти зиёд карданд ва мушкилоти бештарро  ба дӯш гирифтанд. Ҳамин аст, ки ба рӯзи нек расидем: сатҳи зиндагии мардум боло рафт, иншооти хурду бузург, аз қабили шоҳроҳҳову нақбҳо, неругоҳҳои барқи обӣ, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаҳои ҷумҳуриявии таъриху кишваршиносӣ, донишгоҳу муассисаҳои таълимии замонавӣ, бунёди мақбараҳо, боғу чойхонаҳо ба истифода дода шуданд. Вале дар ҷараёни амалисозии ҳадафҳои басо наҷибона баъзан аз дохил ва хориҷи кишвар кӯшишҳои бо ҳар роҳу восита, бахусус, паҳн кардани маълумоти бардурӯғу иғвоангез халалдор кардани муҳити орому осоиштаи мардум ба мушоҳида мерасанд. Ҳарчанд маълум аст, ки онҳо ҳаргиз ниятҳои муғризонаашонро  дар кишвар амалӣ карда наметавонанд. Чунки дар солҳои соҳибистиқлолӣ мардуми тоҷик меваҳои шаҳдбори сулҳу оштиро чашиданд ва ба қадри ин неъмати бебаҳо мерасанд.

Воқеан, пойдории ваҳдати миллӣ аз бисёр ҷиҳат ба иродаи солим, дилу нияти пок, хираду заковат ва заҳмати пайвастаи модарон, яъне дар рӯҳияи бузурги меҳнатдӯст, хештаншиносӣ, ватанпарастӣ, инчунин, омӯзишу эҳтироми таъриху фарҳанги ғании ниёгон тарбия кардани фарзандон, вобаста аст. Бонувон дар ҷомеаи мутамаддини инсонӣ нақшу мақоми хосро соҳиб гаштаанд. Таърихи куҳанбунёд қаҳрамониҳои занонеро дар хотир дорад, ки дар шуҷоат, ҷасорат на камтар аз мардон будаанд. Онҳо ба гунаи модару ҳимоятгар, кадбону ва шаҳбоную сарлашкар ҷонбозӣ кардаанд. Ҳоло ҳам нақши занон дар ҷомеа баръало ба назар мерасад.

Дар шароити сулҳу озодӣ, ки ба шарофати ваҳдати миллӣ ба даст омадааст, занону бонувони тоҷик ҳамчун ободгарони марзу буми аҷдодӣ ба раванди созандагӣ фаъолона ворид гаштанд. Маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ онҳо тавонистанд собит созанд, ки дар баробари рисолати модарӣ ва ҳамсарӣ рисолати роҳбариро низ метавонанд сарбаландона иҷро намоянд. Ин қудрати фитрии зани тоҷикро ҷомеа ҳам эътироф кардааст. Таҳлили фаъолияти занон дар сатҳи гуногуни роҳбарӣ  собит месозад, ки чӣ дар идоракунӣ ва чӣ дар масъалаҳои дигар онҳо аз мардон камӣ надоранд.

Аз ин хотир аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи боло бурдани мавқеи занон дар ҷомеа, тарбияи кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд. Аз ҷониби дигар, ин нишони эътимоди Роҳбари давлат ба неру, ақлу заковат, садоқату самимият ва ҷуръату ҷасорати занону модарони тоҷик аст.

Дар маҷмӯъ, зан ҳамчун тарбиятгари фарзандони худогоҳу хештаншинос ва ҳифзкунандаи ваҳдат, кафили амнияту сулҳу субот дар хона ва ҷомеа маҳсуб меёбад. Бахусус, дар замоне ки хатари неруҳои тахрибкор, гурӯҳҳои ифротгаро, ки рӯз ба рӯз аз ҳисоби ҷавонон сафи онҳо зиёд шуда истодааст, масъулияти зан – модар дар ҷомеа бештар мегардад.

Воқеаҳои солҳои охири кишварҳои араб ва Украина нишон медиҳанд, ки аз маҷрои муътадили рушд баровардани кишварҳо саҳлу сода аст, вале таъмини суботи аздастрафта ҳеҷ гоҳ ба осонӣ ба даст намеояд. Он кишварҳоро парокандагӣ, хунрезию қатл, сӯзондану пора шудан таҳдид мекунад. Мо таҷрибаи талхи чунин муборизаҳоро дорем ва аз оқибати онҳо огоҳем.

Коршиносон дуруст қайд мекунанд, ки равандҳои сиёсию иҷтимоии ҷаҳон мисли мавҷеанд, ки дар ҷое бо шиддати баланд  ва дар ҷойи дигар бо шиддати пасттар дарак дода меистанд. Бинобар ин, муҳимтарин талабот дар чунин вазъ нигоҳ доштани ҳушёрию зиракии сиёсист. Ҳар як воқеаю ҳодисаро ҳаматарафа омӯхта, таҳлил ва баҳогузорӣ намуда, сипас мавқеъро муайян намудан зарур аст.

Дар ин раванд нақши оила бечунучаро бориз аст. Чун қадами аввалини иҷтимоишавии шахс аз оила сар мешавад, бояд ҳар як падару модар талош дошта бошад, ки огоҳонаю бошуурона амал намояд. Тарбияи таҳаммулу инсондӯстӣ, арзишҳои волои инсонӣ, дасткашӣ аз зӯроварӣ ва муҳаббат ба инсониятро бояд омили муҳими тарбияи насли наврас ва ҷавон донад. Зеро маҳз дар оила фарзанд чун инсон ба камол мерасад. Маҳз дар оила дар замири фарзандон тухми меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва ватанпарастӣ кошта мешавад. Аз ин лиҳоз, густариши пайвастаи худогоҳиву худшиносӣ ва таблиғи аҳамияти ваҳдати миллӣ дар шуури наврасону ҷавонон  яке аз самтҳои муҳимтарини кор ва меъёри асосии таълиму тарбия бояд бошад.

Фазои сиёсии минтақа ва ҷаҳон моро водор месозад, ки неруи созандаи ҷомеаро ба самти ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат равона созем. Дар ин амри хайр ҷавонон ҳамчун неруи пешрав ва бунёдкори ҷомеа бояд нақши арзанда дошта бошанд, чунки  ояндаи ҳар як давлату миллат ба онҳо вобаста мебошад. Ин нукта нисбат ба Тоҷикистон маънии хоса дорад, зеро аксарияти аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд. Бинобар ин, ҷавононро дар тат­биқи сиёсати давлатӣ такягоҳи асосӣ медонем. Ба ифодаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ҷавонон қувваи бузург, неруи созанда ва ояндаи миллатанд».

Дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 декабри соли 2019) қайд гардид, ки ҷавонон бояд аз дигар қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ бо дасту дили гарм ва неруи бунёдкорона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори сарзамин, марзу бум ва кишвар бошанд.

Талошҳои пайвастаи ҷавононро баҳри пешрафти ҷомеа мушоҳида карда, бо итминон метавонем гуфт, ки онҳо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ дар оянда низ неруи худро баҳри ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватан ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.

Мутаассифона, бархе аз ҷавонон даъвои салафию таҳрирӣ карда, ба гурӯҳҳои ифротӣ ва тундгаро шомил мешаванд ва ё рӯ ба давлати ба ном исломӣ  оварда, ҳаёти худ ва наздиконашонро месӯзонанд.

Дар ин раванд пурзӯршавии омезиши шадиди арзишҳо аз ҷумлаи масъалаҳое мебошад, ки пойдории фарҳангҳоро зери суол мебарад. Пурзӯршавии ин раванд, инчунин, ба қувватгирии таъсиррасонии иттилоотӣ низ вобаста аст, ки рушди технологияҳои иттилоотӣ баҳри ин замина фароҳам меоварад.

Бинобар ин, нигоҳ доштани ҳувияти фарҳангӣ дар шароити муосир басо муҳим мебошад. Либос ҳам дар ин раванд яке аз василаҳои муассири муаррифии миллат ба ҳисоб меравад. Дида истодаем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри муаррифии фарҳангу забони миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ чӣ гуна талош карда истодаанд. Вале, бархе аз зану ҷавондухтарон, ҷавонону фарзандон ба ҷои муаррифии фарҳанги миллӣ баръакс, ба таблиғи фарҳанги бегона машғуланд, ки хеле нигаронкунанда, буда, боиси хавфи аз байн рафтани арзишҳои миллӣ ва сар задани нофаҳмиву душвориҳо дар роҳи суботи ҷомеа мегардад.

