ҳамовозӣ ба Паёми Президент ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон

Мубориза бо коррупсия вазифаи ҳар як узви ҷомеа аст

№25 - 26 (3819 - 3820) 27.02.2018

DSC_5093Чанде пеш аъзои Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният бо роҳбарият ва кормандони Агентии назорати давлатии моливӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуданд.

Раиси кумита Маҷид­зода Ҷӯрахон Зоир дар робита ба ин изҳор дошт, ки Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таҳлили вазъи имрӯзаи ҷаҳон оғоз шуд, зеро дар олам раванди бартариҷӯйӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави «ҷанги сард» боиси нигаронӣ гардидааст. Ҳоло дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромию низоъҳои мусаллаҳона идома доранд. Беш аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои террористон ва ифротгароён қарор гирифтаанд. Бо дарназардошти вазъи мураккаб ва бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муассир меандешад. Ҳамчунин, бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгаройӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир омода аст ҳамкории густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ тақвият бахшад.

Дар робита ба ин ҳадаф, сиёсати «дарҳои кушода», чун меҳвари аслии муносибат бо ҷаҳони муосир, воқеӣ, дуруст ва судовар буданро нишон дод. Бо ин роҳ доираи шарикон афзоиш ёфт ва барои таъмини иштироки кишвар дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам гардид.

Маҷидзода ҷӯрахон Зиор инчунин аз хусуси ҳамгироии созандаи минтақавӣ, аз ҷумла дар соҳаи амният, баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, 2018- 2028», кумак ба эҳёи иқтисодӣ ва рушди иҷтимоии Афғонистон, ҷараёни иҷрои барномаҳо ва лоиҳаҳои муҳими кишвар, аз ҷумла «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ва як қатор масъалаҳои дигар изҳори андеша намуд.

Муовини раиси кумита Зайнудин Сафаров, аъзои кумита Анвар Тағоймуродов ва Ҳаёт Одинаев зимни мулоҳизаронӣ самтҳои гуногуни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавзеҳ дода, иброз доштанд, ки солҳои 2015 — 2017 бо мақсади ҷорӣ намудани механизми таҳлили хавфҳои коррупсия дар мақомоту ташкилоти давлатӣ ва баҳри иҷрои банди 45 Нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», аз ҷумла муқаррар намудани муҳлати баррасии дастури хаттӣ ва пешниҳоди мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бартараф намудани сабабу шароити ба содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидаткунанда, инчунин ба ин васила баланд бардоштани масъулияти иҷрокунандагони ин санадҳо тағйиру иловаҳои дахлдор ба санадҳои қонунгузорӣ ворид карда шудааст.

Сипас, миёни вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия роҷеъ ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои ба фаъолияти ниҳоди мазкур алоқаманд суҳбати самимӣ ба тариқи пурсишу посух сурат гирифт.

 Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум»