«Моҳияти консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028»

№50 (4000) 04.05.2019

IMG_0026Таҳти ин унвон 26 апрели соли равон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид.

Дар он раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода зикр намуд, ки «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 — 2028» бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018 таҳти № 1005 тасдиқ гардид. Он ҳуҷҷати барномавии ҳуқуқии мамлакат буда, самтҳои асосии рушди фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, низоми ҳуқуқӣ ва сохторҳои ҳокимияти давлатро муқаррар ва вазифаву уҳдадориҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони масъулро ҷиҳати татбиқ муайян мекунад.

Консепсия аз 7 қисм ва 80 банд иборат аст. Дар қисми 1-и он дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар давраи Истиқлолияти давлатӣ зикр гардидааст, аз ҷумла тасдиқ карда мешавад, ки бо расидан ба Истиқлолияти давлатӣ ва қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикис­тони соҳибихтиёр, ҷумҳурӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ — бунёди ҷомеаи адолатпарвар, давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардид ва рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии мамлакат аз самаранокии сиёсати ҳуқуқии он сарчашма мегирад.

Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат — таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар аз таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ вобастагӣ доранд. Зеро, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, тақвияти соҳибихтиёрӣ ва давлатдории миллӣ, таҳкими идоракунии давлатӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ, рушди маориф ва илм, фарҳанг, кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ, баробарӣ ва гуногунии шаклҳои моликият, рушди соҳибкорӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа вазифаҳои якумдараҷа ва самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон мебошанд.

IMG_0019Аз ин рӯ, сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон бо истифода аз чораҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, мафкуравӣ ва ҳуқуқӣ бо мақсади танзими самараноки муносибатҳои ҷамъиятӣ ва инкишофи онҳо роҳандозӣ мегардад.

Сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон бо дарназардошти арзишҳои умумибашарӣ ва манфиатҳои миллӣ, таъсири ҷаҳонишавӣ, ҳамоҳангсозӣ ва мутобиқкунонии қонунгузории давлатҳои гуногун ва низоми ҳуқуқии байналмилалӣ, рушди муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, таъсиси иттиҳодҳои нави ҷаҳонӣ, минтақавии байни давлатҳо, таҳдиду хатарҳои нави ҷаҳонӣ амалӣ карда мешавад.

Ҷавҳари сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистонро пешгирии ­таъсирҳои манфии ҷаҳонишавӣ, муқовимат бо хатарҳо ва таҳдид­ҳои ҷаҳонӣ (терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуроти хатарнок), ҳифзи фазои иттилоотии ҷумҳурӣ ташкил медиҳад.

Дар қисми дуюм 9 сентябри соли 1991 ба Истиқлолияти давлатӣ расидани Тоҷикистон ва соҳиби давлати комилан мустақилу соҳиб­ихтиёр гардидани халқи тоҷик тасдиқ ёфтааст. Ҳамчунин, зикр шудааст, ки аввалин Конститутсияи Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва роҳи ояндаи халқи тоҷикро муайян намуд.

- Бо ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия, ки се маротиба — 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ сурат гирифт, мазмуну муҳтавои низоми ҳуқуқии кишвар такмил ёфта, асосҳои демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, иҷтимоӣ ва дунявии ҷомеаи тоҷик мустаҳкам гардиданд. Аз ҷумла, тибқи тағйироти воридшуда ба Конститутсия Парламенти думаҷлисаи (Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон) Тоҷикистон манфиатҳои сокинони мамлакат ва минтақаҳои онро баробар намояндагӣ мекунад.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»