Миралӣ Достизода: «Ҷомеаи фарҳангӣ пойдор мемонад»

№1 (4107) 01.01.2020

DSC_0878 стСуҳбат бо Миралӣ Достизода, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ дар бобати дастовардҳои соҳаи фарҳанг дар даврони соҳибистиқлолӣ

- Фарҳанг — ҳастии миллат аст ва бо вуҷуди он ки дорои фарҳанги ғанием, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба мушкилоти маънавию сиёсӣ гирифтор шудем ва хавфи парокандагии давлат ҳам ба миён омад. Чанд соли фаъолияти шумо низ чун ходими фарҳанг ба ҳамин давра рост омад…

- Бале. Чун ба истиқлолият расидем, солҳои аввал ба сари мардуми кишвар мушкилоти вазнин омад. Ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ шуд ва дар он вазъият ҷойи хушию хурсандиро садои тиру туфанг гирифт. Дар натиҷа, соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла, фарҳанг, рӯ ба таназзул оварданд. Ниҳоят, ақли солим ғолиб омаду сулҳу оромӣ барқарор гардид. Худованд ба тоҷикон сарвареро ато кард, ки бо нияти нек, азми қавӣ ва мардонагӣ ободкориро пеш гирифт. Дар баробари барқароршавии хоҷагии халқи мамлакат, баргардонидани гурезаҳо ва дигар масъалаҳои муҳим, таваҷҷуҳ ба соҳаи фарҳанг низ зиёд шуд.

Яке аз мушкилот нарасидани кадрҳо маҳсуб меёфт. Он солҳо мо дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ин ҳолатро бештар эҳсос мекардем. Бахши балет қариб аз байн рафта буд. Вақте ки ба Ҳукумати ҷумҳурӣ муроҷиат кардем, аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ислоҳи вазъ супориш дода шуд. Дар натиҷа, соли 2003 шаш наврасро ба шаҳри Перми Федератсияи Россия фиристодем ва онҳо баъди 8 соли таҳсил дар Коллеҷи хореографӣ ба Тоҷикистон баргаштанд. Бо дастгирии Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтани Консерваторияи миллии Тоҷикистон (соли 2002) ва Коллеҷи хореографӣ (соли 2003) аз ҷумлаи дастовардҳои беназири соҳаи фарҳанг аст.

Соли 2018 барои ҳамватанон, махсусан, барои аҳли фарҳанги мамлакат, ниҳоят хотирмону фаромӯшнопазир гардид, зеро бо қарори Ассамблеяи генералии ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарӣ шомил гардидани намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик — чакан, дар байни 73 кишвар соҳиби Шоҳҷоизаи Фестивал-озмуни умумиҷаҳонии Шашмақом гардидани шашмақомхонони тоҷик ва ғолибият дар чандин озмуну фестивалҳо ба ҳамон сол рост омад. Ҳамаи ин натиҷаи таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аст.

- Табиист, ки дар ин радиф асноди меъёрии ҳуқуқӣ ба инкишофи минбаъдаи соҳа такони ҷиддӣ бахшиданд…

- 13 декабри соли 1997 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, ки он ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандонро дар фаъолияти фарҳангӣ таъмин ва ҳимоя намуда, муносибатҳои ҳуқуқии субъектҳои фаъолияти фарҳангиро ба танзим медарорад.

Ҳамчунин, «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2020» ва «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 — 2022» бомуваффақият амалӣ шуда истодааст. Дар заминаи тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз соли 2017 ҳар сол 20 март ҳамчун Рӯзи фарҳанг таҷлил мегардад.

- Соли 2019 барои аҳли фарҳанг чӣ гуна сол буд?

- Соли бобарору пур аз дас­товардҳо. Дар ин сол Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият оғоз намуд. 15 марти соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ муаррифии нахустин консерти оркестр баргузор гардид. Дар чорабинӣ ҳайати корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе ва намояндагони аҳли фарҳангу адаб иштирок карданд. Оркестр бо иқдоми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли 2016 таъсис ва бо асбобҳои муосири торӣ, нафасӣ, зарбиву навозандагӣ ва бинои алоҳида таъмин карда шуд. Айни замон дар оркестр 120 мутрибу мутахассиси ҷавони хатмкардаи мактабҳои мусиқии касбии дохил ва хориҷ фаъолият доранд.

Эҳсос мешавад, ки фарҳанги воло ва маърифату одамдӯстии тоҷикон таваҷҷуҳи хориҷиёнро ҷалб менамояд. Баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд дар Тоҷикистон ва боздиди меҳмонони зиёди воломақом ба кишвар гувоҳ бар ин гуфтаҳост. Онҳо зимни ширкат дар чорабиниҳои сиёсӣ аз меҳмондорию пазироӣ ва дидани ҳунару фарҳанги ғании миллии мо хушҳол мешаванд. Чунин рӯҳия зимни баргузории ҷаласаи XXХIV Шӯрои ҳамкориҳои фарҳангии кишварҳои узви ИДМ, ки 18 сентябри соли 2019 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» баргузор шуд, мушоҳида гардид. Дар он чорабинии бонуфуз намояндагони нуҳ давлати аъзои ИДМ — Тоҷикис­тон, Ӯзбекистон, Беларус, Арманистон, Туркманистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Федератсияи Россия ва Қирғизис­тон иштирок намуданд. Миёни иштирокчиёни ҳамоиш роҷеъ ба мавзӯъҳои «Сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарҳанг», «Чорабиниҳои асосии ҳамкориҳои фарҳангии ИДМ дар солҳои 2021 — 2025», «Натиҷаҳои Соли фарҳанг дар ИДМ», «Иштироки кишварҳои ИДМ дар баргузории чорабиниҳои Соли китоб дар ИДМ», «Ҳамкорӣ дар соҳаи театр, санъат, тарбияи кадрҳо» мубодилаи афкор сурат гирифт. Дар ҳамон чорабинӣ шаҳри Душанбе соли 2021 пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоб гардид.

Аз 22 то то 24 май дар Тоҷикис­тон Рӯзҳои фарҳанги Австрия ва аз 11 то 15 ноябр Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд, ки аз тавсеаи ҳамкориҳои фарҳангии кишвар бо давлатҳои хориҷӣ дарак медиҳад. Рӯйдоди дигари фарҳангии сол Симпозиуми байналмилалии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» буд, ки 2 октябр доир гардид ва дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон суханронӣ карданд.

- Дар соли нави мелодии 2020 ба аҳли фарҳанг ва хонандагони рӯзнома чӣ таманно доред?

- Дар марҳалаи кунунӣ сиёсати фарҳангии давлати соҳибис­тиқлоли Тоҷикистон ба таъмини амнияти фарҳангии кишвар, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, тавсеаи тафаккури созандаву бунёдгарона, болоравии ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандории сокинони мамлакат нигаронида шудааст. Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо зиёиёни кишвар (20 марти соли 2017) чунин хотирнишон карданд: «Фақат миллате, ки ба фарҳанги миллӣ эҳтиром мегузорад, ҳамеша ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ҳувияти миллиашро устувор менамояд ва собитқадамона пеш меравад». Ҳар кадоме аз мо, хоса аҳли зиё ва роҳбарону мутахассисону ходимони фарҳангро зарур аст, ки баҳри устувории ҳувияти миллӣ ва рушди фарҳанги миллӣ беш аз пеш кӯшиш намоем.

Аҳли фарҳанг ва мардуми фарҳангпешаи кишварро бо соли нави мелодӣ табрик гуфта, ба онҳо барору комёбӣ таманно дорам.

Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»