Ҳол он ки ҷавонон бояд бо истифода аз дастуру супоришҳо ва эътимоду эътиқоде, ки Пешвои миллат нисбаташон доранд, баҳри ҳифзи Ватан кӯшиш намуда, бар зидди ҳар гуна зуҳуроти бегонапарастӣ мубориза баранд. Ҷавонони созандаи Ватан бошанд, аз таърихи давлати соҳибистиқлол ва ниёгон, забону фарҳанги миллиамон ифтихор намуда, баҳри дифои онҳо аз ҳар гуна омили зараровар пайваста талош варзанд.

Ҳоло фарҳанги давлатсозӣ ва давлатдорӣ ба зиндагии ҷомеа бо шаклу мазмуни нав ворид шудааст ва марҳала ба марҳала такмил меёбаду моро ба бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамояд.

Ҳамзамон бо ин, ғояи ваҳдати миллӣ ҳамчун андешаи зиндагисози ҷомеа рӯз то рӯз решадору мус­таҳкам мегардад, зеро хурду бузурги мардуми кишвар ҳамеша хостори ободиву озодӣ ва оромиву осудагӣ мебошанд.

Акнун вақти он аст, ки пеш аз ҳама, талош барои тоҷику тоҷикис­тонӣ буданамон кунем, зеро таъмини амнияту якпорчагии кишвар муҳимтар аз дигар даъвоҳост.

Бояд ба қадри он неъмате, ки аҷдодон садсолаҳо орзу мекарданду ҳоло бароямон насиб гардидааст, бирасем. Талош дошта бошем, ки моро ҳамчун миллати соҳибтамаддуну давлатдор шиносанд.

Бояд дарк намоем, ки сарзаминамон бо ҳама пешрафту муваффақият ва мушкилу камбуд Ватан аст. Маҳз, мо имкони таърихӣ пайдо кардем, ки ба воситаи андешаи ваҳдати миллӣ, ҳамчун василаи ифодакунандаи фикру ақидаи аксарияти сокинони кишвар, пояҳои давлатдориро мустаҳкам карда, барои таъмини зиндагии шоистаи мардум нақшаҳои созандаву бузург­ро тарҳрезӣ намоем, мушкилоти зиндагиро ҳал кунем, шабу рӯз заҳмат кашида, Ватанамонро обод гардонем ва ба наслҳои оянда мулки ободу давлати пешрафтаро ба мерос гузорем.

Ба ин хотир, ҳар як инсони худогоҳро мебояд баҳри пойдории сулҳу ваҳдат эҳсоси масъулиятшиносӣ дошта бошад. Онро дар қалб ҳис намояд. Сулҳу ваҳдат ва ҳамигарфаҳмӣ  буд, ки боиси эҳёи маънавию иқтисодии кишвар, масъулияти умумӣ барои ҳаёти ҳозираву ояндаи дурахшон гардид.

Ваҳдатро фарзанди зодаи хиради тоҷикон метавон номид. Тоҷиконе, ки дар таърихи башар бо инсондӯстиву хайрхоҳӣ шинохтаву эътироф гаштаанд. Ба воситаи ин ғояи асосии умумимиллӣ метавонем табақаҳои ҷомеаро муттаҳид гардонем ва рушди бемайлону устувори самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаро ба роҳ монем. Барои ин эҳтироми ақидаву мавқеъҳо, ризояти ҷомеа, таҳаммулгароӣ ва мароми созандаву устувори ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ниҳоят зарур аст.

Набояд фаромӯш кард, ки ҳамгироӣ ва дар муҳити солим, яъне, бо иттиҳоду иттифоқ ва муруввату мадоро зистан, аз ҷумлаи фаризаҳои асосии ҳамбастагии башарият дар ҳама давру замон ба ҳисоб меравад.

Қосимзода Идигул Тағо, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон