Миралӣ Достизода — муаррифгари фарҳанги миллӣ

№133 (3927) 06.11.2018

ЗухуровШанбеи гузашта, бо ҳузури вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳли фарҳанг, дӯстдорону ҳаводорон ва наздикону пайвандон, дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маҳфили эҷодии ҳунарманд, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралӣ Достизода бахшида ба 40-солагии фаъолияти ҳунариаш баргузор гардид.

Дар он Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров баъди табрикоти самимӣ изҳор дошт, ки 40 сол муқаддам ҳаводорони санъату фарҳанг шоҳиди падидаи наве дар саҳнаи опера ва балет гардиданд, ки он зуҳури барқосои ҳунарманди ҷавон Миралӣ Достизода буд.

«Миралӣ Достизода бо ҳунари воло ва услуби хос тавонист шеъру мусиқии тоҷикро бо санъати баланд манзури ҳаводорон гардонад, ки ин ба рушди санъати опера дар мамлакат ва муаррифии фарҳанги миллӣ дар саҳнаҳои бузурги олам мусоидат намуд», — гуфт Шукурҷон Зуҳуров.

Раиси Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин афзуд, ки фаъолияти Миралӣ Достизода дар самти хизмати давлатӣ ва рушди парламенти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас буда, бо унвону ҷоизаҳои пурарзиши давлатӣ, ба монанди Ҳунарманди хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997), Ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003), ордени «Дӯстӣ» (2005), медали 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2011) ва барои силсилаи сурудҳои ватандӯстона бо Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ (соли 2010) қадрдонӣ гардидааст».

«Миралӣ Достизода  аз зумраи шахсиятҳои намоёни санъати тоҷик мебошад, ки тӯли фаъолияти бисёрсолаи эҷодӣ дар инкишофи мусиқии касбӣ, тарғиби беҳтарин дастовардҳои мусиқии ҷаҳон ва тарбияи мутахассисон саҳми  калон дорад», — изҳор дошт вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбекзода.

Мавсуф Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро соли 1981 бо ихтисоси овозхони опера хатм ва фаъолияти эҷодиро ҳамон сол дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ оғоз намудааст.

Солҳои 2002 — 2006 вазифаи директории Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва солҳои 2006 — 2013 мансаби муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.

Солҳои 2013 то 2015 низ ба ҳайси директори театри номбурда кор карда, соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ интихоб гардид.

Зимни маҳфил, ки ҷолибу хотирмон сурат гирифт, дар иҷрои Миралӣ Достизода ва овозхонону мусиқанавозони маъруфи мамлакат суруду оҳангҳои марғубу дилнишин низ садо доданд.

 «Садои мардум»