Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 2020

Муколама бо нозирони байналмилалӣ

№118-119 (4224-4225) 26.09.2020

IMG_466522 сентябри соли равон раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода мудири шуъбаи мониторинги интихоботии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Юлия Анисимова ва ташхисгари ин созмон Станислав Ткаченкоро ба ҳузур пазируфт.

Онҳо вобаста ба масоили интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди он, имконияти аҳзоби сиёсӣ, нақшаву барномаи номзадҳо, мавқеи аҳзоб доир ба вазъияти иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва муносибатҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Саидмурод Фаттоҳзода, аз ҷумла, изҳор намуд, ки имконоти воситаҳои ахбори омма ба таври шаффофу баробар дар ихтиёри номзадҳо қарор дошта, ҳеҷ монеа барои ҳизбҳои сиёсӣ дар раванди таблиғоти интихоботӣ вуҷуд надорад.

Дар мулоқот намояндаи Маҷлиси Олӣ дар Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва муовини котиби генералии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бахтовар Сафарзода иштирок дошт.

Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 октябри соли равон баргузор мешавад, ки дар он 5 номзад аз ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ байни ҳам рақобат менамоянд ва барои назорати раванди он нозирони созмону ташкилотҳои байналмилалӣ даъват шудаанд.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон