МОИ — замина барои боз ҳам беҳбуд бахшидани сатҳи зиндагии мардум

№45 (3995) 23.04.2019

Чобирзода-2Чанде пеш вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақшаи ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» қарор қабул карданд ва дар ин замина теъдоди минтақаҳои озоди иқтисодии мамлакат ба панҷ адад расид. Суҳбате, ки бо узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба иқтисод ва молия Тоҳир Ҷобирзода дош­тем, перомуни моҳияти ин иқдом ва нақши минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар рушди кишвар маълумот медиҳад.

- Ба таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудани Ҳукумати ҷумҳурӣ аз кадом омилҳо маншаъ гирифтааст?

-Чунин минтақаҳо василаи ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти миллӣ, рушди минтақаҳои нисбатан ақибмонда ва аз худ кардани технологияҳои навтарин маҳсуб мешаванд. Коршиносон дар заминаи омӯзиши амиқ ба хулоса омадаанд, ки ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ чораандешии муассир ва самарабахши таъмини рушди босуботи иқтисод мебошад.

Табиист, ки дар шароити болоравии рақобат дар иқтисодиёти муосири ҷаҳон таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба рушди соҳаи саноат ва бахши инноватсионӣ мусоидат мекунад. Сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ низ ба он равона карда шудааст, ки минтақаҳои кӯҳӣ, наздисарҳадӣ ва дурдасти мамлакат аз раванди рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар берун намонанд. Дар татбиқ ва суръатбахшии ин раванд таъсиси минтақаҳои махсуси иқтисодӣ омили муҳим мебошад.

Ин минтақаҳо, пеш аз ҳама, ба мақсади зиёд кардани содирот, ҳавасмандсозии сармоягузории хориҷӣ, коҳиш додани бекорӣ ва камбизоатӣ, тарбияи мутахассисону коргарони нав, воридсозии технологияи нав, истеҳсоли ивазкунандагони маҳсулоти воридотӣ ба туфайли ташкили фаъолияти истеҳсолӣ — тиҷоратӣ дар дохили минтақа ташкил мешаванд.

Аз ҷониби дигар, минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба ҳамгироии давлатҳо ва субъектҳои иқтисодӣ мусоидат намуда, тавсеаи равобити байналмилалиро таъмин менамоянд.

- Аз рӯи таъинот чунин минтақаҳо чӣ рисолат доранд?

- Минтақаҳои озоди иқтисодӣ ифодакунандаи инкишофи робитаҳои тиҷоратию молиявӣ, истеҳсолию технологии давлатҳоянд, ки ба макони рушди муносибатҳои бозоргонӣ ва такмили технологияҳои истеҳсолӣ ва санъати идоракунӣ табдил гардидаанд.

Мушоҳидаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки солҳои охир таъсис ва роҳандозии фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ густариш ёфта, Ҳукумати ҷумҳурӣ барои онҳо маблағи муайян ҷудо намуда истодааст.

Тибқи талаботи қонунгузории соҳа, минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳудуди махсусе эътироф шудаанд, ки бо кумаки фишангҳои иқтисодию ташкилӣ ва ҷорӣ намудани реҷаи воридотии бе гумрук сармояи хориҷӣ ҷалб мешавад. Мувофиқи талаботи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ», минтақаи иқтисодии саноатӣ-инноватсионӣ маънии коркард ва истеҳсоли маҳсулоти саноатиро дорад, ки дар он фаъолияти корхонаву ташкилотҳои илмию тадқиқотӣ, илмию таълимӣ, таҷрибавию конструкторӣ, такмили ихтисос, истеҳсолоти таҷрибавӣ дар соҳаи технологияи муосири истеҳсоли молу маҳсулот ва кашфиёти нави самараноки техникӣ ба роҳ монда мешавад. Аз ҷониби дигар, ин иқдом дар доираи «Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030» амалӣ шуда, ба дастгирии молис­теҳсолкунандагони хориҷӣ ва ватанӣ дар самти рушди минбаъдаи соҳаҳои гуногуни истеҳсолӣ ва савдо, ҳамчунин, амалӣ намудани технологияҳои муосири истеҳсоли молу маҳсулот мусоидат хоҳад кард.

- Аз нигоҳи шумо алҳол фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар дар кадом сатҳ аст?

- Тибқи маълумоти мавҷуда, дар ду моҳи соли равон дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ ба маблағи зиёда аз 22, 2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 19,5 фоиз зиёд аст. Дар минтақаҳо 70 ширкати ватанӣ ва хориҷӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин теъдод 17 ададаш истеҳсолотро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, дар 6 корхонаи МОИ «Данғара», 9-то дар «Суғд» ва 2-то дар МОИ «Панҷ» истеҳсоли номгӯи гуногуни маҳсулот дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Ширкатҳои боқимонда ба корҳои сохт­монӣ ва ворид намудани таҷҳизот машғуланд. Дар маҷмӯъ, фаъолияти МОИ «Данғара» ва «Суғд» хуб аст, вале фаъолияти дигар минтақаҳо чандон назаррас нест.

- Хуб мешуд ба хонандагон дар бобати пайдоиши минтақаҳои озоди иқтисодӣ маълумот пешниҳод мекардед.

- Аввалин минтақаи озоди иқтисодӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико соли 1934 ҳамчун минтақаи тиҷорати беруна таъсис ёфт. Мақсади асосии ташкил намудани он ихтисори хароҷоти гумрук маҳсуб мешуд. Дар механизми амалкунандаи минтақа муҳим он буд, ки воридоти қисмҳо барои истеҳсоли мошин ихтисор карда шаванд.

Тибқи қонуни соли 1934 қабулгардида, агар дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико минтақаҳои озоди иқтисодӣ танҳо ба хотири мусоидат барои рушди савдои хориҷӣ бо роҳи озод намудани молҳои хориҷӣ аз пардохти боҷи гумрукӣ мавриди воридшавии онҳо ба ҳудуди кишвар таъсис дода шуда бошанд, пас дар Британияи Кабир ин гуна минтақаҳо ноҳияҳоеро фаро гирифтаанд, ки аз ҷиҳати тараққиёти иқтисодӣ ва саноатӣ қафомонда буданд.

Таъсиси минтақаҳои озоди савдо дар ин кишвар ба давраи роҳбарии Франклин Делано Рузвелт рост меояд. Барои рушди савдо «Роҳи нав»-е, ки бо дастури ӯ дар асоси ҳуҷҷати таърихӣ — «Санад дар бораи савдои озод» соли 1934 қабул шуд, мусоидат намуд. Ин ҳуҷҷат пешбинӣ мекард, ки дар ҳар як бандаргоҳи омадурафти расмӣ ҳадди ақал як минтақаи озоди савдои хориҷӣ таъсис дода шавад.

Барои мисол, ба минтақаҳои озоди савдо мағозаҳои савдои бебоҷ, ки «Дюти Фри» номгузорӣ шудаанд, низ дохил мешаванд. Низоми имтиёзноки гумрукие, ки дар онҳо ҷорӣ аст, пешбинӣ менамояд, ки боҷи гумрукӣ ва андоз ситонида нашавад.

Дар Олмон, Фаронса, Британияи Кабир, Руминия, Нидерланд ва як қатор давлатҳои аврупоие, ки дар онҳо анҷом додани харидуфурӯши мол тавассути баҳр ва дарё анъанаи таърихии чандинасра мебошад, даҳҳо бандаршаҳр мавҷуд аст, ки мақоми минтақаи озоди иқтисодиро гирифтаанд.

Таҷрибаи Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ин самт қобили омӯзиш аст. Аз соли 1978 дар шаҳрҳои наздисоҳилии он 14 минтақаи озоди иқтисодӣ созмон дода шудааст ва мутаносибан ба онҳо 2/3 ҳиссаи гардиши молҳои берунаи давлат рост меояд.

- Теъдоди аз ҳама зиёди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар кадом мамлакат аст?

- Шумораи бештар дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба қайд гирифта шудааст — 213 адад. Ин нишондиҳанда дар Ҷумҳурии Халқии Хитой — 124, Мексика — 107, Америкаи Шимолӣ — 320, кишварҳои Осиё — 225, Аврупо — 81, Ҳавзаи баҳри Кариб — 43, Африка — 47, Америкаи Марказӣ — 41, Америкаи Ҷанубӣ — 41 ва давлатҳои Шарқи Наздик ва Миёна 39 ададро ташкил медиҳад. Дар онҳо шумораи кормандон зиёда аз 3 млн. нафар, гардиши умумии савдои хориҷӣ ­наздик ба 1 трлн. 200 млрд. долларро ташкил медиҳад.

- Вобаста ба шакли фаъолият низ фарқкунанда мебошанд?

- Бале. Айни замон тақрибан 30 номгӯи минтақаҳои озоди иқтисодӣ, аз қабили минтақаҳои тиҷоратии бебоҷ, озоди гумрукӣ, озоди тиҷоратӣ, содиротию истеҳсолии бебоҷ, озоди содиротӣ, озоди истеҳсолӣ, озоди саноатӣ, соҳибкорӣ, соҳибкории муштарак, озоди бонкӣ, оффшорӣ, марказҳои туристӣ ва ғайра мавҷуд ҳастанд. Масалан, дар Федератсияи Россия ва чанде дигар ҷумҳуриҳои ИДМ мафҳумҳои «минтақаи озоди иқтисодӣ», «минтақаи озоди савдо», «минтақаи озоди гумрукӣ» вомехӯранд. Дар Литва «минтақаҳои озоди соҳибкорӣ ва савдо», дар Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Украина «минтақаи махсуси иқтисодӣ», «минтақаи озоди иқтисодӣ», дар Кореяи Ҷанубӣ «минтақаҳои озоди содирот», «минтақаи озод», дар Туркия «минтақаи озоди савдо», дар Ҷопон «технополисҳо» маъмул аст.

Дар давлатҳои рӯ ба тараққӣ ин минтақаҳоро «минтақаҳои озоди саноатӣ», дар давлатҳои Аврупои Ғарбӣ «шаҳрҳои бандарӣ», «бандаршаҳр» меноманд.

Мусоҳиб Далер Мерганов, «Садои мардум»